Ҳама чиз дар бораи додгоҳи Бузургмеҳр Ёров (6)

Бахши шашум

Дархости Бузургмеҳр вобаста ба айбҳои эълонкардашуда нисбати ӯ (идома)

(марти 2016)

(Ин матолиб ба дасти худи Бузургмеҳр навишта шудаанд.)

13) Лаҳзаи аз тарафи Акрамова Маҳдия додани 1100 доллари ИМА барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ

Бо ин лаҳза, ба ман бо моддаи 247 к.4 банди “б”-и КҶ ҶТ аз рӯи варианти дуюми сохтакоронаӣ қарор дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидан ба сифати айбдоршаванда ва эълон кардани айби нав дида мешавад, ки тафтишот беасос айб эълон кардааст. Аз рӯи ин айб гӯё:

“Ӯ (Ёров) боз тахминан моҳи декабри соли 2006 ҳангоми дар кӯчаи Клара Сеткина ҳозир буданаш, ба ӯ шаҳрванд Акрамова Маҳдия барои гирифтани ёрии ҳуқуқӣ вобаста ба ҳалномаи суди н.Шоҳмансур ш.Душанбе аз 28.07.1998 … муроҷиат намудааст. Ёров Б. бошад, бо мақсади такроран тасарруфи молу мулки ғайр, бо роҳи фиреб ва ё суистифодаи боварӣ, аз вазъияти ноилоҷии Акрамова М. истифода бурда, ваъда додааст, ки аз болои ҳалномаи суд ба суди ш.Душанбе шикоят навишта ҳалномаро ба воситаи шиносҳояш дар мақомоти болоии судӣ бекор карда ба манфиати охирин ҳал мекунад. Сипас барои амалӣ намудани мақсади қаллобонаи худ, ӯ аз Акрамов М. маблағи 1500 доллари ИМА… тасарруф намуда, онро бидуни ҳазинаи маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ ба манфиати шахсияш сарф намуда, дар мурофиаҳои судӣ иштирок накардааст ва бо ин кирдораш ба ҷабрдида Акрамова М. ба миқдори махсусан калон зарари моддӣ расонидааст.”

Ин қисмати айб низ нисбати ман беасос эълон карда шудааст, зеро ба тариқи шифоҳӣ ва ё ин ки хаттӣ бастани созишномаи ҳуқуқӣ ва аз тарафи муштарӣ ба адвокат додани маблағ барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ – ҳеч вақт ҷинояти қаллобиро ташкил карда наметавонад ва ин ӯҳдадории муштарӣ оиди пардохтани ҳаққи меҳнату гонорари адвокат мебошад.

Дар ҷ.4 саҳ.47 аризаи Акрамова М. оиди он мавҷуд аст, ки ӯ соли 2010 ба ман дар пеши офиси мавҷудаи дар Агроинвестбонк буда 500 доллар барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ додааст.

Дар ҷ.4 саҳ.63-67 ҳангоми пурсиши худ, ман оиди он нишон медиҳам, ки воқеъан Акрамова М. дар асоси шартнома ба ман дар ҳузури коргарамон адвокат Юнусова Шаҳло, ки хеши ӯ мебошад, 1100 доллар дар соли 2005 дар кӯчаи Клара Сеткина бинои рақами 14, ҳуҷраи рақами 48 додааст. Дар асоси ин созишнома ман ҳуҷҷатҳои ӯро нисбати ҳалномаи судӣ омӯхта, шикояти назоратӣ ба Раёсати ш.Душанбе навишта додам. Баъдан Акрамова М. баромада рафт, ман дигар ӯро надидам. Тӯли муддати дароз аз хешаш дар куҷо будани Акрамова М. ва чаро наомадани ӯро ба маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ Юнусова Шаҳло ҷавоб медиҳад, ки ҳарчанд Акрамова М. хешашон мебошад, дар куҷо будани ӯро намедонад. Дар ҷ.4. саҳ.68-73 протоколи рӯбарӯкунии байни ману Акрамова М ҳолати он муносибатҳои шартномавии мо дар соли 2005 ба вуҷуд омадаанд ва додани 1100 долларро барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ тасдиқ намуда, ваҷҳ оиди он меорад, ки умуман Юнусова Шаҳлоро намешиносад. Бо Шаҳло муносибате надорад ва Шаҳло дар хусуси муносибатҳои шартномавии доштаи ӯ бо адвокат Ёров Б. огоҳ нест. Сабаби тӯли зиёда аз 10 сол нопадид шуданашро дар он нишон медиҳад, ки адвокатураи воқеъ дар кӯчаи Клара Сеткина ба самти номаълум кӯчида рафтааст ва ин боиси кандашавии муносибати ӯ бо адвокат шудааст, нишон медиҳад.

Ба саволи ман оиди он, ки ҳазорҳо муштариён баъди кӯчидани бинои адвокатура – бинои навро ёфтаанд ва бинои нави адвокатура ҳамагӣ дар масофаи 5-7 метр буд, ки барои ба пеши бинои кӯҳнаи адвокатура рафтан аввало аз пеши бинои нави он мегузаранд, ҷавобе дода наметавонад.

Акрамова М. дар ариза, баёнот, пурсиш, рӯбарӯкунии ҳолати додани 1100 долларро ҳамчун ҳолати шартномавӣ нишон медиҳад ягон маротиба дар хусуси он ки адвокат Ёров Б. ӯро фиреб дода бошад, нишон намедиҳад.

Баъди рӯбарӯкунӣ бино бар он ки Акрамова М. шахсияти Юнусова Шаҳлоро рад менамоянд, ман дархости пурсиши Юнусова Шаҳло ва рӯбарӯ намуданро бо ӯ изҳор менамоям.

Дар ҷ.4 саҳ.74-76 пурсиши Юнусова Шаҳло ҷой дода мешавад, пурсиши номбурда, нофаҳмо ва нопурра мебошад. Юнусова Шаҳло ҳолати он ки Акрамова М.-ро мешиносад, эътироф менамояд ва нишон медиҳад, ки шавҳари Маҳдия хеши ӯ мебошад.

Дар ҷ.12 саҳ.21-23 Акрамова М. дар зери омилҳои таъқиби сиёсӣ ва адвокатӣ нишондодҳояшро тағйир дода чунин нишондод медиҳад:

“Пас аз ин Ёров Б. идораашро, ки дар қарибии Агроинвестбонк буд, иваз намуд. Ман ӯро пайдо карда натавонистам. Баъдан шавҳарам тавассути шиносаш Юнусова Шаҳло, ки бо Ёров Б. кор мекард, маблағҳоро талаб намуд. Лекин Ёров Б. ин маблағро барнагардонид …Ман ба Ёров Б. 1500 доллар додам. Лекин ӯ ҳангоми рӯбарӯкунӣ аз ман барои навиштани ариза ҳаққи хидматашро ба маблағи 400 доллар талаб намуд. Ман розӣ шудам ва гуфтам, ки агар ҳаққи аризаи навиштаи ту 400 доллар бошад, пас аз 1100 доллари маро баргардонад. Ӯ розӣ шуд, ки 1100 доллар маро баргардонида медиҳад.”

Алакай дар қисмати дуюми сархатти якуми нишондоди оварда Акрамова М. нишондодҳояшро дигаргун менамояд. Зеро ягон вақт Юнусова Ш. бо ҳамроҳи шавҳари Акрамова М. ба пеши ман наомадаанд. Ман умуман маълумот надорам, ки Акрамова М. шавҳар дорад ё ин ки не? Тафтишот, ба Акрамова М. саволе намедиҳад, ки агар шавҳари шумо Ёров Б.-ро тавассути Юнусова Ш. тӯли дҳ соли гузашта ёфта бошад, пас чӣ тавр шумо, ки ҳамеша шабу рӯз бо шавҳаратон будед, Ёров Б.-ро ёфта натавонистед? Оё ягон мурофиаи судӣ доир шуда буд, ки дар он адвокат Ёров Б. иштирок накарда бошад, агар доир шуда бошад, кай? Ё ин ки дар хусуси он савол намедиҳад, ки чаро оиди ин ҳолатҳо дар рӯбарӯкуниҳо маълумот надодааст. Чаро шавҳараш дар холе, ки медонистааст, ки оилааш Акрамова М. адвокат Ёров Б.-ро кофта истодааст, оиди ин ба занаш хабар намедодааст ё ин ки Акрамова М. тӯли ин 10 соли гузашта мисли кофтукоби адвокат Ёров Б. ба кофтукоби шавҳараш машғул буд? Тафтишот дар чунин ҳолат бояд, ки пурсиши шавҳари Акрамова М-ро мегузаронд ва ӯро бо ман рӯбарӯ менамуд.

Акрамова М. аз сабаби он ки медонад нишондоди дар ҷ. 12 саҳ.21-23 дар қисмати боло нодуруст аст, аз шарм ба тафтишот бардурӯғ ариза менависад, ки дар суд бино бар табобати беморияш имконияти иштирок кардан надорад ва дар хориҷи кишвар мешавад. Боз мумкин дар соли дигар ӯ аз ҷумҳурӣ баромада меравад.

Дар ҷ.4.саҳ.60-61… (Афтодагӣ дар матн) … Эътирози номбурда, ки 18 июли соли 2006 дар асоси шикояти назоратии Акрамова М. оварда шудааст, ҳолати онро исбот менамояд, ки ақидаи Абдурасулзода оиди он ки моҳи декабри соли 2006 бо ман Акрамова М. Вохӯрдааст, умуман хато мебошад. Зеро ман дар соли 2005-ум ба Акрамова М. шикояти назораӣ ба Раёсати суди ш. Душанбе навишта додам. Баъди гирифтани ҷавоби Раёсати суди ш. Душанбе ҳамон шикояти назоратии манро сарлавҳаашро ба суди Олии ҶТ навишта ба Суди Олии ҶТ месупорад. Агар декабри соли 2006 Акрамова М. пеши ман меомад, пас зарурати навиштани ягон ҳуҷҷати мурофиавӣ ба ӯ набуд.

Аз ҷ.4 саҳ. 58-59 (Пурра набор карда шавад) дида мешавад, ки баъди овардани эътирози назоратӣ боз як соли як моҳи дигар эътирози назоратии ба манфиати ӯ навишта дар баррасии Раёсати суди ш. Душанбе қарор дошт ва дар ҳоле, ки эътирози муовини Раиси Суди Олии ҶТ М. Ватанов баррасӣ нашудааст, ягон ҳуқуқшинос шикояте дар ин хусус наменависад. Дар дархост оиди он ман нишон медиҳам, ки ба адвокат шахсан дар ҳоле муроҷиат менамоянд, ки мехоҳанд ёрии ҳуқуқӣ гиранд ва муроҷиати муштарӣ Акрамова М. вазъияти ноилоҷи ӯро нишон намедиҳад. Акрамова М. мефаҳмад, ки ҳалномаи судӣ аз 28.07.1998 ғайриқонунӣ мебошад, аз ин рӯ нуқтаи назари худро ба адвокат расонида, кӯшиши дигар бори бекор намудани ҳалномаи судӣ меандешад. Ман ягон маротиба ба Акрамова М. оиди он нагуфтаам, ки ба воситаи шиносҳоям шикоят навишта, ҳалномаи судиро бекор менамоям. Барои ман, ҳамчун адвокат фарқ надорад, ки ҳалномаи судиро суди шаҳри Душанбе бекор менамояд ва ё суди зинаи болоӣ? Агар мақомоти судӣ ба ин ҳолат диққат надиҳанд, пас ба дигар зинаҳои назорати прокурорӣ дар ин хусус ва ё ин ки ба дигар мақомотҳо муроҷиат менамудам. Дилхоҳ маблағи гирифтаро адвокат барои манфиатҳои шахсии худ истифода мебарад. Истифодабарии маблағи аз мизоҷу муштарию ваколатдиҳанда дода, ҷинояте нест.

Вобаста ба ҳолатҳои номбурда хоҳиш менамоям, ки ин қисмати айб бино бар дар кирдорҳои ман набудани таркиби ҷинояте қатъ карда шавад.

* * *

14) Лаҳзаи тӯҳмати шаҳрванд Қурбонов Дӯстмурод оиди додани 700$ -и ИМА

Бо ин лаҳза ба ман бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” КҶ ҶТ аз рӯи варианти дуюми қарори сохтакорона дар хусуси ба ҷавобгарӣ кашидан ва эълон намудани айб. Айби беасос ва ғайриқонунӣ дар хусуси он эълон намудааст, ки:

“Ӯ боз моҳи октябри соли 2009 … ҳозир буданаш, ба ӯ шаҳрванд Қурбонов Дӯстмурод, оиди расонидани ёрии ҳуқуқӣ ва иштирок намудан дар баррасии шикояти назоратӣ аз болои ҳалномаи суди н. А. Ҷомӣ аз 23.09.2009 ва қарори суди марҳилаи кассатсионӣ оид ба парвандаҳои граждании суди вилояти Хатлон аз 26.01.2010 бо даъвои Қурбонов И.Т. нисбати Исоев К. дар бораи беэътибор донистани протоколи натиҷаи музояда ва шартномаи хариду фурӯши манзили истиқоматӣ дар Суди Олии ҶТ муроҷиат намудааст, ӯ бошад, мақсади такроран тассаруф намудани молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва ё суистифодаи боварӣ, аз вазъияти ноилоҷии Қурбонов Д. истифода бурда ваъда додааст, ки дар рафти баррасии шикоят дар суд иштирок намуда, баҳси молии байни бародараш Қурбонов И. ва Исоев К.-ро ба манфиати охирин ҳал менамояд. Сипас барои амалӣ намудани мақсади қаллобонаи худ, ӯ аз Қурбонов Д. маблағи 700$- и ИМА-ро талаб карда гирифта, маблағҳои бо роҳи қаллобӣ тасаруф намудаашро бидуни ҳазинаи маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ ба манфиати шахсияш сарф намуда, дар мурофиаи судӣ иштирок накардааст ва бо ин кирдораш ба ҷабрдида Қурбонов Д. ба миқдори калон зарари моддӣ расонидааст.”

Ин қисмати айб низ нисбати ман пурра нодуруст ва ғайриқонунӣ эълон шудааст. Абдурасулзода А. мисли дигар лаҳзаҳо низ бе ягон далел оиди он дар айб менависад, ки мо моҳи октябри соли 2009 бо Қурбонов Дӯстмурод шинос шуда бошем. Ақли Абдурасулзода А. бо дарки он намедарояд, ки агар мо моҳи октябри соли 2009 шинос шуда бошем, пас мо аз куҷо медонистем, ки 26.01.2010 қарори марҳилаи кассатсионии суди вилояти Хатлон мебаромадааст? Ин зиддият ҳолати онро нишон медиҳад, ки шиносоии мо баъди 26.01.2010 сол ба вуҷуд омадааст ва мутаносибан ҳеч вақт дар соли 2009-ум Қурбонов Д. ба ман пуле надодааст. Дар ҷ.4 саҳ. 84-93 (Пурра набор карда шавад) аз ин ҳалномаи судӣ дида мешавад, ки дар парванда адвокат Қосимов А. иштирок кардааст.

Дар парванда қарори марҳилаи кассатсионӣ аз 26.01.2010 мавҷуд нест, ки аз рӯи он муайян карда шавад, ки дар парванда кӣ ба сифати адвокат дар зинаи кассатсионӣ иштирок кардааст.

Дар ҷ.4 саҳ. 117-119 (Пурра набор карда шавад) мавҷуд аст. Маҳз шикояти назоратии номбурдаро ман навистам ва дида мешавад, ки ба пеши ман ҳамчун адвокат Қурбонов Д. бо ҳамроҳии шоҳид Бобохонов Сайдалӣ баъди 01.07.2010 муроҷиат намудаанд, зеро ман таъиноти Суди Олии ҶТ-ро аз 01.07.2010 мавриди шикоят қарор додаам. Ба адвокат лозим нест, ки он шикоят қонеъ мешавад ё ин ки не? Зеро шикояти назоратии худи навиштаи муроҷиаткунон дар Суди Олии ҶТ то ба ман шинос шудан аллакай 01.07.2010 рад шуда буд. Суди Олии ҶТ аллакай ақидаи манфӣ оиди парванда дорад ва фақат дар 5-10% парвандаҳо мумкин аст, ки ақидаашонро дигаргун намоянд. Дар чунин ҳолат ҳеч вақт шартномае ба ҳаҷми 700$ барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ дар чунин ҳолат намебандам.

Аз ҷ.4 саҳ.120 (Пурра набор карда шавад) дида мешавад, ки шикояти назоратии навиштаи манро бино бар мавҷуд набудани таъиноти судӣ аз 01.07.2010 рад намуданд. Дар ҷ.4 саҳ.105-109 ҳангоми протоколи рӯбарӯ намудан бо Қурбонов Д. ман тӯҳмати ӯро ошкор намуда нишон медиҳам, ки ӯ бо ҳамроҳии корманди суди конститутсионии ҶТ Сайдалӣ омада буд ва Сайдалӣ манро ҳамчун дӯсти худ муарифӣ намуда, ба дасти ман барои расонидани ёрӣ 150 ё 300 сомонӣ маблағ медиҳад. Дар ҷ.4 саҳ.110-112 (Пурра набор карда шавад) шоҳид Бобохонов Сайдалӣ ҳолати шинос кардани моро санаашро нодуруст бошад ҳам нишон медиҳад, аммо ҳолати он ки ба дасти ман пул додааст, аз тафтишот пинҳон менамояд.

Дар ҷ.4 сҳ.101-104 пурсиши шоҳид Қурбонов Тошмурод оварда шудааст, ки он пурра ба нишондодҳои Бобохонов Сайдалӣ ва Қурбонов Дӯстмурод зид мебошад.

Ҷ.3, саҳ. 263-264. Пр.пурсиши иловагии Сафаров Ҳикматулло Саидович:

“Дар ҳақиқат моҳи апрели соли 2014 ман дар ҷойи корам будам. Ёров Б. бо ҳамроҳии Ҳамдамов Самад ба наздам оммада 2 созишномаро, ки дар он имзоҳои Ҳамдамов Самад гузошта шуда буд, дода гуфт, ки реквизитҳои бланкаи созишномаро пур намоям ва ман аз Ҳамдамов С. ному насаб ва ҷои истиқоматиашро дар бланкаи созишномаҳо навишта, реквизитҳои онро тартиб додам. Баъди тартиб додани созишномаҳо ман ба Ёров Б. 2 ордер додам. Ман нишондодҳои пештар додаам каме нодуруст мебошад, чунки ин масъала он қадар дар хотирам набуд ва айни ҳол ин ҳолат ба хотирам омад. Дар ҳақиқат дар созишномаҳо имзоҳо гузошта шуда буд ва Ҳамдамов Самадов дар назди ман имзо накарда буд. Ёров Б. созишномимзо ба дасти ман оварда супорид.”

Дар ҷ.4 саҳ.121-124 (Пурра набор карда шавад) оварда шудааст. Аз сабабе, ки Қурбонов Д. ба ман ҳеч вақт пуле надодааст, бинобар ин бардурӯғ бинои воқеъ дар шаҳри Душанбе кӯчаи Н. Қарабоев №8-ро нишон медиҳад, ки ман дар ин бино ягон маротиба истиқомат накардам ва қайд менамояд, ки ман Ёров Б.-ро соли 2009 дар пеши подъезди ин бино дидам ва гӯё ки баргардонидани пули додаашро талаб карда бошад. Дар ҳоле, ки фақат баъди 01.07.2010 бо ман шинос шудааст, пас чӣ тавр як сол пеш ба ман даъвои пулӣ мекардааст номаълум мемонад.

Таҳлили дигар нишондодҳои Қурбонов Д. муқоисаи ин нишондодҳо ба нишондоди Бобохонов Сайдалӣ ҳолати онро нишон медиҳад, ки агар Қурбонов Д. ба ман соли 2009 маблағи 700$ медод – даъвои пулӣ мекард, онро ман сарфи назар менамудам, пас метавонист, ки ба пеши рафиқаш, хамқишлоқиаш Бобохонов Сайдалӣ рафта, норизогиашро аз шинос кардани ӯ бо адвокат Ёров Б. изҳор намояд. Тӯли 6 сол онҳо ҳамдигарро мебинанд. Аммо дар ин хусус то ҳатто сӯҳбате наменамоянд, барои он ки Қурбонов Д медонад, ки ягон пуле ба ман додагӣ нест. Вагарна 700$ барои сокини ноҳияи А. Ҷомӣ пули калоне мебошад, ӯ то ҳатто солҳои 2010-2015 ягон маротиба ба ҷои кори ман намеояд. Ягон маротиба тӯли солҳо ба ман занг намезанад. Дар рафти рӯбарӯ намудан ҷ.4 саҳ.105-109 оиди он нишон медиҳад, ки гӯё телефони ӯ ба об афтида бошад. Аз ин рӯ рақами телефони манро гум намудааст. Бобохонов С. дӯсти ӯ мебошад, ӯ ягон маротиба рақами телефони манро аз Сайдалӣ намегирад. Зеро медонад, ки байни ману ӯ ягон муносибате вуҷуд надорад, ӯ ҳеч вақт ба ман 700$ надодааст.

Аз тафтишот ман хоҳиш намудам, ки манро бо Қурбонов Тошмурод, Бобохонов Сайдалӣ рӯбарӯ намоянд, аммо тафтишоти пешакӣ ин амалҳои тафтишотиро намегузаронад.

Вобаста ба ин ҳолатҳо бино бар дар кирдори ман набудани таркиби ҷиноят – ин қисмати айбнома қатъ карда шавад.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигар

Реклама


Рубрики:Инсони муваффақ, Пароканда, Торих, Ҷомеа

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: