Ҳама чиз дар бораи додгоҳи Бузургмеҳр Ёров (7)

Бахши ҳафтум

Дархости Бузургмеҳр вобаста ба айбҳои эълонкардашуда нисбати ӯ (идома)

(Марти 2016)

(Ин матолиб ба дасти худи Бузургмеҳр навишта шудаанд.)

15) Лаҳзаи аризаи навиштаи Бердиев Ҷалол

Ба ин лаҳза, ба ман бо моддаи 247 к.2 бандҳои “а,в”-и КҶ ҶТ аз рӯи варианти дуюми қарор дар бораи ба сифати айбдоршавандаа ба ҷавобгарӣ кашидан ва эълон намудани айби нав, айби ғайриқонунӣ ва беасос эълон намудаанд, ки гӯё:

“Ӯ (Ёров Б.) боз дар моҳи декабри соли 2013 зимни фаъолияташ… ба ӯ шаҳрванд Бердиев Ҷалол Бобоназарович оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ дар рафти тафтиши парвандаи ҷиноятӣ ва баррасии он дар суд, ки нисбаташ аз тарафи РТ Прокуратураи генералии ҶТ бо қисми 1 моддаи 295 КҶ ҶТ оғоз ва мавриди тафтиш қарор додааст, муроҷиат намудааст. Ёров Б. бо роҳи фиреб ё суистифодаи боварӣ, аз охирин маблағи 2000 сомонӣ талаб намуда, ваъда додааст, ки дар пешбурди парвандаи ҷиноятӣ иштирок намуда, бегуноҳии Бердиев У.-ро исбот месозад. Охирин ба фиреби ӯ бовар карда маблағро…ба Ёров Б. додааст. Ёров Б. бошад, аз ҳисоби ин маблағи тасарруфнамудааш ба ҳазинаи коллегияи адвокатҳои “СИПАР” ҳамагӣ 200 сомонӣ ворид намуда, боқимондаи маблағро бидуни ҳазинаи коллегияи мазкур ба манфиати худ сарф намуда, бо вайрон намудани одоби касбии адвокат, ҳамагӣ дар як амали тафтишотӣ иштирок намуда, ба ҷабрдида Бердиев Ҷ. ягон кӯмаки ҳуқуқӣ нарасонидааст. Дар натиҷа нисбати Бердиев Ҷ. чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан аз тарафи мақомоти тафтишотӣ татбиқ карда шудааст. Зиёда аз ин, ба Ёров Б. писари Бердиев Ҷ. – Бердиев Сӯҳроб оиди тағйир додани чораи пешгирӣ нисбати падараш, муроҷиат кардааст.Ёров Б. бошад, аз Бердиев С. барои иваз намудани чораи пешгирӣ нисбати падараш дар ҷараёни тафтиши пешакӣ, маблағи 3000 доллар талаб намудааст. Охирин ба ӯ дар ҷои кораш маблағи 1300 доллар додааст. Ёров Б. ин маблағро низ тасарруф намуда, ба Бердиев Ҷ. ягон кӯмаки ҳуқуқӣ нарасонида, боз ваъда додааст, ки баъди дар суд баррасӣ шудани парвандаи ҷиноятӣ Бердиев Ҷ.-ро аз толори суд озод хоҳад кард. Аммо шаҳрванд Бердиев С. дигар ба фиреби ӯ бовар накарда, аз ӯ баргардонидани маблағи додаашро талаб намудааст. Ёров Б. бо ҳар баҳона аз ҳисоби маблағҳои гирифтааш, танҳо маблағи 1000 долларро ба Бердиев С. баргардонида, боқимонда 300 долларро тасарруф намуда, ба манфиати худаш истифода бурда, ба шаҳрванд Бердиев Ҷ. зарари ҷиддӣ, ба маблағи умумии 3231 сомонию 57 дираам расонидаст.”

Ин қисмати айб низ пурра нодуруст мебошад, зеро ман ҳеч вақт Бердиев Ҷалолро фиреб накардаам ва зарурати фиреб намудани ӯ низ нест. Мо бо ӯ дар муносибатҳои шартномавӣ қарор доштем. Аз ҷ.4 саҳ.144-148 протоколи рӯбарӯкунии байни Ёров Б. ва Бердиев Ҷ. дида мешавад, ки кормандони УБОП Бердиев Ҷ.-ро ба бинои УБОП даъват кардаанд ва ӯро ба он моил намудаанд, ки дар таъқиби сиёсӣ ва адвокатии ташкилнамудаи онҳо иштирок намоянд.

Худи Бердиев Ҷ. дар ҷ.4, саҳ.128 дар аризаи тартибдодаи кормандони УБОП дар чунин матни ариза имзо мегузорад. Ҷ.4, саҳ.128. Аризаи Бердиев Ҷалол аз 10.10.2015, тел.908-77-11-08; 93-855-33-00:

“… Ёров Б… моҳи декабри соли 2014 бо роҳи фиреб ба боварии ман даромада, барои ҳимояи ҳуқуқӣ намудани худам, яъне ба тарафи ман бурд кардани парвандаи ҷиноятӣ, аз ман 1500 сомонӣ ба ғайр аз маблағи 500 сомонии пули ордер гирифта, ягон хел маро ҳимоя накарда, ҳатто ба тафтишот ҳозир нашуда, гурехта гашт…”

Дар ҷ.4 саҳ.129-130 Бердиев Ҷ. ҳолати муносибатҳои доштааш бо адвокатро чунин баён менамояд: (ҷ.4, саҳ.129-130. Баёноти Бердиев Ҷалол)

“… аз ҷониби ӯ ба ман созишнома бастам. Рӯзи 23.12 соли 2013-юм ман дар коллегияи адвокатҳои ҶТ «Сипар», яъне дар ҷойи кораш, 500 сомонӣ додам ва ӯ ба ман гуфт, ин барои ордер аст ва баъди ин ҳуҷҷатҳоро аз дасти ман гирифта, ба ман гуфт, ки боз барои кори шумо, бояд шумо ба ман 1500 сомонии дигар диҳед, ман корро ба манфиати шумо ҳал мекунам. Ман розӣ шуда, ба ӯ рӯзи 25.12.2013, 1500 сомонии боқимондаро оварда додам ва ӯ ба ман чунин гуфт, ки ман ба вилояти Суғд меравам ва баъди баргаштан кори шуморо сар мекунам. Ман баъди ин бо ҳамроҳии ӯ то истгоҳи таксиҳое, ки ба вилояти Суғд меравад рафта, маблағи таксиро ба миқдори 100 сомонӣ додам. Баъди ин, ман як маротибаи дигар бо ӯ вохӯрдам ва оиди ҳолати кори худ пурсон шудам. Ӯ ба ман чунин гуфт, ки шумо дигар ба назди ман наоед, ман лозим шавад, худам шуморо ҷеғ мезанам. Баъди ин манро рӯзи 06.01.2014 ба ҳабс гирифтанд ва ба муддати 4 сол аз озодӣ маҳрум намуданд ва мувофиқи қонуни авф ман рӯзи 4.11.2014 аз маҳбас баромадам. Якчанд маротиба ба ҷои кори Ёров Б. рафта, ӯро кофтам, вале ӯро пайдо карда наметавонистам, якчанд маротибаи дигар бо ӯ телефон кардам, вале ӯ телефонҳои манро намебардошт. Ҳамин тариқ то ба имрӯз ман бо ӯ вонахӯрдаам ва чунин мешуморам, ки Ёров Б. ба боварии ман даромада, аз ман ба маблағи зиёда аз 2000 сомонӣ гирифта, ба ман ваъдаҳои дурӯғ медод, ки ман туро ҳимояи ҳуқуқӣ мекунам, дар асл бошад, ин маблағҳои манро гирифта, ба эҳтиёҷоти шахсии худ истифода бурдааст.”

Дар ҷ.4 саҳ.133-136 ман пурра ҳолати ба воситаи Одинаев Маҳмурод шинос шудани худро бо Бердиев Ҷалол нишон дода, чӣ тавр ӯ дар ҳузури Одинаев М. ба ман 1500 сомонӣ дод ва чӣ тавр ба ҳимояи ӯ шурӯъ намудаам нишон дода – сабаби минбаъд ба тариқи узрнок иҷро накардани ӯҳдадориҳои гирифтаамро дар он нишондодам, ки адвокатҳои ҷабрдидаҳо Тоиров Б. ва Назарова Ҳ. ба тафтишот муфаттиши Прокуратураи Генералии ҶТ Ҳомидов Шодихон оиди он далел пешниҳод намуда буданд, ки аз 80 нафар ҷабрдидаҳои Бердиев Ҷ. то боздошти Бердиев Ҷ. ман бо нафари онҳо ёрии ҳуқуқӣ расонидаам. Бинобар ин, муфаттиш Ҳомидов Шодихон бо қарори ваҷҳнок дар асоси дархости адвокатҳо маро аз ҳимояи Бердиев Ҷ. дур намуд.

Дар ҷ.4 саҳ.131: “Созишномаи № 81 аз 23.12.2013 маблағи 200 сомонӣ Бердиев Ҷалол барои иштирок дар Прокуратураи Генералӣ супурдааст… Иштирок: аз 23.12.13 то 14.02.14 дар Прокуратураи Генералӣ… Дархост пешниҳод шуд: Ҳа.”

Дар ҷ.4. саҳ.132 ордери 008284 аз 23.12.13 бо парвандаи Бердиев Ҷалол дар Прокуратураи Генералӣ барои иштирок намудани адвокат Ёров Б. мавҷуд аст.

Дар ҷ.4. саҳ.150: Ҷавоби мактуби Раиси суди н.Шаҳринав аз 27.11.2015 … дар парвандаи ҷиноятӣ нисбати Бердиев Ҷалол Бобоназарович бо м.295 қ.1 КҶ ҶТ, ки санаи 5 марти соли 2014 баррасӣ карда шудааст, дархости адвокатҳои Коллегияи адвокатҳои ҶТ «Сипар» Назаров Ҳ. ва Тоиров Б. оиди бартараф намудани адвокат Ёров Б. ва қарори қонеъ гардонидани дархости адвокатҳо, ки аз тарафи муфаттиши Прокуратураи Генералии ҶТ бароварда шудааст, ҳамроҳ карда нашудааст ҷойгир карда шудааст.

Дар ҷ.4 саҳ.159-162. Пурсиши Назарова Ҳилолбӣ Раҳматовна:

“… Дар рафти тафтиши парвандаи ҷиноятӣ ҳамчун адвокат Ёров Б. барои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои айбдоршаванда Бердиев Ҷалолро ордер пешниҳод кард. Лекин дар рафти тафтишот ва баррасии парвандаи ҷиноятӣ худаш ягон маротиба иштирок накардааст ва танҳо ордери ӯ дар парвандаи ҷиноятӣ мавҷуд буд. Ба ҷои адвокат Ёров Б. гоҳ-гоҳ дар рафти гузаронидани амалҳои тафтишотӣ адвокат Миралиев Исмоил омада иштирок мекард. Сабаби худи Ёров Б. иштирок накарданаш ба мо маълум набуд. Инчунин ман дар ин хусус аз Миралиев Исмоил ва худи Ёров Б. Напурсидаам. … Лекин дар рафти тафтиш инчунин интихоби чораи пешгирии ҳабс, маҷлиси судӣ Ёров иштирок накард. Ба ҷои ӯ Миралиев Исмоил омада иштирок намуд.”

Пурсиши номбурдаи Назарова Ҳилолбӣ умуман рӯякӣ гузаронида шудааст, бо гузашти 2 сол мумкин дар хотири Назарова Ҳилолбӣ ҳолатҳои кор намонда бошад. Тафтишот бояд аввалан ваҷҳи овардаи маро ба адвокат Назарова Ҳ. барои баҳо додан пешниҳод менамуд, баъдан савол оиди он медод, ки оё ӯ бо адвокат Тоиров Б. барои дур кардани адвокат Ёров Б. ба тафтишот дархосту далел оиди он ки пештар адвокат Ёров Б. яке аз ҷабрдидаҳои Бердиев Ҷ.-ро ёрии ҳуқуқӣ мерасонид ё ин ки не?, супурда буданд ё ин ки не?, бояд медод.

Дар ин қисмат умуман адвокат Тоиров Бадридин вобаста ба саволҳои дар боло мондашуда бо ҳамроҳии муфатиши прокуртураи генералии ҶТ Ҳомидов Шодихон пурсида нашудаанд. Дар сурати зарурат бояд, ки рӯбарӯкунии ман бо муфатиш Ҳомидов Шодихон гузаронида мешуд.

Др ҷ.4. саҳ.151-154 пурсиши Миралиев Исмоил дар чунин шакл оварда шудааст: (ҷ.4, саҳ.151-154. Пурсиши Миралиев Исмоил):

“…Ман ба ҷои кор омадам ва Раиси коллегия Ёров Б. ба ман супориш дод, ки ба Прокур. Генералии ҶТ ба назди муфаттиш Ҳомидов Шодихон рафта, ба рафти тафтиши парвандаи ҷиноятӣ нисбати Бердиев Ҷалол иштирок кунам. Азбаски ман нав ба кор сар карда будам, ба он ҷо рафтам ва дар рафти тафтиши парвандаи ҷиноятӣ то ба охир иштирок намудам. Лекин дар рафти баррасии парвандаи ҷиноятӣ дар суд манро дигар даъват накарданд. Барои иштирок дар рафти тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ, ба ман Бердиев Ҷалол ва ё хешовандонаш маблағи пулиро ҳамчун «гонорар» надоданд. Ман ба онҳо ройгон бо супориши Раиси коллегия Ёров Б. хидмат расонидам.

…Ҷ: Дар ҳақиқатан манро дар охири тафтишот, яъне дар вақти шиносшавӣ бо парвандаи ҷиноятӣ даъват намуданд. Аз аввали тафтишот кӣ иштирок намуд, ман намедонам.

Ҷ: Вақте ки ман ҳам аз идора баромада ба тарафи мағозаҳои Гулистон мерафтам, дар чорроҳаи кӯчаи Н.Қарабоев бо писари Бердиев вохӯрдам. Аз ӯ пурсидам, чӣ шуд? Писари Бердиев ба ман гуфт, ки ӯ дигар адвокатро гирифтааст ва дигар Ёров Б.-ро ҳамчун адвокат намегирад.”

Аз ин пурсиш бармеояд, ки новобаста аз дур намудани ман аз ҳимояи Бердиев Ҷ. ӯ бо адвокат Миралиев Исмоил таъмин карда мешавад, ки кори ҳимояи ӯро пеш мебарад. Баъдан тартиби бекор кардани шартномаро аз тарафи писари Бердиев Ҷалол нишон медиҳад.

Баъди ин пурсишҳо дар нишондодҳои Бердиев Ҷалол дар ҷ.4, саҳ.155-154 тағийротҳои куллӣ ворид мешавад. Ӯ чунин нишондод медиҳад: (ҷ.4, саҳ.155-154. Пр.пурсиши шоҳид Бердиев Ҷалол Бобоназарович):

“Ҳангоми ҳамсӯҳбат шудан бо писарам аз суханонаш фаҳмидам, ки пас аз манро дастгир намудан ва ба маҳкамаи муввақатӣ ҷой кардан, писарам Сӯҳроб бо ҳамроҳии Одинаев Маҳмурод ба назди Ёров Б. рафтанд. Ҳангоми вохӯрӣ Ёров Б. ба писарам гуфт, ки 3000 доллар биёр, падаратро, яъне манро аз маҳкамаи муваққатӣ мебарорад. Сипас писарам аз кадом рафиқаш 1300 доллар қарз гирифта, боқимондаи пулро дарёфт карда натавонист ва 1300 доллари ёфтаашро ба дасти Ёров Б. дар ҳузури Одинаев Маҳмурод додааст.”

Тафтишот аз нигоҳи танкидӣ ба ин нишондод баҳо намедиҳад, ки агар 300 доллари писари Шумо дар дасти адвокат Ёров Б бошад, чаро дар СИЗО, суд, баъди суд, писари шумо бо шумо вохӯрда, ягон сухан дар ин хусус нагуфту баъди он ки ваҷҳи худро Ёров Б. оиди он овард, ки дар тарабхонаи Чизбургер дар муқобили Гулистони ш.Душанбе Ёров Б. 1500 сомонии гирифтаашро ба Бердиев Сӯҳроб баргардонидааст, тӯҳмати нав додани 1300 доллар пайдо шудааст? Ин чӣ хел оила мебошад, ки Бердиев Сӯҳроб ба падараш агар иловагӣ барои ҳимояи падараш 1300 доллар дода бошад, ягон сухане намегуфтааст?

Тафтишот бараъло оиди он медонад, ки Бердиев Сӯҳроб ягон маблағе ба адвокат Ёров Б. надодааст, аммо пурсиши ӯро нагузаронида, ӯро ба ман рӯбарӯ накарда, дар ин қисмат айби беасос эълон менамоянд.

Дар се ҳолати номбурда аз ман сар карда, бо Бердиев Ҷалолу Бердиев Сӯҳроб тарафҳо ба шоҳид Одинаев Маҳмурод такя менамоянд, аммо шоҳиди номбурда бо баҳонаи он ки даъватнома равона кардаанду ӯ ҳозир нашудааст, пурсида намешавад; ҳол он ки тафтишоти пешакӣ хусус дорад, ки қарор дар хусуси ба тариқи маҷбурӣ овардани шоҳид барорад. Ин гуна қарорҳои дахлдор умуман бароварда нашудааст. Ваҷҳҳои дигари овардаи тафтишот оиди он ки пулро ба ҳазина насупурда бошем ва онро ба манфиати худ сарф карда бошем, ёрии ҳуқуқие нарасонида бошем кобили қабул нест, зеро дар дигар лаҳзаҳо ин ҳолатҳо пурра таҳлил шуда буданд.

Ақидаи тафтишот оиди он ки Бердиев Ҷалолро фиреб кардаанду ӯ дар натиҷаи фиреб 2000 сомонӣ оварда додааст ва гӯё ин маблағро аз ӯ талаб карда бошанд, кобили қабул нест. Зеро ҳамчун муштарӣ Бердиев Ҷалол аз рӯи шартномаи супориш ва қонунгузории адвокатура ӯҳдадории худро оиди супурдани ҳаққи хидмату заҳмату гонорари адвокат супурдааст. Ба ҷои ӯ ягон каси дигар ё ин ки давлат ӯҳдадории пардохти маблағро ба ҷои ӯ ҳал намекард, зеро вазифаи Бердиев Ҷ. пардохти маблағи адвокат буд. Бо сабабҳои узрнок ҳарчанд, ки ман бо қарори муфаттиш Ҳомидов Шодихон аз ҳимоя дур карда шуда будам, аммо бо супориши ман адвокат Миралиев Исмоил айбдоршаванда Бердиев Ҷ.-ро ҳимоя мекард, шартнома дар дигар шакл давом дошт. Вақте ки ин шакли шартнома ба Бердиев Сӯҳроб маъқул нашуд, бо пешниҳоди Сӯҳроб шартнома дутарафа шифоҳӣ бекор карда шуд ва 1500 сомонии додаи Бердиев бо писараш Бердиев Сӯҳроб дода шуд. Бердиев Сӯҳроб бошад гирифтани 1500 сомониро рад намуда, барои он ки падараш ӯро сарзаниш нанамояд, ки чаро оиди ин ҳолатҳо ба ӯ маълумот надодааст, бардурӯғ нишон медиҳад, ки гӯё 1300 доллар ӯ алоҳида дода бошаду 1000 долларо гирифта бошаду адвокат ба ӯ маблағи 300 доллари дигар надода бошад. Ҳамаи ин дурӯғу тӯҳматҳои дигари УБОП мебошад, ки мо онро дар дигар лаҳзаҳо ошкор карда будем.

Бинобар ин, хоҳиш менамоем, ки ин қисми маводҳои парвандаи ҷиноятӣ, бино бар мавҷуд набудани таркиби ҷиноят, қать карда шаванд.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигар



Рубрики:Инсони муваффақ, Пароканда, Торих, Ҷомеа

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: