Ислом ва Эронзамин (79)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши севвум

Хадамоти Эрон ба ислом (42)

Ирфон ва ислом

Ирфон, ҳам дар бахши амалӣ ва ҳам дар бахши назарӣ, бо дини муқаддаси ислом тамос ва истикок пайдо мекунад, зеро ислом монанди ҳар дину мазҳаби дигар (ва бештар аз ҳар дину мазҳаб дигар) равобити инсонро бо Худо ва ҷаҳон ва худаш баён карда ва ҳам ба тафсиру тавзеҳи ҳастӣ пардохтааст. Қаҳран инҷо ин масъала тарҳ мешавад, ки миёни он чӣ ирфон арза медорад бо он чӣ ислом баён кардааст чӣ нисбате барқарор аст?

Албатта урафои исломӣ ҳаргиз муддаӣ нестанд, ки сухане моварои ислом доранд ва аз чунин нисбате сахт табаррӣ (безорӣ) меҷӯянд. Баръакс, онҳо муддаӣ ҳастанд, ки ҳақоиқи исломиро беҳтар аз дигарон кашф кардаанд ва мусалмони воқеӣ онҳо мебошанд. Урафо чӣ дар бахши амалӣ ва чӣ дар бахши назарӣ ҳамвора ба китобу суннат ва сираи набавӣ ва имомон ва акобири саҳоба истинод мекунанд.

Вале дигарон дар бораи онҳо назарияҳои дигаре доранд ва мо ба тартиб он назарияҳоро зикр мекунем:

а) Назарияи гурӯҳе аз муҳаддисон ва фуқаҳои исломӣ. Ба ақидаи ин гурӯҳ, урафо амалан пойбанд ба ислом нестанд ва истиноди онҳо ба китобу суннат сирфан авомфиребӣ ва барои ҷалби қалбҳои мусалмонон аст ва ирфон асосан рабте ба ислом надорад.

б) Назарияи гурӯҳе аз мутаҷаддидони асри ҳозир. Ин гурӯҳ — ки бо ислом миёнаи хубе надоранд ва аз ҳар чизе, ки бӯи “ибоҳият” бидиҳад ва битавон онро ба унвони наҳзат ва қиёме дар гузашта алайҳи ислом ва муқаррароти исломӣ қаламдод кард ба шиддат истиқбол мекунанд — монанди гурӯҳи аввал мӯътақиданд, ки урафо амалан имон ва эътиқоде ба ислом надоранд, балки ирфону тасаввуф наҳзате буда аз ноҳияи милали ғайриараб бар зидди ислом ва араб, дар зери сарпӯшӣ аз маънавият.

Ин гурӯҳ бо гурӯҳи аввал дар зиддият ва мухолифати ирфон бо ислом ваҳдати назар доранд ва ихтилофи назарашон дар ин аст, ки гурӯҳи аввал исломро тақдис мекунанд ва бо такя ба эҳсосоти исломии тӯдаи мусалмон, урафоро таҳқир менамоянд ва мехоҳанд ба ин васила ирфонро аз саҳнаи маорифи исломӣ хориҷ намоянд, вале гурӯҳи дуввум бо такя ба шахсияти урафо — ки баъзе аз онҳо ҷаҳонӣ аст — мехоҳанд василае барои таблиғ алайҳи ислом биёбанд ва исломро таҳқир кунанд, ки андешаҳои зарифу баланди ирфонӣ дар фарҳанги исломӣ, бо ислом бегона аст ва ин аносур аз хориҷ вориди ин фарҳанг гаштааст, ислом ва андешаҳои исломӣ дар сатҳи поинтар аз ин гуна андешаҳост.

Ин гурӯҳ муддаӣ ҳастанд, ки истиноди урафо ба китобу суннат сирфан тақия ва аз тарси авом будааст, мехостаанд ба ин васила ҷони худро ҳифз кунанд.

в) Назарияи гурӯҳи бетарафҳо. Аз назари ин гурӯҳ, дар ирфон ва тасаввуф хусусан дар ирфони амалӣ ва билахасс он ҷо, ки ҷанбаи фирқаӣ пайдо мекунад, бидъатҳо ва инҳирофоти зиёде метавон ёфт, ки бо китоби Худо ва бо суннати мӯътабар вифқ намедиҳад, вале урафо монанди соири табақоти фарҳанги исломӣ ва монанди ғолиби фирқаҳои исломӣ нисбат ба ислом ниҳояти хулуси ниятро доштаанд ва ҳаргиз намехостаанд бар зидди ислом матлабе гуфта ва оварда бошанд. Мумкин аст иштибоҳоте дошта бошанд (ҳамчунон ки соири табақоти фарҳангӣ масалан мутакаллимин, фалосифа, муфассирон, фуқаҳо иштибоҳоте доштаанд), вале ҳаргиз суинияте нисбат ба ислом дар кор набудааст.

Масъалаи зиддияти урафо бо ислом аз тарафи афроде тарҳ шуда, ки ғарази хосс доштаанд, ё бо ирфон ва ё бо ислом. Агар касе бетарафона ва беғаразона китобҳои урафоро мутолеа кунад (ба шарти он ки бо забон ва истилоҳоти онҳо ошно бошад), иштибоҳоти зиёде мумкин аст биёбад, вале тардид ҳам нахоҳад кард, ки онҳо нисбат ба ислом самимият ва хулуси комил доштаанд.

Мо назари севвумро тарҷеҳ медиҳем ва мӯътақидем, урафо суиният надоштаанд. Дар айни ҳол лозим аст афроди мутахассис ва ворид дар ирфон ва дар маорифи амиқи исломӣ, бетарафона дар бораи масоили ирфонӣ ва интибоқи онҳо бо ислом баҳсу таҳқиқ намоянд.

Масъалае, ки инҷо лозим аст матраҳ шавад ин аст, ки оё ирфони исломӣ аз қабили фиқҳу усулу тафсиру ҳадис аст? Яъне аз улумест, ки мусалмонон мояҳо ва моддаҳои аслиро аз ислом гирифтаанд ва барои онҳо қоидаҳо ва зобитаҳо ва усул кашф кардаанд, ва ё аз қабили тиббу риёзиёт аст, ки аз хориҷи ҷаҳони ислом ба ҷаҳони ислом роҳ ёфтааст ва дар домани тамаддун ва фарҳанги исломӣ ба василаи мусалмонон рушду такомул ёфтааст, ва ё шиққи севвуме дар кор аст?

Урафо худ шиққи аввалро ихтиёр мекунанд ва ба ҳеч ваҷҳ ҳозир нестанд шиққи дигареро интихоб кунанд. Баъзе аз мусташриқин исрор дошта ва доранд, ки ирфон ва андешаҳои латиф ва дақиқи ирфонӣ ҳама аз хориҷи ҷаҳони ислом ба ҷаҳони ислом роҳ ёфтааст.

Гоҳе барои он решаи масеҳӣ қоил мешаванд ва мегӯянд, афкори орифона натиҷаи иртиботи мусалмонон бо роҳибони масеҳист, ва гоҳе онро аксуламали эрониҳо алайҳи ислом ва араб мехонанд, ва гоҳе онро дарбаст маҳсули фалсафаи навафлотунӣ — ки худ маҳсули таркиби афкори Арасту ва Афлотун ва Фисоғурис ва ганусиҳои Искандария ва оро ва ақоиди яҳуд ва масеҳиён будааст — муаррифӣ мекунанд, ва гоҳе онро ношӣ аз афкори будоӣ медонанд, ҳамчунон ки мухолифони урафо дар ҷаҳони ислом низ кӯшиш дошта ва доранд, ки ирфон ва тасаввуфро яксара бо ислом бегона бихонанд ва барои он решаи ғайриисломӣ қоил гарданд.

Назарияи севвум ин аст, ки ирфон мояҳои аввалии худро (чӣ дар мавриди ирфони амалӣ ва чӣ дар мавриди ирфони назарӣ) аз худи ислом гирифтааст ва барои ин мояҳо қоидаҳо ва зобитаҳо ва усул баён кардааст ва таҳти таъсири ҷараёноти хориҷ низ (хусусан андешаҳои каломӣ ва фалсафӣ ва билахасс андешаҳои фалсафии ишроқӣ) қарор гирифтааст.

Аммо ин ки урафо чӣ андоза тавонистаанд қоидаҳо ва зобитаҳои саҳеҳ барои мояҳои аввалии исломӣ баён кунанд; оё муваффақияташон дар ин ҷиҳат ба андозаи фуқаҳо будааст ё на, ва чӣ андоза муқайяд будаанд, ки аз усули воқеии ислом мунҳариф нашаванд, ва ҳамчунин оё ҷараёноти хориҷӣ чӣ андоза рӯи ирфони исломӣ таъсир доштааст; оё ирфони исломӣ онҳоро дар худ ҷазб карда ва ранги худро ба онҳо дода ва дар масири худ аз онҳо истифода кардааст ва ё баръакс мавҷи он ҷараёнот ирфони исломиро дар ҷиҳати масири худ андохтааст?… Инҳо ҳама матолибест, ки ҷудогона бояд мавриди баҳсу диққат қарор гирад. Он чӣ мусаллам аст ин аст, ки ирфони исломӣ сармояи аслии худро аз ислом гирифтаасту бас.

Тарафдорони назарияи аввал — ва каму беш тарафдорони назарияи дуввум — муддаӣ ҳастанд, ки ислом дине содда ва бетакаллуф ва умумифаҳм ва холӣ аз ҳар гуна рамзу матолиби ғомиз ва ғайримафҳум ва ё саъбулфаҳм аст. Асоси эътиқодии ислом иборат аст аз тавҳид. Тавҳиди ислом яъне ҳамчунон ки масалан хона созандае дорад мутағойир ва мутамойиз аз худ, ҷаҳон низ созандае дорад ҷудо ва мунфасил аз худ. Асоси робитаи инсон бо матоъҳои ҷаҳон аз назари ислом зуҳд аст. Зуҳд яъне эъроз аз матоъҳои фонии дунё барои вусул ба наъими ҷовидони охират. Аз инҳо, ки бигузарем, ба як силсила муқаррароти соддаи амалӣ мерасем, ки фиқҳ мутакаффили онҳост. Аз назари ин гурӯҳ, он чӣ урафо ба номи “тавҳид” гуфтаанд, матлабест варои тавҳиди исломӣ, зеро тавҳиди ирфонӣ иборат аст аз ваҳдати вуҷуд ва ин ки ҷуз Худо ва шуъуну асмоу сифот ва таҷаллиёти ӯ чизе вуҷуд надорад. Сайру сулуки ирфонӣ низ варои зуҳди исломист, зеро дар сайру сулук як силсила маъонӣ ва мафоҳим тарҳ мешавад аз қабили ишқу муҳаббати Худо, фанои дар Худо, таҷаллии Худо бар қалби ориф, ки дар зуҳди исломӣ матраҳ нест. Тариқати ирфонӣ низ амрест варои шариати исломӣ, зеро дар одоби тариқат масоиле тарҳ мешавад, ки фиқҳ аз онҳо бехабар аст.

Аз назари ин гурӯҳ, некони саҳобаи Расули Акрам (с), ки урафо ва мутасаввифа худро ба онҳо мунтасаб мекунанд ва онҳоро пешрави худ медонанд, зоҳидоне беш набудаанд; руҳи онҳо аз сайру сулуки ирфонӣ ва аз тавҳиди ирфонӣ бехабар будааст. Онҳо мардуме будаанд эърозкунанда аз матоъи дунё ва мутаваҷҷеҳ ба олами охират; асли ҳоким ба руҳи онҳо хавф буда ва раҷо, хавф аз азоби дӯзах ва раҷо ба савобҳои биҳиштӣ, ҳамину бас.

Ҳақиқат ин аст, ки назарияи ин гурӯҳ ба ҳеч ваҷҳ қобили таъйид нест. Мояҳои аввалии исломӣ басе ғанитар аст аз он чӣ ин гурӯҳ — ба ҷаҳл ва ё ба амд — фарз кардаанд. На тавҳиди исломӣ ба он соддагӣ ва бемуҳтавоист, ки инҳо фарз кардаанд, ва на маънавияти инсон дар ислом мунҳасир ба зуҳди хушк аст, ва на некони саҳобаи Расули Акрам (с) ончунон будаанд, ки тавсиф шуд, ва на одоби исломӣ маҳдуд аст ба аъмоли ҷавориҳу аъзо.

Мо дар инҷо иҷмолан дар ҳадде, ки равшан шавад, ки таълимоти аслии ислом метавонистааст илҳомбахши як силсила маорифи амиқ дар мавриди ирфони назарӣ ва амалӣ буда бошад, матолибе меоварем.

* * *

Қуръони Карим дар боби тавҳид ҳаргиз Худо ва хилқатро ба созандаи хона ва хона қиёс намекунад. Қуръон Худоро холиқ ва офаринандаи ҷаҳон муаррифӣ мекунад ва дар ҳамон ҳол мегӯяд, зоти муқаддаси ӯ дар ҳамаҷо ва бо ҳама чиз ҳаст:

فَأَيْنَمَا تُوَلُّواْ فَثَمَّ وَجْهُ اللّهِ

Ба ҳар тараф рӯ кунед, чеҳраи Худо онҷост.” (Сураи Бақара, ояти 115)

وَنَحْنُ أَقْرَبُ إِلَيْهِ مِنْ حَبْلِ الْوَرِيدِ

Ва мо аз раги гардан ба ба ӯ (инсон) наздиктарем.” (Сураи Қоф, ояти 16)

هُوَ الْأَوَّلُ وَالْآخِرُ وَالظَّاهِرُ وَالْبَاطِنُ

Аввали ҳамаи ашё ӯст ва охири ҳама ӯст (аз ӯ оғоз ёфтаанд ва ба ӯ поён меёбанд), зоҳиру ҳувайдо ӯст ва дар ҳамон ҳол ботину нопайдо ҳам ӯст…” (Сураи Ҳадид, ояти 3) ва оёти дигар аз ин қабил.

Бадеҳист, ки ин гуна оёт афкор ва андешаҳоро ба сӯи тавҳиде бартар ва олитар аз тавҳиди авом мехондааст. Дар ҳадиси Кофӣ омадааст, ки Худованд медонист, ки дар охируззамон мардумоне мутаъаммиқ дар тавҳид зуҳур мекунанд, аз ин рӯ оятҳои аввали сураи Ҳадид ва сураи “Қул ҳуваллоҳу аҳад..”-ро нозил фармуд.

Дар мавриди сайру сулук ва тайи мароҳили қурби Ҳақ то охирин манозил, кофист, ки бархе оятҳои марбут ба “лиқоуллоҳ” ва оятҳои марбут ба “ризвонуллоҳ” ва оятҳои марбут ба ваҳй ва илҳом ва муколимаи малоика бо ғайри пайғамбарон — масалан ҳазрати Марям — ва махсусан оятҳои меъроҷи Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)-ро мавриди назар қарор диҳем. Дар Қуръон сухан аз нафси аммора, нафси лаввома, нафси мутмаинна омадааст, сухан аз илми ифозӣ ва ладуннӣ ва ҳидоятҳои маҳсули муҷоҳида омадааст:

وَالَّذِينَ جَاهَدُوا فِينَا لَنَهْدِيَنَّهُمْ سُبُلَنَا

Ва касоне, ки дар роҳи мо кӯшидаанд, ба яқин роҳҳои худро бар онон менумоем…” (Сураи Анкабут, ояти 69) Дар Қуръон аз тазкияи нафс ба унвони ягона мӯҷиби фалоҳу растгорӣ ёд шудааст:

قَدْ أَفْلَحَ مَن زَكَّاهَا. وَقَدْ خَابَ مَن دَسَّاهَا

Ҳар кас онро (нафсро) пок гардонид, қатъан растгор шуд. Ва ҳар ки онро олудааш сохт, қатъан дарбохт.” (Сураи Шамс, оятҳои 9-10)

Дар Қуръон мукаррар аз ҳубби илоҳии мофавқи ҳамаи муҳаббатҳо ва улқаҳои инсонӣ ёд шудааст. Қуръон аз тасбеҳу таҳмиди тамоми зарроти ҷаҳон сухан гуфтааст ва ба таъбире аз он ёд карда, ки мафҳумаш ин аст, ки агар шумо инсонҳо “тафаққуҳ”-и худро комил кунед, он тасбеҳҳо ва таҳмидҳоро дарк мекунед. Ба илова, Қуръон дар мавриди сиришти инсон масъалаи нафхаи илоҳиро тарҳ кардааст.

Инҳо ва ғайри инҳо кофӣ буда, ки илҳомбахши маънавияти азим ва густарда дар мавриди Худо ва ҷаҳон ва инсон ва бахусус дар мавриди равобити инсон ва Худо бишавад.

Ҳамчунон ки ишора шуд, сухан дар ин нест, ки урафои мусалмон аз ин сармояҳо чӣ гуна баҳрабардорӣ кардаанд, дуруст ё нодуруст; (балки) сухан дар бораи изҳори назарҳои муғризонаи гурӯҳе ғарбӣ ва ғарбзада аст, ки мехоҳанд исломро аз назари маънавият бемуҳтаво муаррифӣ намоянд. Сухан дар бораи сармояи азиме дар матни ислом аст, ки метавониста илҳомбахши хубе дар ҷаҳони ислом бошад. Фаразан урафои мусталаҳ натавониста бошанд истифодаи саҳеҳ карда бошанд, афроди дигаре, ки ба ин ном машҳур нестанд истифода кардаанд.

Ба илова, ривоятҳо ва хутбаҳо ва дуоҳо ва эҳтиҷоҷҳои исломӣ ва тароҷуми аҳволи акобири тарбиятшудагони ислом нишон медиҳад, ки он чӣ дар садри ислом будааст, сирфан зуҳди хушк ва ибодат ба умеди аҷру подош набудааст. Дар ривоятҳо ва хутбаҳо ва дуоҳо ва эҳтиҷоҷҳо маъонии бисёр баланде матраҳ аст. Тароҷуми аҳволи шахсиятҳои садри аввали ислом аз як силсила ҳаяҷонот ва воридоти руҳӣ ва равшанбиниҳои қалбӣ ва сӯзҳову гудозҳо ва ишқҳои маънавӣ ҳикоят мекунад. Мо акнун яке аз онҳоро зикр мекунем:

Дар Кофӣ менависад: Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) рӯзе пас аз адои намози субҳ чашмаш афтод ба ҷавоне рангпарида, ки чашмонаш дар косаи сараш фурӯ рафта ва танаш наҳиф шуда буд, дар ҳоле, ки аз худ бе худ буд ва таъодули худро наметавонист ҳифз кунад, Расули Акрам пурсид:

كيف اصبحت

Ҳолат чӣ гуна аст?

Гуфт:

اصبحت موقنا

Дар ҳоли яқин ба сар мебарам.”

Фармуд:

Аломати яқинат чист?

Арз кард:

Яқини ман аст, ки маро дар андӯҳ фурӯ бурда ва шабҳои маро бедор (дар шабзиндадорӣ) ва рӯзҳои маро ташна (дар ҳоли рӯза) қарор додааст ва маро аз дунё ва мофиҳо ҷудо сохта, то он ҷо, ки гӯӣ Арши Парвардигорро мебинам, ки барои расидан ба ҳисоби мардум насб шудааст ва мардум ҳама маҳшур шудаанд ва ман дар миёни онҳо ҳастам; гӯӣ ҳамакнун аҳли биҳиштро дар биҳишт мутанаъим, ва аҳли дӯзахро дар дӯзах муъаззаб мебинам; гӯӣ ҳамакнун бо ин гӯшҳо овози ҳаракати оташи ҷаҳаннамро мешунавам.

Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ба асҳоби худ рӯ кард ва фармуд:

Ин шахс бандае аст, ки Худованд қалби ӯро ба нури имон мунаввар гардонидааст.

Он гоҳ ба ҷавон фармуд:

Ҳолати худро ҳифз кун, ки аз ту салб нашавад.

Ҷавон гуфт:

Дуо кун Худованд маро шаҳодат рӯзӣ фармояд.

Тӯле накашид, ки ғазвае пеш омад ва ҷавон ширкат кард ва шаҳид шуд.

Зиндагӣ ва ҳолот ва калимот ва муноҷотҳои Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) саршор аз шӯру ҳаяҷони маънавӣ ва илоҳӣ ва мамлув аз ишороти ирфонӣ аст. Дуоҳои Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фаровон мавриди истишҳод ва истиноди урафо қарор гирифтааст.

Амирулмӯъминин Алӣ (Алайҳис-салом), ки аксарияти қариб ба иттифоқи аҳли ирфону тасаввуф силсилаҳои худро ба эшон мерасонанд, калимоташ илҳомбахши маънавият ва маърифат аст. Мутаассифона феълан маҷоле ҳарчанд барои зикри намуна нест.

Дуоҳои исломӣ, махсусан дуоҳои шиъӣ, ганҷинае аз маориф аст аз қабили дуои Кумайл, дуои Абӯҳамза, муноҷоти Шаъбония, дуоҳои Саҳифаи Саҷҷодия. Олитарин андешаҳои маънавӣ дар ин дуоҳост.

Оё бо вуҷуди ин ҳама манобеъ, ҷои ин ҳаст, ки мо дар ҷустуҷӯи як манбаи хориҷӣ бошем?

Назири ин ҷараёнро мо дар мавзӯи ҳаракати иҷтимоии мунтақидона ва мӯътаризонаи Абӯзари Ғифорӣ нисбат ба ҷабборони замони худаш мебинем. Абӯзар нисбат ба табъизҳо ва ҳайфу майлҳо ва зулму ҷаврҳо ва бедодгариҳои замон сахт мӯътариз буд, то он ҷо, ки табъидҳо кашид ва ранҷҳои ҷонкоҳ мутаҳаммил шуд ва охируламр дар табъидгоҳ ва дар танҳоӣ ва ғурбат аз дунё рафт.

Гурӯҳе аз мусташриқин ин пурсишро тарҳ кардаанд, ки муҳаррики Абӯзар кӣ будааст? Ин гурӯҳ дар пайи ҷустуҷӯи омиле аз хориҷи дунёи ислом барои таҳрики Абӯзар ҳастанд. Ҷорҷ Ҷурдоқи масеҳӣ дар китоби Ал-Имому Алӣ; савтул-адолатил-инсония” мегӯяд:

Ман тааҷҷуб мекунам аз ин ашхос; дуруст мисли ин аст, ки шахсеро дар канори рӯдхона ё лаби дарё бибинем ва он гоҳ биандешем, ки ин шахс зарфи хешро аз кадом бирка пур кардааст? Дар ҷустуҷӯи биркае барои тавҷеҳи зарфи оби ӯ бошем ва рӯдхона ё дарёро надида бигирем. Абӯзар ҷуз ислом аз кадом манбаи дигаре метавонистааст илҳом бигирад? Кадом манбаъ ба қадри ислом метавонад илҳомбахши Абӯзарҳо бошад?

Айни он ҷараёнро дар мавзӯи ирфон мебинем. Мусташриқин дар ҷустуҷӯи манбае ғайр аз ислом ҳастанд, ки илҳомбахши маънавиятҳои ирфонӣ бошад, ва ин дарёи азимро нодида мегиранд. Оё метавонем ҳамаи ин манобеъро аъамм аз Қуръону ҳадису хутбаву эҳтиҷоҷу дуову сира инкор кунем барои он ки фарзияи баъзе аз мусташриқин ва дунболаравҳои шарқии онҳо дуруст дарояд?!

Хушбахтона ахиран афроде монанди Никелсуни ангилисӣ ва Мосиниюни фаронсавӣ, ки мутолеоти васеъе дар ирфони исломӣ доранд ва мавриди қабули ҳама ҳастанд, сареҳан эътироф доранд, ки манбаи аслии ирфони исломӣ Қуръон ва суннат аст. Бо нақли ҷумлаҳое аз Никелсун ин баҳсро поён медиҳем. Вай мегӯяд:

Дар Қуръон мебинем, ки мегӯяд: “Худо нури осмонҳо ва замин аст”, “Ӯ аввалин ва охирин мебошад”, “Ҳеҷ худое ғайри Ӯ нест”, “Ҳама чиз ба ғайри Ӯ нобуд мешавад”, “Ман дар инсон аз руҳи худ дамидам”, “Мо инсонро офаридем ва медонем руҳаш бо ӯ чӣ мегӯяд, зеро мо аз раги гардан ба ӯ наздиктрем”, “Ба ҳар куҷо рӯ кунед, ҳамонҷо Худост”, “Ба ҳар кас Худо равшанӣ надиҳад, ӯ ба куллӣ нур нахоҳад дошт”. Муҳаққақан реша ва тухми тасаввуф дар ин оятҳост ва барои сӯфиёни аввалӣ Қуръон на фақат калимоти Худо буд, балки василаи тақарруб ба Ӯ низ маҳсуб мешуд. Ба василаи ибодат ва таъаммуқ дар қисматҳои мухталифи Қуръон, махсусан оятҳои мармузе, ки марбут ба уруҷ (меъроҷ) аст, мутасаввифа саъй мекунанд ҳолати сӯфиёнаи Пайғамбарро дар худ эҷод намоянд.” (Китоби мироси Ислом, Маҷмӯае аз мақолоти мусташриқин дар бораи Ислом, с.84)

Ва ҳам ӯ мегӯяд:

Усули ваҳдат дар тасаввуф, беш аз ҳама ҷо дар Қуръон зикр шуда ва ҳамчунин Пайғамбар мегӯяд, ки Худованд мефармояд: “Ҷун бандаи ман дар асари ибодат ва аъмоли неки дигар ба ман наздик шавад, ман ӯро дӯст хоҳам дошт, биннатиҷа ман гӯши ӯ ҳастам ба тавре, ки ӯ ба тавассути ман мешунавад; ва чашми ӯ ҳастам ба тавре, ки ӯ ба тавассути ман мебинад, ва забону дасти ӯ ҳастам ба тавре, ки ӯ ба тавассути ман мегӯяд ва мегирад.” (Ҳамон манбаъ)

Он чӣ мусаллам аст ин аст, ки дар садри ислом (лоақал дар қарни аввали ҳиҷрӣ), гурӯҳе ба номи “ориф” ё “сӯфӣ” дар миёни мусалмонон вуҷуд надоштааст. Номи сӯфӣ дар қарни дуввуми ҳиҷрӣ пайдо шудааст. Мегӯянд, аввалин касе, ки ба ин ном хонда шудааст Абӯҳошими Сӯфии Кӯфӣ аст, ки дар қарни дуввум мезистааст ва ҳам ӯст, ки барои аввалин бор дар Рамлаи Фаластин савмаъа (хонақоҳ) барои ибодати гурӯҳе аз уббод ва зуҳҳоди мусалмон сохт. Торихи дақиқи вафоти Абӯҳошим маълум нест. Абӯҳошим устоди Суфёни Саврӣ (вафотёфта дар 161 ҳ.қ) будааст.

Абулқосим Қушайрӣ, ки худ аз машоҳири урафо ва сӯфия аст мегӯяд, ин ном қабл аз соли 200 ҳиҷрӣ пайдо шудааст. Никелсун низ мегӯяд, ин ном дар охирҳои қарни дуввуми ҳиҷрӣ пайдо шудааст. Аз ривояте, ки дар китоби “Ал-маъиша”-и Кофӣ, ҷилди панҷум омадааст, зоҳир мешавад, ки дар замони Имом Содиқ (Алайҳис-салом) гурӯҳе (Суфёни Саврӣ ва иддае дигар) дар ҳамон замон яъне дар нимаи аввали қарни дуввуми ҳиҷрӣ ба ин ном хонда мешуданд. Агар Абӯҳошими Кӯфӣ аввалин касе бошад, ки ба ин ном хонда шуда бошад ва ӯ устоди Суфёни Саврӣ (вафотёфта дар соли 161 ҳиҷрӣ) ҳам будааст, пас дар нимаи аввали қарни дуввуми ҳиҷрӣ ин ном маъруф шуда будааст, на дар охирҳои қарни дуввум (он чунон ки Никелсун ва дигарон гуфтаанд), ва зоҳиран шубҳае нест, ки ваҷҳи тасмияи сӯфия ба ин ном пашминапӯшии онҳо будааст. Сӯфия ба далели зуҳду эъроз аз дунё, аз пӯшидани либосҳои нарм иҷтиноб мекарданд ва махсусан либосҳои дурушти пашмин мепӯшиданд.

Аммо ин ки аз чӣ вақт ин гурӯҳ худро “ориф” хондаанд, боз иттилои дақиқе надорем. Қадри мусаллам ин аст ва аз калимоте, ки аз Сарийи Сақатӣ (вафотёфтаи 243 ҳиҷрӣ) нақл шудааст, маълум мешавад, ки дар қарни севвуми ҳиҷрӣ ин истилоҳ шойеъ ва роиҷ будааст, вале дар китоби “Ал-лумаъ”-и Абӯнасри Сироҷи Тӯcӣ — ки аз мутуни мӯътабари ирфону тасаввуф аст — ҷумлае аз Суфёни Саврӣ нақл мекунад, ки мерасонад дар ҳудуди нимаи аввали қарни дуввум ин истилоҳ пайдо шуда будааст.

Ба ҳар ҳол, дар қарни аввали ҳиҷрӣ гурӯҳе ба номи сӯфӣ вуҷуд надоштааст. Ин ном дар қарни дуввум пайдо шудааст ва зоҳиран дар ҳамин қарн, ин ҷамоат ба сурати як “гурӯҳи хосс” даромаданд, на дар қарни севвум (он чунон ки ақидаи баъзе аст). Дар қарни аввали ҳиҷрӣ ҳарчанд гурӯҳе хосс ба номи ориф ё сӯфи ё номи дигар вуҷуд надоштааст, вале ин далел намешавад, ки некони саҳоба сирфан мардуме зоҳид ва обид будаанд ва ҳама дар як дараҷа аз имони содда мезистаанд ва фоқиди ҳаёти маънавӣ будаанд (он чунон ки маъмулан ғарбиён ва ғарбзадагон иддао мекунанд). Шояд баъзе аз некони саҳоба ҷуз зуҳду ибодат чизе надоштаанд, вале гурӯҳе аз як ҳаёти маънавии нерӯманд бархӯрдор будаанд. Онҳо низ ҳама дар як дараҷа набудаанд. Ҳатто Салмон ва Абӯзар дар як дараҷа аз имон нестанд. Салмон зарфияте аз имон дорад, ки барои Абӯзар қобили таҳаммул нест. Дар аҳодиси зиёд ин мазмун расидааст:

لو علم ابوذر ما في قلب سلمان لقتله

Агар Абӯзар он чиро, ки дар қалби Салмон аст медонист, ӯро (кофир медонист) ва мекушт.”

Акнун ба зикри табақоти урафо ва мутасаввифа аз қарни дуввум то қарни даҳум мепардозем.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ирфони амалӣ, Ирфони назарӣ, Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: