Боздошти як узви Риёсати Олии ҲНИТ дар Отен ба дархости пулиси байналмилал

Шоҳнаими Карим (Мирзораҳим Кузов), узви Риёсати Олӣ ва узви Шӯрои иҷроияи ҲНИТ шоми 09.10.2017 соати 22:00 ба вақти Юнон, дар фурудгоҳи байналмилалии Отен (Афина) боздошт шудааст.

Ба навиштаи Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухагӯи ҲНИТ, мақомоти Юнон изҳор доштаанд, ки боздошти ӯ ба дархости пулиси байналмилал (ИНТЕРПОЛ) сурат гирифтааст.

Шоҳнаими Карим (мутаваллиди 8 Maйи 1960) дар ҷаласаи солонаи ҳуқуқи башари САҲА, ки аз 11-уми сентябри 2017 то 22-юми сентябр дар шаҳри Варшав баргузор шуд, ширкат карда, дар роҳи бозгашт боздошт шудааст.

Ба гуфтаи сухангӯи ҲНИТ, билофосила пас аз дарёфти хабари боздошти ӯ, намояндагони ҲНИТ бо мақомоти пулиси фурудгоҳи байналмилалии Отен, созмонҳои ҳуқуқи башари ин кишвар ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар тамос шуданд ва ҳамчунин намояндаи ҳизб ба ин кишвар сафар кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, то ин лаҳза, илова бар талошҳои намояндагони ҳизб, аксари созмонҳои байналмилалӣ, мисли Дидабони ҳуқуқи башар, Хонаи Озодӣ, Freedom Now, Шӯрои муҳоҷирати Юнон ва ғайра даргири қазияи ӯ ҳастанд ва изҳор доштаанд, ки омодаанд ёриҳои ҳуқуқии лозимро ба ӯ бирасонанд.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷомеа

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: