Фалсафа ва равиши реализм (124)

Иллат ва маълул (6)

Матни мақола

Роҳи дигар

Роҳе, ки гуфта шуд, роҳе буд, ки инсон ба назари содда мепаймояд. Назари фалсафии дақиқ низ ҳамин натиҷаро таъйид мекунад. Дар мақолаи 8 ба субут расонидем, ки аввалан, ҳаргиз моҳияти мавҷуде бе вуҷуби вуҷуд (зарурат) ба вуҷуд намеояд. Ва сониян, ин вуҷуби вуҷудро аз мавҷуди дигаре дарёфт мекунад, вагарна худ ба худ нисбаташ бо вуҷуд ва адам мусовӣ аст. Натиҷа гирифта мешавад, ки: “Ҳар мавҷуд, ки нисбаташ бо вуҷуд ва адам мусовӣ аст, вуҷудаш — ки мусовӣ бо вуҷуб аст — аз мавҷуди дигаре (иллат) сарчашма мегирад.” Ва ин натиҷаро бо ҷумлаи зерин мешавад таъбир намуд:

“Мумкин бояд иллате дошта бошад.”

Назар ба баёни гузашта, ҳар ҳодиса ва падидае дар ҷаҳон, ки ангушт ба рӯяш бигузорем, бояд гуфт, мавҷудест, ки вуҷудаш бо хусусиёт ва шароите, ки дорад зарурӣ (ҷабрӣ) аст ва дар натиҷаи даст ба даст додани як силсила падидаҳои дигар (иллат) пайдо шуда, ва агар иллати он мавҷуд намешуд, худаш низ мавҷуд намешуд. Ва ба иборати дигар, бояд гуфт: “Вуҷуди иллат иллати вуҷуди маълул аст. Адами иллат иллати адами маълул аст”. (Агарчи ин сухан: “Адами иллат иллати адами маълул аст” холӣ аз як наҳв маҷоз нест; зеро чунонки дар мақолаи 7 гуфта шуд, “адам” як маъноест, ки сохтаи зеҳн буда ва воқеияте нисбӣ дорад, вале бо фарзи воқеият барои он, ҳукмаш ҳамон асту бас.) Ва аз ҳамин ҷо натиҷа гирифта мешавад, ки: “Шайъ дар ҳар ҳол иллат мехоҳад”. (Ва албатта лафзи “шайъ”, ки дар ин натиҷа гуфта мешавад, муаррифи ҳоли тасовии шайъ аст нисбат ба вуҷуд ва адам). Пас, агар ба худи шайъ нигоҳ намуда назаре ба вуҷуд ва адамаш надошта бошем, дар миёни ду тарафи мутақобил: “вуҷуд” ва “адам” воқеъ хоҳад буд, ва иллат аст, ки яке аз ду тарафи вуҷуд ва адамро руҷҳон ва мазият медиҳад, ва аз ҳамин ҷиҳат ба иллат номи “мураҷҷиҳ” низ медиҳем. Аз инҷо бояд натиҷа гирифт, ки:

1) Вуҷуди шайъ бо иллати худ як робита ва нисбати вуҷудӣ дорад, ки бо ҳеч чиз ҷуз ӯ надорад.

2) Иллате, ки нисбати он ба ду чиз мусовӣ буда бошад, ҳаргиз намешавад яке аз он дуро тахсис ба вуҷуд диҳад, ва низ яке аз он ду намешавад ба вуҷуд ихтисос ёбад. Ва аз ҳамин ҷо ду қоидаи маъруф зинда мешаванд: яке ин ки: “тарҷеҳи било мураҷҷиҳ маҳол аст”, дигар ин ки: “тараҷҷуҳи било мураҷҷиҳ маҳол аст”.

3) Аз натиҷаи дуввум ба даст меояд, ки “ихтиёр” ба маъное, ки инсон ба назари содда ва сатҳӣ мепазирад таҳаққуқ надорад. Инсон ба назари сатҳӣ тасаввур мекунад, ки гоҳе, ки бо чанд кори мусовӣ рӯ ба рӯст, метавонад худ ба худ яке аз онҳоро интихоб намуда ва анҷом диҳад бидуни ин ки судури феъл зарурати вуҷуд пайдо кунад ё мураҷҷиҳе ба кор равад. Ва аз барои исботи ин назарияи дурӯғин як ришта мавориде, ки дар онҳо иллати мӯҷиба ва мураҷҷиҳа маҷҳул ё мағфул анҳу аст тарошидаанд, вале агар инсон ба виҷдони худ руҷӯъ кунад, хоҳад дид, то як мураҷҷиҳи назариро замимаи феъл қарор надода ва ба он, сифати “лузум” надиҳад, наметавонад онро ирода кунад, ва чунонки дар мақолаи 8 гуфта шуд, ихтиёре, ки инсон дорад ин аст, ки коре, ки анҷом медиҳад, нисбат ба худаш, ки яке аз аҷзои иллат аст нисбати “зарурат” надорад, агарчи дар айни ҳол нисбат ба маҷмӯи аҷзои иллат, ки маҷмӯи инсон ва ғайри инсон аст, нисбати “зарурат” дорад.

4) Иллат мунқасим мешавад ба иллати ноқиса ва иллати томма; зеро иллате, ки дорои аҷзоъ мебошад ҳамчунон ки маълул ба маҷмӯи аҷзоаш эҳтиёҷ дорад, нисбат ба ҳар як аз онҳо низ ниёзманд аст. Пас, ҳар як аз аҷзои иллат монанди маҷмӯи аҷзоъ нисбат ба он иллият дорад, ки бо аз миён рафтани он, маълул низ аз миён меравад. Ва аз ҳамин ҷо равшан мешавад, ки:

а) Муаррифи “иллати томма” ин аст, ки бо вуҷуди ӯ маълул зарурати вуҷуд пайдо мекунад ва бо адами ӯ зарурати адам. Ва муаррифи “иллати ноқиса” ин аст, ки вуҷуди ӯ маълулро заруриюлвуҷуд намекунад, вале адамаш онро заруриюладам месозад.

б) Адами иллати томма ё яке аз иллатҳои ноқиса, иллати томмаи адами маълул аст.

5) Бо санҷиши натиҷае, ки дар оғози сухан аз тариқаи аввалӣ гирифтем (чизе, ки вақте набуд ва пас аз он мавҷуд шуд бояд иллате дошта бошад) бо натиҷае, ки аз тариқаи дуввумӣ гирифтем (ҳар мумкин мӯҳтоҷ ба иллат аст), равшан мешавад, ки натиҷаи дуввумӣ аъамм буда ва доирааш васеътар аст; зеро аз рӯи ҳамин натиҷа мумкин аст маълуле пайдо шавад, ки қидами замонӣ дошта ва ҳеч вақт масбуқ ба адами замонӣ набуда бошад, вале назар ба натиҷаи аввалӣ чунин мавҷудеро намешавад гуфт эҳтиёҷ ба иллат дорад, зеро ин натиҷа танҳо дар мавриди мавҷудоте, ки собиқаи адами замонӣ доранд ҳукумат менамояд.

Ишкол

Маълуле, ки барои он, вуҷуди билониҳоят фарз шуда ва ҳеч гоҳ дар гузашта ё оянда нобуд ва нест набуда ва нахоҳад буд, ҳаргиз эҳтиёҷе ба иллат нахоҳад дошт, ва ба иборати дигар, фарзи вуҷуди доимӣ бо фарзи эҳтиёҷ, ду фарзи мутаноқиз мебошад.

Посух

Фарзи маълул, фарзи эҳтиёҷ аст. Пас, вуҷуди доимии маълул, вуҷуди доимии мӯҳтоҷ мебошад. Вуҷуди доимии мӯҳтоҷ, эҳтиёҷаш шадидтар ва қавитар аст. Ва пояи матлаб рӯи ин аст, ки “мумкин” ба ҷиҳати тасовӣ нисбат ба вуҷуд ва адам, мӯҳтоҷ ба иллати мураҷҷиҳа мебошад, на ба ҷиҳати собиқаи адам, ки як маънои нисбии интизоӣ аст.

Ишкол

Қонуни куллии иллату маълулро мо бо озмоише, ки дар ҳаводиси моддӣ анҷом додаем ба даст овардаем ва ҳеч мавриде аз ин маворид, аз собиқаи адам холӣ набуда ва аз ин рӯй ҳаргиз наметавонем як маълулеро қадими замонӣ фарз намуда ниёзманд ба иллат бидонем; зеро хоссият ва ҳукмеро, ки дар муҳити шароити вижае аз озмоиш гузарондем, тавсиъа ба ғайри мавриди шароит наметавон дод, магар ин ки як ё чанд мавриде пайдо шавад, ки ҳукм ва хоссият бе шароити мазбур мавҷуд шавад ва ҳаргиз намешавад ба муҷарради қиёси ақлӣ эътимод намуд.

Посух

Ҳукми таҷрибӣ ҳамон аст, ки гуфта шуд, вале ишколкунандагони мо вуҷуди худи “замон”-ро фаромӯш кардаанд, ки як воқеияти моддӣ ва имконӣ аст ва ҳақиқати вай “андозаи ҳаракат” буда ва маълули ҳаракати умумии модда мебошад, ва ҳаргиз барои ин ҳақиқат собиқаи адами замонӣ фарз наметавон кард. Ҳаргиз намешавад гуфт: “Замоне буд, ки замоне набуд ва пас аз он замон шуд”, ё “рӯзе буд, ки рӯзе набуд ва сипас рӯз пайдо шуд”. Оре, ин донишмандон чун дар ковишҳои илмии худ аз ҳақиқати замон баҳс накардаанд, на танҳо дар ин баҳс, балки дар ҳар баҳси фалсафии марбут ба хоссиятҳои назарии замон дучори як ришта фаромӯшкорӣ ва иштибоҳот гардидаанд.

Ба ҳар ҳол, замон аз ҷумлаи падидаҳоест, ки бе собиқаи адами замонӣ ниёзманд ба иллат мебошад. Ва ҳамчунин ҳаракати умумӣ ва моддае, ки мавзӯи ҳаракат аст ҳамин хоссиятро доранд, чунонки дар ҷои вежаи худ хоҳад омад, иншоаллоҳу Таъоло.

Гузашта аз инҳо, посухи ҷумлаи ахири ишколро (ҳаргиз намешавад ба муҷарради қиёси ақлӣ эътимод намуд) дар мақолаи 5-ум додем.

6) Чун эҳтиёҷи маълул ба иллат дар вуҷуди худаш мебошад, аз ин рӯй дигар намешавад маълулеро иллати иллати худаш фарз кард ва ин гуна иллият бе восита ё бо воста маҳол мебошад, зеро иллати иллати шайъ, иллати худи шайъ аст ва намешавад шайъ иллати худаш буда бошад ва ин ҳамон масъалаи “бутлони давр” аст.

7) Вуҷуди иллати томма аз вуҷуди маълул қавитар аст, зеро тамоми воқеият ва вуҷуди маълул аз осори вуҷуди иллат буда ва муттакӣ ба вуҷуди он мебошад. Ва албатта дар инҷо набояд даст ба як ришта нақзҳои авомона зад, монанди падару писар, баннову сохтмон, сангтарошу санг, оташафрӯзу оташ ва ҷуз инҳо, зеро чунонки дар мақолаи ҳаштум тазаккур додем, он чӣ дар инҳо ба ростӣ иллати фоъилист — монанди падар нисбат ба ҳаракоти таносулии худаш — пайваста ва бе тардид аз маълули хеш қавитар аст ва ҳамчунин иллати томма нисбат ба маълул қавитар мебошад.

Ва аз ин рӯй, иллат бар маълул муқаддам, ва маълул аз иллат мутааххир мебошад, зеро то иллат набошад, маълул нахоҳад буд. Дар айни ҳол дар як замон бояд ҳар ду ҷамъ буда ва гирд омада бошанд. Ва аз ҳамин ҷо равшан аст, ки ин тақаддум ва таъаххур замонӣ нест чунонки хоҳад омад.

Ва аз маҷмӯи ин баёнот ин натиҷаро бояд гирифт: “Истиқлол ва тамомияти вуҷуди маълул, айни истиқлол ва тамомияти вуҷуди иллат аст”. Зеро маълул дар вуҷуди зарурии худ, ки ба воситаи он, сифати “воқеият”-ро ба худ гирифта ва “ловоқеият”-ро меронад, муттакӣ ба иллат яъне ба истиқлоли вуҷуди зарурии иллат мебошад, пас маълул бо истиқлоли иллат мустақил аст, на бо истиқлоли дигар. Яъне иллату маълул ду мустақил ҳастанд бо як истиқлол. Ин назария бо баёне, ки эрод шуд, дар фалсафаи олия ба хубӣ равшан аст ва албатта аз сатҳи гуфтугӯ ва баҳси ин усули муқаддимотӣ болотар аст.

Аз барои дарёфтани ин назар бояд — чунонки дар мақолаи ҳафтум гузашт — моҳиятро аз вуҷуд тамйиз дода ва қасри назар ба вуҷуд намуда ва вориди баҳс шуд, ва аммо касе, ки вуҷудро мусовии модда қарор дода ва дар роҳи кунҷковии фалсафӣ дар ҳар гоме меафтад ва бармехезад ва дар ҳар лаҳза мемирад ва зинда мешавад ва дар мавриди ҳар нисбат ва сифати умумӣ — монанди ваҳдату касрат, тақаддуму таъаххур, қувва ва феълият ва ҷуз онҳо — пӯзиш пас аз пӯзиш ё мукобира пайи мукобира меоварад, чунин касе дар ин маворид набояд назаре бидиҳад.

8) Чунонки дар мақолаи ҳаштум тазаккур додем, силсилаи иллати томмаи як маълуле наметавонад то лониҳоят рафта ва дар ҷое вуқуф накунад ва мо ин назарияро дар фалсафаи олия бо як баёни равшане, ки аз эҳтиёҷи вуҷуди маълул ва истиқлоли иллат гирифта шуда баён намудаем.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм



Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: