Оё лотинӣ «хатте хидмадкарда» барои тоҷикҳост?

Ёддошти яке аз рӯзноманигорони тоҷик мабнӣ бар ин ки “агар хатт чун осори шинохти миллат маҳсуб равад”, пас “лотинӣ барои тоҷикон боз ҳам хатти хидматкарда аз арабии форсист”, бо вокуниши бисёр тунди шуморе аз фаъолони фарҳангии тоҷик дар гурӯҳи “Забони порсӣ” рӯбарӯ шуд.

Сайёф Мизроб, рӯзноманигор ва сардабири ҳафтаномаи “СССР” дар ёддоште, бо ишора ба ин ки “лотинӣ барои тоҷикон боз ҳам хатти хидматкарда аз арабии форсист”, навишта: “Бузургтарин хатари овезон сари забони мо дар тақлиди кӯр-кӯрона ба “бародарони ҳамзабон”, ирсоли вожаҳои тамоман ба Тоҷикии форсӣ бегона аз Эрону Афғонистон ва таассуби арабгароист! Вале ба пиндори олимон – шарқшинос — филологони мо танҳо бозгашт ба ҳуруфи арабиасос, ки онро “хатти ниёкон” мехонанд, роҳи раҳоист. Ин дар ҳолест, ки фарзи мисол, тамомии давлатҳои ОМ ба хатти нисбатан рушдкардаи лотинӣ — англисӣ майл кардан доранд. Ӯзбакистон, Қазоқистон, Озарбойҷон ва имрӯз пагоҳ Туркману Қирғизистон низ ба ин хатт хоҳанд гузашт. Воқеан ҳам дар солҳои 20-30-40-и асри пор дар РСС Тоҷикистон ин хатт роиҷ буд ва… бузургтарин осори Айнӣ, ки бар шинохти Миллати Тоҷик овард, бо ҳамин хатт нашр мешуду бо ҳамин лотинӣ РАСС ва РСС Тоҷикистон ҳуҷҷатгузорӣ гаштаанд. Яьне паспорти миллати мо бо ҳамин хат навишта шудааст. Ҳаргиз ба чизе ишора карданӣ нестам. Аммо агар хатт чун осори шинохти миллат маҳсуб равад, пас лотинӣ барои Тоҷикон боз ҳам хатти хизматкарда аз арабии форсист. Мо метавонем!

Ин ёддошт бо вокунишҳои бисёр тунде аз сӯи шуморе аз рӯзноманигорон ва фаъолони фарҳангии тоҷик мувоҷеҳ шуд, ки порае аз ин вокунишҳоро дар зайл меоварем:

* * *

Дориюши Раҷабиён – рӯзноманигор:

Мегӯяд, “ба пиндори олимон – шарқшинос — филологони мо танҳо бозгашт ба ҳуруфи арабиасос, ки онро «хатти ниёкон» мехонанд, роҳи раҳоист”. Хуб, агар коршиносони ин мавзӯъ мӯътақиданд, ки бозгашт ба хатти порсӣ роҳи раҳоист, нокоршиносоне чун нивисандаи он матни ғариб бояд бо дарки мавқеъияту ҷойгоҳи худ ба сухани коршиносон гӯши ҷон бидиҳанд ва дар коре, ки тахассус надоранд, дахолати беҷо накунанд. Нивисандаи он матн ҳатто бо истилоҳи “хатти ниёкон” ҳам мувофиқ нест, чун лобуд ниёконашро батамом лотину пирилнивис медонад, на порсизабону порсинивис. Ин мавзӯъ дар идомаи матнаш ошкортар шудааст.

Мегӯяд, “ин дар ҳолест, ки фарзи мисол, тамомии давлатҳои ОМ ба хатти нисбатан рушдкардаи лотинӣ — англисӣ майл кардан доранд. Ӯзбакистон, Қазоқистон, Озарбойҷон ва имрӯз пагоҳ Туркману Қирғизистон низ ба ин хатт хоҳанд гузашт”.

Нивисандаи он матн касест, ки аз масоили ҳувийяту забону миллат кӯчактарин огоҳие надорад, вагарна худбахуд дар аснои нивиштани он матн дармеёфт, ки ҳамаи кишварҳои ёдкардааш ба забонҳои туркибун сӯҳбат мекунанд. Яъне нуқтаи иштироки онҳо туркибун будани забонҳояшон аст ва мекӯшанд бо доштани як хатти воҳид, ба ҳамдигар наздиктар шаванд. Ин мавзӯъ чӣ рабте ба тоҷикони порсигӯ дорад?

Ӯ огоҳ нест, ки ҳеч як аз он кишварҳои ёдкардааш 1200 сол торихи порсинигорӣ надоранд ва мероси фарҳангии пешинашон ба хатти порсӣ ба андозаи мурдареги (мироси) фарҳангии тоҷикон вазину анбӯҳ нест. Онҳо бо ихтироъи дабираҳои тоза осори арзишманди чандонеро аз даст намедиҳанд, ва ҳатто агар фардо ба хатти чинӣ бигзаранд, боз ҳам метавонанд тамоми осори арзишманди худро ба хатти чинӣ баргардонанд. Аммо тоҷикон дар тӯли ҳудуди 90 соли лотину пирилнивисӣ натавонистанд кӯчактарин дарсади осори порсиро ба дабираҳои навин баргардонанд.
Гузашта аз ин, ӯ намедонад, ки имрӯз ҳам ба хатти порсӣ тамоми осори муҳимми ҷаҳон мунташир мешавад ва барои дастёбӣ ба ёфтаҳову сохтаҳои ъилмию адабии навини ҷаҳон ба забони модарии мову шумо кофист 32 ҳарфи алифбои порсиро фаро бигирем. Ва чунин шароиту имконеро ҳеч як аз кишварҳои ёдкардаи ӯ надорад.

Мегӯяд, “воқеан ҳам дар солҳои 20-30-40- и асри пор дар РСС Тоҷикистон ин хатт роиҷ буд ва … бузургтарин осори Айнӣ, ки бар шинохти Миллати Тоҷик овард, бо ҳамин хатт нашр мешуду бо ҳамин лотинӣ РАСС ва РСС Тоҷикистон ҳуҷҷатгузорӣ гаштаанд. Яьне паспорти миллати мо бо ҳамин хат навишта шудааст”.

Нивисандаи он матн намедонад, ки ҳеч як аз осори Садриддин Ъайнӣ ба хатти лотин нивишта нашуда ва ҳамаи осори ӯ бидуни истисно дар шакли аслӣ ба хатти порсӣ будаанд. Ъайнӣ аз рангу рӯи хатти лотину баъд пириллик безор буд ва ҳаргиз ба ҳеч як аз ин ду бегонаовард тан надод.
Нивисандаи он матни ғариб “паспорти миллати мо”-ро мутаъаллиқ ба солҳои 1920-40 медонад, ки ин иддиъои ӯ ниҳояти гумроҳию саргардонии ӯро ошкор мекунад. Ё шояд ҳам баростӣ қасд дорад, ки ин миллати ҳазоронсоларо ба мардуме бо фақат 90 сол торих табдил кунад, ки фақат ва фақат аз як хоин ё душмани тоҷикон бармеояд.

Мегӯяд, “аммо агар хатт чун осори шинохти миллат маҳсуб равад, пас лотинӣ барои Тоҷикон боз ҳам хатти хизматкарда аз арабии форсист”.

Ӯ намедонад, ки тамоми осори мунташираи мо ба хатти лотин бори як байти Рӯдакии порсинивисро надорад, ки мегӯяд:

Чунонки уштури аблаҳ сӯи куном шуда,

Зи макри рӯбаҳу зоғу зи гург бехабаро!

Ва тибқи маъмул шиъори миёнтиҳӣ медиҳад: “Мо метавонем!”

Тӯли 90 сол дидем, ки чи чизе аз дастатон бармеояд. Ҳар он чи тавонистаед бикунед, ҳосиле ҷуз харобию бадбахтӣ ва падидории манқуртон надоштааст. Хока метоне!

Ирсоли вожаҳои тамоман ба Тоҷикии форсӣ бегона аз Эрону Афғонистон”…

Ирсоли вожа? Ин нобалад ъаҷаб таъобире ба кор мебарад:

Пас вожаҳои донишгоҳ, донишкада, ҳавопаймо, додситон, додгустар, беҳдошт, артиш, сомона ва худи ҳамин “вожа”, ки “СССР” ба кор бурдааст, тамоман бегонаанд? Сипаҳсолору сарлашкару саргурд чӣ? Устону шаҳристон чи? Ҳамаи ин вожаҳоро Фарҳангистони забону адаби форсӣ дар Теҳрон барсохта ё дубора дар забонҳо ҷорӣ кардааст.

* * *

Исфандиёри Одина — рӯзноманигор:

Сайёф менивисад, паспорти миллати мо бо ҳамин хат (алифбои лоҷикӣ — лотинии тоҷикӣ) нивишта шудааст!!! Ъаҷаб ҳарфи чаранде! Яъне миллати мо дар соли 1929 миллат шуд, қабл аз он вуҷуд надошт? Мо қабл аз он фарҳанг ва хатту савод надоштем? Мо қабл аз он қабилае кӯчӣ будему китоб надоштем? Нивисандаи ин ҷумалот бояд аз ин нивиштааш хиҷолат бикашад! Тавсияи ман ба ӯ ин аст, ки агар метавонед, пас хатти порсӣ ёд бигиред ва собит кунед, ки тавоно ҳастеду метавонед.

* * *

Эҳсони Зарвон – рӯзноманигор:

Баъзеҳо агар хатти форсӣ дубора барқарор шавад, сатҳи андаки донишашон бармало мешавад, ба ҳамин хотир ҳам аз ин хат хушашон намеояд. Ахиран, раисиҷумҳури Тоҷикистон забондонии як ҳунарманди Афғонистон (Ғизол Иноят)-ро ситоиш кард ва гуфт, мусоҳиба бо ӯ ҳар қадар тӯлонӣ мешуд, мехост гапҳои ин ҳунармандро то охир бишнавад ва ба рӯзноманигорону ҳунармандон тавсия кард аз ӯ ёд бигиранд. Магар ҳамин суханони раисиҷумҳур баёни вазъи забон дар Тоҷикистон нест? Ва чаро ҳамин забон дар Эрону Афғонистон равону фасеҳ аст, аммо дар Тоҷикистон дар он сатҳ нест. Бояд чароии ин мавзӯъ ва нақши хат дар он таҳқиқ шавад ба назарам.

* * *

Муҳаммадиқболи Садриддин – фаъоли исломӣ:

Расмулхатти мо форсӣ аст ва бозгашти мо ба он бидуни ҳеч шакку тардиде муфид аст. Ҳама осори бузургон, нависандагон, шоирон, адибони миллати мо бо ин расмулхат буд. Ҷои ин расмулхатро ҳеҷ расмулхатти дигаре наметавонад бигирад ё қоим мақомаш гардад.

* * *

Насибҷон Амонӣ – рӯзноманигор:

Яке аз аз ангезаҳое, ки дар Қазоқистон ба хатти лотинӣ баргаштанианд, ин пайванди робита бо қазоқҳои саросари олам аст. Ҳамчунин ҳадафи дигарашон тақвияти ҳамбастагии мардуми туркзабон аст. Ба назарам, Дар Тоҷикистон ашхосе, ки бозгашт ба дабираи лотиниро ба миён мегузоранд, ё тоҷики ҳуввиятгумкардаанд ва ё умуман тоҷик нестанд ва камар ба хидмати бегонагон бастаанд. Охир ҳатто ба кӯр ҳам рӯшан аст, ки дабираи форсӣ хазинаи бузургест барои мо. Мо худ болои ин хазина ҳастем, вале чун кӯроне онро намебинем ва ё нодида мегирем. Агар ҳар миллати дигаре мебуд, ба ивази ҳар гуна қурбонӣ ин хатро аз даст намедод ва ё дубора ба ин хат бармегашт. Вале ин моем, ки ҳатто пас аз истиқлол ба ҷои бозгашт ба асли хеш, аз худ дур мешавему худро ба оғӯши бегонагон ва фарҳанги бегона меандозем. Мақоли “Об дар кӯзаву мо ташналабон мегардем // Ёр дар хонаву гирди ҷаҳон мегардем” баёнгари вазъи имрӯзу дирӯзи мост.

* * *

Хилватшоҳи Маҳмуд – рӯзноманигор:

Хатти лотинӣ ҳеч хидмате барои Миллат накарда ва ҳам намекунад. Ин ки давоми 12-14 сол бо ин хат дар қаламрави тоҷикон менавиштанд (он ҳам маҷбурӣ), иқдоме буд махсус аз ҷониби пантуркистон ва бадхоҳони миллат. Ҳадаф, ба соя бурдани таърихи куҳани миллат, осори адабӣ ва аз хотираҳо зудудани ифтихороти миллат буд, на чизе бештар аз он. Ба хатти форсӣ баргаштан — ягона роҳи расидан ба ормонҳои миллӣ ва ба ҷои худ нишондани бузургиву шавкату шони мост!

* * *

Бобоҷони Шафеъ – пажӯҳишгар ва рӯзноманигор:

Танҳо афроди беҳуввият, беномус, бенанг тарфдори бозгашт ба хатти лотинӣ мекунанд. Бо хатти лотинӣ миллати мо 10-13 сол беш нанавишт, вале бо форсӣ асрҳои аср менавишту мехонд. Беҳтарин кашфиётҳои илмиро бузургони миллат бо инқилоби ленинӣ ба форсӣ карданд. Туркҳо ба хотири ҳамбастагии туркӣ ба хатти лотинӣ мегузаранд. Онҳо ҳуввият доранд, ки ирқу нажод суроғ мекунанд. Мо беҳуввиятон аз асли худ даргурезем.

* * *

Боир Саидов – фаъоли фарҳангӣ:

Хат ин як василаест барои ифодаи фикр, аз ин зиёд нест. Аз хатти паҳлавӣ бо форсии арабиасос гузаштан дар паҳнои Ирон ин як зарурати замона буд ва имкон дод, ки ирониён тамаддун ва маърифати худро ҳифз кунанд ва то ин замон бо ин хат мероси гаронбаҳо ҷамь шуда ва бо пешрафти иқтисодӣ ва фарҳангии Ирон аз дастовардҳои фании замонавӣ ғанӣ гаштааст. Зиёда аз ин, форсизабонҳои дигар кишварҳо низ ҳиссае аз худ бо ин сарват илова карданд. Мақсад аз ба хатти форсӣ гузаштан он аст, ки ҷавонҳои мо аз ин дарёи маърифат бархӯрдор бошанд. Бо хатти сириллик бидуни донистани забонҳои славянб манбае бо даст наметавон овард. Ба хатти лотин гузаштан ҳам ҳамин нуқсро дорад, бидуни донистани забон намешавад истифода кард. То соли 1928 милодӣ аксари импературии усмонӣ, ки баъдан Туркия ном карданд, коргузориро бо ин хатту забони форсӣ анқом медоданд. То замони бо хатти лотин гузаштан, хеле кам манбаъҳои фаннӣ бо ин хат гузошта шуданд ва ин чанд соли таҷрибаи Туркманистон ва Ӯзбакистон нишон дод, ки тавофути забони туркӣ ва ин кишварҳо бо ҳадде ниёз ба мутарҷим доранд ва иштибоҳи гарон буд. Чаро мо боз ба ин иштибох даст занем? Магар Тоҷикистон кишвари пурсарват аст, ки мардум ин аҳмақиро таҳаммул кунанд? Пеш аз як пешниҳодро кардан, аввал зарурати иқтисодиро пеш орем, на ҳарфхои берабту бемаънӣ. Ба хатти форсӣ гузаштан бидуни шак барои рушду шукуфоии иқтисоди Тоҷикистон хидмат мекунад ва дари сарвати бузурги гузаштагонашро бо мардум боз хоҳад кард.

Реклама


Рубрики:Забон ва адабиёт, Нақду назар, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Метки: , , ,

1 reply

  1. Бозгашт ба ҳуруфи «ниёконатон» боз пешрафти ҷомеаи моро 100соли дигар ба қафо мепартояд,»ЪолимониЪазиз»!!!
    Мо ғайри ҳарфу имло ивазкунӣ дигар кор надорем????

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: