Вақте ҳайбати қонун шикаста мешавад…

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Оё медонем, асоситарин омили ақибуфтогии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҳатто иқтисодӣ ва фарҳангии як кишвар кадом аст? Аз назари илми ҷомеашиносӣ, ин омил иборат аст аз мӯҳтарам набудани қонун дар он кишвар. Ба сухани дигар, ҷомеае, ки шаҳрвандонаш қонунмадор набошанд — яъне ба қонун пойбанд набошанд ва барояш эҳтиром қоил набошанд ва қонун дар он ҷомеа аз як ҳайбат бархӯрдор набошад – ин ҷомеа, аз ҳамаи ҷиҳот; сиёсат, иқтисод, фарҳанг ва ғайра ақиб хоҳад уфтод ва рӯи рушду тавсиъаро нахоҳад дид. Гузашта аз ин, вуҷуди фасоду ҳарҷу марҷу бебандуборӣ дар ҷомеа, сабабаш дар дараҷаи аввал, ҳамин аст яъне мӯҳтарам набудани қонун.

Дурустии ин муддао чунон возеҳ ва равшан аст, ки исботаш ҳатто ниёз ба овардани далелу бурҳону баҳсҳои назарӣ ҳам надорад. Кофист бибинем, ҳамин имрӯз кишварҳои пешрафта дар ҷаҳон, кадом кишварҳоянд? Мусалламан, кишварҳое, ки фарҳанги қонунмадорӣ дар онҳо ҳоким аст ва шаҳрвандонаш пойбанд ба қонунанд. Ва баръакс, кишварҳои ақибуфтода кишварҳоеанд, ки дар онҳо ба қонун амал намешавад, ва қонун дар онҳо ё бозичаи дасти дастгоҳи ҳокима гардида ва ё ин ки фарҳанги қонунмадорӣ дар миёни шаҳрвандонаш ҳоким нест. Хулоса, қонун дар онҳо ҳайбат надорад.

Албатта, манзур аз ҳайбати қонун ин нест, ки дар ҷомеа зӯри бозу ҳоким бошад. Ҳаргиз! Балки мақсуд ин аст, ки пойбандӣ ба қонун дар ҷомеа ба як фарҳанги умумӣ табдил гардида ва ба истилоҳ, қонунмадорӣ ниҳодина шуда ва мардум барои қонун эҳтиром қоиланд ва адами пойбандӣ ба қонунро ахлоқан зишт ва нописанд мешуморанд. Масалан, агар касе ришва намегирад, на бад-ин ҷиҳат аст, ки чун агар гирифт, ба зиндон хоҳад рафт, балки ба ин хотир аст, ки ришва гирифтан — ба унвони як амали ғайриқонунӣ — дар назари вай зишт ва нописанд гардида. Ва ё агар пули барқу обу гозашро дар вақташ месупорад, на ба ин далел аст, ки агар насупурд, пулис дами дараш хоҳад омад, балки супурдани пули обу барқ ба унвони як таклиф ва вазифа як кори ахлоқӣ пеши ӯ гардида. Ин аст маънои ҳайбати қонун.

Аз ин рӯ, як ҳукумати солим ҳукуматест, ки дар дараҷаи аввал, саъй дар ниҳодина кардани фарҳанги эҳтиром ба қонун ва қонунмадорӣ дар ҷомеа мекунад, албатта на танҳо ба гуфтану шиор додан, балки пеш аз ҳама, бо эҳтироми қонун ва пойбандӣ ба он аз сӯи муҷриёни қонун; аз раъси кишвар яъне раисиҷумҳур бигир то вузаро ва аъзои порлумон ва то поинтарин корманди давлатӣ.

Асосан, муассиртарин роҳи ниҳодина кардани фарҳанги қонунмадорӣ дар ҷомеа ҳамин аст. Вақте мардум мебинанд, ҳокимашон, вузаро ва руасо ва масъулонашон қонунмадор ҳастанд, онҳо низ ба қонун пойбанд ва барояш эҳтиром қоил хоҳанд буд. Ва аксаш ҳам саҳеҳ аст, яъне агар бибинанд, ҳоким ва масъулонашон бар мабнои қонун амал намекунанд ва ё асосан қонун бозичаи дасташон шуда, ки ҳар ҷур хостанд, мегардонанд, дар ин сурат, мардум на танҳо барои қонун эҳтиром қоил нахоҳанд буд, балки қонунгурез ҳам ба бор хоҳанд омад. Бинобар ин, ҳукумати солим саъй мекунад ҳайбати қонун дар ҷомеа шикаста нашавад.

Авомиле, ки боиси шикаста шудани ҳайбати қонун дар ҷомеа мешаванд, бисёранд, вале се омил, бузургтарини ин авомил аст, ки дар ин навиштор ба баёни онҳо мепардозам.

Ин се омил иборатанд аз:

1) Амал накардан ба қонун аз сӯи муҷриёни қонун;

2) Бозӣ бо қонун;

3) Вазъи қонун бидуни дар назар гирифтани зоиқаи ҷомеа (ки албатта ин марбут ба қувваи қонунгузор аст, ки тавзеҳ хоҳам дод).

* * *

1) Роҷеъ ба амал накардан ба қонун аз сӯи муҷриён, дар боло ёдовар шудам, ки вақте ҳоким ва масъулон ба қонун пойбанд набошанд, ин мараз ба шаҳрвандон ҳам сироят карда ва мардум ба қонун амал нахоҳанд кард ва он гоҳ ҳайбати қонун шикаста хоҳад шуд. Вақте як муҷрии қонун ҳудуди ним милюн дулор ришва дарёфт мекунад, хуб дар ин сурат оё таваққӯъ меравад, ки шаҳрвандон қонунмадор бошанд?!

2) Бозӣ бо қонун ба ин маъност, ки қувваи қонунгузор (порлумон) тибқи майлу иродаи ҳоким (ва ғолибан диктотурҳо), мураттаб ё қонуни ҷадид вазъ мекунад ва ё ба қонун табсира мезанад, то хостаи ҳоким бароварда шавад. Масалан, дар кишвари мо ҳудуди ду даҳа аст, ки бо руҳи қонуни асосӣ бозӣ мешавад ба гунае ки дар тӯли ин муддат, мураттаб қонунҳое вазъ шуда ва ё қонуни асосӣ табсира хӯрда, то ҳоким дар ҳар сурат боқӣ бимонад ва аз ҷояш такон нахӯрад. Ин кор ҳатто аз қонуншиканӣ ҳам ба маротиб бадтар аст. Номи ин кор, чизе ҷуз қонунманд кардани як кори ғайриқонунӣ нест. Ин кор ҳам яке аз авомили шикаста шудани ҳайбати қонун дар ҷомеа аст. Яъне ин бовар дар ҷомеа ниҳодина шуда ва дар азҳони шаҳрвандон русух пайдо мекунад, ки пас метавон қонунро тибқи ирода ва майли худ бигардонӣ.

3) Ва аммо вазъи қонун бидуни дар назар гирифтани зоиқаи ҷомеа ба ин маъност, ки қувваи қонунгузор ҳангоми вазъи қонун, ин воқеиятро ба назар нагирад, ки агар ин қонун вазъ шуд, оё ҷомеа ҳозир ба қабул ва амал ба он ҳаст ё нест? Ҳоло як мисол бизанам. Яке ду рӯз пеш, дар Арабистони Саудӣ, қонуне мабнӣ бар муҷоз будани ронандагӣ барои бонувон тавассути подшоҳи ин кишвар тасвиб шуд. Баъд, билофосила фардои ҳамон рӯз, дар чанд шаҳри ин кишвар занони ронанда мавриди азияти мардон қарор гирифтанд. Албатта, кори ин мардон дуруст нест, ва иттифоқан ғайриқонунӣ ва ҳатто ғайриинсонӣ ҳам ҳаст. Аммо воқеият дар ҷомеаи Саудӣ ин аст, ки (чӣ мо бихоҳем ва чӣ нахоҳем) аксарият дар ин ҷомеа, ҳатто аксарияти занонаш, ҳозир ба қабули инчунин қавонине нестанд. Роқими сутур инҷо дар мақоми таъйиди ин рафтор ва ин суннат нестам, балки мехоҳам воқеият дар ин ҷомеаро баён бикунам, ки якчунин қонунҳое ба мазоқаш намехӯрад ва аслан ҳозир ба қабули инчунин қавонине нест.

Инчунин қавонине бидуни омода кардани зеҳни ҷомеа, метавонад мушкилоти адидаеро барои кишвар эҷод кунад, ки бузургтарини он шикаста шудани ҳайбати қонун аст. Вақте як қонун ба мазоқи ҷомеа нахӯрад ва касе ба он амал намекунад, табиист, ки мунҷар ба шикаста шудани ҳайбати қонун гардад. Ҳатто Худованди Мутаол дар вазъи қонун (ташреъ), ин воқеиятро мадди назар дошта. Дар шибҳиҷазира ва пеш аз зуҳури ислом, шаробхорӣ як одати роиҷ буд ба ҳадде ки бо гӯшту хуни мардумони он ҷомеа аҷин шуда буд. Ислом (ва куллан адёни иброҳимӣ) шаробро ҳаром медонанд. Хуб, ҳукми ҳурмати шароб якдафъа баён нашуд. Азизоне, ки бо Қуръони Карим ошноӣ доранд, медонанд, ки ҳукми ҳурмати шароб ба тадриҷ ва дар муддати чанд сол баён гардид. Аввал Худованд фармуд, шароб чизи хубе нест, сипас баъд аз чанд сол фармуд, дар вақти намоз маст набошед, ва баъд, бо сипарӣ шудани чанд сол ва замоне ки зеҳни мусалмонон барои қабули ҳукми ҳурмати шароб омода шуд, он вақт фармуд, шароб ҳаром аст ва палид аст ва аз шайтон аст. Ба сухани дигар, ин ки шароб ҳаром буд, аз аввал пеши Худо ҳукмаш ҳамин буд, на ин ки пеши Худо ҳам аввал ҳалол буда бошад. Ҳаргиз! Балки баёни ин ҳурмат ба тадриҷ ва пас аз омода шудани зеҳни ҷомеа барои қабули он сурат гирифт. Вагарна, агар дар ҳамон оғоз дастур ба манъи шароб мешуд, мушкилоти адидае падид меомад, аз ҷумла ин ки касе ҳозир ба амал ба он дастур намешуд, ки натиҷааш шикаста шудани ҳайбати “ҳурмат” аст.

Бояд қонунгузор ҳангоми вазъи қонун ба ин воқеият таваҷҷӯҳ дошта бошад.



Рубрики:Нақду назар, Сиёсат, Таҳлилот, Ҷомеа

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: