Рафтори Шокирҷон Холдоров ва қонуни кайфарии Тоҷикистон

Дориюши Раҷабиён, рӯзноманигори тоҷик, дар як ёддошт, бо истинод ба қонуни кайфарии Тоҷикистон, мӯътақид аст, “кирдори Холдорзода як ҷурм ба тамоми маъност, ки метавонад ба як ҷиноят бианҷомад. Хатарнок аст. Ба қавли Қонуни кайфарии Тоҷикистон, хавфнок. Пас бояд аз он пешгирӣ кард.”

Раҷабиён дар ин ёддошт, ки дар сафаҳи худ дар Фейсбук гузоштааст, менависад:

Дар як ҷомеъаи имрӯзӣ (мудерн) Холдорзода (Шокирҷон Холдоров) сазовори муҷозот аст, магар ин ки бо изҳори пушаймонӣ қавл диҳад, ки дубора ба маҳалли ниёиши мардум сархушона ворид нашавад ва падару модару худи намозгузоронро зери тозиёнаи душному фазоҳат нагирад.

Қонуни кайфарӣ (Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба далели надонистани забони Рӯдакӣ, миёни “ҷурм” (offence; “правонарушение») ва “ҷиноят” (crime; «преступление») ҳеч тафовутеро қоил нашудааст. Аммо кирдори Холдорзода як ҷурм ба тамоми маъност, ки метавонад ба як ҷиноят бианҷомад. Хатарнок аст. Ба қавли Қонуни кайфарии Тоҷикистон, хавфнок. Пас бояд аз он пешгирӣ кард.

Ҳатто агар Холдорзода дар ҳолати анҷоми ҷурм сархуш ё маст буда бошад, бино ба Қонуни кайфарии Тоҷикистон, аз ҷурме, ки муртакибаш шудааст, халос намешавад.

Танҳо роҳи халосии ӯ аз ин ҷурм ин аст, ки худро девона сабти ном кунад, бо исботи ин маврид, ки дар ҳолати девонагӣ вориди масҷид шуда ва ба мардуми он гузар чунон бархӯрдеро сазовор донистааст. Албатта, пас аз рафъи девонагӣ, муҷрим боз ҳам бояд дар мақоми як инсони ҳушёр муҷозот шавад.

Моддаҳои зерини Қонуни кайфарии Тоҷикистон баёнгари ин ҳақиқат ҳастанд, ки мақоме дар ҳадди Холдорзода бояд сазои ҷурмашро бибинад:

Моддаи 3. Қонуни ҷиноятӣ ба принципҳои қонуният, баробарӣ дар назди қонун, ногузир будани ҷавобгарӣ, ҷавобгарии фардӣ, гунаҳгорӣ, адолат, инсондустӣ ва демократизм асос меёбад.

Моддаи 5. Шахсоне, ки ҷиноят содир намудаанд, қатъи назар аз ҷинс, нажод, миллат, шаҳрвандӣ, забон, муносибат ба дин, ақидаҳои сиёсӣ, таҳсилот, вазъи иҷтимоӣ, хизматӣ ва молу мулкӣ, мансубият ба ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, маҳалли истиқоматашон ва дигар ҳолатҳо дар назди қонун баробаранд ва бояд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд.

Моддаи 7. 1) Ҳеҷ кас таҳти ҷавобгарии ҷиноятӣ қарор гирифта наметавонад ба ҷуз аз кирдори (ҳаракат ё баҳаракатӣ) шахсии худ. 2) Шахс танҳо барои он кирдори барои ҷамъият хавфнок ва оқибати хавфнокии ҷамъиятии ба вуқўъ пайвастани он, ки гуноҳи ў нисбати он муайян шудааст, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад. 3) Гунаҳгоркунии объективӣ, яъне барои зарари бегуноҳона расонидашуда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан мумкин нест.

Моддаи 17. Мафҳуми ҷиноят 1) Кирдори (ҳаракат ё беҳаракатӣ) содиршудаи гунаҳгоронаи барои ҷамъият хавфноке, ки ҳамин Кодекс бо таҳдиди татбиқи ҷазо манъ кардааст, ҷиноят эътироф мешавад

Моддаи 24. Номукаллафӣ 1) Шахсе, ки ҳангоми содир намудани кирдори барои ҷамъият хавфнок дар ҳолати номукаллафӣ буд, яъне бар асари бемории рўҳии доимӣ, парешонии муваққатии рўҳӣ, заъфи ақл ва ё ҳолати дигари бемории рўҳӣ хусусияти воқеӣ ва хавфнокии ҷамъиятии ҳаракат ё беҳаракатии худро дарк ё онро идора карда наметавонист, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешавад

Моддаи 26. Ҷавобгарии ҷиноятии шахсоне, ки дар ҳолати мастӣ ҷиноят содир намудаанд 1) Шахсе, ки дар ҳолати мастӣ дар асари истеъмоли машруботи алкоголӣ, воситаҳои нашъдор, моддаҳои психотропӣ (равонгардон) ё моддаҳои дигари мадҳушкунанда ҷиноят содир кардааст, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда намешавад. 2) Дар сурати ҷиноятро содир намудани майзада, нашъаманд ё токсикоман, суд (додгоҳ) дар баробари муқаррар намудани ҷазо метавонад чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ дар ҳамин Кодекс (Қонуни кайфарӣ) пешбинигардидаро таъйин намояд.”

Гуфтанист, ду се рӯз пеш наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шуд, ки Шокирҷон Холдоров, сармутахассиси бахши танзими ҷашну маросимҳои ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ, дар ҳолати мастӣ (ба гуфтаи мутасаддиёни масҷид) ворид масҷид шуда ва бо бадтарин алфоз ва калимот мутасаддиёни масҷид ва намозгузоронро саббу дашном мекунад, ки агар масҷидро набанданд, фалону фалон хоҳад кард.

Ин навор вокунишҳои бисёр тундеро миёни кораброни тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ эҷод кард ва дархостҳое мабнӣ бар боздошт ва муҷозоти ин масъули давлатӣ ба хотири беадабӣ ва ҳурматшиканияш шуд.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, Ҷомеа

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: