WEF: “Роҳҳои Тоҷикистон беҳтарин роҳҳо дар Осиёи Марказӣ”

Анҷумани ҷаҳонии иқтисод (WEF) дар охирин рутабандии худ, роҳҳои Тоҷикистонро ба унвони беҳтарин роҳҳо дар Осиёи Миёна муаррифӣ кардааст.

Ба гузориши хабаргузории Sputnik (тоҷикӣ), бар пояи гузориши Анҷумани ҷаҳонии иқтисод (WEF), Тоҷикистон дар бахши “сифати роҳ” дар ҷаҳон мақоми 70-умро касб карда аз Қазоқистон ва Қирғизистон пеш афтодааст.

Тибқи ин гузориш, мувофиқи феҳристи солона аз рӯи рақобатпазирӣ барои солҳои 2017-2018, Тоҷикистон аз миёни 137 кишвар дар ҷадвали умумӣ мақоми 79-умро касб кардааст. Ҳамчунин Тоҷикистон аз рӯи рушди инфрасохтор ва бозори меҳнат баҳои хуб гирифт.

Ҳамин тавр дар бахши “сифати роҳ”, Тоҷикистон дар мақоми 70-ум ҷой гирифтааст. Дар ин ҷадвал Қазоқистон дар мақоми 115 ва Қирғизистон дар ҷойи 109-ум қарор дорад.

Аз рӯи рушди инфрасохтор Тоҷикистон дар сатри 99-ум ҷой гирифт, Қазоқистон —68 ва Қирғизистон — 109-ум. Туркманистон ва Ӯзбакистон дар феҳрист нишон дода нашудаанд.

Реклама


Рубрики:Пароканда, Ҷомеа

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: