Ҳама чиз дар бораи додгоҳи Бузургмеҳр Ёров (8)

Бахши ҳаштум

Дархости Бузургмеҳр вобаста ба айбҳои эълонкардашуда нисбати ӯ (идома)

(Марти 2016)

(Ин матолиб ба дасти худи Бузургмеҳр навишта шудаанд.)

16) Лаҳзаи аз тарафи шаҳрванд Яъқубова Адиба додани 4400 доллари ИМА

Бо ин лаҳза, ба ман бо модди 247 к.3 банди “а”-и КҶ ҶТ аз рӯи варианти дуюми сохтакорона оиди ба ҷавобгарӣ кашидан ба сифати айбдоршаванда ва эълон намудани айби нав, айби беасос ва ғайриқонунӣ дар ин хусус эълон намудаанд, ки

“Ӯ (Ёров Б.) боз дар давраи моҳҳои июл-сентябри соли 2015 … ба ӯ шаҳрванд Яъқубова Адиба оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ дар рафти тафтиши парвандаи ҷиноятӣ, ки нисбати охирин ва аппааш Яъқубова Таҳмина аз тарафи РТ АНДМ ва МК бо банди “б” к.4 моддаи 245 ва банди “б” к.4 моддаи 247 қарор дошт, муроҷиат намудааст. Ёров Б. бошад, баъди огоҳ гаштан аз мушкилоти шаҳрванд Яъқубова А., бо мақсади такроран тасарруфи молу мулки ғайр, бо роҳи фиреб ба боварии охирин даромада, ваъда додааст, ки дар рафти тафтишот Яъқубова А.-ро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод менамояд ва бар ивази расонидани ёрии ҳуқуқӣ. аз Яъқубова А. маблағи 4400 доллар талаб намудааст. Охирин ба фиреби Ёров Б. афтода, аз шиносҳояш маблағи дар боло дарҷ гардидаро ҷамъ намуда, як қисмашро ба маблағи 2000 доллар дар ошхонаи “Озода” воқеъ дар кӯчаи Л.Шералӣ ш.Душанбе ва боқимонда 2400 долларро дар манзили истиқоматиаш воқеъ дар деҳаи Чимтеппаи н.Рӯдакӣ ба ӯ додааст. Ёров Б. бошад, маблағи тасарруфнамудаашро, бидуни ҳазинаи коллегияи мазкур ба манфиати худ сарф намуда, ба ҷабрдида Яъқубова Адиба ягон хел кӯмаки ҳуқуқӣ нарасонида, зарар ба миқдори калон расонидааст.”

Ин қисмати айб низ ғайриқонунӣ ва беасос мебошад, зеро тафтишот муносибатҳои шартномавии доштаи моро бо Яъқубова Адиба, ҳамчун ҷиноят нишон доданӣ мешавад. Дар 3-уми моҳи сентябри соли 2015 дар ду ҳолат аз рӯи шартнома Ваколатдиҳанда Яъқубова Адиба ба ман 4400 доллар оварда додааст. Ягон қонун Яъқубова Адибаро аз супурдани маблағи адвокат озод накардааст, дар чунин ҳолат ӯ аз рӯи шартномаи супориш ӯҳдадории худро оиди супурдани ҳаққи меҳнату заҳмату гонорари адвокат иҷро кардааст. Фақат вобаста ба он ки таъқиби сиёсӣ ва адвокатии ман шурӯъ шуд, ҳимояи Яъқубова Адиба ва Яъқубова Таҳминаро ман то охир бурда натавонистам, бинобар ин аз тафтишот хоҳиш намуда будам, ки қарор оиди рад намудан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ бароварда шавад. Яъқубова А, ки ҳоло дар маҳбас мебошад, ба ягон нафар ваколатнома диҳад ва ин маблағҳо ба шахси дар ваколатномаи ӯ нишондодашуда дода мешавад. Дар сурати баръакс мо маҷбур мешавем, ки маблағи додаи Яъқубова А-ро ба суратҳисоби АНДМ ва МК ҶТ, барои барқарор намудани зараре, ки Яъқубоваҳо ба касе расонидаанд, супорем. Бо назардошти он, ки қарор дар хусуси оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ бароварда шуд, ҳалли ин масъала аз тарафи мо мавқуф гузошта шуд.

Дар парвандаи Яъқубова Таҳмина ман зиёда аз 17 дархост – дар муддати се моҳ ба номи муфатттишон, прокурор, директори АНДМ ВА МК ҶТ, Президент, оиди барқарор намудани ҳуқуқҳои мурофиаии Яъқубова Тхмина навиштаам. Камаш 10 маротиба дар дохили СИЗО ба Яъқубова Т. сӯҳбатҳои ҳуқуқӣ гузаронидаам. Барои ҳимояи ин парванда (балки таъқиби адвокатӣ) аз тарафи чонишини сардори РТ АНД М ва МК ҶТ Бозоров гашта будам, ки чаро барои Яъқубова Т. шуда, шумо то Президент муроҷиат менамоед?! Инчунин. вобаста бо ин парванда бо Шоҳзамон ном корманди прокуратураи генералии ҶТ, ки Иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати назорати қонуниятро аз болои мақомоти АНДМ ва МК ҶТ буд, баҳсу мунозира доштам, ки чаро имкон намедиҳанд, ки вохӯрии якка ба якка ва бемаҳдуд ба Яъқубова Таҳмина набошад? Ваҷҳи Шоҳзамон оиди он буд, ки Яъқубова Таҳмина зиёда аз 2 миллион доллар тасарруф намудааст.

Дар аризаи якуме, ки Яъқубова Таҳмина навишта буд, ӯ ягон сухан дар хусуси он ки ман ӯро фиреб дода бошам, наменависад, баръакс маро беҳтарин адвокат муаррифӣ менамояд ва додани пулро барои ҷамъоварии далелҳои гуногун нишон медиҳад.

Аммо минбаъд дар ҷ.12 саҳ.28-32 ҳангоми пурсиши иловагии Яъқубова Адиба, чунин оварда мешавад: “Ӯ ба мо ягон кӯмак накард.” Дар охир ӯро низ ба ҳабс гирифтанд.

Дар ҷ.12 саҳ.33-36 дар рафти пурсиши иловагии Яъқубова Таҳмина охирин оиди он нишон медиҳад, ки: “Ёров Б. ба мо ягон хел кӯмаки ҳуқуқӣ нарасонид… Ӯ ҳамагӣ таҳминан 4 ё 5 маротиба ба назди ман ба маҳбасхонаи тафтишотӣ омада, 14-15 дақиқа сӯҳбат карда, баромада мерафт. Лекин аз ваъдаҳои додааш оиди ҷамъваории маълумотнома ва дигар далелҳои сафедкунандаи ман, ягон корро иҷро накард.”

Мақомоти тафтишоти пешакӣ расман маро бо Яъқубова рӯбарӯ наменамоянд. Аммо бо ёрии муфаттиш Ҳакимов Музаффар вохӯрии якҷояи мо бо Таҳминаву Адиба дар СИЗО доир шуда буд, ки мо зиёда аз як соат бо ҳамдигар сӯҳбат доштем. Онҳо оиди он изҳор карданд, ки нисбати ман даъвое надоранд, агар имкон бошад, қисм-қисм маблағи 4400 доллар ба онҳо баргардонида шавад. Ман изҳор намудам, ки имкони пурраи баргардонидани ин маблағҳоро дорам, фақат тафтишот аввалан қарори дуруст дар ин қисм қабул намояд, ки дар кирдорҳои ман амали қаллобӣ вуҷуд надорад. Яъқубова Таҳмина то ман адвокат дошт, ки баъдан ӯро бо ман иваз кард ва баъди ҳабси ғайриқонунии ман боз адвокати пештараашро ба ҳимоя даъват намуд. Аз ин рӯ, ман ҳеч вақт Адиба ва Таҳминаро оиди он нагуфтааам, ки ба ивази 4400 доллар Таҳминаро мебарорем. Инчунин ҳеч вақт аз онҳо 4400 доллар талаб нкардаам, худи Адиба дар мувофиқа бо Таҳмина ин маблағҳоро оварда ба дасти ман додааст.

Вобаста ба ин парванда, дар асоси супориши Яъқубова Адиба, ман бо 5-6 нафар шахсоне, ки Таҳминаро тӯҳмат намуда буданд, вохӯрда қонунгузории ҷориро ба онҳо фаҳмонида додам, аз номи онҳо ариза ба директори АНДМ ва МК ҶТ навишта додам. Аз номи Яъқубова Таҳмина дар СИЗО чандин аризаи дигар нисбати шахсоне, ки ӯро фиреб дода, маблағҳояшро гирифтаанд навишта ба Яъқубова Адиба додам.

Баҳри кашидани хати ягонаи ҳуқуқӣ ва амали намудани он ҳар хафта 3-4 маротиба бо Яъқубова Адиба, модараш, бародаронаш вохӯрда, оиди кори намуда ҳисобот медодам. То ҳатто писари Яъқубова Т. бо номи Фирӯз муддати зиёда аз як моҳ бо ман буд ва тамоми кори иҷроменамудаи маро медид.

Аз маблағҳои гирифта 2000 сомонӣ ба ҳазинаи коллегияи адвокатҳои СИПАР супурда шудааст.

Бинобар ин хоҳиш менамоям, ки ин қисмати айби беасос, бино бар даар кирдорҳои ман набудани таркиби ҷиноят, қатъ карда шавад.

* * *

17) Лаҳзаи тӯҳмати намудаи шаҳрванди Сулаймонова Ф. оиди додани 4000 сомонӣ

Бо ин лаҳза, ба ман бо моддаи 247 к.3. банди “а”-и КҶ ҶТ аз рӯи варианти дуюми сохткоронаи қарор дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидан ба сифати айбдоршаванда ва эълон намудани айби нав дар хусуси он, айби ғайриқонунӣ ва беасос оиди он эълон намудаанд, ки гӯё:

“Ӯ (Ёров Б.) боз дар моҳи октябри соли 2013… бо роҳи фиреб ва суистифодаи боварӣ, ҳангоми дар бинои суди ш. Исфара ҳозир буданаш, ба боварии шаҳрванд Сулаймонова Фотимахон даромада, охирин фиреб намудааст, ки дар мурофиаҳои судии суди шаҳри Исфара ва вилояти Суғд иштирок намуда, баҳси китъаи замини бо Аброров Абдурабӣ доштаро ба манфиаташ ҳал менамояд ва бо ин роҳ аз Сулаймонова Ф. маблағи 4000 сомониро тасарруф намудааст. Сипас ӯ маблағи тасарруфнамудаашро бидуни ҳазинаи коллегияи мазкур ба манфиати худ сарф намуда, бо вайрон намудани одоби касбии адвокат, бо ҷабрдида Сулаймонова Ф. ягон хел кӯмаки ҳуқуқӣ нарасонида, ба охирин зарар бо миқдори калон расонидааст.”

Ин хулосаи тафтишот умуман нодуруст мебошад. Барои ҳамин аз тафтишот то имрӯз ман хоҳиш доштам, ки маро бо Сулаймонова Ф. рӯбарӯ намоянд. Зеро бо ӯ ман шартномаи шифоҳии расонидани ёрии ҳуқуқӣ дошта дар маҷмӯъ ӯ ҳамагӣ ба ман 1800-2000 сомонӣ дар муддати 3 соли охир додааст. Ин маблағҳоро низ ӯ гоҳе 50 сомонӣ, гоҳе 100-200 сомонӣ қисм-қисм медод. Даар маҷмӯъ яку якбора 1800-2000 сомонӣ надодааст. Вақте ки пули ночизашро медод, ман аз гирифтани он худдорӣ менамудам, аммо ӯ мегуфт, ки ман мефаҳмам шумо аз роҳи дур меоед, хароҷоти роҳ, меҳмонҳона, хӯрок доред, пули маро кам бошадам гиред.

Тӯли 3 соли охире, ки мо ба шаҳри Исфара мерафтем, бештар вақт дар хонаи Сулаймонова Ф. ҷамъ мешудем ва дар он ҷо дар 4-5 соат то дахҳо сокинони шаҳри Исфара қабул мекардем. Агар ба хонаи Сулаймонова Ф. Намерафтем, пас ӯ хафа мешуд, ки чаро ба хонаи ӯ нарафтаем ва ба дигар нуқтаҳо рафтем.

Тафтишоти пешакӣ сокинони шаҳри Исфара Раҳимова Анзурт, Шарипова Рокия, Шарипова Барно, Нарзуллоев Сатторхонро оиди шахсияти ман пурсидааст, ҳамаи онҳо ман ва адвокат Махкамовро аз ҷиҳати мусбӣ тавсия медиҳанд, лекин тафтишот оиди муносибати доштаи ман бо Сулаймонова Ф. ягон саволе намегузорад. Нишондоди Сулаймонова Ф.-ро аз ҷиҳати танқидӣ баҳо намедиҳад, ки чаро чор нафар нисбати адвокат Ёров Б. сухани мусбӣ як нафар сухани манфӣ мегӯяд?! Сулаймонова Ф. дар пурсишаш оиди он нишон медиҳад, ки 3600 сомонӣ ба дасти ман дода бошаду 400 сомонӣ ба дасти адвокат Раҷабов Маҳмадисо. Аммо шоҳид Раҷабов М. додани 400 сомониро аз тарафи Сулаймонова Ф. инкор намуда, тӯҳмат будани суханони Сулаймонова Ф.-ро нишон медиҳад.

Тафтишоти пешакӣ аз суди шаҳри Исфара парвандаҳои сершуморе, ки дар он ман манфиатҳои Сулаймонова Ф.-ро ҳимоя намудам. талаб карда намегирад. Санандҳои судӣ ва протоколҳои судии ин мурофиаҳо ба кор ҳамроҳ карда намешавад.

Аз ҳуҷҷатҳое, ки муфатиш Ҳакимов М. аз компютери ман, ки дар дасташ мебошад, аз файли Сулаймонова Ф. пешниҳод кардааст ва он ба дархост ҳамроҳ карда мешавад, дида мешавад, ки ман дархостҳои гуногун ба КДФБТ ва кумитаи заминсозии шаҳри Исфара навиштаам. Ҳуҷҷатҳои лозимаро ҷамъ намуда, барои тартиб додани сертификати ҳуқуқӣ истифодаи замин ба манфиати ӯ ариза навиштаам. 4 маротиба аризаҳои даъвогии дахлдор, аризаи даъвогӣ, норозигиву мулоҳизаҳо тартиб дода, дахҳо маротиба бо фосилаҳои гуногун дар мурофиаи судӣ иштирок кардаам. Охирин маротиба бо ҳалномаи суди ш. Исфара, ки ба манфиати ӯ набуд, омӯхта аз болои он шикояти кассатсионӣ ба суди вилояти Суғд навиштам.

Сулаймонова Ф. то ҳатто аз ҳалномаи суди ш. Исфара аз 18.12.2008 оиди фавтида эълон намудани Ғаюрова (Қаюмова) Заррина Акрамҷоновна норизо буда, манро барои омӯзиши ҳалномаи номбурда даъват менамояд, ҳалномаро омӯхт аз болои сохтакории он ман ба мақомоти прокуратура аз номи ӯ ариза тартиб медиҳам. Нусхаи ин ҳуҷҷатҳо ба дархост ҳамроҳ карда мешавад. Байни Аброров А. ва Сулаймонова Ф. дар суди ш. Исфара созиши оштӣ баста мешавад, ки тибқи он ба Сулаймонова Ф. дар ҳудуди бозори марказии ш. Исфара 2 мағоза сохта дода бояд шавад. Тамоми сокинони Исфара аз ин созиш розӣ буданд. Аз сабаби он ки Аброров А. ӯҳдадории гирифтаашро иҷро накард, аз нав барои бекор намудани қарори судӣ ба суди ш. Исфара ман ариза вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоркардашуда навиштам. Аз нав баррасии парванда оғоз шуд. Оё ин расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба Сулаймонова Ф. нест? Ё ин ки Абдурсулзода А. агар худ адвокат мешуд ба ивази 1800-2000 сомоние, ки қисм-қисм дар муддати 3-4 сол дода мешуд, аз осмон барои Сулаймонова Ф. ситорае оварда медод! Мақомоти прокуратура як маротиба МУКАЛЛАФӣ ва ё ин ки НОМУКАЛЛАФИИ Абдурасулзода А.-ро санҷида бароянд, ки зери фаъолияти адвокатӣ ӯ чиро мефаҳмад. Мардуми тоҷик комиссияе ташкил карда аз ӯ нуктаҳои конугузории адвокатураро пурсон шаванд, оё Абдурасулзода А. ягон ҳарфи ин қонунро медонад ё ин ки не?

Дар ҷ. 12 саҳ. 37-41 пурсиши Махкамов Н.П. овард шудааст, ки аз он маълум мешавад, ки…

(Аз саҳ.13 варақаҳои алоҳида дар шиносшавӣ навишта ҷ.12 саҳ.37-41 ду абзатси навишта дар ин ҷо набор ва ҷой карда шавад. Инчунин аз флешкартаҳои Хитобов У., Беков Б., Ашӯрова Т. ва дигарон тамоми файли Сулаймонова Ф. чоп карда оварда шавад.)

… тафишоти Абдурасулзода А. боре оиди он фикр наменамояд, ки аз кадом ҳисоб бояд Ёров Б. аз ш. Душанбе ба ш. Исфара мерафт, ёрии ҳуқуқӣ ба Сулаймонова Ф. мерасонид ва боз аз кадом ҳисоб ба шаҳри Душанбе аз ш. Исфара баргашта меомад?! Оё рафту омад ба ин минтақа харҷу хароҷоте нест ва агар харҷу хароҷоте бошад, пас инро кӣ пардохт мекунад? Сулаймонова Ф. ё ин ки дигар шахс?

Бино бар набудани таркиби ҷиноят дар ин қисмат, ин қисми айби эълоншуда қатъ карда шавад.

* * *

18) Лаҳзаи аз тарафи шаҳрванд Халезин В. С. додани 2000$-и ИМА

Бо ин лаҳза, ба ман бо моддаи 247 қисми 3 банди “а”-и КҶ ҶТ аз рӯи варианти дуюми қарори сохтакорона дар бораи ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарӣ кашидан ва эълон намудани айби нав дар хусуси он, айби ғайриқонунӣ ва беасос эълон намудаанд, ки гӯё:

“Ӯ (Ёров Б.) боз моҳи майи соли 2009 … ба ӯ шаҳрванд Халезин Владимир Семенович дар бинои маслиҳатхонаи мазкур воқеъ дар кӯчаи Клара Сеткинаи ш. Душанбе оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ ва иштирок намудан дар баррасии баҳси манзили шахсияш дар суди шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст. Ӯ бошад аз мушкилоти шаҳрванд Халезин огоҳ гашта, бо мақсади такроран тасарруф намудани молу мулки ғайр, бо роҳи фиреб ва суистифодаи боварӣ, ба боварии охирин даромада, номбурдаро фиреб намудаст, ки дар мурофиаҳои суди ш. Душанбе иштирок намуда баҳси манзили истиқоматиашро воқеъ дар кӯчаи Испечак 33 ш. Душанбе ба манфиати охирин ҳал менамояд ва бо ин роҳ аз Халезин В.С. маблағи 2000$ талаб намудааст. Шаҳрванд Халезин В.С. ба ин фиребу ӯ бовар карда, санаи 15.05.2009 ба хонаи истиқоматии Ёров Б., воқеъ дар кӯчаи Н. Қарабоеви ш. Душанбе рафта ба охирин маблағи 2000$-и ИМА дода, оид ба ин ҳолат забонхат гирифтааст. Супас ӯ маблағҳои бо роҳи қаллобӣ тасаруфнамудаашро бидуни ҳазинаи маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ ба манфиати шахсияш сарф намуда дар мурофиаи судӣ иштирок накардааст ва ба ин кирдораш ба ҷабрдида Халезин В. ба миқдори калон зарари моддӣ расонидааст.”

Айби эълоннамуда дар ин қисмат умуман беасос мебошад. Тафтишоти пешакӣ ҳарчанд, ки ман даҳҳо маротиба оиди он талаб намудам ки манро бо Халезин В.С. рӯбарӯ намояд, рӯбарӯ наменамояд. Агар ба аризаву баёноту пурсиши Халезин диққат карда шавад, пас ӯ дар ягон ҳуҷҷати номбурда оиди он, ки адвокат Ёров Б. ӯро фиреб додааст сухане намегӯяд. Муфаттиш то ҳатто савол оиди он намедиҳад, ки оё Ёров Б. шуморо фиреб кардааст? Оё Шумо ба Ёров Б. ягон ваколатномаи нотариалӣ дода будед ё не? Оё бародари шумо барои фурӯхтани хонаи шумо нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ дар ШВКД ва прокуратураи н. Синои ш. Душанбе бо м. 247 к.4 КҶ ҶТ кушоданд ё ин ки не? Оё шумо ягон маротиба аз Ёров Б.Р. маблағи 2000$-и додаатонро талаб кардед ё не, агар талаб карда бошед пас барои чӣ? Чаро то боздошти сиёсии Ёров Б. ба ягон мақомоти давлатӣ дар ин хусус муроҷиат накардед? Дар нишондоди худ ман оиди он нишон медиҳам, ки Халезин худ ба ман 2000$ маблағ дар асоси забонхати аз ман гирифтааш дод. Инчунин, оиди он гуфт, ки 500$ дигари ӯ дар дасти Мирзовалиён Ҳамза вуҷуд дорад, онро низ рафта гирам. Аммо ман ҷавоб медиҳам, ки дар додугирифти пулии ӯ бо Мирзовалиён набудам, бинобар ин аз ин амал, яъне гирифтани 500$ додаи ӯ ба Мирзовалиён Ҳ. иштирок наменамоям.

Дар рафти тафтишот барои он, ки номи Мирзовалиён Ҳамза набошад, муфаттишон 3 маротиба аз пурсишҳо номи Мирзовалиён Ҳ.-ро пинҳон намуданд, аризаи Халезин В.-ро дигаргун намуданд, ки гӯё ӯ фақат нисбати адвокат Ёров Б. ариза навишта бошаду халос. Баъди он ки ман изҳор менамоям, ки дар суд сводкаи ВКД ҶТ бо аризаи Халезин В.С.-ро мебардорем ва сохтакории муфаттиш Фатҳуллоев С.-ро аён менамоем, пурсиши Мирзовалиён Ҳ. гузаронида мешавад. Аз сабабе, ки нисбати Мирзовалиён Ҳ. таъқиби сиёсӣ ва адвокатӣ нест, қисми маводҳои парвандаи ҷиноятӣ нисбати ӯ – бино бар дар кирдораш набудани таркиби ҷиноят қатъ карда мешавад. Нигаред ба ҷ.7 саҳ.193-194. Аммо нисбати ман ин гуна қарор бароварда намешавад, зеро бо супориши Эмомалӣ Раҳмон ва Раҳмон Юсуф муқобили ман таъқиби сиёсӣ ва адвокатӣ рафта истодааст, бинобар ин дар қарор кирдоре, ки ҷиноят нест, ҳамчун ҷиноят тасниф карда мешавад. То ҳатто тафтишот ҳангоми эълон намудани айб оиди он намедонад, ки соли 2009 маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ дар кӯчаи Мушфиқӣ 73 қарор дошт, на ин ки дар к. Клара Сеткин. Тафтишоти пешкӣ то ҳатто аз идораҳои давлатии нотариалӣ ду ваколатномаи ба тариқи нотариалӣ дода Халезин В.-ро ба парванда ҳамроҳ наменамоянд, зеро медонанд, ки дар чунин сурат тӯҳмати онҳо, ки барои чӣ пул ба ҳазина ворид нашудааст, дурӯғ буданаш маълум мешавад.

Агар ман мақсади фиреб додани Халезин В.-ро медоштам, ҳеч вақт ба ӯ забонхат дар хусуси гирифтани пулҳо намедодам. Дар парвандаи ӯ ман аввалан дар зинаи кассатсионӣ иштирок намуда будам, баъдат ба тариқи назоратӣ ба суди Ш. Душанбе ва Суди Олии ҶТ шикоятҳо супурда будам. Бо хоҳиши Халезин чандин маротиба ба номи Президентҳои Руссия ва Тоҷикистон аризаҳо навишта будам. Инчунин чандин аризаҳо барои тезонидани кофтукоби додари Халезин В. навишта будам, то ки истеҳсолоти парвандаи ҷиноятӣ ба итмом расида парвандаи гражданӣ санадҳои судӣ бо ҳолатҳои нав ошкоркардашуда бекор карда шавад. Яъне аз тарафи ман тамоми ёрии ҳуқуқие, ки лозим буд, ба Халезин расонида шуда буд.

Бинобар ин хоҳиш менамоям, ки ин қисмати айбнома бино бар дар кирдорҳои ман набудани таркиби ҷинояте қатъ карда шавад.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигар



Рубрики:Инсони муваффақ, Пароканда, Торих, Ҷомеа

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: