Шарҳи Маснавӣ (217)

Достони пири чангӣ, ки дар аҳди Умар разияллоҳу анҳу баҳри Худо рӯзи бенавоӣ чанг зад миёни гӯристон (1)

* * *

Хулосаи достон

Дар аҳди Умар (р) овозхони чангнавозе буд, ки садои диловези ӯ ҳамонанди дами Исрофил мурдагонро зиндагӣ ва нишот мебахшид. Ӯ умреро бар ин кор сипарӣ кард ва рафта-рафта барфи пирӣ бар сару рӯяш боридан гирифт ва камараш аз бори сангини умр хамида гашт ва абрувонаш бар рӯи чашмонаш фурӯ хуфт. Овози дилпазираш ба нохушӣ гароид ва дигар касе толиби созу овози ӯ набуд. Ва ӯ яккаву танҳо дар фақру нотавонӣ ғӯтавар шуд, то он ки пайванди умедаш аз халқ гусаст ва дил ба умеди Ҳақ баст.

Аз ин рӯ, шабе ба гӯристони хомӯшу фаромӯше дар атрофи Мадина рафт ва бо худ гуфт: ин бор бояд танҳо барои Худо бинавозам, то ки ҳиссае аз дарёи бекарони раҳмати илоҳӣ баргирам ва дастмузде ситонам.

Ӯ дар навохтан ғарқа шуд ва он қадр чанг навохт, ки нотавон сар бар болин ниҳод ва ба хобе жарф фурӯ рафт. Дар ин ҳол, Ҳақ Таъоло ирода фармуд, ки халифаи муслимин яъне Умар ибни Хаттоб (р) низ ба хобе гарон равад. Умар пай бурд, ки ин хоби ғайриоддӣ, ки бар ӯ беҳангом ориз шуда ҳатман паёме ба ҳамроҳ дорад. Сар бар болин ниҳод ва ба хоб фурӯ рафт. Ва дар миёни хоб, суруше ғайбӣ дар гӯши ҷони Умар танин андохт, ки: ҳаминак бархез ва ба гӯристони Мадина бирав ва ниёзи яке аз бандагони хосси маро бароварда соз! Ҳафтсад динор аз байтулмол баргир ва ба ӯ деҳ, ки ин миқдор дастмузди созе аст, ки барои Худо ба наво даровардааст.

Умар аз хоби гарон бархост ва роҳи гӯристон дар пеш гирифт. Вақте ба онҷо расид, гирди гӯристон мегашт ва чашм ба ҳар сӯ меафканд, то он бандаи муқаррабро пайдо кунад. Вале ҳар чи жарфтар дарменигарист ва бештар мегашт, касеро намеёфт, магар овозхони калонсоле, ки чанг зери сар дошт. Бо худ гуфт: оё ин аст он бандаи муқарраб?! Оё овозхони жӯлида ва бар хок хуфта ҳамон бандае аст, ки дар хоб ба ӯ суфориш шудааст?! Қонеъ нашуд ва боз ҳам гардиш кард ва бештар нигарист, вале ҳеч касро наёфт. Саранҷом ба фиросат дарёфт, ки ин пири чангӣ ҳамон касе аст, ки дар хоб ба ӯ суфориш шудааст.

Дар ин ҳол, ногаҳон атсае бар Умар афтод ва пири чангӣ аз садои он аз хоб парид ва ҳамин ки нигоҳаш ба Умар афтод, бимнок шуд. Зеро гумон мекард, ки ин муҳтасиб қасди таъзири ӯ дорад. Вале Умар ба ӯ оромиш дод ва пайғоми ғайбиро барои ӯ бозгӯ кард ва динорҳоро ба ӯ таҳвил дод.

Пири чангӣ сахт ба зориву фиғон афтод ва аз ин ки умреро ба хотири маҷолиси тараб гузаронида пушаймон шуд ва тавба кард, ва дарёфт, ки бояд чангу созро танҳо барои Худо навохту бас. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.593-594)

* * *

Манбаи ин достон “Асрорут-тавҳид” аст, вале “Асрорут-тавҳид” ҳеч манбае барои он зикр накарда. Ва ба илова, на танҳо дар китобҳои мӯътабар зикре аз ин достон нест, балки дар манобеи нимамӯътабар ҳам наёмада. Албатта, Мавлоно коре ба эътибори достон ва ҳикоёт, ки дар Маснавӣ овардааст надорад. Ҳадафаш чизе дигар аст. Масалан, дар лобалои ҳамин достон, Мавлоно мавзӯъҳои муҳиммеро матраҳ кардааст, аз қабили: нафхи сур ва анвоъи он, маънои қиёмат, иттиҳоди анбиё ва авлиё, давоми файзи илоҳӣ, табаддули амсол, нутқи ҷамодот ва ғайра аз мавзӯъҳои бисёр муҳим.

Ва аммо манзури аслӣ аз ҳикояти “пири чангӣ” ин аст, ки вусул ба Ҳақ, вобаста ба шакли хосс аз парастиш нест, балки шарти аслии вусул ба Ҳақ, шикастагии қалб ва сӯзи дил аст; чунонки нағмаи пири жӯлида ва дарҳамшикастае мақбули даргоҳи илоҳӣ воқеъ мешавад ва музди чангнавозии ӯ ба байтулмол ҳаволат мешавад.

Мавлоно бо ин баён мехоҳад бигӯяд, дар даргоҳи илоҳӣ алқобу ановини дунёӣ ва мутадовал миёни инсонҳо баҳое надорад. Эй басо касе, ки дар анзор ҳақиру хормоя ояд, аммо ҳамӯ дар даргоҳи илоҳӣ маҳбуб шумурда шавад.

Аммо суоле, ки пеш меояд ин аст, ки агар нағмаи чанги он пир матлуби даргоҳи Худованд афтод, пас чаро пир аз гузаштаи худ тавба кард ва дар умри талафшуда таассуф овард? Ҷавоб ин аст, ки тавбаи пир бад-он ҷиҳат буд, ки пештар фанни навозандагии худро дар тариқи оростани маҷолиси базми муҳташамон ба кор мегрифта, аммо инак донист, ки созро бояд ба хотири хушнудии Худо ба садо дароварад ва лоғайр.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ



Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: