Зарурати гузор ба хатти порсӣ дар Тоҷикистон аз нигоҳи як пизишки тоҷик

Абдулло Давлатов, пизишки тоҷики муқими Русия, дар бораи зарурати гузор ба хатти порсӣ дар Тоҷикистон, бо баёни ин ки “хатти форсӣ зеҳни форсихонҳоро ташаккул додаву сайқал додааст” менависад: “Барои тасдиқ ва ё инкори ин, метавонед таҷриба кунед: кӯдаки 10-солаеро аз табори тоҷикони Афғонистон ва ё кӯдаки ирониеро дар муқобили “олим”-у “шоир”-и тоҷикистоние, ки аз лаззати хатти форсӣ бенасиб аст гузоред, шоҳиди он хоҳед шуд, ки ҳамон кӯдак дар гуфтору хушзеҳнӣ хеле муваффақтар аст.”

Давлатов дар ҳошияи баҳси “Оё лотин хатте хидматкарда барои тоҷикҳост?” дар ёддоште навиштааст:

* * *

Банда мутахассиси соҳа нестам, ки оиди бурду бохти забони тоҷикӣ (форсӣ) аз гузаштан аз як ҳуруф ба ҳуруфи дигар ҳарф занам. Вале, чун мебинам, ки “олимон”-у “шоирон”-у дигар “барҷаста”-ҳои Тоҷикистони имрӯза барои хуш омадан барои ҳукуматдорон чӣ ҷонканиҳо доранд, то мардумро аз ҳувияти худ бегона созанду миллатро манқурт кунанд, чанд ҳарфе ҳамчун пизишк хоҳам навишт.

Аксари тоҷикон забони русиро медонанд ва ҳам хуб медонанд, ки русҳо “кого” менависанду “каво” мехонанд, “что” менависанду “што” мехонанд, “чего” менависанду “чево” мехонанд ва амсоли ин.

Дар инглисиву олмониву фаронсавиву ғайра низ чунин аст, ки хаттӣ чизе менависанду ба тарзи шифоҳӣ тавре дигар талаффуз мекунанд; барои он, ки дар тӯли садсолаҳо забони шифоҳии онҳо худро ба қоидаҳои хаттӣ мувофиқ кардааст. Ин ҳамбастагӣ, ки аз давраи омӯзиши аввалин ҳарфҳо оғоз меёбад, қисмати чапи курраи мағзи сарро инкишоф медиҳад, ки боиси ташаккули мантиқ мегардад.

Дар забони модарии мо (форсӣ) низ чунин буду ҳаст. Дар миёни тоҷикони Афғонистон, ирониён ва дигар форсизабонон “шир” ва “шер” ё “гил” ва “гул” низ бе садонок (“и”, “е” ва “у”) навишта мешаванд, вале вобаста аз маънии ҷумла садонокҳо кӯтоҳ ё дароз хонда мешаванд.
Таваҷҷӯҳ кунед, ки дар рафти талаффузи ҷумла, хонанда дар як лаҳзаи хеле кӯтоҳе, ки ба шунаванда ноаён мемонад, хулоса мекунад, ки кадом калимаро баён кунад.

Ташаккули ин лаҳзаи ноаён, аз омӯзиши аввалин ҳарфҳо оғоз мешавад. Маҳз ҳамин таҷриба яке аз воситаҳои асосии сайқал додани мантиқ (логика) аст! Ҳамчунин, зеҳни тез ва забони бурро маҳз аз ҳамин омӯзиш ташаккул меёбанд!

Барои санҷидану тасдиқ ва ё инкор кардани навиштаи боло, метавонед таҷриба кунед: кӯдаки 10-солаеро аз табори тоҷикони Афғонистон ва ё кӯдаки ирониеро дар муқобили “олим”-у “шоир”-и тоҷикистоние, ки аз лаззати хатти форсӣ бенасиб аст гузоред, шоҳиди он хоҳед шуд, ки ҳамон кӯдак дар гуфтору хушзеҳнӣ хеле муваффақтар аст.

Ва ё таваҷҷӯҳ кунед, ки “ҳофизон”-и Тоҷикистон чӣ месароянду ҳамтоёни форсизабони бурунмарзияшон чӣ?

Ва ё, чаро аксари тоҷикон аз суханронӣ дар минбар ва ё мусоҳибаи мустақими расонаӣ ҳазар мекунанду ҳамзабонони форсихони мо чун русҳо бебок сӯҳбат мекунанд?

Баро он ки хатти форсӣ зеҳни форсихонҳоро ташаккул додаву сайқал додааст.

Хатти кириллӣ (сириллик) дар 60 сол зеҳни моро кунд кард. Лотинияш, ки на бештар аз 10 сол таҳмил шуда буд, шукри Худо, натавонист зараре аз сириллик бештар оварад.

Ба кадом далел “ҳомиён”-и забони тоҷикӣ аз сириллик ва ё лотинӣ пуштибонӣ мекунанд, бароям маълум аст. Ин як намуди лаганбардории онҳост, то ҳукумат устухоне барои хоиданашон партояд.

Айб аст, ки ба асли забони тоҷикӣ (форсӣ), ки забони ҳафт пушташон аст теша мезананд. Бехабар аз он, ки агар ин дарахт хушк шавад, фарзандони худашон бе соя мемонанд.

Гуё ин нӯкарони хоҷагонашон бехабар аз онанд, ки ҳамин кириллӣ мағзи тоҷикии моро ҳамчун асбоби аксбардорӣ нусхабардорак кардааст: ҳарчӣ мебинем — ҳамонро мехонем. Қобилияти дарку мантиқӣ надорем.

Чаро ки хатти кириллӣ дар садсолаҳо барои забони русӣ мутобиқ шудааст ва зебогии забони Толстой ва Пушкин ҳам дар ҳамин аст.

Аммо, барои забони тоҷикӣ марговар аст. Чи монад ба лотинӣ!

Хулоса, агар каме мақоли русиро тағйир диҳем: “Что русскому хорошо, то таджику смерть”.



Рубрики:Забон ва адабиёт, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Метки: , ,

29 replies

  1. Хат аломати шартӣ барои ифодаи овозии нутқи инсон аст. Ин бузургтарин кашфиёти инсон аст, ки забонро тавассути хат ҳифзу нигаҳ дошт. Ниёгони мо низ дар тӯли таърих хатҳои зиёде доштанд. Агар ба таърихи ивазшавии хатҳо назар кунем, мебинем, ки хатти баъдие, ки қабул шудааст, ҳатман аз хатти пешин содатар ба назар мерасад. Ин як омили пазируфтани хат аст. Дар осори ниёгини мо пеш аз хатти арабӣ хатти юнонӣ низ буд, ки онро юнонӣ-бохтарӣ меномиданд.
    Ба таърихи начандон дури миллати тоҷик як бор назар афканед, дар муддати ду даҳсола ду маротиба хат иваз шуд ва ин ивазкуниҳои иҷбории хат рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвари моро садсолаҳо қафо бурд. Боре ба худ суол додед, ки барои чӣ аз ҷумҳуриҳои Шӯравӣ танҳо хатти мардумони Осиёи Миёна — хатти мардуми тоҷик, ӯзбек, туркман, қирғиз, қазоқ ва аз Кавказ хатти озариҳо иваз шуд? Барои чӣ хатҳои арманҳову гурҷиҳову русҳо иваз нашуд? Як бор жарфтар биандешед, ки низоми сиёсии вақт аз ин мардум чӣ мехост?
    Шумо тарзи ҳарф задани афғонҳову эрониҳо хеле васф кардаед. Ин то андозае дуруст аст, зеро онҳо дар тӯли таърихи ҳазорсола аз асли хеш канда нашуданд. Шумо боре ҳам таваҷҷуҳ накардаед, ки эрониҳо ба тарзи баёни тоҷикӣ чӣ қадар таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.Аксари муҳаққиқони эронӣ низ асолати забони порсии дариро дар баёни тоҷикӣ мебинанд. Ин забонест, ки дар омезиши арабию туркии вожаҳо дар муқоиса бо форсии муосир камтар аст.
    Бародари муҳтарам ва пизишки дур аз Ватан як бори дигар фикр кунед, ки табдили хат миллати моро ба куҷо мебарад? Имрӯз мо ҳатто имконе надорем, ки муассисаҳои таълимиро бо омӯзгорони фанни Алифбои ниёгон пурра таъмин намоем. Оё шароити молиявии кишвари мо имкон медиҳад, ки бо надоштани омӯзгори ин фан мо тамоми мардумро дар як муддати кутоҳ форсихон кунем. Мо дар Донишгоҳ устоде доштем, ки тамоми умри худро сарфи омӯзиши осори ниёгон карда буд ва китоби таълимие низ барои омӯзиши хатти ниёгон таълиф карда буд, вале доим таъкид мекард, ки ҳангоми навиштани форсӣ душворӣ мекашам, мабодо ғалат накунам гуфта ба луғатҳои пешин муроҷиат мекард.
    Шишаи бишкастаро пайваст кардан мушкил аст, мегӯяд мақоли халқии мо. Бинобар ин дар айни ҳол гузаштан ба хатти дигар барои миллати мо ҳеч зарурате надорад. Барои иҷрои ин кор як барномаи 60-70 солаи махсусе лозим аст, ки якчанд наслро бо ин хат босавод бояд кард ва ба хатти дигар бояд гузашт.
    Як бор даст ба пешонӣ гузореду андешед, ки табдили хат чӣ уқубатҳоеро ба бор хоҳад овард.

    Нравится

  2. мо дига кор надорем ки ба хати дигаро мегузарем

    Нравится

  3. мо ба хатти форси гузарем хам, бояд хамаги мардуми бо забони форси хондаро ва навиштаро ед гиран

    Нравится

  4. бинен дар точикистон чавонони мо ба чанд забон сухбат менамоядва мо бояд дига забонро интихоб намоем, бале солхои пеши забони модари мо форси буд бад чарои хатти форси аз он давра гирифта наомадан

    Нравится

  5. бинен тахлил мекунем бояд ба забони форси гузаштан чанд сол дар кор хаст ки мо гузарем мардуми мо ба лотини е кириои омухта шудааст

    Нравится

  6. Хати мо хам бехтарин хат аст… барои ба хати Форси гузаштан мода вахт лозим аст… чунки дар инчо аксари одамхо мехоханд гузаранд аксарашон не бо хамин хотир фикр дорам ки айни хол вакти ин кор нест барои хар як кор вахт лозим

    Нравится

  7. гуфтани дорам каси мехохад забони форсиро ед гирифтан е навиштан дар мактабхои фани форси е алифбой ниегонро ташкил кунад ва хонандагони дар мактаб меомуза хондни форсиро ва дигаро

    Нравится

  8. мачбури накунан ба мачбури сиесати давлатро ба суханой дигаро мардумро дар азоюб намонад

    Нравится

  9. Бале дар хакикат чи хочат хаст гузаштан ба хатти форси. вакти ба ин хат гузаштан нарасидааст.

    Нравится

  10. Пизишк ба гуфти худаш «Банда мутахассиси соҳа нестам, ки оиди бурду бохти забони тоҷикӣ (форсӣ) аз гузаштан аз як ҳуруф ба ҳуруфи дигар ҳарф занам» тамом дар хамин чо бояд дигар гап оиди маъсалаи мазкур наравад. Саломат бошед акаи Абдулло.

    Нравится

  11. Падару модар ки солим бошанд, албатта фарзанди онхо хушзехн мешавад. Ин дар ягомчо тугри намеояд ки хушзехни аз хатт вобаста бошад.

    Нравится

  12. Гузаштан зарур аст аммо холо мо омода нестем дустон.

    Нравится

  13. Падару модар ки, носолим бошанд, сигареткашу носкаш бошанд, аракхур бошанд албатта аз ин хел зану шавхар фарзанди носолим мебарояд. Хоччат ба хат иваз намудан нест. Ва ин бахона хам шуда наметованд ки хатро иваз куни кудакон хушзехн мешавад. ту худ пизишк аз хасти аз руи илми ГЕНЕТИКА аз мо дида нагзтар медони

    Нравится

  14. Бехтару хубтар мешуд, ки хамин масъаларо холо даст намезадед. Хати крилики чи камбудие дорад, ки ушмо ин кадар норози хастед?

    Нравится

  15. Чӣ лозим аст, ки мо аз хатти имрӯза даст кашида, ба хатти ниёгон ва ё хатти форсии арабиасос баргардем. Дар шароите, ки ҳама ба пеш менигаранд ва пеш мераванд, чаро мо бояд оқиб гардем!?
    Маъмулан тағйири ҳар, чиз аз ҷумла тағйири ҳарф ҳам ҳадафе дорад. Хондаҳо ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар тағйири хат таҳрир аз ҷумлаи ҳадафҳои зерин сабаб мешаванд:
    — мувофиқ наомадани ҳарфу овоз;
    — мувофиқ наомадани ҳарф ба табиати забон;
    — дастнорасшудани мероси таърихӣ;
    — аҳдофи динӣ ва этникию миллӣ;
    — ҳадафҳои сиёсӣ.
    Албатта, танҳо ҳамин панҷ ҳадаф не, балки бовар дорем, мақсадҳои дигаре низ бояд бошанд, ки тағйири хатро сабаб шаванд. Аммо ба шумурдани ҳаминҳо, ки дар назар асосӣ менамоянд, дар атрофи ин масъала мулоҳиза бояд ронд. Яъне, андеша бояд кард, ки дар ҳоле, ки аз хатти имрӯза даст кашиданӣ бошем, пас бояд бидонем, ки чунин эҳтиёҷро кадоме аз омилхои зикршуда ва ё дигаре ташкил мекунанд.
    Дар мавриди омили аввал- мувофиқ наомадани ҳарфу овоз. Гумон мекунам, ки ҳарфи ҳозираи тоҷикӣ тамоми овозҳои забонамонро фарогир ва ифодакунанда аст. Ва чанд ҳарфе, ки дар замони шӯравӣ зӯран ба забони мо ворид карда шуда буданд, мисли щ, ы, ц, ь хориҷ карда шуданд. Дар воқеъ, ҳарфе, ки дар забон овоз надошта бошад, даркор нест.

    Нравится

  16. барои хамин чи даркор ба харгуна хат гузашт, темболее ба хате ки хати Эрониё мебошанд. Ту ё ин ки пизишки бесавод хасти ё ин ки дар доми Эрониё афтадаи ки бо чунин усулхо мехоханд мавкеи худро васеъ созанд Да Точикистон

    Нравится

  17. Хусусияти хуби хатти имрӯзаи тоҷикӣ, мисли хатҳои қадимаи то арабии тоҷикӣ, дар он аст, ки сода аст, ҳар овоз ба як ҳарф ифода мешавад, ҳамаи овоз дар тамоми ҷои калима- аввал, миёна ва охир навишта мешаванд ва ҳатто касе, ки забонро надонаду ҳарфро шиносад, онро дуруст хондаву талаффуз карда метавонад

    Нравится

  18. Ҳарфҳои тоҷикӣ ба мо имкон медиҳанд, ки вожаи одӣ, истилоҳ ва ному насаби ҳар забони дигарро аввалин бор мехонда бошем ҳам, дуруст хонем ва талаффӯз кунем. Имлои ин ҳарфу овозҳо низ дар забони имрӯзаи тоҷикӣ сода ва фаҳмост. Мавҷуд будани ин хат калимаҳои асосии форсӣ, дарӣ ва тоҷикиро бештар дар забонамон ҳифз мекунад.

    Нравится

  19. Ба миллате ё кишвари дигаре тобеъ набуданамон ё ҷузъи онҳо набуданамон ба хаттамон имконият медиҳад, ки аз таарӯзи вожа ва истилоҳҳои бегона забонамонро эҳтиёт кунем. Хати имрӯзаи тоҷикӣ ҳамроҳшавии моро ба дастовардҳои технологии замон роҳаттар мегардонад.

    Нравится

  20. Баъзеҳо бо таҳқир ё масхара хатти имрӯзаи моро ҳамчун забони русӣ маънидод карда, маслиҳат медиҳанд, ки «ба хати ниёгон гузарем, хоҳу нохоҳ ин хат ҳам боқӣ мемонад, зеро забони русиро меомӯзем». Писхандзанҳо гӯё фаромӯш кардаанд, ки хат ҳам мисли либос аст, тоҷик бо либоси миллӣ ҳам, аврупоӣ ҳам, кӯлоҳи яҳудӣ ҳам ва дастори арабӣ ҳам тоҷик мемонад, агар ботинан тоҷик бошад. Хат ҳам ҳамин хел. Ҳама гуна хатро ба мақсади миллӣ истифода бурдан мумкин аст. Ва бо хатти миллӣ низ бегона шудан мумкин аст. Афсӯс, ки хатти миллии аввалини мо ҳадди ақал дуним ҳазор сол боз истифода намешавад. Беҳтар аст, хатти миллии ҳазмшудаамонро пешпо надиҳем.

    Нравится

  21. Акнун меоем ба сари мавзӯи алифбои ниёгонамон, яъне алифбои арабӣ. Дар алифбои арабӣ ҳам, ҳарфҳое ҳастанд, ки дар забони мо овоз надоранд. Масалан, дар забони мо калимаҳои сард, соф ва собит, тор, талаб ва лутф, роз, зарб ва зафар, ҳол ва ҳазор якхел талаффӯз мешаванд, гарчи онҳоро дар забони арабӣ ҳарфҳо ва овозҳои гуногун ифода мекунанд. Яъне дар забони арабӣ овозҳои монанде ҳастанд, ки онҳоро бо ҳарфҳои со, син, сод, то, итқи, зол, зо ва зод, изғи, ҳо-и ҳавас ва ҳо-и ҳуттӣ ифода мекунанд. Мо ҳамаи ин ҳарфҳоро бо ҳарфҳои с, т, з ва ҳ ифода карда якхел талаффӯз мекунем. Аммо ҳар гоҳ калимаҳои арабиро менависем, маҷбур мешавем 7 ҳарфи зиёдатиро истифода кунем. Ҳарфи хоси овози арабии айн низ дар хатти ниёгон ҳаст, ки вай дар забони тоҷикӣ овоз надорад.
    Дар ҳоле, ки мо зидди ҳарфҳои ба забон номувофиқи кирилӣ бошем, барқарор кардани ҳарфҳои ба забон бегонаи дигар низ ҳеҷ зарурат надорад. Мо бо забони тоҷикӣ бояд зиндагӣ кунем, на ба забони халқи дигар, аз ҷумла арабӣ. Дар сурати ба хатти арабӣ гузаштан мо раҳгум мезанем. Аз як тараф, мо наметавонем он ҳарфҳое, ки овози бегонаро ифода мекунанд нанависем. Зеро дар забони тоҷикии имрӯза на камтар аз чоряки калимаҳои мавриди истифода асли арабӣ доранд, арабии соф ва арабии тоҷикишуда мебошанд. Ман зери мафҳуми арабии тоҷикушуда он калимаҳои забонамонро дар назар дорам, ки маънои аввалашонро тағийр доданд. Ҳангоми навиштан чунин калимаҳо агар асли арабиашон навишта нашавад, моро бесавод ҳисоб мекунанд ва мо низ аз матни классики худ канда мешавем. Агар онҳоро нависем, ин бефоида аст, зеро талаффуз карда наметавонем ва онҳо хусусияти овозии забони тоҷикиро ифода намекунанд.

    Нравится

  22. Баръакс, дар хатти арабӣ бисёр овозҳои тоҷикӣ ифода намеёбад. Ман ҳаракатҳоро ва ҳолати садонокҳои а, ӯ, у, и, е-ро дар миёни калима дар назар дорам. Ҳамчунин навишта нашудани пайвандаки «ӣ» калимаро бемаъно мекунад. Масалан, агар ба хатти арабӣ «саги мо» навиштани шавем, «саг мо» менависем, «моҳии нағз» навиштани шавем «моҳи нағз менависем» ва ғ.

    Нравится

  23. Олими барҷастаи Эрон Забехулло Сафо яке аз сабабҳои ба шеваҳои гуногун ҷудо шудани забони адабии форсиро ҳамин хат дониста, навиштааст:
    «Лаҳҷаҳои эронии ҷадид, лаҳаҷоте ҳастанд, ки дар қарнҳои ахир мутадовиланд ва таъризи бештари онҳоро метавон аз аҳди шуюъи хатти арабӣ ва баъд оғоз кард. Ва чун ин хат барои нишон додани бисёре аз ҳаракот ва асвоти лаҳҷаҳои мазкур порасост, дар таҳрир ва ҳатто талаффӯзи онҳо тағийроте эҷод гардид. Гузашта аз он, ба ғалабаи араб ва шуюи дини ислому «Қуръон» ва забони арабӣ дар миёни эрониён тадриҷан бисере аз калимоти арабӣ ва мавориди мутаддит қавоиди дастурии арабӣ дар ин лаҳаҷот нуфуз кард»

    Нравится

  24. Айни замон ба мо Точикон гузаштан ба хати порси барвахт аст. ва хатто зарурам нест. даркор нест гуем хато намекунем.

    Нравится

  25. Дар хати арабӣ душвор ифода ёфтани овозҳои тоҷикиро боз дар он ҳам мушоҳида кардан мумкин аст, ки як ҳарфи алиф овозҳои А, И, Э, У, ӯ ва О-ро, ҳарфи айн ҳам овозҳои А, И, У, ӯ-ро, ҳарфи Вов ҳам овозҳои В, У ва ӯ-ро ҳарфи ҳои ҳаваз ҳам овозҳои Ҳ, А, И, Э-ро, ҳарфи Ё ҳам овозҳои Е, И, Э ва О-ро ифода мекунад2. Бинобар ин ҳам адабиётшиносони луғатнависи гузашта аз ҷумла дар «Лубуб-ул-албоб», «Луғати фурс», «Бурҳони қотеъ» ва ҳар луғати тафсирии дигар, баъди овардани вожжа, пеш аз он ки маънояшро шарҳ диҳанд, маҷбур шудаанд аввал тарзи навиштани калимаро фаҳмонанд. Ман аз ҷилди дуввуми «Бурҳони қотеъ» чопи Эрон чанд мисолро номбар мекунам:
    Расадгоҳ- бо фатҳи аввал ва сонӣ ва сукуни дол ва кофи форсӣ бо алифи кашида ва бо ҳои зада- ба маънои қадамгоҳ ва назаргоҳ…(с. 953).
    Димна-бо фатҳи аввал ва сукуни сонӣ ва нуни мафтуҳ- номи шағоле ҳаст, дар китоби «Анвори суҳайлӣ»… (с. 881).
    Дамик-бо касри сонӣ ва сукунӣ таҳтонӣ бар вазни шарик- ба маънои замин ва бум бошад… (с. 881).
    Хӯрдсӯз – бо сини бенуқта бар вазни ҷигардӯз-номи оташкадае дар Озарбойҷон (с. 735).

    Нравится

  26. зинда бод забони кирили

    Нравится

  27. барой чи ба хати порси гузарем? ягон фойда дора? даркор нестай ин чиз мода

    Нравится

  28. Иктибос: «Чунин кӯшишҳо аз ҷониби шахсиятҳои шинохтаи фархангӣ далел ба онанд, ки онҳо аз хатти арабӣ қонеъ набуданд ва дар он ҷои худро пайдо карда натавонистани овозҳои забонҳои моро дарк карданд. Яке аз мукаммалтарин таҳқиқоти эрониён дар ин бахш асари Абдураҳим Ҳумоюнфаррух аст, ки ба номи «Дастури ҷомеи забони форсӣ» дар 7 ҷилд (1100 саҳифа) таълиф шудааст. Муаллиф 50 сол муқаддам вафот кардааст. Дар ин асар хулосаи зеринро мебинем: «Хатти имрӯзаи мо ноқис аст ва боиси кундии пешрафт ва тараққии мо мегардад. Ҳатман бояд иқдоме бикунем, то оқиб намонем».
    Ин донишманд ба сифати иқдом ислоҳи имлои хатро пешниҳод мекунад, ба ҳарф даровардани ҳаракатҳоро, ҳатто бо ин мақсад истифода намудани се ҳарфи паҳлавиро. Ин аз ҷумлаи насли охири ислоҳотхоҳони хатти арабӣ дар Эрон буд. Гарчи ба шакли пӯшида ин ақида имрӯз низ идома дорад.
    Мушкили дигар дар мувофиқ наомадани хатти арабӣ ба табиати забони мардуми тоҷику форс ба чашм мехӯрад. Бо ин ният аввал порчаеро аз устод Нодири Нодирпур иқтибос мекунам:
    «Бадбахтона, ин пушаймонӣ чандон суде барои ӯ надошта, зеро нажод ва хатту забон ва фарҳангу дастовардҳои дигараш чунон бо вижагиҳои араб даромехтааст, ки тасфияи ҳеҷ як имконпазир нест ва оини ориёии қадимааш чунон ба мазҳаби сомии охир ҷой супурдааст, ки бозгаштан аз сӯи ин ба сӯи он муҳол менамояд…
    Таърихи Эрони исломӣ ҷузъ пайкоре мудовим дар миён фарҳанги авом (ё ҳуввияти динӣ) ва фарҳанги хоси эрониён (ё ҳуввияти миллӣ) набудааст ва ин дугонагӣ аст, натанҳо дар миёни сиёсатмадорон ва кишвардорони пешин».

    Нравится

  29. Ман нафахмидам барои чи гузарем ба хати форси мо ягон танкиси надорем гузашта аз ин хати крилиро бисёр давлатхо медонан барои гузаштан ба хати форси ман фикр мекунам мо точикон
    омода нестем

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: