Худкардаро тадбир нест (2)

Ё иштибоҳҳои сархӯри Ятимов (бахши дуввум)

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар бахши аввал, масоили пиромунии мусоҳибаи суфоришии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” бо додрас Шамс Азизовро баррасӣ кардем ва рӯшан шуд, ки ҳадаф аз тартиб додани ин мусоҳиба ва нашри он, чизе ҷуз хотима бахшидан бар даъвоҳои муовини собиқи КДАМ ҷаноби Абдулазиз Ҷалов набудааст, ва ангезаи ҷаноби Ятимов (яъне фармоишгари ин мусоҳиба) низ аз ин кор, се чиз будаанд: яке, тарси ӯ аз ошкор шудани асли қазияи “Фирори Назарзода”, ва дигар, ба ҳам омадани Муҳаммадзоир Соҳибов ва Рамазон Раҳимзода бо Озода Раҳмон ва Ҷамолиддин Нуралиев, ва севвум (ки аз ҳама муҳим аст) бармало шудани ин ҳақиқат барои шахси раисиҷумҳури кишвар тавассути Шералӣ Хайруллоев.

Дар ин бахш аз мақола, ба таҳлилу баррасии мусоҳиба аз назари мазмун ва муҳтаво ва ин ки оё иддаоҳои ҷаноби Азизов дар ин мусоҳиба дурустанд ё нодуруст, мепардозем.

* * *

Аммо пеш аз пардохтан ба онҳо, лозим медонам яке ду нуктаро ёдовар бишавам. Аввалан, пас аз нашри бахши аввали мақола, вокуниши фейкҳои КДАМ дар расонаҳои вобаста ба ин ниҳод (мисли “Ҳамсинф”) ва низ дар фазои маҷозӣ, воқеан аҷибу ғариб буд! Инон, ба ҷойи он ки ба асли матлаб таваҷҷӯҳ дошта бошанд, нависандаи ин мақоларо мавриди ҳамла ва ҳуҷуми худ қарор додаанд ба ин ки ӯ “хоин” аст ва “барои хоҷагонаш” кор мекунад ва аз ин қабил ҳарфҳо, ва ҳатто ашъореро ҳам бо мазомини бисёр сахиф ва тавҳиномез “эҷод” кардаанд. Шумо чӣ кор ба шахси нависандаи ин матлаб доред?! Фарз кунед, ин мақоларо на Сайидюнуси Истаравшанӣ, балки инсоне дигар, масалан А ё В, навишта. Муҳим асли матлаб аст, ки оё дуруст ҳаст ё нест, на нигорандаи он.

Сониян, билохира лозим буд касе дар ин кишвар парда аз рӯи ин шайтанатҳо бардорад! Фикр накунед, ман дар ин мақола (дар ҳар ду бахши он) чизи тозае овардаам. Ҳаргиз! Иттифоқан, касоне, ки аз ин ҳақоиқ огоҳ ва мутталеъ ҳастанд, андак нестанд. Шумо метавонед пеши афроде, ки номашон дар ин мақола зикр шудааст биравед ва бипурсед. Хуб, вақте дидам, ҳеч кас ҳозир нест аз ин ҳақоиқ парда бардорад, вазифаи инсонӣ ва миҳании худ донистам, ки барояш вақт бигузорам ва бинависам. Вагарна, ман ҳам метавонистам мисли дигарон лаб фурӯ бибандам ва ба кори худ идома диҳам ва ба “фалсафаи худ” машғул бишавам ва “дарди сари зиёдӣ” барои худ дуруст накунам. Зеро медонам, баҳои ин ифшогариҳо чист?! Медонам, дар Тоҷикистон КДАМ ва шахси ҷаноби Ятимовро ба чолиш кашидан чӣ паёмадҳое дорад?! Инҳоро хуб медонам. Аммо бо ин ҳама, банда ба унвони як шаҳрванди оддии ин сарзамин, дар баробари хунҳои рехташудаи садҳо бегуноҳ ва зиндонӣ шудани садҳо бегуноҳи дигар, муҳоҷират ва овора шудани ҳазорон шаҳрванди ин сарзамин, манъи фаъолияти як ҳизби сиёсии мардумӣ ва бориз дар кишвар ба иттиҳомҳои воҳӣ ва пуч – фақат ба ин хотир, ки ҳизбе исломист — ҳаргиз ва абадан бетафовут нахоҳам нишаст. Агар ин мақола боиси рӯшан шудани ҳақоиқ барои ҷомеа бишавад ва ҳақ ба ҳақдор бирасад, чӣ хуб, вагарна лоақал барои таърих мемонад.

Солисан, мабодо ин пиндор ба зеҳни азизон хутур кунад, ки банда бо асли КДАМ ва як ниҳоди амниятӣ дар кишварам мушкил дорам. Ҳаргиз! Ин пиндор дуруст нест. Ҳар кишваре ниҳоди амниятӣ дорад ва бояд ҳам дошта бошад. Ин, аз заруриёти кишвардорист. Банда дасти так-таки кормандони мухлис ва содиқи ин ниҳодро мефишорам ва ба онҳо ифтихор мекунам. Аммо ниҳоди амниятӣ вазифааш дар дараҷаи аввал таъмини амнияти ҷомеа ва шаҳрвандон аст, на саркӯб ва куштан ва зиндонӣ кардан ва овора намудани онҳо. Кормандони мухлис ва содиқи ин ниҳод бояд бидонанд, касоне, ки дар зиндонанд ҳаммиҳанони онҳоянд, ҳамхунҳои онҳоянд, онҳо аз Миррих фуруд наёмадаанд, онҳо ҳам мисли шумо зану бачча доранд, билохира онҳо низ одаманд. Ва касоне, ки овора ва муҳоҷир шудаанд, тоҷикистонӣ ҳастанд, на ин ки аз “Уругвай” бошанд.

Ҳоло ба асли матлаб мепардозем. Яъне, таҳлилу баррасии мусоҳиба аз назари мазмун ва муҳтаво ва ин ки оё иддаоҳои ҷаноби Азизов дар ин мусоҳиба дурустанд ё нодуруст.

* * *

1) Додраси мӯҳтарам ҷаноби Шамс Азизов дар ин мусоҳиба иддао кардааст: “ҲНИТ 4-уми декабри соли 1991 дар хориҷи мамлакат таъсис ёфт ва дар ҷумҳурӣ фаъолияташро оғоз кард.”

Ин як дурӯғи шохдор аст. Зеро, аввалан, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барои аввалин бор, дар таърихи 20 апрели соли 1973 (яъне дар даврони Шӯравии собиқ) дар вилояти Қӯрғонтеппа дар манзили Қаландари Садриддин эъломи мавҷудият карда. Албатта бо номи “Наҳзати ҷавонон”, ки рӯшан аст расмӣ набуд.

Сипас, дар соли 1990 Ҳизби наҳзати исломии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ба сурати расмӣ таъсис ва дар таърихи 9 июни соли 1990 Анҷумани таъсисии он дар шаҳри Аштархони Русия баргузор гардид, ки ҳанӯз Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ барқарор буд ва Тоҷикистоне ба унвони як ҷумҳурии мустақил вуҷуд надошт. Албатта дар таъсиси ин ҳизб, фаъолони ҲНИТ саҳми асосиро доштанд.

Баъд, дар таърихи 5 октябри соли 1990 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравиро дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ эълом кард. Бо ин ҳол, дар таърихи 6 октябри соли 1990 Конфронси бахши тоҷикистонии Ҳизби наҳзати исломии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ, дар рустои Чортути ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) баргузор гардид.

Ҳол, баъд аз баргузории Анҷумани ҲНИТ дар таърихи 26 октябри соли 1991 дар кохи “Ваҳдат”-и шаҳри Душанбе ва интихоби марҳум Устод Ҳимматзода ба унвони раиси ҲНИТ дар он анҷуман, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар таърихи 4 декабри соли 1991 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти расмӣ шуд. (Нигоҳе кунед ба: Изҳороти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нашрияи “Ҷумҳурият” дар таърихи 21 июли соли 2015 № 146)

Ҳол, айни иборати Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин изҳороташро меоварам:

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 декабри соли 1991 ба қайди давлатӣ гирифта шуда буд. Пас аз даргириҳои солҳои 90-уми асри ХХ фаъолияти ҲНИТ бо сабаби фаъолияти зиддиконститутсиониаш бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 21 июни соли 1993, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ гардид. Танҳо баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи созишҳои бо Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони тоҷик бадастомада бо қарори Президиуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 12 августи соли 1999, фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар қаламрави ҷумҳурӣ аз нав иҷозат дода шуд.”

Бо таваҷҷӯҳ ба ин, ҳоло ҷаноби Шамс Азизов лутфан ин иддаои худро собит кунанд: “ҲНИТ 4-уми декабри соли 1991 дар хориҷи мамлакат таъсис ёфт”! Кадом “хориҷи малакат”?! Оё кохи “Ваҳдат” — ки ҲНИТ дар таърихи 26 октябри соли 1991 Анҷумани худро дар он баргузор кард (ва навори видеоии он мавҷуд аст) ва сипас билофосила дар 4 декабри ҳамон сол тавассути Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти расмӣ гардид ва ин кох дар замони Шӯравии собиқ ба “Дом политического просвещения ЦК КП Таджикистана” маъруф буд – “хориҷи мамлакат” аст?!

* * *

2) Ҷаноби Шамс Азизов дар бахше аз ин мусоҳиба гуфтааст: “Танҳо дар 5 соли охир 45 нафар аъзои ҲНИТ ҷиноятҳои гуногуни вазнин ва махсусан вазнин содир намуда, нисбат ба кирдорҳои ғайриқонуниашон қарорҳои ниҳоии судӣ қабул карда шуданд.”

Ҳам ҷаноби Азизов ва ҳам фармоишгари ин мусоҳиба, хуб медонанд, ки танҳо баъзеи ин афрод (на ҳамаи онҳо) узви собиқ будаанд, на ин ки ҳангоми судури ҷиноят узви ҲНИТ буда бошанд. Ҳоло суол, вақте узви собиқи як ҳизб муртакиби ҷинояте бишавад, оё ин метавонад далел барои манъи фаъолияти он ҳизб ва зиндонӣ кардани раҳбаронаш гардад?

Агар чунин аст, пас бояд Ҳизби халқӣ-демукротики Тоҷикистон (ҲХДТ), яъне ҳизби ҳоким низ теруристӣ эълом шуда ва фаъолияташ ҳамин ҳоло қатъ ва раҳбаронаш равонаи зиндон гарданд, зеро:

— яке аз масъулони баландпояи ҳукумати кунунӣ ҷаноби сарҳанг Гулмурод Ҳалимов (ки намедонам зинда аст ё мурда) узви гурӯҳи теруристии ДОЪИШ ташриф дорад ва дар дунё исми “муборакаш” дар канори исми Бен Лодан ва Абӯбакри Бағдодӣ ва амсолуҳум ёд мешавад;

— фарзандони даҳҳо аъзои ҲХДТ ҳаминак дар саффи гурӯҳи теруристии ДОЪИШ дар ҳоли ҷангидан дар Сурия ва Ироқ ҳастанд;

— бештари масъулони давлатӣ, ки дар кишвари мо ба ҷурми порахӯрӣ боздошт ва маҳкум мешаванд, узви ҲХДТ ҳастанд… ва ғайра.

Оё барои ҳуқуқдоне мисли Шамс Азизов ин ҳақиқат норӯшан аст, ки худи ҷинояткор аст, ки масъули ҷурму ҷинояташ мебошад, на ҳизб ва ё гурӯҳе, ки ӯ узви он ба шумор меояд, тоза дар гузашта.

Эшон ё инро медонад ва ё намедонад. Агар медонад, дар ин сурат ҳарфи беҷое задааст. Ва агар намедонад, дар ин сурат мусибат бузургтар хоҳад буд, зеро фарде додраси Додгоҳи Олии Тоҷикистон будааст, ки аз оддитарин ва пешипоуфтодатарин масъалаи ҳуқуқӣ огоҳ набудааст.

* * *

3) “Далел”-и дигари ҷаноби Шамс Азизов бар манъи фаъолияти ҲНИТ дар Тоҷикистон ва “теруристӣ” эълон шуданаш ин будааст, ки мегӯяд: “Дар рафти тафтиши парвандаи ҷиноятӣ оид ба куштори 25 нафар хизматчии ҳарбии Вазорати мудофиаи ҶТ дар водии Рашт (соли 2010) аз ҷониби аъзои Иттиҳоди теруристии “Ҷамъияти Ансоруллоҳ” таҳти роҳбарии Давлатов Аловуддин бо тахаллуси “Алии Бедакӣ” ва Раҳимов Абдулло бо тахаллуси “Мулло Абдулло” муайян гардид, ки раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Рашт Давлатов Ҳусниддин шахсан ба иттиҳоди теруристӣ шомил гардида, ҳангоми дастрас намудани моддаҳои кимиёвӣ барои гурӯҳи мазкур, баҳри омода сохтани воситаҳои тарканда, дастгир шудааст.

“Ҷамоати Ансоруллоҳ”, аввалан раҳбараш Амриддин Табаров маъруф ба “Мулло Амриддин” буд (ки кушта шуд), на Аловуддин Давлатов (Алии Бедакӣ) ва Абдулло Раҳимов (Мулло Абдулло). Ин ду нафар зоҳиран баъдҳо аз қӯмондонҳои ин гурӯҳ гардиданд. Сониян, Мулло Амриддин яке аз мухолифони сарсахти ҲНИТ пас аз имзои Созишномаи сулҳ буд, ба ҳадде, ки марҳум Устод Нурӣ ва наҳзатиҳоро такфир кардааст. Солисан, “Ҷамоати Ансоруллоҳ” – ки баъд аз боздошти Абдулло Раҳимов (Мулло Абдулло) дар соли 2000 вирди забонҳо ва номаш дар расонаҳо омад – вуҷудаш бисёр шубҳабарангез аст, зеро:

— танҳо замоне номаш расонаӣ ва дар баёнияҳои ниҳодҳои қудратӣ ва интизомии Тоҷикистон меояд, ки мақомоти Тоҷикистон дар пайи амалиёти аз байн бурдани фарде бошанд, назири амалиёте, ки зидди Мирзо Зиёев (Мирзо Ҷага), вазири собиқи Кумитаи ҳолатҳои фавқулъода ва “бародархондаи раисиҷумҳур” анҷом доданд, ки дар асари он, ин мард ба як роҳи бисёр ноҷавонмардона ба қатл расид;

— ин ҷамоат ҳеч амалиёти қобили таваҷҷӯҳе анҷом надодааст. Ба ҳамин хотир аст, ки “шарики истротежик”-и ҳукумати Тоҷикистон мавҷудияти ин гурӯҳ ва “мухолифи сиёсӣ” шумурда шудани Абдулло Раҳимов (Мулло Абдулло)-ро баъд аз соли 2000 ба масхара мегирифт. (Ин гузоришро бихонед);

— Абдулло Раҳимов (Мулло Абдулло)-ро, ки аз қӯмондонҳои ин гурӯҳ буд, дар соли 2000 дар Қаротегин боздошт ва ба Душанбе оварда буданд. Аммо ба далелҳои номаълуме, раҳояш карданд. Аз ин рӯ, касе ба ӯ бовар надошт. Баъзе манобеъ ӯро ҷузъе аз системи интиқоли маводди мухаддири женеролҳо медонистаанд.

— ҷаноби Шамс Азизов чун аз ҳодисаи кушта шудани 25 сарбози ҷавон дар Рашт ёдовар шудааст, бад нест мухтасар аз он ҳодисаи мудҳиш бо такя ба сӯҳбатҳои расонаии Мирзохӯҷа Аҳмадов, гузоришҳои Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, шабакаи якуми телевизиюни Тоҷикистон ва манобеъи мустақил бигӯем. (Дар зайл он чиро, ки ба ман расид, айнан меоварам):

“Моҳи сентябри соли 2010 Аловуддин Давлатов маъруф ба “Алии Бедакӣ” бо собиқ қӯмандонҳои ИНОТ аз водии Рашт вохӯрда аз номи Мулло Абдулло пешниҳоди табадуллот мекунад. Барои мисол, ӯ мехоҳад Мирзохӯҷа Аҳмадовро мутақоъид созад, ки дар пойтахт ҳама чиз омода буда, 5 милюн асъори хориҷӣ ба дасти ӯ аллакай расида. Бино ба қавли баъзе манобеъ, Алии Бедакӣ ишораҳое ҳам ба даст доштани Раиси Маҷлиси Миллии порлумони кишвар Муҳаммадсаид Убайдуллоев дар табадуллот мекунад. Мирзохӯҷа Аҳмадов, Шоҳ Искандаров ва Мулло Садриддин ин корро тавтиъа (провокатсия) дониста, рад мекунанд. Дар ин замина як ҷанҷол ҳам миёни Мирзохӯҷа Аҳмадов ва Аловуддин Давлатов — ки ҳамагӣ 7 тан ҷангҷӯ гирд оварда будааст — рух медиҳад.

Аз далоили дигари Мирзохӯҷа Аҳмадов барои тавтиъа будани ин амалиёт (боз ҳам бо иқрори расонаии худаш), ин буда, ки ӯ ба “бозгашти Мулло Абдулло” бовар накарда, мегӯяд, ки чаро Мулло Абдулло ба ӯ мустақим муроҷиат намекунад. Дар ин миён, шоми 18 сентябр дар шабакаи якуми телевизиони давлатии Тоҷикистон аз боздошти бародари Аловуддин Давлатов дар Душанбе хабар пахш мешавад. Дар ин навор аз раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Рашт ва узви маҷлиси маҳаллии вакилони мардумӣ Давлатов Ҳусниддин ҳамчун узви “гурӯҳи теруристии фошшуда” иттилоъ пахш мешавад. Навор чунон таҳия шуда, ки “бояд” хешовандони як ҷангҷӯи танҳомондаро таҳрик кунад.

Субҳи рӯзи дигар, 19 сентябри соли 2010, ду мошини ҳомили даҳҳо сарбоз ба минтақае, ки зери нуфузи “гурӯҳи теруристии фошшуда” буд, фиристода мешаванд, бидуни огоҳӣ дар бораи мавҷудияти чанд ҷангҷӯ дар ин мавзеъ ва ба баҳонаи кофтукоби “зиндониёни фирорӣ”.

Алии Бедакӣ ва ҳамроҳонаш ин мошинҳоро нигоҳ дошта пешниҳод мекунад, ки бидуни тирпаронӣ таслим шаванд. Қӯмондон, ки зодаи шимоли кишвар будааст, итоат накарда, даст сӯи таппонча мебарад. Ёрони Бедакӣ ҳар ду мошин ва сарбозони бетаҷрибаро тирборон карда, баъди қатъи тирпаронӣ аз ҷониби сарбозони зиндамонда, яроқу аслиҳаи онҳоро гирифта, ба кӯҳ фирор мекунанд. Хамон рӯз артиш ва нерӯҳои амниятӣ ҳазорон тан аскарону афсаронро ба минтақа сафарбар карданд, ки нахуст хонаи Мирзохӯҷа Аҳмадовро аз чархболҳо мушакборон карданд.

Дар расонаҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ баъзе коршиносон ҳатто “аз оғози дубораи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон” сухан мегуфтанд, аммо хушбахтона бо расидани женерол Шералӣ Хайруллоев ба минтақа, вазъ комилан тағйир карда, бар хилофи мавзеъгирии раиси тозатаъйини КДАМ Саймӯъмин Ятимов, ба Шоҳ Искандаров имкон фароҳам мешавад, ки ба Душанбе омада бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон вохӯрад.

Шоҳ Искандаров муваффақ мешавад амалиёт бар зидди Мирзохӯҷа Аҳмадов ва чанд ҷонибдорашро, ки ба кӯҳҳо паноҳ бурда буданд, хотима диҳад. Ҷаноби Аҳмадов ва ҳамроҳонаш, ки аз таҷрибаи ҷангӣ бархӯрдоранд, барои маҳви гурӯҳи Мулло Абдулло, ки маконашро нерӯҳои ҳавоии рус ошкор мекунанд, сафарбар мешаванд.

Дар ин миён Алии Бедакӣ ва чанд ҳаммаслакаш, ки дар тан либоси тобистона доштанд, бо пахши як навор дар моҳи ноябр дар кӯҳистони Рашт, аз худ дарак доданд ва дубора гум шуданд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуровро муваззаф мекунад, ки ба минтақа равад. Зуҳуров, ки зодаи ин минтақа аст, бо як сафари кӯтоҳи корӣ ба минтақа, вазъияти Раштро ба раисиҷумҳур гузориш мекунад, вале дар Дастгоҳи Риёсати Ҷумҳурӣ, Шӯрои амният ва Маҷлиси намояндагон ба чанд суол посух намеёбанд:

— Таҳриккунандаи аслии Алии Бедакӣ кӣ ё чӣ буд?

— Маблағи 5 милюн евроро, ки 4,5 милюнаш ёфта шуда ва ба Душанбе оварда шуд, чӣ касе ба ӯ расонд?

— Мантиқи “домоди Эмомалӣ Раҳмон мешавем” гуфтани Алии Бедакӣ ва ёронаш дар навори видеоӣ, чӣ буд?

— Мулло Абдулло воқеъан тарҳи чӣ касе буд ва дар хидмати чӣ касе қарор дошт?

Дере намегузарад ва моҳи январи соли 2011 мақомот аз маҳв кардани Алии Бедакӣ дар як амалиёти густарда хабари расмӣ пахш карданд. Вале моҳе баъд, дар Youtube навори асорат ва бозпурсии вай аз ҷониби мақомот пахш шуд, ки боз ҳам мантиқи пахши он номаълум боқӣ мемонад.

Аммо ҳадс бар ин аст, ки ҳадаф аз пахши он, фош кардани нақши ҷаноби Ятимов ва шахсияти иҷрогарон дар ин амалиёт буда, ки бо дасти амниятиҳои ватандӯст сурат гирифтааст, вале муттасифона аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон таҳқиқ нашуд.

Он замон, ки иттилоъ дар бораи шеваҳои амалиётгузаронии раиси нави КДАМ Саймӯъмин Ятимов кам буд, чандин паҳлӯи ин қазия норӯшан боқӣ монда буд. Аммо акнун маълум аст, ки амалиёти тавтиъа танҳо як васила ва абзори фаъолияти “Берияи тоҷик” будааст.

Шубҳае нест, ки амниятиҳо ва ҳарбиёни пуртаҷрибаи тоҷик нақши ҷаноби Ятимовро дар таҳияи амалиёти тавтиъа дар поизи соли 2010 дар Рашт, кайҳо кашф кардаанд, вале ба сабабҳои сиёсӣ наметавонанд феълан дар ин бора ошкор сухан кунанд. Аммо мардуми шарифи кишвар бояд бидонанд, ки хуни он 25 ҷавон бар гардани ӯст! Мерасад рӯзе, ки падару модарони он ҷавонони ғӯрамарг аз гиребони Саймӯъмин Ятимов мегиранд. Созмонҳои ҷаҳонӣ ҳам аз ҳукумат рӯзе хоҳанд пурсид, ки чаро гумонбаршуда дар теруризм Аловуддин Давлатов бидуни ҳукми додгоҳ қатл шуд? Ин ҷиноёт, мисли ҷиноёти худи Давлатов, ҷазо дар пай дорад, ки дар ин шубҳае нест. Инҷо бояд таъкид шавад, ки хуни Мирзо Зиёев, хуни Имомназар Имомназари маъюб ва 24 нафар кушташудаи дар Хоруғ ва хуни даҳҳо нафаре, ки зимни тавтиъаи навбатӣ дар сентябри соли 2015 дар қазияи “Фирори Назарзода” рехт, бар гардани ҷаноби Ятимов ва ду се тан ҳаммаслаконаш аст.”

* * *

Пас, комилан рӯшан аст, ки мавориде аз қабили ҳамлаи “Ансоруллоҳ” дар Рашт дар соли 2010 ба раҳбарии Алии Бедакӣ ва Мулло Абдулло ва ҳамчунин “куштори афсари милитсия” дар Исфара тавассути иддае аз аъзои “Ҳизби исломии Туркистон” — ки ҷаноби Шамс Азизов ин ду мавридро низ ба унвони “далелҳои” манъи фаъолияти ҲНИТ зикр кардааст — ҳеч иртиботе бо ҲНИТ надоранд.

Асосан, ҲНИТ адабиёт ва рафтори “Ансоруллоҳ” ва “Ҳизби исломии Туркистон” ва амсоли онҳоро на танҳо маҳкум карда ва мекунад, балки онҳоро гурӯҳҳои теруристӣ мешуморад. Ин барои ҷамиъи мақомоти тоҷик мисли хуршед рӯшан аст.

* * *

4) Ҳамчунин, дар робита бо манъи фаъолияти ҲНИТ дар Тоҷикистон дар сентябри соли 2015, яке дигар аз мавориде, ки ҷаноби Шамс Азизов ба унвони “далел” зикр мекунад ин аст, ки гӯё ҲНИТ дар “ошӯб” ё дақиқтараш “фирор”-и женерол Абдулҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон, шарик будааст. Пештар, ҲНИТ зимни интишори баёнияҳо ва ҳамчунин худи Кабирӣ дар мусоҳибаҳояш, ба шиддат ин иттиҳомро рад карда ва онро бе поя ва асос хондааст. Аз ин рӯ, тамоми мавориди зикркардаи ҷаноби Азизов ниёз ба исбот ба воситаи далелҳои малмус дошта ва бояд дар як додгоҳи озод бо ҳузури вукалои мудофеъ (адвокатҳо) матраҳ шаванд; мавориде аз ин даст, ки: гӯё Муҳиддин Кабирӣ ”дар ҳамдастӣ бо собиқ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Абдуҳалим Мирзо аз ҳисоби собиқ размандагони Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин ва ҷавонони фиребхӯрда зиёда аз 20 гурӯҳи ҷиноӣ, ки ҳар кадомаш иборат аз 15-30 нафар буданд, таъсис дода…” ва ин ки гӯё нақшаҳое аз дафтари ҲНИТ пайдо шуда, ки нишон медиҳад Домулло Саидумар ва Муҳаммадалӣ Ҳаит гурӯҳҳоеро барои “ишғоли иншооти давлатӣ” омода карда будаанд ва ин ки гӯё пул ба дасти Назарзода додаанд ва ғайра аз иттиҳомот…

Мо дар бахши аввал дар бораи асли ин қазия гуфтем ва зарурате барои такрори он нест, вале як нуктаро бояд барои хонанда ёдовар шуд. Ин ки муовини вазири дифои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абуҳалим Назарзода зери итоати худ як гурӯҳи тақрибан 300 нафарӣ дошт, ин аз ҳаводиси Хоруғ дар соли 2012 маълум буд. Ҳамчунон, ки таъсиси ин гурӯҳ тавассути Вазорати дифои Тоҷикистон бо дастури мустақими вазири дифоъ Шералӣ Хайруллоев ва ризояти шахси раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта буд. Аъзои ин гурӯҳ — ки ҳастаи 120-150 нафараи он асосан аз гирду атрофи Душанбе ва шаҳри Ваҳдат буданд — аз ҳеч кас пинҳон ҳам намекарданд, ки бо пардохти маоши муайян ба Хоруғ ва Исфара сафарбар мешуданд. Макони таҷаммӯъи онҳо низ дар Душанбе, барои огоҳон маълум буд: “Хлебзаводи Ҳоҷӣ Ҳалим”. (Наворҳое, ки дар гузоришҳои тарғиботи зидди ҲНИТ намоиш дода мешаванд, дар асл наворҳои Вазорати дифоъ мебошад, ки идораи ин гурӯҳи шибҳинизомиро ба ӯҳда доштааст). Ин ҷангҷӯён аслан худро “одамони ҳукуматӣ” медонистанд ва ба ин ифтихор ҳам мекарданд. Шояд ҳамин аст, ки аз тақрибан 100 нафар ҷангҷӯи боздоштшуда як нафараш ҳам аз болои ҳукми додгоҳ шикоят наовардааст.

Ба илова, масъулини мухолифон дар Иттиҳодияи Урупо мегӯянд, ба истиснои як маврид, наздикони он ҷангҷӯён аз ҳеч кишваре паноҳандагии сиёсӣ дархост накардаанд ё ҳаддиақалл дар ин бора иттилоъе мавҷуд нест. Ба назари инҷониб, онҳо умедворанд, ҳукумат эшонро барои “корномаашон” дар Хоруғу Исфара мебахшад.

Ва ин ҳама дар ҳолест, ки додгоҳи раҳбарони аршади ҲНИТ ё ҳамон 17 нафар – ки ба ин иттиҳомҳо маҳкум ба зиндон шуданд – ба тасреҳи худи ҷаноби Азизов, “паси дарҳои баста” сурат гирифта, яъне аҳаде аз ҷузъиёти ҷараёни онҳо мутталеъ нест ва то ҳанӯз ҳеч расонаи мустақилле тафсилоти онро гузориш накарда.

Баъдан, иддаои ин ки: “нақшаҳои тарҳрезишудаи ҳуҷуми ин гурӯҳҳои ҷинояткор ба иншоотҳои махсусан муҳими давлатӣ, аз утоқҳои кории муовинони раиси ҲНИТ Ҳисайнов Умаралӣ Фатоҳович ва Ҳаитов Маҳмадалӣ Раҳмонович, воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Борбад 1 дарёфт шуданд”, барои як одами оқил бас музҳик ва хандаовар аст!

Яъне, фармоишгари ин мусоҳиба ва ҷаноби додрас мехоҳанд ин бовари сахифро ба мардум биқабулонанд, ки: ду муовини раиси ҲНИТ — яке вакили Маҷлиси намояндагон ва шахси бисёр мулоҳизакор Сайидумар Ҳусайнӣ ва дигарӣ собиқ “раздведчики” Шӯравӣ бо таҷрибаи ҷангу амалиёт дар Афғонистон — нақшаи “ҳамла ба иншооти давлатӣ”-ро дар дафтари кории худ (тоза, бо ширкати Зарафо Раҳмонӣ) тарроҳӣ карда, дар таърихи 4 сентябр ба дасти женерол Абдуҳалим Назарзода медиҳанд, ва аз он сӯй ҳам, раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ – фарде бисёр эҳтиёткор, ки назираш андак аст — Назарзодаро маблағгузорӣ мекунад, он ҳам тавассути писараш, ки дар рӯзи рӯшан ба дасти Назарзода маблағи мавриди назарро мерасонад! Он вақт, ин женероли “бехиёл” ҳам, барои иҷрои ин нақша, аз 140 метрии хонаи раисиҷумҳури кишвар ҳамроҳ бо даҳҳо марди ҷангдида ва мусаллаҳ ба дараи Ромит фирор мекунад! Аммо ҷолиб ин ҷост, ки ин ду нафар тарроҳ (Мулло Саидумар ва Муҳаммадалӣ Ҳаит) “нақшаи ҳамла ба иншооти давлатӣ”-ро дар ҷаъбаҳои мизи кории худ мегузоранд, ва ба илова, аз таърихи 5-ум то 15-уми сентябр пайваста ба зердастони худ дар маҳалли кор суфориш мекунанд, ки мабодо касе ин “аснод ва мадорик” (яъне “нақшаи ҳамла ба иншооти давлатӣ”)-ро ба зуболадон наандозад, то раиси КДАМ ҷаноби Саймӯъмин Ятимов ва кормандонаш баъди куштани бародарони Назарзода ва ҳамроҳонаш дар таърихи 14 сентябр, ду рӯзи баъд, аввал он ду тарроҳро боздошт ва сипас “нақшаи ҳамла”-ро аз ҷаъбаҳои мизи кории онҳо берун биёваранд ва бар асоси онҳо парвандаи ҷиноятӣ дуруст кунанд!

Намедонам, чӣ арз кунам! Балоҳат ва ҳамоқат, он ҳам дар сатҳи як давлат, бояд ҳадде дошта бошад!

* * *

5) Яке дигар аз мавориди бисёр хандаовар ин аст, ки гӯё чанд нафар аз аъзои ҲНИТ парчами ДОЪИШ-ро дар Норак овехта бошанд. Ин маврид ба ҳадде сахиф аст, ки асосан ниёз ба тарҳи он нест.

* * *

6) Бақияи мавориди зикршуда тавассути ҷаноби Шамс Азизов ба унвони “далелҳои” манъи фаъолияти ҲНИТ аз қабили моҷарои Шерик Карамхудоев ва ё шаҳид Сабзалӣ Муҳаммадризоев (ки ба сурати бисёр ваҳшатноке ин бандаи Худоро кушта ва ҷасадашро дар канори зуболадон партоб карда буданд, тоза тасвирашро ҳам мунташир кардаанд) ниёз ба исбот доранд, ки ҳанӯз собит нашудаанд, ва ҳарчи гуфта шуда, иддаое беш нест. Дар ҳамин ҳол, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон далоиле дар ихтиёр доранд, ки бар асоси онҳо, куштори Сабзалӣ Муҳаммадризоевро “внесудебная казнь” унвон карда, қотилон ва фармоишгарони ин қатлро “номзад” ба “Феҳристи Магнитский” медонанд.

7) Яке дигар аз “далелҳои” бисёр сахиф бар манъи фаъолияти ҲНИТ ин аст, ки ҷаноби Азизов мегӯяд: “Санадҳои дигаре, ки ҳокӣ аз амали ғайриқонунии ҲНИТ аст, зиёд мебошанд. Ҳатто мисоли одитарин хилофи қонун дар бораи танзим, ки нақши бузург дар ҳаёти иҷтимоии кишвари мо дорад, амал карда, дар масҷидҳо хӯрок додан…

Ҳамон тавре ки азизон таваҷҷӯҳ доранд, ин маврид ҳатто ниёз ба баррасӣ ҳам надорад.

* * *

Ин буд тамоми сухан дар бораи мазмун ва муҳтавои мусоҳибаи додраси Додгоҳи Олии Тоҷикистон ҷаноби Шамс Азизов.

Бахши аввал



Рубрики:Нақду назар, Пароканда, Сиёсат, Таҳлилот, Ҷомеа

Метки: , , , , ,

29 replies

  1. Ин ҳодисаи рухдода албатта ки аввалин ва охирин нест ва шояд дар оянда борҳо ҳам такрор шавад.

    Нравится

  2. Ин ҳодисаҳо ба он далолат мекунанд, ки шарқи исломии имрӯза рӯ ба худкушӣ овардааст.

    Нравится

  3. Вале ин сохтакориҳо, такрори чеҳраҳо, бахусус чеҳраҳои манфур, ки мардуми Тоҷикистон нисбати ҳар кадоми онҳо нафрат дорад, талошҳои Кабириро ба бод медиҳад.

    Нравится

  4. Кабирӣ низ баъди шикасти ҳизби террористии хеш моҳияти ҳизби аз байн рафтаашоро ба куллӣ гум карда, дар ҳоли парешониву саргардонӣ қарор дорад.

    Нравится

  5. Беҳтар мебуд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон номи сулҳу Созишномаро аз забони Муҳиддин Кабирӣ намешуниданд, зеро онҳо бо ҳам ҳеҷ умумияте надоранд.

    Нравится

  6. Худкушии иљтимої чунин вижагињо дорад, ки њама мардум аз њамдигар њаросида дар сурати њамдигар душманро мебинанд.

    Нравится

  7. Агар ин њолатро имрўз тањлил кунем, суоле пеш меояд, ки мо бар зидди кї љанг кардем, бар зидди бародару фарзандони хеш, ки ин њолат дар равоншиносї њолати аз худбегонагист, ки бо дасти чунин нафарони «бедорони миллї» ба худкушии љамъї анљом шуд.

    Нравится

  8. Дар индомаи сухбати худ ин чехраи маккори мудерсурат ба худсафедкуни машгул шуда, аз шикасти нерухои дунявият сухан мегуяд.

    Нравится

  9. тамоми миллати точикро дар минтака шармандаву сархам карданд ва то ба хол ин хиёнати Шумо ва шумобаринхо сабаб шудааст

    Нравится

  10. Шарматон бодо, эй курдилони худбохта.

    Нравится

  11. САИДЮНУС – зояндаи терроризм ва экстремизм дар ЉТ мебошад. Кабири бо сагбачањояш онро парвариш мекунанд.

    Нравится

  12. САИДЮНУС — КАБИРИ – ЭРОН — ТЕРРОРИЗМ. Конкретӣ…

    Нравится

  13. Ту Саидюнуси њароми курнамак њасти чунки бо хољагони хориљиат мехоњи Тољикистонро нором сози лекин ин бозињоят дер давом намекунад.

    Нравится

  14. Саидюнус ҳақе надорад, дигар дар бораи Тоҷикистон чун кишвари худаш сухан ронад! Нафаре, ки мазҳаб ва ватанашро фурухтааст, чунин хуқуқ надорад. Миллати тоҷик ин гуна фарзанди беору номус на-до-рад…

    Нравится

  15. САИДЮНУС, ту мехоҳи боз соли 92 дар Тоҷикистон такрор шавад? Тоҷик ва мусулмон бошӣ, ин корта як сȳ мон. Да Ватан медонан, ки ту шиа шуда мехохи ин ду равияро боз ҷанг дози. Зарбулмасали хуби тоҷики шиори ту шуда: Обро лой карда моҳи доштан!

    Нравится

  16. ФАЪОЛИЯТИ ХНИТ ДАР АВРУПО ва САИДЮНУС ДАР ЭРОН: САГ МЕҶАКАД, КОРВОН МЕГУЗАРАД!!!

    Нравится

  17. КАБИРИ ва САИДЮНУС Ҳумайнии Тоҷикистон шуданианд. Касе аз онхоро ки бародари калониаашон Эрон кумак кунад. Хар ду ҳам барои хиёнат ба ватану миллат устухон надоранд.
    Лекин тушбераро хом шуморидаед чанобон!!!!! ТОҶИКИСТОН ШИАЪ НЕСТ!!!!! Шумо 2 нафар шиаъед, мо 9 мл суннимазҳабем!!!!!

    Нравится

  18. э неки пат пати бисёр навистааст ин пуки бемаъни ку, навистахояш ягон асоси вокеи надорад ин навистахоят аз афсонае беш нест. Муаллими фалсафаи сафсата навис будаи…..Макомоти амният вазифаашро ичро кардааст махз кори хуби онхо буд ки Точикистонро аз хатархои нав эмин нигох дошт набошад зархаридони хоричи каме дигар кор мекарданд чанги шахрвандии солхои 90 такрор меёфт аллакаи бо таъсиси гуруххои салафи тавонистанд ки як кисми чавононро рохгум созанд, кисми дигари чавононро шиа карда талкини мазхаби бегонаро огоз карда будед ва окибаташ маълум буд ходисахои солхои 90……бесарусомонихо оворагардихо горатгарихо…..фаромуш накунед ки мардуми имрузаи точикистон мардуми солхои 90 нестанд ва хуб медонанд, ки амнияти давлат дар чойи аввал меистад….бехтараш даматонро гиреду бехуда талош накунед….кур як бор дар чох мезанад маротиби дуюм соп соп мекунад…..

    Нравится

  19. Ягон лишни движени кни ҳукми қатл метант мерай …. Да дузахт шишта биҳишта коментариа кадести … хай хдт фахмидести ки то чи дараҷа одами паст сифат шидагии

    Нравится

  20. Бго…та ҳами бачаҳои Амният …худозада … ин давлату миллат бе соҳиб нест ҷавонмардош бисёрай ба монанди анаҳамин бачаҳо … кунта медронан ису биё …. Т шағол факат ай дур ай друни катак да дастт ноутбук факат менавии

    Нравится

  21. Шиаги чхе бдай ?? юарои сум шида мазҳабта фурухти ватану миллатам … модару оилата даже фикр намекни ягон лахза бо паҳат ҳалиам гап мезани

    Нравится

  22. Саидюнус хдта ҳайф кади !!! метонисти ранги дигаро тинҷу ором да ҳами ватан корта пеш бари афсус т уже сухти адо шуди ….

    Нравится

  23. Ҳаромзодаҳо қати ҳами ҳизбтон ҳамара солои 90 до ҷазир каден ними мардум ҷон додан ними дигаш грехтан .. ҳамаш айби худозадагии шумоай …

    Нравится

  24. И кори ҳизби террориститон дига ҷои докозат кни надора …. Ходячи ҷинояткорен ҳамат.. очаи шумора об бара

    Нравится

  25. аз 20-уми апрели 1973 меген ташкил шидаен кндыки сина мезанен … ай ҳаму соло то 2015 ра ки ҳами ҳизбтон фаъолият дошт чи кор каден ?? «сағера хонара ремонт каден? Ё нав сохтен ?» «мактаб сохтан ягон 10-20 та ?» ё барои оилаҳои камбизоат ҳар моҳ лингча кати пиёзу картошка медодаен ? Хок ай дасттон наомадай !!! ҳаромхри када гаштен ҳаромзодаҳо !!!

    Нравится

  26. Ин созмонхо ба монанди ОБСЕ хамаашон душмани миллатанд.Точикистон имруз яке аз кишвархои ру ба тараккист.Имруз дар кишвархои чахон бинед чи кадар чангу хунхори рафта истодааст! Хамин оромию озодии кишварамон як бойгари аст хохед Хучанд меравед хохед Душанбе касе ба шумо кордор нест. Мо чавонон набояд зиракии сиёсиро аз даст дихем ва фирефтаи хар гуна созмонхо шавем ояндаи давлату миллат аз мо вобастагии кави дорад. ХНИТ ба Ирон фурухта шуди, нашуд. Акнун молатро назди аврупоихо намоиш медихи. Моли ту АВОМФИРЕБИВУ КАЛЛОБИСТ!!

    Нравится

  27. ДОДОЧОН АТОУЛЛО: “ман бар он ҳастам, ки дар ин айём, дар ин замон, проекти исломӣ ҳамаро ба чоҳ мекашад. Зеро на минтақа, на ҷаҳон ва на мардуми Тоҷикистон ончуноне мо дидем, наҳзати исломии Тоҷикистонро қабул надоранд. Ман тасаввур мекунам, ки эътилоф бо ҲНИТ ба суди мардум ва кишвар нест. Ончунон ки ман ҳис мекунам, ҲНИТ мехоҳад сарлашкари мухолифат ё эътилофи нав ҳамин ҳизб бошад, ҳизбе, ки ҳамаи шансҳоро ҳам дар дохил ва ҳам дар берун осон аз даст дод.”

    Нравится

  28. Кабири, садхо сокини кишварро бехонумон карди. Уболи хамаи онхо, гиряи ятимоне, ки аз дасти туву Хочи Халимат бехонумон гаштанд, туро мезанад!! Ту авлоди худатро, волидони пиратро беобруву ашкбару карди, нопок!!!

    Нравится

  29. Ба Кабириву ХНИТихо!! Эй ношустару, эй хок ба дахан… хайфи туву зимоми ту, нанги туву гумони ту!!

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: