Худкардаро тадбир нест (1)

Ё иштибоҳҳои сархӯри Ятимов (бахши аввал)

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Мусоҳибаи ахири Шариф Ҳамдампур, сардабири ҳафтаномаи “Тоҷикистон” бо Шамс Азизов, додраси Додгоҳи Олии Тоҷикистон — ки бозтоби бисёр густардае дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба дунбол дошт ва чанд расона аз ҷумла “Ховар” онро бознашр намуд – бисёр таъаммулбарангез аст; ба гунае, ки пеши як одами кунҷков, ки ба диққат моҷароҳои панҷ шаш соли ахири Тоҷикистонро пайгирӣ карда бошад, суолҳои бепосухеро ба вуҷуд меоварад; суолҳое, ки барои ёфтани посух ба онҳо, бояд як таҳқиқи майдонии дақиқе анҷом бидиҳад. Суолҳое аз ин даст:

— Мухотаби ин мусоҳиба кист? Яъне, касе, ки ин мусоҳибаро тартиб додааст, мухотабаш оё афкори умумӣ аст, ё як фарди хосс? Агар афкори умумӣ бошад, пас қоъидатан додрас чизи нав ва тозае дар чантаи (кисаи) худ доштааст, ки мехоста мардумро аз он огоҳ созад; дар ҳоле, ки дар сӯҳбатҳои ҷаноби Азизов ҳеч чизи тозае дида намешавад, балки эшон дар ин мусоҳиба дақиқан ҳамон чизеро қироат карда, ки дар иттилоияи расмии Додгоҳи Олии Тоҷикистон аз таърихи 29 сентябри соли 2015 омадааст, ҳарф ба ҳарф. Азизон метавонанд муҳтавои он иттилоия ва ин мусоҳибаро бо ҳам муқоиса кунанд (дар инҷо). Пас, маълум мешавад, мухотаб як фарди хосс (на ҳатто як доираи хосс) будааст; дар ин сурат, он фард чӣ касе будааст?

— Оё тартиб додани ин мусоҳиба бо додраси Додгоҳи Олӣ ва унвон шудани номи вай дар титри мусоҳиба ба ин сурат: “Судяе, ки фаъолияти ҲНИТ-ро манъ намуд”, ҳадаферо дунбол мекунад?

— Суоли дигар ин аст, ки оё анҷоми ин мусоҳиба тавассути ҳафтаномаи “Тоҷикистон” (на масалан хабаргузории “Ховар” ва ё “Ҷумҳурият”), он ҳам ба воситаи шахси сардабири ин ҳафтнома ҷаноби Шарифи Ҳамдампур, сирре дорад?

— Чаро дар ин мусоҳиба, сабти гуфтугӯи Абдуқаҳҳори Давлат бо Абдулазиз Ҷалов — муовини собиқи раиси КДАМ, ки дар пайи моҷарои Ҳоҷӣ Ҳалим барканор шуда буд – бисёр барҷаста карда шуда; ба гунае, ки чунин ба назар мерасад, ки тартибдиҳандаи ин мусоҳиба мехоҳад паёмеро ба мухотаб (ки гуфтем, як фарди хосс аст) бирасонад? Муҳтавои он паём чист?

— Чаро ҷаноби додрас Шамс Азизов маҷбур шудааст, дар мусоҳибаи худ як ҳарфи дурӯғеро ба забон биёварад, он ҷо, ки гуфтааст, дар додгоҳ “беш аз 70 рӯзноманигор иштирок доштанд”, дар ҳоле ки медонад, ин иддао дуруст нест? Оё маҷбур буд? Ва агар маҷбур будааст, чӣ чизе (ва ё чӣ касе) ӯро водор ба ин дурӯғ намуда?..

… ва чанд суол ва “чаро”-и дигар, ки ёфтани посух ба онҳо, ҳамон тавре ки гуфтем, ниёз ба як таҳқиқи майдонӣ дорад.

* * *

Роқими ин сатрҳо ниҳояти саъю талоши худро ба харҷ дод, то бо гуфтугӯ бо огоҳон, посухи лоақал баъзе аз ин пурсишҳоро биёбад, аммо хушбахтона, он чи дар натиҷаи ин гуфтугӯҳо дастгирамон шуд, беш аз он чи таваққӯъ доштем буд. Ҷо дорад, ҳаминҷо, аз азизоне, ки маълумоти бисёр муфидеро дар ихтиёри банда қарор доданд, тақдиру ташаккур намоям, ба хусус аз азизе, ки иттилооти судмандеро дар бораи равобити ҷаноби Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохила бо ҷаноби Саймӯъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ихтиёрамон гузошт ва ин ки рақобати шадиде байни ин ду вуҷуд доштааст, ва низ дар бораи нақши Абдулло Навҷувонов дар моҷарои Абдуҳалим Назарзода ва ин ки чӣ гуна ин фард бо дастури вазир бародарони Назарзодаро ба ҳамроҳи чанд зиндонии дигар ба дараи Ромит бурда ва ҳамонҷо ба қатл расондаст, ва низ дар бораи нақши Мансур Умаров дар ин моҷаро ва ғайра, ки дар маҷмӯъ ин додаҳо дар ёфтани посухи пурсишҳои боло кӯмакамон кард, ташаккури вежае намуда бошам.

Албатта, барои такмили ин таҳқиқи майдонӣ, банда ҳанӯз ниёз ба маълумоти дақиқтар ва бештаре дорам, аз ин рӯ, ҳар касе, ки чизе медонад, метавонад бо инҷониб дар Фейсбук тамос бигирад ва кофист ишорае бикунад, то барояш емайли худро бидиҳам ва ӯ аз тариқи емайл додаҳои худро дар ихтиёри мо гузорад. Азизон ҳангоми тамос, агар аз корафзори VPN истифода кунанд ва бо истифода аз PGP вориди Gmail шаванд, ҳеч касе наметавонад ба роёнаи эшон рахна кунад, мутмаин бошед.

Мақолаи пеши рӯй аз ду бахш иборат аст; бахши аввал, баррасии масоили пиромунии мусоҳиба, ва бахши дуввум, баррасии муҳтаво ва мазмуни он, яъне баррасии матолибе, ки ҷаноби додрас Шамс Азизов дар ин мусоҳиба матраҳ кардааст. Феълан бахши аввали онро дар ихтиёри хонандагони азиз қарор медиҳам, бахши дуввумро баъдан хоҳем гузошт.

Инак, баррасии масоили пиромунии ин мусоҳиба:

* * *

1) Аз пешгуфтори ҳафтаномаи “Тоҷикистон” бар ин мусоҳиба, комилан равшан аст, ки мусоҳиба дар вокуниш ба нишасти ахири САҲА дар Варшав, ки ҳузури опозисиюни тоҷик ба вежа ҲНИТ дар он бисёр пурранг буд, тартиб дода шудааст. Маълум мешавад, ин нишаст ва масоиле, ки дар он матраҳ шуданд ва бозтобе, ки ба ҳамроҳ дошт, ғулғулае дар миёни мақомот ва ба хусус баъзе аз ниҳодҳои қудратӣ эҷод карда.

Аммо нуктаи муҳим дар ин миён он аст, ки бидонем: ин мусоҳиба ҳамон тавре ки дар боло ишора шуд на барои афкори умумӣ тартиб дода шуда (зеро матлаби тозаеро дарбар надорад, ки афкори умумӣ аз он беиттилоъ буда бошад) ва на ҳатто бо ҳадафи сиёҳ кардани чеҳраи опозисиюн ба вежа ҲНИТ, на ин ва на он, балки бо ҳадафи расондани як паём ба як шахс сурат гирифта.

Аммо ин ки тартибдиҳандаи ин мусоҳиба кист, ва низ фарде, ки мавриди хитоби ин мусоҳиба қарор гирифта кист, бо таваҷҷӯҳ ба матолибе, ки меояд, бароятон маълум хоҳад шуд.

* * *

2) Азизоне, ки аз наздик ҷаласоти нишасти ахири САҲА ва бозтобҳоеро, ки ба ҳамроҳ дошт дунбол карда бошанд, медонанд, ки дар ин ҷаласот, интиқодҳои масъулони созмонҳои ҳуқуқи башарӣ (мисли Созмони Human Rights Watch (HRW) ё Кумитаи Ҳелсинкии Нурвеж ва ё ҳатто гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба озодии андеша ва баён) ва низ интиқодҳои намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва опозисиюни тоҷик дар суханрониҳояшон, бештар мутаваҷҷеҳи амалкардҳои ниҳодҳои қудратие мисли Кумитаи давлатии амниятии миллии Тоҷикистон (КДАМ) ва шахси ҷаноби Саймӯъмин Ятимов буд, на Додгоҳи Олии Тоҷикистон; бо таваҷҷӯҳ ба ин ки дастгоҳи қазоӣ ва додгоҳ дар кишвари мо, амалан мустақил нест, ҳарчанд ба зоҳир мустақиллаш медонанд. Яъне, агарчи ҲНИТ бо қарори Додгоҳи Олӣ баста шуд ва ё раҳбарони аршади он ва низ вукалои медофеъе мисли Бузургмеҳр Ёров бо қарори додгоҳ маҳкум ба зиндон шудаанд, аммо ҳамаи инҳо “суфоришӣ” буданд ва додгоҳ нақше ҷуз анҷоми дастуроти ниҳодҳои қудратиро надошт.

Аз ҳамин ҷо буд, ки ҳамзабон бо нишасти САҲА, 23 созмони байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Human Rights Watch (HRW), бо ирсоли номае ба вазоратхонаҳои молия ва хориҷаи Иёлоти Муттаҳидаи Омрико, хостори ворид кардани исми ҷаноби Саъмӯъмин Ятимов (раиси КДАМ) ба “Феҳристи Мангитский” шуданд; на ин ки масалан хостори таҳрими додрасҳо ва ё қозиҳои Додгоҳи Олии Тоҷикистон шуда бошанд.

* * *

3) Аз ибтидои соли 2012 дар Ҳукумати Тоҷикистон масъули парвандаи ҲНИТ ва ҳар он чи ба ин ҳизб марбут аст, ҷаноби Саймӯъмин Ятимов буд. Яъне, “меъмори” сиёсати маҳву ҳазфи исломи сиёсӣ аз арсаи Тоҷикистон ва ба илова, саркӯби мазҳабиҳо – бо шумули садҳо уламо ва домуллоҳои мустақил, ки на узви ҲНИТ буданд ва на иртиботе бо ин ҳизб доштанд – шахси ҷаноби Саймӯъмин Ятимов буда. Албатта, ногуфта намонад, ин сиёсат ва ин барнома, бо хостаи ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон мабнӣ бар боқӣ мондани қудрат дар ихтиёр ва қабзаи хонаводааш низ созгор афтода.

(Аммо ин ки дар ин фароянд чӣ паёмадҳои манфие домангири ҷомеаи Тоҷикистон шуд – аз маҳдуд шудани озодиҳои маданӣ ва озодии расонаҳо, тарки миҳан намудани ҳазорон шаҳрванд ва ба хусус мағзҳо ва рукуди иқтисодӣ ва ғайра аз авоқиби бисёр талх – худаш як баҳси ҷудост, ки бояд дар ҷои дигар ба он пардохт.)

Тибқи додаҳо, парвандаи нишасти ахири САҲА дар Варшав низ бар ӯҳдаи ҷаноби Саймӯъмин Ятимов буд, ки ба далоиле, бо шикасти сахте мувоҷеҳ шуд. Зеро қарор буд аз Тоҷикистон, ба иловаи шуморе аз фаъолони ҷомеаи маданӣ, ҳамчунин Зинатуллоҳ Исмоилов, раиси Иттиҳоди рӯзноманигорони тоҷик ва Набӣ Юсупов, раиси созмони “Медиа-кансалтинг” низ ширкат ва суханронӣ кунанд. Аммо якдафъа ин барнома лағв шуд. Ва бо ин ки гуфта шуд, Исмоилов бо як кори муҳимтар банд будааст ва Юсупов ба далели таъхири ҳавопаймо натавониста худро бирасонад, вале маълум аст, ки монеъи ҷиддие сари роҳ эҷод шуда.

Ба назар мерасад, шахси раисиҷумҳур ва ё раиси Дастгоҳи иҷроияи ӯ яъне Озода Раҳмон (ва чи басо вазири умури хориҷа Сироҷуддин Аслов) монеъи иҷроӣ шудани ин барнома шуда бошанд. Чаро?

Пурвозеҳ аст, ки ҳамакора гардидани ҷаноби Саъмӯъмин Ятимов дар се чаҳор соли ахир – ба гунае, ки ҳам сиёсати дохилии кишвар зери контроли шахси вай қарор бигирад ва ҳам сиёсати хориҷиаш – норозиёнеро дар миёни нухбаҳои ҳокима ба вуҷуд оварда (аз ҷумла раиси Дастгоҳ Озода Раҳмон ва вазири умури хориҷа ҷаноби Сироҷуддин Асловро), ки эҳсос мекунанд, амалкардҳои нобихрадонаи Ятимов боис шудаанд, фишорҳои байналмилалӣ бар Тоҷикистон бештару бештар гарданд. Ва аз сӯе ҳам, на ҷаноби Аслов мехоҳад як “вазири хориҷаи мувозӣ”-ро дар канори худ бибинад ва на Озода Раҳмон хоҳони ин аст, ки Ятимов ҳамакораи Тоҷикистон гардад, зеро инро хуб дарк мекунад, ки бо зери итоати Ятимов қарор гирифтани диплумотҳо, дар дараҷаи аввал, аз қудрати Озода коста хоҳад шуд.

Ҳол, таҳдид ба бастани Дафтари намояндагии САҲА дар Тоҷикистон дар сурати ширкати Кабирӣ дар нишасти Варшав, ки дар таърихи 7 сентябр дар хабаргузории “Ховар” нашр шуд ва бе гумон кори Ятимов буд, фурсате гардид, то Озода, Аслов ва чи басо соири нухбаҳои ҳоким, дар баробари ин иқдоми нобихрадонаи Ятимов муқовимати ба истилоҳ маъмурӣ аз худ нишон бидиҳанд.

Ба илова, вақте САҲА ба ин таҳдидҳо ҳеч таваҷҷӯҳе накард, ва аз он сӯй ҳам, Муҳиддин Кабирӣ на танҳо ҳузур ёфт, балки суханронӣ дошт ва ду ҷаласаеро ҳам дар ҳошияи ин нишаст баргузор намуд ва ин ҷаласот бозтобҳои густардае доштанд, ин натоиҷ ва дастовардҳо, дар дараҷаи аввал, зарбаҳое бисёр муҳлик бар шахси ҷаноби Саймумин Ятимов ва сиёсаташ буданд.

Табиист, ки хабари натоиҷи ин нишаст ва бозтобҳои он ва ба илова ирсоли аризаи Муҳаммадалӣ Ҳаит, муовини зиндонии раиси ҲНИТ ба Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид ва хостори ворид шудани исми раиси КДАМ ба “Феҳристи Магнитский”, ба гӯши Эмомалӣ Раҳмон расида ва ӯро нороҳат ҳам карда. Ба илова, муносибати кишварҳои калидӣ — ба истиснои Чин — бо Душанбе дар ҳоли тағйир ёфтан аст ва мухолифони ҳукумат дар саросари дунё ба хусус Урупо, паноҳандагии сиёсӣ дарёфтаанд, мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар дохили кишвар ҳам, ки ҷои худ.

Ҳол, касе, ки пеши Эмомалӣ Раҳмон масъули ин ҳама нокомиҳост, касе ҷуз ҷаноби Саймумин Ятимов аст? Аз ин рӯ баъид нест, тағйироти ахир дар КДАМ, дар ростои ҳамин амр анҷом шуда бошад. Барканории муовини раиси КДАМ Сӯҳроб Паноев ва ба “кори мулкӣ” равон кардани Амирбек Бекназаров — ки ҳамроҳ бо Мансур Умаров аз наздиктарин афроди Ятимов дар КДАМ (ва ба истилоҳи худашон, “командаи шеф”) маҳсуб мешуданд – ин эҳтимолро тақвият мекунад.

* * *

4) Тартиб додани ин мусоҳиба тавассути ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сардабираш ҷаноби Шариф Ҳамдампур ҳам ҷойи тааҷҷуб надорад. Тибқи додаҳо, ҷаноби Шариф Ҳамдампур ва Муродулло Давлатов ду рафиқ ва ҳамнишини Ятимов будаанд, ки корашон бештар пиёдасозӣ ва иҷрои хостаҳои ахир будааст. Мисолҳои зиёде дар ин миён метавон овард. Ҳоло, фақат бо овардани як намуна иктифо мекунам, зеро мақола гуноҷиши зикри яко-яки маворидро надорад.

Азизон ёдашон ҳаст, ки барои нахустин бор, ин ҷаноби Ҳамдампур буд, ки Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохиларо ба унвони як шоир муаррифӣ ва шеърашро ҳам мунташир кард, бо тахаллуси “Ниҳонӣ”. Тоза, ба ин ҳам иктифо накард, балки дар озмуни “Беҳтарин шеъри соли 2016”, барои шеъри ӯ ҷоиза ҳам эъто намуд.

Дар нигоҳи аввал, чунин ба назар мерасад, ки иқдоми хубе будааст ин кори ҳафтаномаи “Тоҷикистон”. Чӣ хуб, ки вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон шоир ҳам ташриф доштаанд ва ин ҳафтанома аз истеъдоди эшон парда бардошта. Зеро шоир будан, дар ҳадди зоти худ айбе надорад, ки ҳеч, балки як имтиёз аст. Аммо агар бидонед, ҷаноби “Пешво” мутаассифона аз шеъру шоирон чандон хушаш намеомадааст, он вақт бароятон равшан мешавад, ки ҳадафи Ҳамдампур — ва қатъан касе, ки пушти вай қарор дорад ва касе ҷуз ҷаноби Ятимов намебошад – аз “ниҳонисозӣ” ва ба унвони шоир муаррифӣ кардани вазири умури дохилаи кишвар, чӣ будааст!

Ҳол, чаро ҳафтаномаи “Тоҷикистон” – ки тамоми иқдомоташ ба дастури шахси ҷаноби Ятимов сурат мегирад – мехоҳад шахсияти Рамазон Раҳимзодаро “лаккадор” ва аз шаъни ӯ бикоҳад? Далелашро дар зайл меоварем.

* * *

5) Тибқи додаҳо, Рамазон Раҳимзода бо муовини собиқи раиси КДАМ Абдулазиз Ҷалов қаробат дорад; ҳамон фарде, ки ҷаноби Шариф Ҳамдампур ва ҷаноби Шамс Азизов ҳар ду дар ин мусоҳиба саъй кардаанд чеҳраи ӯро “сиёҳ” нишон диҳанд. Масалан, ҷаноби Ҳамдампур суолашро инчунин матраҳ мекунад:

Кабирӣ зимни суханрониаш дар нишаст дар Варшава сабти садоеро пахш кард, ки ба собиқ ҷонишини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Абдулазиз Ҷалов тааллуқ дошт. Айнан хабари сомонаи “Payom net”-ро, ки тааллуқ ба ҳизби мамнӯъ — ҲНИТ дорад, меорам: “Дар ин сабт, ки байни Абдуқаҳҳори Давлат, узви Раёсати олии ҲНИТ ва Абдулазиз Ҷалов сурат гирифтааст, Абдуқаҳҳори Давлат аз муовини раиси КДАМ мепурсад, оё ӯ ба ин ки ҲНИТ дар кудето (табадуллот, ред.) даст дорад бовар мекунад? Муовини Ятимов дар ҷавоб мегӯяд, ки ӯ чун як шаҳрванд посух мегӯяд, ки ҲНИТ дар “кудето” даст надорад”. Ин суханро як шахси оддӣ не, соҳибмансаби рутбаи баланд мегӯяд. Шояд мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар овардани далелҳо басохтакорие роҳ доданд?

Ҷаноби додрас аммо дар посух, бо ин ки мегӯяд: “Ҷалов дар ҳеҷ куҷо нагуфтааст, ки “ҲНИТ дар “кудето” даст надорад”, вале тасреҳ мекунад: “Худи А.Ҷалов низ, ҳамчун собиқ корманди мақомоти амният ва собиқ муовини Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ ҳуқуқи додани чунин ҷавобро надошт.”

Ба илова, ин рӯзномагор (Ҳамдампур) ва додрас (Шамс Азизов) кори бесобиқаеро анҷом медиҳанд, линки забти аудиоӣ дар Ютубро коштаанд. Оё дар Тоҷикистон ва дар 25 соли ахир, дидаем, ки дар бораи муовини раиси КДАМ, ҳарчанд муовини собиқ, инчунин коре раво дида шуда бошад?! Ҳеч гоҳ!

Роқими ин сатрҳо мӯътақид аст, асосан далели умдаи анҷоми ин мусоҳиба бо додрас Шамс Азизов, маҳз ҳамин забт аст, ки садои Абдулазиз Ҷалов дар он вуҷуд дорад, ба ҳадде ки агар ин садо намебуд, аслан мусоҳибае ҳам тартиб дода намешуд. Яъне, касе, ки пушти ин мусоҳиба қарор дорад (яъне Ятимов), ҳадафаш ин аст, ки ба истилоҳи мо тоҷикҳо, “қабри Ҷаловро биканад”.

Ҳол, чаро мехоҳад бо Ҷалов, ки дар ҳоли ҳозир ин бандаи Худо мақому мансабе ҳам дар КДАМ надорад, чунин бикунад?

Тибқи додаҳо, Ҷалов бо ин ки дар ҳоли ҳозир ҳеч симате дар КДАМ надорад, вале аз нуфузи бисёр болое бархӯрдор будааст. Ӯ, ҳамон тавр ки бо Рамазон Раҳимзода қаробат дорад, бо дӯсту ҳампаймони вай Муҳаммадзоир Соҳибов — бонуфузтарин домоди раисиҷумҳури Тоҷикистон низ қаробат доштааст. Ҷалов замоне миёнаи хубе низ бо Озода Раҳмон ва шавҳараш Ҷамолиддин Нуралиев дошта ва фарди мавриди эътимоди онҳо будааст. Вай аз соли 2012 ба сиёсатҳои зиддимардумӣ ва зиддимазҳабии Саймӯъмин Ятимов муқовимат нишон медодааст.

(Инҷо лозим аст интиқоде ҳам аз ҲНИТ ва касоне, ки навори савтии гуфтугӯи Абдулазиз Ҷалов бо Абдуқаҳҳори Давлатро пахш намуданд карда бошам. Воқеан бе ҷиҳат ин наворро пахш карданд. Бандаи Худо ҳоло барояш ин як дарди сар шуда. Аз муддаҳост, ки ҷаноби Саймӯъмин Ятимов дар пайи баҳонае буда, то “қабри Ҷаловро биканад”. Ҳоло, ин кори ҲНИТ беҳтарин фурсат шуд, то ҷаноби Ятимов ба орзуяш бирасад.)

Бар асоси додаҳо, ҷаноби Абдулазиз Ҷалов мисли вазири мудофеа Шералӣ Мирзо аз дӯстону ҳамнишинони Абдуҳалим Назарзода будааст. Ин ду нафар ва Шоҳ Искандаров аз афроди бисёр наздик ба вазири дифои собиқ Шералӣ Хайруллоев будаанд, ки нуфузи фавқулъода бар қӯмондонҳои собиқи ИНОТ доштааст. Ва тақрибан ҳар муноқишае бо онҳоро дар тӯли ду даҳсола ба фоидаи ҳукумат ҳаллу фасл мекарда, ки албатта чандтояш — назири қазияи Мирзохӯҷа Аҳмадов — расонаӣ ҳам шуда буданд.

Тибқи додаҳо, Ҷалов ҳанӯз умед дошта, ки раисиҷумҳурро аз асли моҷарои Абдуҳалим Назарзода ва амалиёти зидди ӯ мутталеъ карда ва нақши мухарриби Саймӯъмин Ятимов дар он миёнро ифшо созад. Ва бо ин ки медониста қарори сиёсӣ ҷиҳати ба ҲНИТ рабт додани “фирори Назарзода” баъди барканории вай иттифоқ афтода ва бо ширкати шахси раисиҷумҳур қабул ва боздошти наҳзатиҳо аз таърихи 15 сентябр шурӯъ шуда, аммо бо ин ҳама, ноумед набуда, ки раисиҷумҳурро аз асли моҷаро мутталеъ карда ва пушти пардаи ба фирор маҷбур кардани Назарзодаро ба гӯши вай бирасонад.

Он чи Абулазиз Ҷалов мехоста ба ҳузури раисиҷумҳур бирасонад ин будааст, ки ҷаноби Саймӯъмин Ятимов амалиёти “шикори Назарзодаву Эшони Ҷунайдро” тарҳрезӣ карда, онҳоро маҷбур ба фирор аз Душанбе менамояд. Дар якчунин шароити бисёр ҳассос ва дар ҳоле ки ҳама мусаллаҳанд, ҷаноби Шералӣ Мирзо ва Абдулазиз Ҷалов дигар натавонистаанд Абдуҳалим Назарзодаро мутақоъид кунанд, ки дар пойтахт бимонад.

Инак, ва дар буҳбуҳаи тағйироти кадрӣ, ҷаноби Саймӯъмин Ятимов, бо суистифода аз пахши садои Ҷалов дар Варшав, ба дӯсташ Шарифи Ҳамдампур дастур медиҳад, то мусоҳибаеро бо додрас Шамс Азизов тартиб бидиҳад ва қазияи Ҷаловро барҷаста созад ва бо ин кор ӯро сари ҷояш нишонад, то дигар дар пайи дидор бо раисиҷумҳур ва ифшо кардани ҳамаи розҳо дар хусуси моҷарои “Фирори Назарзода” нашавад. Ва ҳамзамон, ҷилави ба ҳам омадани дӯстони собиқ, яъне Абдулазиз Ҷалов, Мухаммадзоир Соҳибов ва Рамазон Раҳимзода бо Озода Раҳмон ва Ҷамолиддин Нуралиев, ва аз ҳама муҳим пайвастани Шералӣ Хайруллоевро бигирад, то алайҳи вай ҳамдаст нашаванд.

* * *

Ҳамаи ин додаҳо нишон медиҳанд, мухотаби ин мусоҳиба на афкори умумӣ аст ва на бо ҳадафи тахриби чеҳраи ҲНИТ тартиб дода шуда ва на ҳатто барои табриа (худсафедкунӣ) аст, балки фақат бо ҳадафи расондани ин паём ба шахси раисуҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст, ки Ҷалов ин аст!

Роқими ин сатрҳо мӯътақид аст, қатъан нусхае аз ин мусоҳиба аз тариқи афроде наздик ба Ятимов ба дасти раисиҷумҳур бирасад, то ӯ шахсан худаш бихонад. Бе гумон, касоне, ки ин муҳимро барои ӯ анҷом медиҳанд, ёварони раисиҷумҳур академисян Абдуҷаббор Раҳмон ва академисян Абдушариф Шарифзодаанд, ки Ятимов ин дуро муваззаф мекунад, то матлабро ба дасти шахси Эмомалӣ Раҳмон бирасонанд.

Аммо ин ки оё ин мусоҳиба ба дасти ӯ мерасад ё на, ва агар расид, оё Раҳмон ҳавсалаи хондани онро мекунад ё на, инаш чандон муҳим нест. Зеро, дигар кор аз кор гузашта ва афроди зиёде дар миёни нухбаҳои ҳокимаи Тоҷикистон аз сиёсатҳо ва иқдомҳои носанҷидаи Ятимов ба дод омадаанд, ва мутаваҷҷеҳ шудаанд, ки омили ин ҳама бадбахтиҳо ва рехта шудани хуни садҳо бегуноҳ ва зиндонӣ шудани садҳо тан бе ҳеч гуна иттиҳоми муваҷҷаҳ ва низ паноҳанда шудани ҳазорон шаҳрванд ба кишварҳои хориҷ ба хусус урупоӣ ва тира шудани равобит бо кишварҳои калидӣ ва интиқоди Тоҷикистон аз минбарҳои созмонҳои байналмилалӣ ва ғайра аз муъзалоту мушкилот, шахси Ятимов ва иқдомҳои нобихрадонаи ӯст.

Ятимов ҳам, ба назарам, бисёр талош хоҳад кард, то кор бадтар аз ин ки феълан ҳаст нашавад, дар ин шакке нест, аммо оё ин талошҳо натиҷае хоҳанд дошт?! Ба назарам, ҳаргиз на! Бе ҷиҳат барои вай лақаби “Берияи тоҷик”-ро надодаанд. Бе шак сарнавиште шабеҳи сарнавишти Берия домангираш хоҳад шуд.

Дар қисмати баъдии ин мақола, мусоҳибаро аз назари муҳтаво ва мазмун мавриди баррасӣ қарор хоҳем дод.

Бахши дуввум



Рубрики:Нақду назар, Пароканда, Сиёсат, Таҳлилот, Ҷомеа

Метки: , , , , ,

20 replies

  1. Э ту аблахи Сайидюнуси беномус дониста бош, ки хазор кунта дарони хам хиёнаткори миллати ва барои ин хиёнаткориву мардумозорият рузе дар назди халку миллат чавоб хохи дод. Рузи махшар аъмоли ту мисли аъмоли занаки чалаб хисобида шуда, дар дузах аз хояхоят туро меовезанд.

    Нравится

  2. Саидюнуси кур! Ту хукухи маънавии гап задан дар бораи Точикистонро вакте ки зери пои эронихо шуди гум карди! Ман мафахмам ки хамаи ин матолиб аз болост. Эронихо хиёнат ба Точикистон намуда истодаанд…бо дасти ту! Ту ки ватану мазхабатро фурухтаи ин гапхоро мумкин нафахми…айб аст!

    Нравится

  3. Саидюнус, ту намедони хдта дар кадом гур бзани! Ай шукуфоии Точикистона месузи! Месузи ки дигар хонаи падарита намебини! Окибати хиёнат ба ватан хамин аст! Оилаат нашъачаллоб, худат хиёнаткор! Ту аз кадом тоифаи одами асти? чиба як гапи соз нисбати ватани худ намегуй? Ё барои 2 тангаи охани шуда хамара ба бозор броварди? Намешава ки хаму аклу фаросатта дар ягон чои фоиданок истифода кни?

    Нравится

  4. Саидюнуси кур! Ту хукухи маънавии гап задан дар бораи Точикистонро вакте ки зери пои эронихо шуди гум карди! Ман мафахмам ки хамаи ин матолиб аз болост. Эронихо хиёнат ба Точикистон намуда истодаанд…бо дасти ту! Ту ки ватану мазхабатро фурухтаи ин гапхоро мумкин нафахми…айб аст!

    Нравится

  5. Ту аблах Юсуф шиа мазхаб ,факат саги дайду барин дар хорича мегарди мо дар хамин чо зиндагии ба рохат рохат кардестем. Фахмиди очкарик.

    Нравится

  6. Ту ба фикрам рахгум не балки худро фурухтаи. Шиапарст шуда буди, ана акнун террорист хам шуди.

    Нравится

  7. Ты же вроде таджик «Истаравшани» но не понимаю почему ты ненавидишь родину свою? Этот ПИВТ чуть не организовал еще одну войну в Таджикистане Они тупые фанатики извращенцы! Ты разве не видел что они творили с бедными женщинами?

    Нравится

  8. Азизон ҳангоми тамос, агар аз корафзори VPN истифода кунанд ва бо истифода аз PGP вориди Gmail шаванд, ҳеч касе наметавонад ба роёнаи эшон рахна кунад, мутмаин бошед.

    АГАР 88888 хел нағма кунед ҳам, на VPN ва на PGP фода намекунад. Навиштагита капида фуз мондан мегирем!!!

    Нравится

  9. Додочон худаш як даюс аст лекин хаттон у медонад ки Истаравшани аз вайда хам харом тар аст!
    (О б с о ф к у н а к
    ё Сайидюнуси Истаравшанӣ барои кӣ афсона эҷод мекунад ?
    Дурӯғпароканиҳои ин к…ршинос (ҳар ҳарфе бихоҳед ба ивази се нуқта худатон гузоред) мисли Лаку Пак аст.Тамоми «манбаъҳояш» Баъзе Баъзевич ном доранд. Аммо онҳо ба ситоиши ин дӯсти Лаку Пак ончунон тавоноанд, ки аз розҳои маҳрамонаи Трамп, Рӯҳонӣ, Путин ба ӯ қисса мекунанд.
    Чанде пеш аз як шахси бонуфузи Ирон мегуфт, имрӯз қаҳрамони афсонааш аз як тоҷики бонуфузест, ки …(нигаред ба иқтибос) . Албатта номаш боз ҳамон Баъзе Баъзеевич Баъзезода.
    Инак, иқтибос:
    «…Дар оғоз лозим медонам, хулосаи гапу гуфтугӯеро, ки дирӯз бо яке аз дӯстонам дар Русия доштам, бароятон бозгӯ намоям. Он чи ӯ бароям гуфт, бе иртибот ба мавзӯи мавриди баҳси мо нест. Ин дӯстам, ки албатта ҳама ӯро мешиносанд ва намехоҳам феълан аз ӯ инҷо ном бибарам, як коршинос ва таҳлилгари бисёр маъруф аст дар Русия, тоҷик ҳам ҳаст, назару дидгоҳҳояш дар тасмимҳои сиёсии мақомоти русӣ ба инобат гирифта мешаванд»
    Оваҳ! Як коршинос…тоҷик…дӯсти Истаравшанӣ( эҳтиёт кунед, ки каппатонро акнун Истаравшанӣ бо ин дӯсташ месӯзад), таҳлилгари бисёр маъруф…Путин дар тасмимгириҳояш назарашро ба инобат мегирад…
    Агар ба ин ҷумла амиқ бингаред, дарк мекунед, ки Истаравшанӣ чӣ қадар шахси калидӣ дар сиёсат аст, дӯстоне дорад, ки сиёсати кишварҳоро муъайян мекунанд.
    На кам, на зиёд.
    Ва акнун пурсише дорам: ин дӯсти дӯсти ман кӣ бошад? Чаро коршиносеро, «ҳама ӯро мешиносанд» номашро пинҳон медорад? Маъмулан коршиносон номи худро аслан ниҳон намесозанд .
    Як дӯсти ман ба ман, ки намехост номашро ифшо кунам, 🙂 гуфт, ки ин ҳама боз як афсонаи нав аз пири афсонагӯёни сиёсии тоҷик аст… 🙂

    Нравится

  10. (Дододжон Атовуллоев)
    Л е с а к
    Қаблан лесакҳои ҳукуматӣ ҳамаро ба дод оварда буданд. Акнун лесакҳои наҳзатӣ
    Субҳона.
    С. Истаравшанӣ: Кабирӣ тухм пухт.
    Чошт.
    С. Истаравшанӣ: Кабирӣ тухмро хӯрд.
    Шом.
    С. Истаравшанӣ:Кабирӣ ба ҳоҷатхона рафт…
    🙂

    Нравится

  11. Бовар кунед бародаро холеки хамин истаравшании даюси палиди шиаи харом дорад саги кади куча надорад ин бадбах на хона на зани халол ва на зиндагии хуб надорад аз дур бар зидди миллати худ суханхои пур аз тухмату тахкир мекунад ки ба ин бешараф бар ивази ин амалхои аблахияш эрон маблаг дихад

    Нравится

  12. Мутмаин бош шиаи харом ки ту ба ин амалхое ки бар зиди миллату давлати худ мекуни рузе мерасад ки дар назди миллату давлати худ чавоб хохид дод ва мебинем мардуми шарифи точик чихел туро сангсор мекунад

    Нравится

  13. неки ами Сайидюнуси Истаравшанӣ чи кореро дар солхои пеш ба анчом овардааст дар чашми Худ наметова вале ба хаки МИллати точик суханой бад дуруг меронад

    Нравится

  14. чаро ин Сайидюнуси Истаравшанӣ ба тарфи миллати точик суханой кабе мезанад инхо бояд бидонад Сайидюнуси Истаравшанӣ гурехта ба дига давлатхо рафта бд худро професор гирифта ба суй Точикстон неш мезанад

    Нравится

  15. Сайидюнуси Истаравшанӣ ба ин кор кардагтш рузе дар охират чавоб мегуяд наход дар точикистон 8 миллион зиед нафар зиндаги ором мекунад Сайидюнуси Истаравшанӣ боша но тенчи ин касора халал мерасонад

    Нравится

  16. Сайидюнуси Истаравшанӣ ба Пешвой миллат ва ба рохбарони сохтори кудрати суханой кабех меронад неки инхо барои мухофизати миллати точик ва ободи пешрави миллат кор мекунад

    Нравится

  17. Ту Сайидюнуси Истаравшанӣ чи кор карди ба Ватани Худ ?? е ин бо ташкилотхои Обсе дар аврупо хамрох шудай ба мухофизати ташкилоти терористи ХНИТ ба мукобили миллати мо баромадай

    Нравится

  18. Ту Сайидюнуси Истаравшанӣ ба ин гурухи ХНИТ бо хочагони хоричи хамрох шдай ба Худ савол додай ки ман ба мукобили ватани худ чанг кардестам е ин ту фаромуш карди солхои пеш чи хел шакл дошти чихел рафтор дошти

    Нравится

  19. Сайидюнуси Истаравшанӣ ту бехтар бояд ба мукобили душмано мебаромади наход ки ту аблах ватани худро фуруши дар ташкилотхои хоричи ба мукобили миллати Худ барои

    Нравится

  20. ташкилотхои хоричи инчунин Обсе ба ватани мо чунин талош дорад ки ай худ гузарондестай

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: