Оё сардии равобити Эрону Тоҷикистон монеъи иқдом ба гузор ба хатти порсист?

Умед Ҷайҳонӣ, рӯзноманигори тоҷик, бо баёни ин ки “ин гумону пиндор, ки забону хатти форсӣ моли Эрон аст, аз беху бун ғалат ва аҳмақона аст” таъкид кард: “Забону хатти форсӣ аз мо низ ҳастанд ва форсинавис шудани мо ҳам набояд камтарин пайванду нисбате ба гармиву сардии равобити Тоҷикистон ва Эрон дошта бошад.”

Умеди Ҷайҳонӣ, рӯзноманигори тоҷик, дар ёддоште кӯтоҳ дар Фейсбук, дар вокуниш ба пешниҳоди яке аз корбарон (Shahob Hikmat) мабнӣ бар ин ки бояд донишмандони тоҷик бо ирсоли номае ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз вай бихоҳанд, то расмулхатти порсиро ҷойгузини хатти сириллик (хатти роиҷ дар Тоҷикистон) бикунад, изҳор доштааст: “Ҳеч суде надорад. Раисиҷумҳур дар суханрониҳояш ба муносибати рӯзи забон ё гиромидошти бузургонамон маъмулан забонамонро яке ду бор форсӣ ё дарӣ ҳам меномид. Вале имсол дар суханронияш на форсӣ гуфту на дарӣ.”

Вай афзудааст: “Эҳтимолан сардиву тирагии равобит бо Эрон далел бар парҳез аз корбурди ин истилоҳот аст. Яъне то равобит бо Эрон оддиву содда нашаванд, аз забону хатти форсӣ дар Тоҷикистон ёд нахоҳанд кард.”

Ҷайҳонӣ дар идома изҳор доштааст: “Вале ин гумону пиндор, ки забону хатти форсӣ моли Эрон аст, аз беху бун ғалат ва аҳмақона аст. Забону хатти форсӣ аз мо низ ҳастанд ва форсинавис шудани мо ҳам набояд камтарин пайванду нисбате ба гармиву сардии равобити Тоҷикистон ва Эрон дошта бошад.”

Гуфтанист, 5-уми октябр дар тақвими Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи забони тоҷикӣ (форсӣ) ном гирифтааст. Хабаргузории ParsToday ба ҳамин муносибат, дар мақолае бо унвони “Хатти форсӣ, хатти ниёгон ё хатти фарзандон?”, бо баёни ин ки “хатт бо забон робитае ногусастанӣ дорад ва ба муносибати рӯзи забони форсии тоҷикӣ, сухан гуфтан аз хатт холӣ аз лутф нест” навиштааст: “Хатии кунунӣ, ки тоҷикон бо он менигоранд, хатти сириллик аст. То соли 1929 тоҷикон низ ҳамонанди дигар порсизабонон дар Эрону Афғонистон, ба хатти форсӣ менавиштанд, аммотабартақсим” сабаб шуд, он ки зӯраш беш буд, хатти дигареро бар мардуми форсизабони тоҷик таҳмил кунад. То соли 1991 ва фурӯпошии ҳукумати Шӯравӣ авзоъ бар ҳамин минвол буд ва сухан гуфтан аз бозгашт ба хатти форсӣ, номумкин. Аммо аз он сол ва бо истиқлоли Тоҷикистон, замзамаи бозгашт ба расмулхатте, ки тоҷикон “хатти ниёгон” мехонанд, боло гирифт, ҳарчанд то имрӯз иқдоми амалии мушаххасе барои ҷойгузинии хатти сириллик бо хатти форсӣ дар Тоҷикистон иҷро нашудааст.”

Ин мақола дар идома бо баёни ин ки “тоҷикҳо дар даврони Шӯравӣ, хатти форсиро хатти ниёгон хонданд, то битавонанд онро ҳамчун мероси арзишманди ниёгонашон ҳифз кунанд ва аз газанд дур бидоранд” хотирнишон кардааст: “Ба хатти форсӣ, хатти ниёгон гуфтан, агарчи арзиши ин хаттро назди тоҷикон нишон медиҳад, аммо як маънои ғайримустақими нохоста ҳам дорад; хатте, ки ҳамчун мероси пурбаҳо бояд онро бар лаби тоқча ниҳод ва нигарист, на ин ки аз он истифода кард.”

Дар идома бо тарҳи ин суол, ки “аммо оё ба ростӣ хатти форсӣ чунин аст?” навишта: “Хатти форсӣ имрӯз ба унвони хатти забони форсӣ расмият дорад. Аз оғози пайдоиши шабакаи ҷаҳонии интернет, эрониён ва афғонон бо хатти форсӣ дар ин фазои ҷадид ҳузур ёфтаанд. Имрӯз тоҷикон бо ёд гирифтани хатти форсӣ метавонанд ба дарёи бекароне аз донишу иттилоот дастрасӣ ёбанд ва аз бунбасти кунунӣ, ки ношӣ аз сухан гуфтан ба як забон ва навиштан ба хатти марбут ба забоне дигар аст, берун оянд.”

Мақола дар поён ёдовар шудааст: “Мардуми Тоҷикистон бояд, ки дар ин рӯзгор, хатти форсиро на хатти ниёгон, ки хатти фарзандон номанд, то ҳамвора ба ёд дошта бошанд, ки ҳамаи фарзандони Тоҷикистон аз ин пас бояд хатти форсиро биомӯзанд ва боз ба фарзандони худ омӯзиш диҳанд. Имрӯз ҳар навҷавону ҷавони тоҷик бояд битавонад девонҳои Ҳофиз ва Саъдӣ ва Мавлонову Низомӣ ва Фирдавсиву Ҷомӣ ва Аттору ашъори Рӯдакӣ ва Саноӣ ва даҳҳо шоири баландовозаи дигарро ба хатти аслӣ, ки ашъор бад-он навишта шудаанд, бихонад. Ингуна аст, ки дар ояндаи наздик ҳам тоҷикон аз самараи ин омӯхтан ба накӯтарин шева баҳраманд мешаванд ва ҳам эрониён ва афғонон аз дониши мактуби муосири тоҷикон, ки ба сабаби навишта шудан ба ҳуруфи ноошно, барои онон қобили фаҳм нест, баҳра хоҳанд бурд.”



Рубрики:Забон ва адабиёт, Нақду назар, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Ҷомеа

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: