Мусалмонед ё кофир?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар ҳоле, ки раисиҷумҳури кишвар барои ташйеъи ҷанозаи бародараш ва ба хок супурдани ӯ машғул аст, дар шабакаи иҷтимоӣ наворе мунташир шуд, ки як корманди давлатӣ дар ҳоле ки маст аст вориди масҷиде шуда ва мутасиддиёни ин масҷидро ба қабеҳтарин алфоз ва калимот – ки қалам аз овардани онҳо шармсор аст – саббу дашном мекунад ва ба онҳо дастур медиҳад, ҳар чи зудтар масҷидро бибанданд, вагарна чунину чунон хоҳад кард, ки наворашро дар зайл мегузорам.

Суоле, ки дар ин миён матраҳ аст ин аст, ки чӣ чиз боис шуда масъули як ниҳоди давлатӣ – ки феълан маълум нест чӣ касе буда ва дар кадом як ниҳод кор мекунад – ба худ ин ҷуръатро бидиҳад, ки дар ҳоли мастӣ вориди хонаи Худо шавад ва ҳарими онро бишканад ва роҳат ба саббу дашноми мутасаддиёни масҷид ва намозгузорон бипардозад ва таҳдидашон кунад, ки агар масҷидро набастанд, онҳоро ба “салафӣ” будан муттаҳам карда ва тартиби корашонро (ба ҳамон лафзе, ки ба кор бурда) хоҳад дод? Чаро ин корманди давлатӣ ба ҳамин роҳатӣ иқдом ба ин амали шанеъ мекунад? Албатта, инро ҳам арз бикунам, ки “салафӣ будан” пеши мақомот, зоҳиран ҳамон “мусалмони пойбанд ба шариат” аст ва “ҳанафӣ будан” аммо дар наздашон, “мусалмони лоуболӣ ва бепарво”. Яъне, ҳанафӣ аз назари инон, ҳар он касест, ки аввалан, чандон ба анҷоми дастуроти шаръӣ пойбанд нест. Ва сониян, дар баробари ҳар ғалат ва сиёсат ва рафторҳои мақомот сокиту хомӯш аст ва ҷуз таслим ва фармонбардорӣ дигар ҳарфе “зиёдӣ” намезанад.

Хуб, чӣ чиз боиси иқдом ба инчунин амали ғайриинсонӣ тавассути ин масъули давлатӣ шудааст?

Бе тардид, омили ин иқдом ва шабеҳи он, сиёсатҳои зиддидинӣ ва зиддимардумии ҳоким ва ҳукумати Тоҷикистон дар чанд соли ахир аст, ки корашон дар ин чанд сол, ҷуз қабулу тасвиби қонунҳои маҳдудкунандаи озодиҳои динӣ ва иҷрои онҳо нест.

Агар набуд он суханон ва мавзеъгириҳои раисиҷумҳури кишвар — дар нишастҳояш, дар сафарҳояш ба шаҳристонҳо, дар дидорҳояш бо ақшори ҷомеа – алайҳи падидаҳои исломӣ дар ҷомеа ва алайҳи бонувони сатрпӯш ва алайҳи намодҳои динӣ, агар инҳо набуд, ҳаргиз ин масъули кучак ба худ ҷуръат намедод дар рӯзи равшан дар ҳоле, ки маст аст вориди хонаи Худо шавад ва ҳар чи аз калимоти қабеҳ, ки ба забонаш омад, бигӯяд.

Агар набуд таътили масоҷид ва бастани дари онҳо бар рӯйи намозгузорон дар шаҳристонҳо ва навоҳии кишвар аз сӯи ниҳодҳои қудратӣ ба хусус Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) ва ба дастури шахси раисаш яъне ҷаноби Саъмӯъмин Ятимов, ҳаргиз ин масъул иқдом ба ин амали шанеъ намекард.

Ин аъмол, ки аъмоли як мусалмон нест. Шумо муддаӣ ҳастед, мусалмонед. Агар мегуфтед, мо мусалмон нестем ва кофирем, он вақт аз шумо ҳеч мусалмоне таваққӯъ надошт, ки ба муқаддасоти исломӣ эҳтиром қоил бошед ва муртакиби аъмоли зиддиисломӣ нашавед. Аммо шумо мегӯед, “Мо ҳам алҳамду лиллоҳ мусалмонем!”

Мусалмон будан, ки фақат ба иддаои мусалмонӣ нест, балки шароит ва лавозиме дорад, ки ҳар мусалмоне бояд ба онҳо пойбанд бошад. Ҳаддиақалли шарти мусалмон будан ин аст, ки ӯ ба он чи дар Қуръони Карим омада ва дар суннати саҳеҳа ворид шуда пойбанд бошад.

Оё медонед, ҳукми бастани дари масоҷид ва манъи мардум аз адои маросими мазҳабиашон дар масҷидҳо, аз назари Қуръони Карим чист? Лоақал ҳаминро медонед?

Роқими ин сатрҳо – агар медонист шумо мусалмон нестед – ҳаргиз ба Қуръону суннат истишҳод намекард, балки ҳамон равишеро дар баробари шумо ба кор мегирифт, ки дар муқобили афроде ба кор мебарад, ки худро мусалмон намешуморанд ва Худову Расулу Қуръону суннату шариатро аз реша ботил ва “хурофа” мепиндоранд, ки дар миёни тоҷикҳо ҳам ҳастанд ин ақаллият ва ба вежа дар ниҳоде, ки маъруф буд ба “Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмӣ”, ки мункири ҳама чизанд; ва албатта ин ихтиёри онҳост ва касе коре ба кори онҳо надорад; зеро ба кофир будани худ мӯътарифанд. Аммо шумо муддаӣ ҳастед, ки мусалмонед.

* * *

Ҳоло, ки мусалмонед, пас лутф кунед ва ба ин дастури қуръонӣ таваҷҷӯҳ бифармоед:

وَمَنْ أَظْلَمُ مِمَّن مَّنَعَ مَسَاجِدَ اللّهِ أَن يُذْكَرَ فِيهَا اسْمُهُ وَسَعَى فِي خَرَابِهَا أُوْلَئِكَ مَا كَانَ لَهُمْ أَن يَدْخُلُوهَا إِلاَّ خَآئِفِينَ لهُمْ فِي الدُّنْيَا خِزْيٌ وَلَهُمْ فِي الآخِرَةِ عَذَابٌ عَظِيمٌ

Ва кист золимтар аз он кас, ки нагузорад дар масоҷиди Худо номи Худо бурда шавад ва дар вайронии масоҷид бикӯшад?! Онон ҳақ надоранд дар масҷидҳо дароянд ҷуз тарсон. Эшонро дар ин дунё хорӣ ва дар охират азобе бузург аст.” (Сураи Бақара, ояти 114)

Имом Абӯлайси Самарқандӣ дар тафсири худ (маъруф ба “Баҳрул-улум” ва ё “Тафсири Самарқандӣ”) мефармояд:

وَمَنْ أَظْلَمُ مِمَّن مَّنَعَ مساجد الله، قال في رواية الكلبي معناه ومن أكفر

Ва кист золимтар аз он кас, ки нагузорад…” Дар ривояти Калбӣ, “ва кист золимтар” ба “кист кофиртар” маъно шуда…” (ҷ.1, с.102, Ашшомила) Яъне, муртакиби ин амал кофиртар аз кофир аст.

Имом Фахри Розӣ дар тафсири худ, дар маънои “дар вайронии масоҷид бикӯшад” мефармояд:

السعي في تخريب المسجد قد يكون لوجهين. أحدهما: منع المصلين والمتعبدين والمتعهدين له من دخوله فيكون ذلك تخريباً. والثاني : بالهدم والتخريب

Кӯшиш дар вайрон кардани масҷид, ба ду ваҷҳ аст: яке, манъи намозгузорон аз дохил шудан ба он, ва дигар, тахриб ва вайрон кардани он…” (ҷ.2, с.293, Ашшомила)

Ба илова, ин рафтор навъе истихфоф (сабук шумурдан ва иҳонат) ба масҷид аст, ки фуқаҳо мусалмонеро, ки масҷидро – ки хонаи Худост – сабук шуморад, ҳукм ба куфри ӯ додаанд.

Абдурраҳмон Шайхизода, фақеҳи барҷастаи ҳанафӣ, дар китоби шарифи “Маҷмаъул-анҳур фи шарҳи Мултақал-абҳур” – ки яке аз китобҳои мӯътабар дар фиқҳи ҳанафист – мегӯяд:

إذَا أَنْكَرَ آيَةً مِنْ الْقُرْآنِ وَاسْتَخَفَّ بِالْقُرْآنِ أَوْ بِالْمَسْجِدِ أَوْ بِنَحْوِهِ مِمَّا يَعْظُمُ فِي الشَّرْعِ أَوْ عَابَ شَيْئًا مِنْ الْقُرْآنِ أَوْ خَطِئَ أَوْ سَخِرَ بِآيَةٍ مِنْهُ كَفَرَ

Агар ояте аз Қуръонро инкор кунад ва низ Қуръон ва ё масҷид ё ҳар он чиро, ки дар шариат дорои азамат аст сабук шуморад ва ё чизе аз Қуръонро айб бидонад ё хато шуморад ё ояте аз онро масхара кунад, ӯ кофир шудааст…” (ҷ.4, с.418, Ашшомила)

Ин аст ҳукми шаръии касоне, ки дари масоҷидро ба рӯйи намозгузорон мебанданд ва ё масҷидро иҳонат ва сабук мешуморанд.

Такрор мекунам, агар медонистам, шумо мусалмон нестед, ниёзе ба ин ҳарфҳо набуд, вале шумо муддаӣ ҳастед, ки мусалмонед, ва чун худро мусалмон мешуморед, пас шоиста аст бо ин аҳком ошно бошед.



Рубрики:Нақду назар, Омӯзаҳои набавӣ, Омӯзаҳои қуръонӣ, Сиёсат, Таҳлилот, Ҷомеа

Метки: , , , ,

19 replies

  1. Тарафдорони хнит шумо хама одамони хуб нестед ин кадар давлати худро бад мебинед ки дар хама чо паст мезанед

    Нравится

  2. ман шахсан бовар надорам, ки ин корманди амният бошад. ту Сайидюнуси беаек аввал як чиро шуниди тахлил кун баъд дахонатро кушо

    Нравится

  3. Мо хамамон мусулмонем инчунин дар баробари ин мо точик хам хастем ва давлати сохибистиклол дорнм шахрвандон бояд конунхои кабулшудаи давлатро риоя намоянд барои ин масчид агар гайриконуни сохта щуда бошад хатман махкам шавад

    Нравится

  4. Сайидюнус ва пайравони гумрохаш як максад доранд — бо хар рох Хукумати ЧТ-ро бадном карда, аз хочагони худ пул гадои кунанд, то ки аз гуруснаги намиранд

    Нравится

  5. Сайидумари истаравшани худо бзанадта ту кофири худо зада боз кунот мехорад

    Нравится

  6. Саидюнус ту рузи дароз Худо гуфти мешини ки кадом аблахи бесавод ягон хато кунаду ту инро бар зиди давлат истифода куни. Марг ба ту барин шахс . Бо ин рафторхоят хочагонатро шод мекуни ки боз чанд маблаги бар туи гадо тияну рузатро гузарони

    Нравится

  7. Рафтори Истаравшани ба маколи «дарро задам девор кафид» монанд аст, ки хар гох хар мавзуе пеш омад дар бораи он бемаврид сухан мекунад ва хатто худаш намедонад, ки дар асл чи мехохад — тухмат задан ба давлату миллати точик ва ё хизмат ба ачнабиён

    Нравится

  8. Чанд руз аст, ки пай дар пай Истаравшани тамоми гаразу кинахои худро бо интишори маводхои бадномкунанда нисбати миллати точикро ба рох мондааст ва аз ин кори нанговари худ шарм хам намекунад. Агар инсон вичдону акл медошт шарм мекард, вале ин чиз ки дар у нест барои хамин хам беруиро пеша намудааст.

    Нравится

  9. Ин Саидюнус нашуд як падарлаънати худозада шуд. Будаги сафсатаву дуругро ба чизи дигар вобаста карда нашр мекунад. Ин бадбахт пагох чи хел мемурда боша.

    Нравится

  10. Братуха да плюнь всегда на таких олухов, они всегда были и останутся в обществе, они как геморой с прошедшим сроком, не излечимы

    Нравится

  11. Кистӣ? Даъвои таҳлил мекунӣ?

    Фахр бо бегонаманзил мекунӣ.

    Бо ду-се дирҳам фурӯхтӣ мазҳабат,

    Дониши андӯхта дар мактабат.

    Суннати аҷдоди худ додӣ ба бод,

    Рӯҳи онҳо омадаст аз ту ба дод.

    Нравится

  12. Агар набуд таътили масоҷид ва бастани дари онҳо бар рӯйи намозгузорон дар шаҳристонҳо ва навоҳии кишвар аз сӯи ниҳодҳои қудратӣ ба хусус Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) ва ба дастури шахси раисаш яъне ҷаноби Саъмӯъмин Ятимов, ҳаргиз ин масъул иқдом ба ин амали шанеъ намекард.

    Як чизро ҳеҷ гоҳ фаромуш насозед, корманди амният ҳеҷ гоҳ ба чунин амалҳои носазо ва суханҳои дағал, боз дар вақти сабт, чунин рафтор намекунад. Агар ӯ корманди амният мебуд, ин хел суханҳои қабеҳ намегуфт. Сониян корманди амният ҳар хел гапро дар ҳаро ҷой намегӯяд. Амниятиҳо дар ин масъала маърифати баланд доранд. Барои ҳамин ба шаъни корманди амният бесбот сухан нагӯед. Илтимос!

    Нравится

  13. И даюс ягом мансабдор нест! И аблах як бизнесмени сумдори хами нохияхай. Худш як бор масид намия арак зада мегарда бо омада пролема кардестай. Э мур беномус.

    Нравится

  14. Ин шахсро бадхоыони миллат ба суи масьид ыангоми масти роы нишон додаанд, ки мехоыанд аз \ истифода бурда дар байни мардум нисбаит ба Ыукумат бадбини пайдо шавад.

    Нравится

  15. Ин беакл ки бошад? масчидмахкамкунхо хам дар ин дунё ва хам дар он дунё хору залил мешаванд. Масчидхо бояд кушода бошанд доимо. Аммо имруз дар масчидхо пури муллохое астанд ки бесавод бе тарбия. му йсафедоне ки дар хамон чо нишаста ба чойи ёди Аллох чак чааак мекунанду мегарнданд. агар дар назди онхо таъзим карда салом надихи бад бад нигохат мекунанду. гайбат дар масчидхо. Хар мусибати ба сарамон меояд аввал мо худамон гунахгор. баъдан кор ба чое расидааст ки дар як махал се масчид сохта махалгароиро дар онхо огоз мекунанд. барои хамин Аллох Арракиб аст.хама чизро медонаду мебинад. ин исрофкори ин беодоби . бачои ба яккапарасти даъват кардан аввал чиро ёд медиханд дар масчид. дар бораи мулло мо аз кудаки аз кучо дарак меёбем хааа? аз маърака хоо бародаро дар маърака омада хурда гайбат карда мераванд боооз ба у ягон чиз медиханд. кудакон муллоро намояндаи динро хаминтавр мешиносад. ки дин хам касб аст мулло хунарманди дин асту дуо карда маблаг мегирад. Анаву мана.

    Нравится

  16. Хама корхои сохтакорию дуруги истаравшани акнун анику дакик шуд, ва аз ин ин у хад хаел дорад, ки кори хубе анчом додааст, хар чанде ки дуругаш ошкор гардидааст

    Нравится

  17. Чанчол даркор нест барои мо. Дар тамоми чамъияти инсони шахсони пайдо мешаванд, ки ба чунин конун шикани даст мезанан. Аммо мо бояд дуруст андеша намоем ва гап занем нисбати ин ё он ходиса

    Нравится

  18. Хоинони миллат хеч гох ба максад нарасанд. Хар чанде , ки зур зананд хам нисбати хукумату миллати точик. Точикистон он точикистони пештара нест ба шумо , ки бо осони фирефтаи дуругхои шумо гардад

    Нравится

  19. Маколаи бисер хам мохирона навиштаги ки хар як сюжете, ки дар хамин макола мавчуд аст ба хамин макола рабт надорад бичаспадю Ана аклу ана фаросат . Ман ба чои шумо мебудам Истаравшани дигар макола нашр намекадам

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: