Ислом ва Эронзамин (80)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши севвум

Хадамоти Эрон ба ислом (43)

Табақоти урафо ва сӯфия (1)

(Аз Ҳасани Басрӣ то Мансури Ҳаллоҷ)

Қарни дуввум

1) Ҳасани Басрӣ. Торихи ирфони мусталаҳ монанди калом аз Ҳасани Басрӣ (вафотёфта дар 110 ҳиҷрӣ) оғоз мешавад. Ҳасани Басрӣ мутаваллиди соли 22 ҳиҷрӣ аст. Умри 88-солае дошта ва 9 қисмат аз умраш дар қарни аввали ҳиҷрӣ гузаштааст. Ҳасани Басрӣ албатта ба номи “сӯфи” хонда намешудааст, аз он ҷиҳат ҷузъи сӯфия шумурда мешавад, ки аввалан, китобе таълиф карда ба номи “Риояту ҳуқуқиллоҳ” (Риояти ҳуқуқи Худо), ки метавонад аввалин китоби тасаввуф шинохта шавад. Нусхаи мунҳасир ба фарди ин китоб дар Оксфурд аст. Никелсун муддаист, ки:

Аввалин мусалмоне, ки равиши ҳаёти сӯфиёна ва ҳақиқиро навишта Ҳасани Басрӣ аст. Тариқе, ки нависандагони ахир барои тасаввуф ва вусул ба мақомоти олия шарҳ медиҳанд: аввал, тавба ва пас аз он, як силсила аъмоли дигар.., ки ҳар кадом бояд барои иртиқо ба мақоми болотаре ба тартиб амалӣ шавад.”

Сониян, худи урафо баъзе аз силсилаҳои тариқатро ба Ҳасани Басрӣ ва аз ӯ ба ҳазрати Амир (Алӣ) алайҳис-салом мерасонанд, монанди силсилаи машойихи Абӯсаъид Абулхайр. Ибни ан-Надим дар “Алфеҳрист” фанни панҷум аз мақолаи панҷум, силсилаи Абӯмуҳаммад Ҷаъфари Хулдиро низ ба Ҳасани Басрӣ мерасонад ва мегӯяд: Ҳасан ҳафтод нафар аз асҳоби Бадрро дарк кардааст.

Солисан, баъзе аз ҳикоёт, ки нақл шудааст, мерасонад, ки Ҳасани Басрӣ амалан ҷузъи гурӯҳе будааст, ки баъдҳо номи “мутасаввифа” ёфтанд. Баъдан баъзе аз он ҳикоётро ба муносибат нақл хоҳем кард. Ҳасани Басрӣ эрониюласл аст.

2) Молик ибни Динор. Ин мард аҳли Басра аст. Аз касоне будааст, ки кори зуҳд ва тарки лаззатро ба ифрот кашондааст. Достонҳо аз ӯ дар ин ҷиҳат нақл мешавад. Вай дар соли 131 ҳиҷрӣ даргузаштааст.

3) Иброҳими Адҳам. Аҳли Балх аст. Достони маъруфе дорад шабеҳи достони маъруфи Будо. Гӯянд, дар ибтидо подшоҳи Балх буд ва ҷараёноте рух дод, ки тоиб (тавбакунанда) шуд ва дар силсилаи аҳли тасаввуф қарор гирифт. Урафо барои вай аҳаммияти зиёд қоиланд. Дар Маснавӣ достони ҷолибе барои ӯ овардааст. Иброҳим дар ҳудуди соли 161 ҳиҷрӣ даргузаштааст.

4) Робиъаи Адавия. Ин зани мисриюласл ва ё басриюласл, аз аҷоиби рӯзгор аст, ва чун чаҳорумин духтари хонаводааш буд “Робиъа” номида шуд. Робиъаи Адавия ғайр аз Робиъаи Шомия аст, ки ӯ ҳам аз урафост ва муосири Ҷомӣ аст ва дар қарни нӯҳум мезистааст. Робиъаи Адавия калимоте баланд ва ашъоре дар авҷи ирфон ва ҳолоте аҷиб дорад. Достоне дар бораи иёдати Ҳасани Басрӣ ва Молик ибни Динор ва як нафари дигар аз ӯ нақл мешавад, ки ҷолиб аст. Робиъа дар ҳудуди 135 ё 136 даргузаштааст ва баъзе гуфтаанд, вафоташ дар 180 ё 185 будааст.

5) Абӯҳошими Сӯфии Куфӣ. Аҳли Шом аст. Дар он минтақа мутаваллид шуда ва дар ҳамон минтақа зистааст. Торихи вафоташ маҷҳул аст. Ин қадр маълум аст, ки устоди Суфёни Саврӣ (вафотёфтаи 161) будааст. Зоҳиран аввал касест, ки ба номи “сӯфӣ” хонда шудааст. Суфён гуфтааст: агар Абӯҳошим набуд, ман дақоиқи риёро намешинохтам.

6) Шақиқи Балхӣ. Шогирди Иброҳими Адҳам будааст. Бино бар нақли “Райҳонатул-адаб” ва ғайра аз китоби “Кашфул-ғумма”-и Алӣ ибни Исои Арбилӣ ва аз “Нурул-абсор”-и Шабланҷӣ, дар роҳи Макка бо ҳазрати Мӯсо ибни Ҷаъфар алайҳис-салом мулоқот дошта ва аз он ҳазрат мақомот ва каромот нақл кардааст. Дар соли 153 ё 174 ё 184 даргузаштааст.

7) Маъруфи Кархӣ. Аҳли Кархи Бағдод аст, вале аз ин ки номи падараш Фирӯз аст, ба назар мерасад, ки эрониюласл аст. Ин мард аз маъориф ва машоҳири урафост. Мегӯянд, падару модараш насронӣ буданд ва худаш ба дасти ҳазрати Ризо алайҳис-салом мусалмон шуд ва аз он ҳазрат истифода кард. Бисёре аз силсилаҳои тариқат — бар ҳасби иддаои урафо — ба Маъруфи Кархӣ ва ба василаи ӯ ба ҳазрати Ризо алайҳис-салом ва аз тариқи он ҳазрат ба имомони пешин то ҳазрати Расул (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) мерасад ва бад-ин ҷиҳат ин силсиларо силсилатуз-заҳаб (риштаи тиллоӣ) мехонанд. Заҳабиҳо умуман чунин иддаое доранд. Вафоти Маъруф дар ҳудуди солҳои 200 то 206 будааст.

8) Фузайл ибни Аёз. Ин мард аслан аҳли Марв аст. Эронии арабнажод аст. Мегӯянд, дар ибтидо роҳзан буд. Як шаб, ки барои дуздӣ аз деворе боло рафт, як ояти Қуръон, ки аз шабзиндадоре шунид, ӯро мунқалиб ва тоиб сохт. Китоби “Мисбоҳуш-шариъа” мансуб ба ӯст ва мегӯянд, он китоб як силсила дарсҳост, ки аз Имом Содиқ алайҳис-салом гирифтааст. Муҳаддиси мутабаҳҳири қарни ахир марҳум Ҳоҷ Мирзо Ҳусайни Нурӣ дар хотимаи “Мустадрак” ба ин китоб изҳори эътимод кардааст. Фузайл дар соли 187 даргузаштааст.

* * *

Қарни севвум

1) Боязиди Бастомӣ (Тайфур ибни Исо), аз акобири урафо ва аслан аҳли Бастом аст. Мегӯянд, аввал касе аст, ки сареҳан аз фано филлоҳ ва бақо биллоҳ сухан гуфтааст. Боязид гуфтааст: “Аз боязидӣ хориҷ шудам монанди мор аз пӯст”. Боязид ба истилоҳ шатаҳиёте дорад, ки мӯҷиби такфираш шудааст. Худи урафо ӯро аз асҳоби “сукр” меноманд, яъне дар ҳоли ҷазаба ва бехудӣ он суханонро мегуфтааст. Боязид дар соли 261 даргузаштааст. Баъзе иддао кардаанд, ки саққои хонаи Имом Содиқ алайҳис-салом будааст, вале ин иддао бо торих ҷур намеояд. Яъне Боязид асри Имом Содиқ алайҳис-саломро дарк накардааст.

2) Бишри Ҳофӣ. Аҳли Бағдод аст ва падаронаш аҳли Марв будаанд. Аз машоҳири урафост. Ӯ низ дар ибтидо аҳли фисқу фуҷур буда ва баъд тавба кардааст. Алломаи Ҳиллӣ дар “Минҳоҷул-карома” достоне нақл кардааст мабнӣ бар ин ки тавбаи ӯ ба дасти ҳазрати Мӯсо ибни Ҷаъфар алайҳис-салом сурат гирифтааст ва чун дар ҳоле ташарруф ба тавба пайдо кард, ки “ҳофӣ” (побараҳна) буд, ба Бишри Ҳофӣ маъруф шуд. Баъзе иллати “Ҳофӣ” номидани ӯро чизи дигар гуфтаанд. Бишри Ҳофӣ дар соли 226 ё 227 даргузаштааст.

3) Сарийи Сақатӣ. Аҳли Бағдод аст. Намедонем аслан куҷоӣ будааст. Вай аз дӯстон ва ҳамроҳони Бишри Ҳофӣ будааст. Сарийи Сақатӣ аҳли шафқат ба халқи Худо ва исор будааст. Ибни Халлакон дар “Вафаётул-аъён” навиштааст, ки Сарий гуфт: 30 сол аст, ки аз як ҷумлаи “Алҳамду лиллоҳ”, ки бар забонам ҷорӣ шуд истиғфор мекунам. Гуфтанд: чӣ гуна? Гуфт: шабе ҳариқе дар бозор рух дод. Берун омадам бибинам, ки ба дӯкони ман расида ё на. Ба ман гуфта шуд, ба дӯкони ту нарасидааст. Гуфтам: Алҳамду лиллоҳ! Якмартиба мутанаббеҳ шудам, ки гирам дӯкони ман осебе надида бошад, оё намебоист ман дар андешаи мусалмонон бошам? Саъдӣ ба ҳамин достон (бо андак тафовут) ишора мекунад он ҷо, ки мегӯяд:

Шабе дуди халқ оташе барфурӯхт,

Шунидам, ки Бағдод ниме бисӯхт.

Яке шукр гуфт андар он хоку дуд,

Ки дӯкони моро газанде набуд.

Ҷаҳондидае гуфташ эй булҳавас!

Туро худ ғами хештан буду бас?

Писандӣ, ки шаҳре бисӯзад ба нор

Агар худ сароят буд бар канор?

Сарий шогирд ва муриди Маъруфи Кархӣ ва устод ва доии Ҷунайди Бағдодӣ аст. Суханони зиёде дар тавҳид ва ишқи илоҳӣ ва ғайра дорад ва ҳам ӯст, ки мегӯяд: “Ориф монанди офтоб бар ҳамаи олам метобад ва монанди замин бори неку бадро ба дӯш мекашад ва монанди об мояи зиндагии ҳамаи дилҳост ва монанди оташ ба ҳама партавафшонӣ мекунад.” Сарий дар соли 245 ё 250 дар синни 98-солагӣ даргузаштааст.

4) Ҳориси Муҳосибӣ. Басриюласл аст ва аз дӯстон ва мусоҳибони Ҷунайд будааст. Аз он ҷиҳат ӯро “Муҳосибӣ” хондаанд, ки ба амри муроқиба ва муҳосиба эҳтимоми томм дошт. Муосири Аҳмад ибни Ҳанбал аст. Аҳмад ибни Ҳанбал чун душмани илми калом буд, ӯро ба воситаи вурудаш дар илми калом тард кард ва ҳамин сабаби эърози мардум аз ӯ шуд. Ҳорис дар соли 243 даргузаштааст.

5) Ҷунайди Бағдодӣ. Аслан аҳли Наҳованд аст. Урафо ва мутасаввифа ӯро “Сайидуттоифа” мехонанд, ҳамчунон ки фуқаҳои шиъа Шайх Тӯcиро “Шайхуттоифа” мехонанд. Ҷунайд як орифи мӯътадил ба шумор меравад. Бархе шатаҳиёт, ки аз дигарон шунида шуда, аз ӯ шунида нашудааст. Ӯ ҳатто либоси аҳли тасаввуф ба тан намекард ва дар зийи уламо ва фуқаҳо буд. Ба ӯ гуфтанд: ба хотири ёрон ҳам, ки ҳаст “хирқа” (либоси аҳли тасаввуф) бипӯш. Гуфт: агар медонистам, ки аз либос коре сохтааст, аз оҳани гудохта ҷома месохтам, аммо нидои ҳақиқат ин аст, ки:

ليس الاعتبار بالخرقة، انما الاعتبار بالحرقة

Яъне аз хирқа коре сохта нест, “ҳирқа” (оташ дил) лозим аст. Ҷунайд хоҳарзода ва мурид ва шогирди Сарийи Сақатӣ ва ҳамшогирди Ҳориси Муҳосибӣ будааст. Гӯянд, дар соли 297 дар 90-солагӣ даргузашт.

6) Зуннуни Мисрӣ. Вай аҳли Миср аст. Дар фиқҳ шогирди Молик ибни Анас, фақеҳи маъруф будааст. Ҷомӣ ӯро раиси сӯфиён хондааст. Ҳам, аввал касе аст, ки рамз ба кор бурд ва масоили ирфониро бо истилоҳоти рамзӣ баён кард, ки фақат касоне, ки вориданд бифаҳманд ва новоридҳо чизе нафаҳманд. Ин равиш тадриҷан маъмул шуд. Маъонӣ ба сурати ғазал ва бо таъбироти самбулик баён шуд. Бархе мӯътақиданд, ки бисёре аз таълимоти фалсафаи навафлотунӣ ба василаи Зуннун вориди ирфон ва тасаввуф шуд. Зуннун дар фосилаи солҳои 240-250 даргузаштааст.

7) Саҳл ибни Абдуллоҳи Тустарӣ. Аз акобири урафо ва сӯфия ва аслани аҳли Шуштар аст. Фирқае аз урафо, ки аслро бар муҷоҳидаи нафс медонанд, ба номи ӯ “Саҳлия” хонда мешаванд. Дар Маккаи Муаззама бо Зуннуни Мисрӣ мулоқот доштааст. Вай дар соли 283 ё 293 даргузаштааст.

8) Ҳусайн ибни Мансури Ҳаллоҷ. Аслан аҳли Байзо аз тавобеъи Шероз аст, вале дар Ироқ рушду нумӯ ёфтааст. Ҳаллоҷ аз ҷанҷолитарин урафои давраи исломӣ аст. Шатаҳиёти фаровон гуфтааст. Ба куфру иртидод ва иддаои худоӣ муттаҳам шуд. Фуқаҳо такфираш карданд ва дар замони Муқтадири Аббосӣ ба дор овехта шуд. Худи урафо ӯро ба ифшои асрор муттаҳам мекунанд. Ҳофиз мегӯяд:

Гуфт он ёр к-аз ӯ гашт сари дор баланд,

Ҷурмаш ин буд, ки асрор ҳувайдо мекард.

Баъзе ӯро марде шӯъбадабоз медонанд. Худи урафо ӯро табриа мекунанд ва мегӯянд, суханони ӯ ва Боязид, ки бӯи куфр медиҳад, дар ҳоли сукр ва бехудӣ будааст. Урафо аз ӯ ба унвони “шаҳид” ёд мекунанд. Ҳаллоҷ дар соли 306 ё 309 ба дор овехта шуд.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ирфони амалӣ, Ирфони назарӣ, Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: