Фалсафа ва равиши реализм (125)

Иллат ва маълул (7)

Матни мақола (идома)

9) Ду иллати мустақил ва ҷудо аз ҳам дар як маълул наметавонад таъсир кунад чунонки як иллат бо як иллият ва таъсир наметавонад дар ду маълул таъсир кунад (1)…

* * *

Таълиқот:

(1) Дар поварақиҳои пеш гуфтем, ки аз асли куллии иллият қонунҳои фаръии зиёде муншаъиб мешавад ва дутои аз онҳост, ки агар ба субут напайвандад, наметавон барои ҷаҳон низоми қатъӣ ва яқинӣ исбот кард. Он ду қонун иборат аст аз “қонуни синхият” ва “қонуни зарурати иллӣ ва маълулӣ”.

Мутобиқ он чӣ қаблан равшан кардем, аз асли куллии иллият иртиботот ва вобастагиҳои мавҷудот, ва аз асли синхият низом ва интизоми ин иртиботот, ва аз асли зарурати иллӣ ва маълулӣ қатъият ва зарурати ин низом натиҷа мешавад.

Роҷеъ ба асли куллии иллият дар поварақиҳои ҳамин мақола ва роҷеъ ба зарурати иллӣ ва маълулӣ дар мақолаи 8 баҳси кофӣ шуд. Ҷумлаҳои мухтасари боло ишора ба асли синхият аст. Ва назар ба ин ки ин масъала илова бар он ки дар ҳадди худ боаҳаммият аст, аз тарафи мутакаллимин ё соири фирқаҳо мавриди эродҳое воқеъ шуда ва изҳороти баъзе аз уламои физики нав низ менумоёнад, ки таҳқиқоти дақиқи уламо дар олами заррот хилофи ин аслро собит карда, ночорем басти кофӣ дар атрофи ин матлаби муҳим бидиҳем.

Асли синхиятро агар бо забони содда бихоҳем баён кунем, бояд ин тавр таъриф кунем: “Аз иллати муайян фақат маълули муайян содир мешавад, ва маълули муайян фақат аз иллати муайян сиҳҳати судур дорад”. Ҳукамо ин қоидаро он ҷо, ки ба мафҳуми дақиқаш баён мекунанд, ба ин сурат баён мекунанд: “Судур касир аз воҳид, ва судури воҳид аз касир мумтанеъ аст”. Маънои ин ҷумла ин аст, ки иллати воҳид фақат бо маълули воҳид вобастагӣ дорад ва маълули воҳид фақат бо иллати воҳид муртабит аст, ва агар аҳёнан дар мавориде мепиндорем, ки иллати воҳид маншаи маълулоти касира аст, ё маълули воҳид аз маҷмӯи чанд иллат ҳосил шуда, воқеан он иллат ё он маълули мафрузи мо воҳид нест, балки маҷмӯе аз воҳидҳост.

Албатта он чӣ дар дараҷаи аввал мавриди назари ҳукамост, “воҳиди бишшахс” аст, вале ин қоида дар воҳидҳои биннавъ яъне афроди мухталифе, ки аз “навъ”-и воҳид ҳастанд низ то ҳадде ҷорист ва натиҷа ин мешавад, ки афроди мухталиф ҳар андоза ташобуҳи навъии зиёдтаре дошта бошанд, аз лиҳози осор ва хоссиятҳо мушобеҳтаранд. Пас аз таъмими воҳид ба воҳиди бишшахс ва воҳиди биннавъ, маънои ин қоида ин хоҳад буд, ки: ҳар воҳиди ҳақиқии иллат, фақат бо як воҳиди ҳақиқӣ аз маълул вобаста ва муртабит аст, ва ҳар даста аз афроди воҳиди биннавъ, бо як силсила осори воҳиди биннавъ муртабит мебошад.

Аз қисмати аввал натиҷа мегирем: судури мавҷудот аз мабдаи кулл ва сонеъи кулл, ки ба ҳукми бурҳон, басит ва воҳид мин ҷамиъил-ҷиҳот аст, бар тибқи низоми муайян аст. Яъне судури мавҷудот ба тартиб аст ва ҳатман пойи маълули аввал (мақсуд аввалияти замонӣ нест) ва биловосита дар кор аст, ва сипас пойи маълули маълули аввал, ва ҳамин тавр… Ва назарияи Ашъарӣ, ки иродаи зоти Бориро биловосита дахил дар ҷамиъи умур медонист ғалат аст.

Аз қисмати дуввум натиҷа мегирем: табиат ҳамвора ҷараёни мушобеҳ ва якнавохтеро тай мекунад, яъне дар табиат ҳамвора шароити комилан мусовӣ натиҷаи мусовӣ медиҳад ва ин ки дар мавориди хоссе мо мепиндорем шароит мусовист ва дар айни ҳол мебинем натиҷа мухталиф аст, бояд бифаҳмем, ки воқеан шароит мусовӣ набуда ва ихтилоф вуҷуд дошта, чизе, ки ҳаст, мо ин ихтилофро дарк накардаем.

Барои исботи “асли синхият” метавон ду навъ далел иқома кард: далели ҳиссӣ ва истиқроӣ, ва далели ақлӣ ва қиёсӣ.

* * *

Далели ҳиссӣ ва истиқроӣ

Инсон ҳар андоза, ки ҷузъиётро истиқро карда ва мекунад ва дар қисматҳои мухталиф таҷриба ба амал меоварад, мебинад, ки ашё дорои хоссиятҳои муайяни собите ҳастанд ва ҳамвора шароит ва муқаддимот ва иллатҳои муайян натоиҷ ва маълулоти муайян ба дунболи худ меоварад ва тахаллуфе аз ин лиҳоз мушоҳида намекунад, ва аз ин рӯ, барояш қатъӣ мешавад, ки ҳар чизе хоссият ва истеъдоди хоссе дорад мухолиф бо хоссиятҳо ва истеъдодҳое, ки соири ашё доранд. Инсон дар асари таҷриба ва истиқро, яқин ҳосил карда, ки ҳар як аз маводди маъданӣ ва олӣ хоссиятҳои махсус ба худ дорад, хоссияти оташ сӯзондан ва хоссияти об хомӯш кардани оташ ва хоссияти ҳаво қобилияти танаффус аст. Инсон дар асари таҷриба дарёфтааст, ки аз гандум гандум мерӯяд ва аз ҷав ҷав ва аз инсон инсон мутаваллид мешавад ва аз асб асб ва аз гӯсфанд гӯсфанд ва ҳеч гоҳ мумкин нест, ки касе гандум бикорад ва ҷав бардиҳад ё он ки асб баччаулоғ бизояд. Пас инсон аз ин истиқрои ҷузъиёт, як ҳукми куллӣ интизоъ мекунад. Он ҳукми куллӣ ин аст, ки: “илал ва муқаддимоти муайян ҳамвора маълулот ва натоиҷи муайян медиҳад”.

Ин истидлол агар ҳеч муқаддимаи қиёсӣ ба он изофа нашавад, заъиф аст; зеро аввалан, ҳамон тавре, ки дар мақолаи 5 гуфтем, зеҳн қодир нест фақат бо истиқрои ҷузъиёт, ба кашфи як қонуни куллӣ ноил шавад. Ва дар тамоми мавориде, ки зеҳн дар асари истиқро ва таҷриба ба кашфи як қонуни куллӣ ноил шавад, бархе усули ақлонии ғайритаҷрибӣ мудохила дорад, ва дар он ҷо собит кардем, ки аз ҷумлаи усуле, ки ҳамвора қонунҳои куллии таҷрибӣ муттакӣ ба қабули қаблии онҳост ҳамоно “асли синхияти иллӣ ва маълулӣ” аст. Ва возеҳ аст, ки агар бино бишавад худи ин асл низ бо таҷриба собит шавад, мусталзим давр аст (мақолаи 5). Ва сониян, қонунҳои таҷрибӣ ба таври куллӣ қатъият надорад, зеро заминаи таҷрибаи комил, ки башар битавонад ҷамиъи авомили дахиларо таҳти назар бигирад, тақрибан ғайримуяссар аст, ва аз ин рӯ қонунҳои таҷрибӣ мутаволиян нақз мешавад ва таҷрибиёти баъдӣ нақзи таҷрибиёти қаблиро равшан мекунад, ва агар мо сирфан таҷрибиёти гузаштаро дар мавриди “асли синхият” милок қарор диҳем, таҷрибиёти ҷадиди илмии башар дар олами заррот, ки менумоёнад табиат ҷараёни муттаҳидушшаклеро тай намекунад, онро нақз мекунад чунонки анқариб баён хоҳем кард.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: