Кадом як аз китобҳои Ишигуруро мешавад ба хатти пириллик пайдо карду хонд?

Дориюши Раҷабиён, рӯзноманигори тоҷик, дар сафҳаи Фейсбуки худ, бо ишора ба ин ки “бисёре аз китобҳои Козу Ишигуру ба порсӣ (ба хатти порсӣ) тарҷума шуда ва дар дастрас аст, ба монанди Бозмондаи рӯз ё Манзари паридаи ранги таппаҳо, Шабонаҳо, Ҳаргиз раҳоям накун, Рустое пас аз торикӣ”, ин суолро матраҳ кардааст, ки “кадом як аз инҳоро мешавад ба хатти пириллик пайдо карду хонд?

Вай дар ин ёддошти кӯтоҳи худ навиштааст: “Козу Ишигуру (Kazuo Ishiguro) барандаи ҷоизаи адабиёти Нубели имсол шуд. Оё тарафдорони хатти пириллик дар Тоҷикистон ҳеч китоби ин нивисандаи жопунитабори инглисиро ба хатти пириллик дидаанд?

Раҷабиён дар идома дар посух ба яке аз корбарон таъкид кардааст: “Ба пириллик ҳеч китобе аз ин нивисанда вуҷуд надорад, то касе онро хонда бошад. Ба ҳамин хотир буд, ки таваҷҷӯҳи мардуми шарифро бори дигар ба зиёни расмулхатти пириллик ҷалб кардам.”

Вай афзудааст: “На танҳо достонҳои ин нивисандаи ҷаҳонӣ, балки осори 99.9 дарсади нивисандагони номовари ҷаҳон ба хатти пириллик вуҷуд надорад… Ъаҷиб аст, ки то кунун бархе аз ҳаммеҳанони мо ба дарки зарурати бозгашт ба хатти порсӣ ва баҳраварӣ аз наъамоти зеҳнии ҷаҳон ба забони модарӣ нарасидаанд!

Абдуқодир Рустам, нависандаи тоҷик низ дар ёддоште дар сафҳаи худ дар Фейсбук, бо ишора ба ин ки “Кадзуо Исигуро — нависандаи жопунитабори Ингилистон барандаи ҷоизаи Нобели адабиёт шуд” навишта: “Исигуро соли 1954 дар Жопан ба дунё омада ва дар Ингилистон таҳсил кардааст ва дар соли 1982 шаҳрвандии Ингилистонро пазируфт. Ӯ барандаи ҷоиза Букер- маъруфтарин ҷоизаи адабии ингилисизабонҳо низ шуда буд. Албатта, Кадзуо Исигуро беҳтарин нависандаи ҷаҳони муосир нест, вале барои ман писандидатар аз Харука Муроками — нависандаи Жопун аст, ки бештар мунтақидони адабӣ ӯро пуршонстарин номзад ба ҷоизаи Нобели соли 2017 медонистанд. Ду румони Исигуро – Бақияи рӯз” (ҳамон “Бозмондаи рӯз”) ва Маро раҳо макун” (“Ҳаргиз раҳоям накун”)-ро хондаам ва бавежа румони дуввум арзиши хонданро дорад... Бештарини осораш ба забонҳои русӣ ва форсӣ тарҷума шудаанд. Аз ҷумла чанд румонаш дар китобфурӯшиҳои Душанбе (ба забони русӣ) ҳаст.”

Дар ҳоле ки эътои ҷоизаи Нубели адабиёти 2017 ба Козу Ишигуру (Kazuo Ishiguro = Кадзуо Исигуро), бо вокунишҳои густардае дар ҷаҳон ба хусус аз сӯи нависандагони матраҳ ва мунтақидон рӯ ба рӯ шуда, вале дар миёни тоҷикҳо дар фазои маҷозӣ (то ҷое, ки пайгирӣ кардам), ба ҷуз ин ду ёддошт, дигар хабаре нест. Ва далели он ҳам рӯшан аст чунонки ҷаноби Раҷабиён ба он ишора карда, ки ҳеч асаре аз ин нависандаи матраҳ ба хатти сириллик (хатти роиҷ дар Тоҷикистон) мавҷуд нест.

* * *

Далели интихоби Ишигуру барои ҷоизаи Нубел аз забони мутарҷими форсии осори вай

Суҳайли Суммӣ, мутарҷими чандин китоби Козу Ишигуру аз ҷумла “Тасаллинопазир”, “Ҳаргиз раҳоям макун” ва “Ғули мадфун”, дар гуфтугӯ бо хабаргузории Меҳр гуфт: “Ишигуру аз лиҳози темотик, рӯйи жонрҳои мухталифе дар ҳавзаи ривояти достонӣ кор кардааст аз ҷумла жонри илмӣ-тахайюлӣ дар китоби “Ҳаргиз раҳоям макун” ё жонри равоншинохтӣ дар румони “Тасаллинопазир” ва ё жонрҳои дигар аз ҷумла охируззамонӣ. Ишигуру дар “Ғули мадфун” ҳам, ки охирин китоби мунташиршуда аз ӯ то кунун ба шумор меравад, сабки тозатареро ҳам таҷриба кардааст.”

Ин мутарҷим дар бораи ин интихоби Окодемии Нубел ва ин ки фикр мекунад оё ҳаққи Ишигуру буд, ки ин ҷоизаро аз они худ кунад ё хайр, гуфт: “Ишигуру корҳои хеле шохисе анҷом додааст, ки аз он ҷумла мешавад ба “Бозмондаҳои рӯз”, “Ҳаргиз раҳоям макун” ё “Тасаллинопазир” ишора кард, ки румонҳои барҷастае ба шумор мераванд, аммо ҳамон тавр, ки медонем, Окодемии Нубел ҳар сол бо роҳкорҳо ва сиёсатҳои хоссе барандаро эълом мекунад. Агар аз ман бипурсед, бояд бигӯям, ки ман наметавонам байни Филип Рос ва Козу Ишигуру як нафарро интихоб кунам ва шояд ҳатто бигӯям ин ҷоиза бештар ҳаққи Рос будааст то Ишигуру. Бо ин вуҷуд, ин ҳарфи ман, ҳеч аз арзиши навъи навиштани Ишигуру кам намекунад.”

Суммӣ дар бораи мизони шинохти хонандагони эронӣ аз барандаи имсоли ҷоизаи адабии Нубел ҳам ёдовар шуд: “Ҳамин ки румони охири ӯ яъне “Ғули мадфун”-ро ғайр аз ман, чанд нафари дигар ҳам тарҷума кардаанд, нишон аз иқболи мухотаби эронӣ ба осори Ишигуру дорад. Аз тарафи дигар, Ишигуру чандон “нависандаи хосснавис” нест ва ҳамин дар алоқамандии мухотабон ба хондани осораш асаргузор аст. Ба унвони мисол, румони “Бозмондаҳои рӯз” ё румони бисёр сӯзноки “Ҳаргиз раҳоям макун”-ро як мухотаби оддӣ ҳам метавонад бихонад ва онро дунбол кунад, аммо дар мавриди китобе мисли “Нависандаи пушти парда” аз Филип Рос, ин гуна нест ва теъдоди хеле камтаре аз хонандагон аз он лаззат хоҳанд бурд.”

Мутарҷими осори Ишигуру изофа кард: “Ба ҳамин эътибор, шояд бишавад гуфт, ки сиёсати Окодемии Нубел дар соли ҷорӣ ин буда, ки густараи мухотабони осори барандаи Нубелро ҳам дар назар бигирад ва инро ба унвони як милок дар интихоби худ лиҳоз карда бошад, ба хусус бо таваҷҷӯҳ ба интихобе, ки соли гузашта анҷом доданд. Дар воқеъ ба назар мерасад, ки интихоби имсоли Нубел, навъе фосила гирифтан аз хосснависӣ ва навиштори равшанфикрона ва халқи асар барои бахши элити (нухбаи) ҷомеа ва гароиш ба нависандагоне будааст, ки мухотабони бештаре доранд. Ин ҷумларо ҳам лозим аст бигӯям, ки Нубел ҳаргиз наметавонад меъёри аввалу охир дар интихоби беҳтарин нависандагон бошад.”

Реклама


Рубрики:Забон ва адабиёт, Нақду назар, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Ҷомеа

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: