Шикояти як шаҳрванди саудӣ ба додгоҳ дар пайи леҳ шудани як мӯрча

Дар ҳодисае аҷиб дар Арабистон, як шаҳрванди саудӣ аз як шаҳрванди дигари ин кишвар ба иттиҳоми леҳ кардани як мӯрча шикоят кард.

Рӯзномаи аморотии Албаён дар хусуси ҷузъиёти ин хабар навишт: “Қозӣ Муҳаммад Алфоиз шикоятеро аз ҷониби як шаҳрванди саудӣ алайҳи як шаҳрванди дигар ба иттиҳоми леҳ кардани як мӯрча дарёфт кард. Шикояткунанда дар шикояти худ хитоб ба қозӣ гуфт, ки шоҳиди он буда ин мӯрча дар баробари чашмонаш леҳ шуда ва бо ин изҳор, ки мӯрча аз махлуқоти Худованд аст ва дорои ҳақ мебошад, хостори иҷрои адолат дар хусуси ин парванда шуд.”

Шикояткунанда ҳамчунин хостори ашадди муҷозот барои фарде, ки муртакиби ин амал гардида шуд ва исрор кард, ки ин парванда ба Шӯрои қазоӣ фиристода шавад.

Қозии парванда, ҷаласаро бо ин тавсиф, ки шикояткунанда вакили мӯрча ҳаст оғоз кард ва ба суханони шикояткунанда, ки дар хусуси ҳақ доштани мӯрча баён шуд, гӯш дод. Қозии парванда сипас гуфт: “Шикояти туро пазируфтам. Барои ман мушаххас шуд, ки ту ба унвони вакили мӯрча дар ин парванда ҳеҷ ваколатномаи қонунӣ аз наздикони мӯрчаи мақтул ҳозир накардаӣ ва ба ҳамин хотир то замоне, ки соҳибони ҳақ ё вакили шаръии мӯрча ҳозир набошад, наметавон ин парвандаро мавриди баррасӣ қарор дод.”

Қозӣ ба ин суханон низ иктифо накард ва аз шокӣ хост, то ваколатномаи қонунии худро, ки аз ҷониби наздикони мӯрчаи мақтул дарёфт карда, ҳозир кунад. Дар ин замон шаҳрванди саудӣ, ки бо посухи қотеъи қозӣ мувоҷеҳ шуд, чорае надид, ки додгоҳро тарк кунад.

Ҳамчунин пойгоҳи Аларабия ба нақл аз шикояткунандаи ин парванда оварда, ки вай гуфтааст: “Дуруст аст, ман шикоятеро алайҳи он фард (фарде, ки мӯрчаро леҳ карда) танзим кардам ва хостори таҳти пайгирд қарор гирифтани фарди мазкур ба далели леҳ кардани мӯрча дар баробари чашмонам шудам; чаро ки ин иқдом бо ақидаи исломии мусалмонон дар хусуси мудоро бо тамомии махлуқоти Худованд бо лутф, созгор набуд.

Вай дар идома афзуд: “Аз ҳамин рӯ ман ба додгоҳи умумии минтақаи Афиф шикоят кардам, то низоми қонунӣ дар ҳаққи ин фард иҷро шавад, аммо бо мухолифат ва интиқоди густардаи кормандони додгоҳ мувоҷеҳ шудам. Пас аз он, масъаларо ба қозӣ арза кардам; ӯ пазируфт ва дар ҷаласаи додгоҳ ҳузур ёфт ва муншии додгоҳ низ дар ҷаласа ҳозир шуд; аммо ман ногаҳон аз посухи қозӣ ҳайрон шудам.”

Вай ҳамчунин тасреҳ кард, ки ӯ ҳамчунон бар сари мавзеъи худ дар хусуси лузуми муҳокимаи фарди ҷинояткор пофишорӣ мекунад.



Рубрики:Пароканда

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: