Шарҳи Маснавӣ (218)

Достони пири чангӣ, ки дар аҳди Умар разияллоҳу анҳу баҳри Худо рӯзи бенавоӣ чанг зад миёни гӯристон (2)

* * *

Он шунидастӣ, ки дар аҳди Умар

Буд чангӣ мутрибе бо карру фар?

Ин ҳикоятро шунидаӣ, ки дар рӯзгори Умар ибни Хаттоб (р) чангнавозе бо қудрату маҳорату зебоӣ чанг менавохт?

Чангӣ: чангнавоз. Мутриб: навозанда, хонанда. Карру фарр: тавону шукӯҳ, ва агар онро арабӣ бидонем, карр ба маънои ҳамла кардан, ва фарр ба маънои гурехтан аст.

Булбул аз овози ӯ бех(в)ад шудӣ,

Як тараб з-овози хубаш сад шудӣ.

Он қадр зебо мехонд, ки булбул аз шунидани овози ӯ бехуд ва мадҳуш мешуд, ва аз садои дилпазири нағмаи ӯ шодии ҳар шунаванда сад баробар мегашт.

Маҷлису маҷмаъ дамаш оростӣ

В-аз навои ӯ қиёмат хостӣ.

Нағмаи он навозандаи тарабангез, зинатбахши ҳар маҷлисе буд ва аз навову нағмааш қиёмат барпо мешуд.

Нукта: Яъне бо навои руҳбахши худ дилмурдагонро аз миёни қубур ҳаёт мебахшид. (Шарҳи ҷомеаи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.596)

Ҳамчу Исрофил, к-овозаш ба фан,

Мурдагонро ҷон дарорад дар бадан.

Навои ӯ ҳамонанди бонги Исрофил хоссияте дошт, ки мурдагонро ҷон мебахшид.

Нукта: Ба муҷиби ривоёт, Исрофил се бор дар сур медамад: 1) нафхаи фазаъ, ки бар асари он ҷаҳон биларзад, 2) нафхаи саъақ, ки ҷамиъи зиндагон бимиранд ва 3) нафхаи баъс, ки ҷонҳо ба сӯи баданҳо бозоянд. (Шарҳи ҷомеаи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.596)

Ё расоил буд Исрофилро,

К-аз самоъаш пар бирастӣ филро.

Ё ин ки он навозанда барои Исрофил ба манзилаи ҳамроҳу дамсозу ҳамовоз буд, ки аз истимоъи овозаш онон, ки чун фил сангину сақил буданд, пару бол дармеоваранд.

Расоил: ҳамроҳон, ҳамовозон, чамъи расил.

Нукта: Нағмаи осмонии сози ӯ мурғи дили фурӯмондагон дар гили моддиятро сайқал медод ва занҷирҳои гарони дунявиро аз пойи ҷони онон мегусаст, то сабук шаванд ва ба парвоз дароянд. (Шарҳи Кабири Онқуравӣ. Ҷ.2, с.763)

Созад Исрофил рӯзе ноларо,

Ҷон диҳад пӯсидаи садсоларо.

Исрофил дар рӯзи растохез бо дамидан дар сур, ба мурдагони пӯсидаи садсола ҷон мебахшад.

Сипас Мавлоно аз таносуб миёни нағмаи навозанда ва нафхаи Исроил, ба шарҳу баёни нағамоти ҷонафзои анбиё ва авлиё мепардозад ва мефармояд:

Анбиёро дар дарун ҳам нағмаҳост,

Толибонро з-он ҳаёти бебаҳост.

Паёмбарон дар даруни худ нағмаҳое доранд ва барои толибони маънавӣ аз он нағмаҳо зиндагии маънавӣ ва ҷовидон, ки арзише барои он наметавон муайян кард, ҳосил мегардад.

Нашнавад он нағмаҳоро гӯши ҳис,

К-аз ситамҳо гӯши ҳис бошад наҷис.

Гӯшҳои ҳиссӣ ва зоҳирӣ ин нағмаҳоро намешунаванд, зеро гӯши ҳиссӣ ба воситаи ситамҳо ва ҷафоҳо, ки аз одамӣ сар мезанад, палиду нопок аст.

Нукта: Доманаи фаъолияти ҳавосс маҳдуд аст ба умури ҳиссӣ ва машҳуд. (Шарҳи ҷомеаи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.597)

Нашнавад нағмай париро одамӣ,

К-ӯ бувад з-асрори парён аъҷамӣ.

Масалан, одамӣ овози париро намешунавад, зеро инсон аз асрори париён ғофил аст ва бо нағмаи париён бегона аст.

Аъҷамӣ: бегона.

Нукта: Ин байт тамсил аст барои матлаби байти пешин. Агар мурод аз “парӣ” ҳамон ҷинниён бошад, сурае ба номи Ҷинн дар Қуръон аст ва дар он бархе аҳволи ононро зикр кардааст. Ва ин мерасонад, ки ҷинниён вуҷуд доранд. Аммо дар чигунагии вуҷуди онон ақволи мухталифе омадааст. (Шарҳи ҷомеаи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.598)

Гарчи ҳам нағмай парӣ з-ин олам аст,

Нағмаи дил бартар аз ҳар ду дам аст.

Агарчи нағмаи парӣ ҳам аз ҳамин ҷаҳон аст, вале нағмаи қалб аз ҳар ду дам — яъне аз каломи одамӣ ва парӣ — бартар ва олитар аст.

Ки париву одамӣ зиндонианд,

Ҳар ду дар зиндони ин нодонианд.

Зеро парӣ ва одамӣ зиндонианд ва ҳар душон дар зиндони нодонӣ маҳбус ҳастанд.

Агар барои ин матлаб шоҳиде мехоҳӣ, пас ба ин байт таваҷҷӯҳ кун:

Маъшаралҷин сураи Раҳмон бихон,

“Тастатиъу танфузу”-ро боздон.

Сураи Раҳмон ояти 33-ро бихон:

يَا مَعْشَرَ الْجِنِّ وَالْإِنسِ إِنِ اسْتَطَعْتُمْ أَن تَنفُذُوا مِنْ أَقْطَارِ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ فَانفُذُوا لَا تَنفُذُونَ إِلَّا بِسُلْطَانٍ

Эй гурӯҳи париён ва одамиён! Агар метавонед аз каронаҳои осмонҳо ва замин бурун шавед, пас бурун шавед. Ва натавонед бурун шундан, магар бо қудрат ва султаи тамом.”

Нукта: Мулло Ҳодӣ Сабзаворӣ гӯяд: “Бидуни султони ҳазрати Ҳаққи нуруланвор, ки яке аз асмои ӯ бурҳон аст ва ё бароҳини яқиния, ба олами амр наметавон расид; хосса, ки урафо фармудаанд: аҷиннаро мақоми шомихе дар маорифи илоҳия нест.” (Шарҳи асрор, с.60)

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ



Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: