Холдоров ҳеч ҷинояте муртакиб нашудааст?!

Неъматулло Давлатзода, раиси бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ, дар гуфтугӯ бо ҳафтаномаи “Фараж”, бо радди боздошти Шокирҷон Холдоров (касе, ки вориди масҷид шуда мутасаддиёни масҷидро саббу дашном кардааст), гуфтааст: “Ӯ ягон ҷинояте содир накардааст, ки боздошт шавад.”

Ба гузориши ҳафтаномаи “Фараж”, Давлатзода дар ин гуфтугӯ афзудааст: “Қазия аз ҷониби мақомоти интизомӣ санҷида мешавад. Мусаллам аст, ки дар қонунгузорӣ ба ҳамчунин кирдорҳои хизматчиёни давлатӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ягон чораи интизомӣ андешидаву татбиқ хоҳад шуд. Чунин масъалаҳо аксар вақт якҷониба расонаӣ мешаванд, ки нодуруст аст.”

Гуфтанист, ду рӯз пеш наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шуд, ки Шокирҷон Холдоров, сармутахассиси бахши танзими ҷашну маросимҳои ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ, дар ҳолати мастӣ (ба гуфтаи мутасаддиёни масҷид) вориди масҷид шуда ва бо бадтарин алфоз ва калимот мутасаддиёни масҷид ва намозгузоронро саббу дашном мекунад, ки агар масҷидро набанданд, фалону фалон хоҳад кард.

Ин навор вокунишҳои бисёр тундеро миёни кораброни тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ эҷод кард ва дархостҳое мабнӣ бар боздошт ва муҷозоти ин масъули давлатӣ ба хотири беадабӣ ва ҳурматшиканияш шуд.

Реклама


Рубрики:Пароканда, Ҷомеа

Метки:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: