Нигоҳе ба шакл ва мазмуни ашъори Ҳофиз

Ба баҳонаи бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ

Зиндагинома

Шамсуддин Муҳаммад мулаққаб ба Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ ва машҳур ба “Лисонул-ғайб”, аз тобноктарин ситораҳои осмони адаб ва машҳуртарин шуарои торихи Эронзамин аст.

Номи падарашро Баҳоуддин донистаанд. (1) Ҳофиз дар авоили қарни ҳаштуми ҳиҷрӣ (дар ҳудуди соли 727 ҳиҷрӣ) дар Шероз ба дунё омад. Ӯ аз назари синнӣ, аз бародаронаш кучактар буд ва баъд аз марги падараш, рӯзгораш ба тиҳидастӣ мегузашт, аммо ишқ ба таҳсили камолот ӯро ба мактабхона кашонид ва Ҳофиз дар ҷиргаи толибони илм даромад ва дар маҷолиси дарси уламо ва удабои замони худ дар Шероз ширкат мекард ва ба фарогирии кутуби асосии улуми шаръӣ ва адабӣ мепардохт.

Муҳаммади Гуландом, дӯст ва ҳамдарси Ҳофиз, ӯро дар маҷлиси дарси Қивомуддин Абулбақо машҳур ба “Ибни Фақеҳ Наҷм” — олими маъруф ба қироатҳои сабъа ва фақеҳи бузурги аҳди худ, дида буд. Ба қавли Муҳаммади Гуландом, Ҳофиз ба ду ришта аз донишҳои замон, яъне улуми шаръӣ ва улуми адабӣ пардохт, ки худ низ дар ашъори хеш ба иштиғоли мудовим ба Каломуллоҳи Маҷид ишора кардааст. Ва бино бар тасреҳи соҳибони тароҷум, тахаллуси “Ҳофиз”-ро низ ба далели аз ҳифз доштани Қуръони Маҷид, барои худ баргузидааст.

Шероз дар давраи Ҳофиз агарчи вазъи сиёсии ороме надошт, аммо яке аз марокизи бузурги илмӣ ва адабии Эрон ва ҷаҳони ислом ба шумор мерафт ва паноҳгоҳи фарҳанги эронӣ, муқорини ҳамлаи муғул буд, ва Ҳофиз дар ин шаҳр дар маҳофили адабӣ ва ирфонӣ ҳузур меёфт. Ӯ ба умури девон ҳам мепардохт ва мулозими салотини вақт ҳам буд. Ба ҳамин ҷиҳат дар шеъри ӯ нишонаҳои фаровоне аз мусоҳибат бо шоҳоне чун Буисҳоқи Инҷу (мақтул ба соли 758 ҳ.қ), Шоҳшуҷоъ (мутаваффо ба соли 786 ҳ.қ) ва Шоҳмансур (мутаваффо ба соли 795 ҳ.қ), иртибот бо подшоҳони ҷалоирӣ дар Бағдод ва риҷоли бузурги муосир чун Ҳоҷӣ Қивомуддин Муҳаммад ва ғайра… дида мешавад.

Агарчи Ҳофиз ба қасди сафар ба Дакан, ба Ҳурмуз рафт, вале дар онҷо аз идомаи сафар мунсариф гашт ва сафаре низ ба Язд дошт, аммо аз иқомат дар онҷо хаста шуд ва ин амр нишон медиҳад, ки ӯ низ монанди ҳар мутафаккири бузурги дигаре аз гӯшагирӣ ва таслими худ ба аволими тахайюлоти шоирона бештар лаззат мебурдааст. Ҳофиз дар бораи ин сафар ғазале дорад бо матлаъи зер:

Хуррам он рӯз, к-аз ин манзили вайрон биравам

Роҳати ҷон талабам в-аз пайи ҷонон биравам.

Гарчи донам, ки ба ҷое набарад роҳ ғариб,

Ман ба бӯи сари он зулфи парешон биравам.

Дилам аз ваҳшати зиндони Сикандар бигирифт,

Рахт барбандаму то мулки Сулаймон биравам.

Торихи вафоти Ҳофизро соли 792 ҳ.қ навиштаанд. Ҳофизро дар хоки мусаллое, ки маъво ва маҳалли гашту тафарруҷи ӯ буд, ба хок супурданд.

Аз зиндагонии хонаводагии Ҳофиз иттилооти маҳдуде дар даст аст, дар иваз афсонаҳои бисёре дар бораи зиндагиаш сохтаанд. Ӯ зану фарзандон дошт ва дар бораи ишқи ӯ ба духтаре ба номи Шохи Набот достонҳое роиҷ аст (2) ва дар девони Ҳофиз як ҷо аз фуқдони маҳбубе дар соли 764 ҳ.қ сухан меравад, ки дар 38-солагии шоир иттифоқ афтодааст ва дар мавориде низ ишороте ба марги фарзанд вуҷуд дорад. (3)

Шеъри Ҳофиз

Шеъри Ҳофиз мисли ҳар шоири дигаре аз чанд назар қобили баррасӣ аст: сохтмони шеър, маъно ва мазмуни ашъор, забони шеър.

1. Сохтмони шеър:

Шӯҳрат ва авҷи муваффақияти ҳунарии Ҳофиз, дар гарави ғазалиёти ӯст. Ғазали Ҳофиз авҷи баҳамомехтагии зебоиҳои лафзӣ ва мусиқӣ ва маъност. Ҳофиз бо тасаллути беназир бар забон, беҳтарин ва санҷидатарин вожаи мумкинро барои байт ё ғазали хеш баргузида. Ва илова бар ин, ба беҳтарин наҳв дар канори ҳам гузошта, то илова бар ироаи маъное зебо, навъи вожа ва ҳамнишинии он, мусиқии хоссеро тадоъӣ мекунад, ки ин мусиқӣ низ дар хидмати илқои мафҳум қарор гирифтааст.

Ҳофиз дар сохтмони ғазал таҳаввуле азим эҷод карда. Тавзеҳ ин ки: қабл аз Ҳофиз ҳар шеър — чӣ дар қолаби ғазал ва ё қасида ва қитъа — умуман маъное мустақил ироа медод, ҳар гоҳ печидагиҳои лафзӣ ва балоғӣ ҳал мешуд, хонанда бо як мафҳум ва маънои мушаххас ва урён мувоҷеҳ мешуд ва ба таври табиӣ маънои ҳар байт дар иртибот бо абёти қаблу баъд буд. Аммо навоварии Ҳофиз дар ин буд, ки истиқлоли маъно ва ваҳдати мазмунро ба ҳам зад. Вақте ғазале аз Ҳофиз мехонем, мебинем дар як ғазали кӯтоҳи 7 ё 8-байтӣ чанд мазмуни мутафовит ва гоҳ мутазодд матраҳ мешаванд, бе он ки зоҳиран бо ҳам иртибот дошта бошанд. Ва ин вижагии ғазали Ҳофиз бисёреро бар ин бовари ғалат водошт, ки аҳёнан котибон ҳангоми навиштани ғазал дар он дасткорӣ карда ва абётро ҷобаҷо намудаанд. Аммо ин тавр набуд, балки ин адами ваҳдати мазмун вижагии аслии ғазали Ҳофиз ва таҳаввуле буд, ки ӯ дар сохтмони ғазал эҷод кард.

Устод Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ ин “назми парешон”-и ғазалҳои Ҳофизро илҳомгирифта аз сохтмони сураҳои Қуръон медонад. (4) Қуръон — ин эъҷози азимушшаън низ дар нигоҳи аввал ноҳамоҳанг, ҷаста-ҷаста ва ба истилоҳ, аз ин шоха ба он шоха менумояд. Сураҳои Қуръон низ ваҳдати мазмун надоранд ва масалан дар дили як сура мазомин, қиссаҳо, аҳкоми шаръӣ ва ғайра… матраҳ мешаванд. Ва ҳамин вижагии Қуръон аз дербоз мавриди таваҷҷӯҳ буда ва гоҳ маҳалли ишколгирии зоҳирбинон қарор гирифтааст. Аммо ин вижагӣ услуби вижаи Қуръон ва ваҷҳи тамоюзи он – ҳаддиақал аз як манзар — бо соири кутуб аст. Устод Хуррамшоҳӣ шаклу шеваи ғазали Ҳофизро мутаассир аз сохтмони сураҳои Қуръон медонад. (5)

2. Маъно ва мазмун дар шеъри Ҳофиз

Баррасии маъно ва мазмуни ироашуда дар шеъри Ҳофиз, дар гарави шинохти мо аз мактаби тасаввуф ва шинохти ирфони шарқӣ ва эронӣ аст.

Се обишхӯри умдаи фикрии башар иборатанд аз: дин, фалсафа ва ишроқ (ирфон). Инсон ҳамвора барои ёфтани посухи суолҳои муҳим ва асосии хеш – назири аз куҷо омадан, саранҷоми ҳастӣ, марг ва ғайра… – даст ба домони яке аз ин дастгоҳҳои фикрӣ шудааст. Ҳофиз бештар суолҳои хешро дар даруни ирфон ҷустуҷӯ карда ва ёфтааст.

Ирфони шарқӣ ба шохаҳои бисёр маншаъиб гашта ва шохаи эронии он бештар дар ашъори урафо намоён аст. Дар дастгоҳи фикрии Ҳофиз – таҳти таъсири азими ирфон – барои фалсафаи хилқат, ин суоли азими фалсафа, ҷавобе некӯ ёфт мешавад. Ҳофиз бар асоси як тасаввури зебо ангезаи хилқати ҷаҳонро “таҷаллии партави ҳусни холиқ” медонад:

Дар азал партави ҳуснат зи таҷаллӣ дам зад.

Пас, шоир оғоз ва ангезаи ҳастиро “таҷаллии ҳусни холиқ” медонад. Зебоӣ барангезандаи ишқ аст, ҷилваи он дар ойинаи ҷаҳон, ишқ ва шӯридагӣ падид оварад ва “ишқ пайдо шуду оташ ба ҳама олам зад”, аммо ба ақл иҷоза дода нашуд, то “з-он шӯъла чароғ афрӯзад”. Пас марди роҳ барои вусул ба Ҳақ, бояд роҳи “хирад”-ро раҳо кунад ва роҳи ишқро баргузинад. Ва чун барои расидан ба ишқ, дарки зебоиҳои ҷамоли холиқ лозим аст, шоир дар саросари китоби худ моро ба шинохти зебоӣ раҳнамун мешавад. Зеро, ба назари ӯ, “ғараз карашмаи ҳусн аст” дар хилқати ҷаҳон ва на ҳоҷате дигар. Бинобар ин, ӯ ҳадафи ғоии зиндагиро шинохт ва лаззат бурдан аз зебоӣ медонад ва ӯ зебоиро дар тамоми табиат мебинад. Нағмаи мусиқӣ, парандаи зебо, инсон, гиёҳ, лафз, маъно ва ғайра… ҳама ҷилвае аз ҷамоли Ӯянд. (6)

Пас, “ишқу зебоӣ” ду рукни муҳимми андешаи ҳастишиносонаи Ҳофиз аст. Ӯ ишқро роҳи вусул ба ҳақиқат медонад ва роҳи расидан ба ин навъ бинишро пок кардани дил аз олудгиҳо, паст нашудан, меҳр варзидани қатраи дарёву зарраи ночиз ба сарчашмаи меҳр донистааст:

Камтар аз зарра наӣ, паст машав, меҳр биварз,

То ба хилватгаҳи хуршед расӣ чархзанон.

Аз тарафе, андеша ва хиёли нозукандеши худро даргири дарки фалсафаи печидаи ҳастӣ намекунад ва мӯътақид аст:

Ҳадис аз мутрибу май гӯву рози даҳр камтар ҷӯ,

Ки кас нагшуду нагшояд ба ҳикмат ин муамморо.

Барои ин ки ғафлат гиребони одамиро нагирад, ҳушдор медиҳад: “Оқибат манзили мо водии хомӯшон аст” ва барои ин ки ин оқибати хомӯш ҳамакнун дасту дили ӯро сард накунад, меафзояд:

Ҳолиё ғулғула дар гунбади афлок андоз!

Нопойдории ҷаҳон на танҳо ӯро ба гӯшагирӣ ва тарки дунё намекашонад, балки ангезае аст барои истифодаи бештар аз мавҳибатҳои дунёе:

Чанги хамидақомат мехонадат ба ишрат,

Бишнав, ки панди пирон, ҳеҷат зиён надорад.

* * *

Бӯсидани лаби ёр аввал зи даст магзор,

К-охир малул гардӣ, аз дасту лаб газидан.

* * *

Ба маъмане раву фурсат шумур ғанимати вақт,

Ки дар камингаҳи умранд қотиъони тариқ.

Гузашта аз инҳо, Ҳофиз мӯътақид аст, ки риё, дурӯғ ва мардумозорӣ бадтарин навъи гуноҳон аст. Ӯ дар тамоми девонаш ба мубориза бо риёкорон ва дурӯғгӯён пардохтааст.

Ба таври куллӣ, бояд гуфт, шеъри Ҳофиз ҳамонанди як маншур аст, ки тамоми афкор ва андешаҳои инсонӣ дар он бозтоб ёфта ва ба зеботарин шакл баён шудааст. Андешаи инсон дар бораи ҳастӣ, марг, замон, зебоӣ, маъшуқ ва ғайра… ҳар кадом ба зебоӣ дар шеъри ин орифи андешаманд мутаҷаллӣ шудаанд.

Ҳофиз на танҳо дар байни эрониён ва форсизабонони ҷаҳон маҳбубияте вижа дорад, балки имрӯза ғазалҳои ӯ ба забонҳои зиндаи дунё тарҷума шуда ва дар зумраи маъруфтарин кутуби адабии ҷаҳон аст ва солиёна чандин семинор дар иртибот бо баррасии шахсияти ин шоири барҷаста дар Эрон, Тоҷикистон, Афғонистон ва соири кишварҳои ҷаҳон баргузор мешавад. Яке аз шефтагони Ҳофиз дар ҷаҳон, Гуте (Гёте)-и олмонӣ аст, ки осори худ аз ҷумла “Девони шарқӣ”-ро таҳти таъсири ин шоири ориф халқ кард.

Хулоса, ба қавли Мавлавӣ:

Гар бирезӣ баҳрро дар кӯзае,

Чанд гунҷад, қисмати якрӯзае?

… гунҷондани андеша ва ҳунари Ҳофиз дар сафҳае чанд корест номумкин, пас ба соҳати ин шоир, аз забони худаш мегӯем:

Ба кӯйи майкада гирёну сарфиганда равам,

Чаро, ки шарм ҳамеоядам зи ҳосили хеш.

* * *

Пайнавишт:

(1) Сафо, Забеҳуллоҳ; Торихи адабиёти Эрон, с.1065.

(2) Ахавони Солис, Маҳдӣ; Ҳарими сояҳои сабз, с.275.

(3) Растгор, Мансур; Шеър ва зиндагии Ҳофиз, с.8-9.

(4) Хуррамшоҳӣ, Баҳоуддин; Зеҳн ва забони Ҳофиз, с.59.

(5) Ҳамон, с.60.

(6) Муртазавӣ, Манучеҳр; Маҷмӯаи мақолоти нақду назар дар бораи Ҳофиз, с.7.

Pajoohe

Реклама


Рубрики:Забон ва адабиёт, Ирфони назарӣ, Машоҳир

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: