Ислом ва Эронзамин (81)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши севвум

Хадамоти Эрон ба ислом (44)

Табақоти урафо ва сӯфия (2)

(Аз Абӯбакри Шиблӣ то Имом Абӯҳомиди Ғаззолӣ)

Қарни чаҳорум

1) Абӯбакри Шиблӣ. Шогирд ва муриди Ҷунайди Бағдодӣ буда ва Ҳаллоҷро низ дарк карда ва аз машоҳири урафост. Аслан хуросонӣ аст. Дар китоби “Равзотул-ҷаннот” ва соири китобҳои тароҷум, ашъор ва калимоти орифонаи зиёде аз ӯ нақл шудааст. Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ гуфтааст: “Аввал касе, ки ба рамз сухан гуфт Зуннуни Мисрӣ буд. Ҷунайд, ки омад, ин илмро мураттаб сохт ва баст дод ва китобҳо дар ин илм таълиф кард, ва чун навбат ба Шиблӣ расид, ин илмро ба болои манобир бурд” . Шиблӣ дар байни солҳои 334-344 дар 87-солагӣ даргузаштааст.

2) Абӯалии Рӯдборӣ. Насаб ба Анушервон мебарад ва соcонинажод аст. Муриди Ҷунайд буда ва фиқҳро аз Абулаббос ибни Шурайҳ ва адабиётро аз Саълаб омӯхт. Ӯро ҷомеъи шариату тариқату ҳақиқат хондаанд. Дар соли 322 даргузаштааст.

3) Абӯнасри Сарроҷи Тӯcӣ, соҳиби китоби маъруфи “Ал-лумаъ”, ки аз мутуни асил ва қадим ва мӯътабари ирфону тасаввуф аст. Дар соли 378 дар Тӯс даргузаштааст. Бисёре аз машойихи тариқат шогирди биловосита ё маъалвоситаи ӯ будаанд. Баъзе муддаӣ ҳастанд, ки мақбарае, ки дар поини хиёбони Машҳад ба номи “Қабри пири поландӯз” маъруф аст, мақбараи ҳамин Абӯнасри Сарроҷ аст (сарроҷ яъне зинсоз). Кам-кам ин калима ба поландӯз тағйири шакл додааст.

4) Абулфазли Сарахсӣ. Ин мард аҳли Хуросон ва шогирд ва муриди Абӯнасри Сарроҷ ва устоди Абӯсаъиди Абулхайр орифи бисёр маъруф будааст. Дар соли 400 ҳиҷрӣ даргузаштааст.

5) Абӯабдуллоҳи Рӯдборӣ. Ин мард хоҳарзодаи Абӯалии Рӯдборӣ аст ва аз урафои Шому Сурия ба шумор меравад. Дар соли 369 даргузаштааст.

6) Абӯтолиби Маккӣ. Шӯҳрати бештари ин мард ба воситаи китобест, ки дар ирфон ва тасаввуф таълиф кардааст ба номи “Қутул-қулуб” . Ин китоб чоп шуда ва аз мутуни асил ва қадими ирфону тасаввуф аст. Абӯтолиб аслан аз билоди Ҷабали Эрон аст ва дар асари ин ки солҳо дар Макка муҷовир буда, ба унвони “Маккӣ” маъруф шудааст. Вай дар соли 385 ё 386 даргузаштааст.

* * *

Қарни панҷум

1) Шайх Абулҳасани Харақонӣ. Яке аз маъруфтарини урафост. Урафо достонҳои шигифт ба ӯ нисбат медиҳанд, аз ҷумла муддаӣ ҳастанд, ки бар сари қабри Боязиди Бастомӣ мерафта ва бо руҳи ӯ тамос мегирифта ва мушкилоти хешро ҳал мекардааст. Мавлавӣ мегӯяд:

Ҳар сабоҳе рӯ ниҳодӣ сӯйи гӯр,

Истодӣ то зуҳо андар ҳузур.

Ё мисоли шайх пешаш омадӣ,

Ё ки бе гуфте шиколаш ҳал шудӣ.

Мавлавӣ дар Маснавӣ зиёд аз ӯ ёд кардааст ва менамояд, ки иродати вофире ба ӯ доштааст. Мегӯянд бо Абӯалӣ Сино файласуфи маъруф ва Абӯсаъиди Абулхайр орифи маъруф мулоқот доштааст. Вай дар соли 425 даргузаштааст.

2) Абӯсаъиди Абулхайри Нишопурӣ. Аз машҳуртарин ва боҳолтарини урафост. Рубоиҳои нағз дорад. Аз вай пурсиданд: тасаввуф чист? Гуфт: “Тасаввуф он аст, ки он чӣ дар сар дорӣ биниҳӣ ва он чӣ дар даст дорӣ бидиҳӣ ва аз он чӣ бар ту ояд биҷаҳӣ.” Бо Абӯалӣ Сино мулоқот доштааст. Рӯзе Бӯалӣ дар маҷлиси ваъзи Абӯсаъид ширкат кард. Абӯсаъид дар бораи зарурати амал ва осори тоату маъсият сухан мегуфт. Бӯалӣ ин рубоиро ба унвони ин ки мо такя бар раҳмати Ҳақ дорем на бар амали хештан, иншо кард:

Моем ба афви ту таманно карда,

Аз тоату маъсият табарро карда.

Он ҷо, ки инояти ту бошад, бошад,

Нокарда чу карда, карда чун нокарда.

Абӯсаъид филфавр гуфт:

Эй нек накардаву бадиҳо карда,

В-он гаҳ халоси худ таманно карда.

Бар афв макун такя, ки ҳаргиз набувад,

Нокарда чу карда, карда чун нокарда.

(Номаи донишварон, зайли аҳволи Бӯалӣ Сино)

Ин рубоӣ низ аз Абӯсаъид аст:

Фардо, ки заволи шаш ҷиҳат хоҳад буд,

Қадри ту ба қадри маърифат хоҳад буд.

Дар ҳусни сифат кӯш, ки дар рӯзи ҷазо,

Ҳашри ту ба сурати сифат хоҳад буд.

Абӯсаъид дар соли 440 ҳиҷрӣ даргузаштааст.

3) Абӯалии Даққоқи Нишопурӣ. Ҷомеъи шариату тариқат ба шумор меравад. Воиз ва муфассири Қуръон буд. Аз бас дар муноҷотҳо мегириста ӯро “Шайхи навҳагар” лақаб додаанд. Дар соли 405 ё 412 даргузаштааст.

4) Абулҳасан Алӣ ибни Усмони Ҳуҷвирии Ғазнавӣ, соҳиби китоби “Кашфул-маҳҷуб”, ки аз китобҳои машҳури ин фирқа аст ва ахиран чоп шудааст. Дар соли 470 даргузаштааст.

5) Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ. Арабнажод ва аз авлоди Абӯаюби Ансорӣ, саҳобии бузургвори маъруф аст. Хоҷа Абдуллоҳ яке аз маъруфтарин ва мутаъаббидтарини урафост. Калимоти қисор ва муноҷотҳо ва ҳамчунин рубоиёти нағз ва боҳоле дорад. Шӯҳраташ бештар ба воситаи ҳамонҳост. Аз калимоти ӯст:

Дар тифлӣ пастӣ, дар ҷавонӣ мастӣ, дар пирӣ сустӣ, пас кай Худо парастӣ?

Ва ҳам аз калимоти ӯст:

Бадиро бадӣ кардан сагсорист, некиро некӣ кардан хархорист, бадиро некӣ кардан кори Хоҷа Абдуллоҳи Ансорист.”

Ин рубоӣ низ аз ӯст:

Айб аст бузург баркашидан худро,

Аз ҷумлаи халқ баргузидан худро.

Аз мардумаки дида бибояд омӯхт,

Дидан ҳама касрову надидан худро.

Хоҷа Абдуллоҳ дар Ҳирот мутаваллид ва дар ҳамон ҷо дар соли 481 даргузашта ва дафн шудааст ва аз ин ҷиҳат ба “Пири Ҳирот” маъруф аст. Хоҷа Абдуллоҳ китобҳои зиёд таълиф карда, маъруфтарини онҳо, ки аз китобҳои дарсии сайру сулук аст ва аз пухтатарини китобҳои ирфон аст, китоби “Манозилус-соирин” аст. Бар ин китоб шарҳҳои зиёд навишта шудааст.

6) Имом Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолии Тӯcӣ. Аз маъруфтарини уламои манқул буд. Раиси Ҷомеъи Низомияи Бағдод шуд ва олитарин мақоми руҳонии замони хешро ҳиёзат кард, аммо эҳсос кард на он маълумот ва на он маносиб руҳашро ишбоъ намекунад. Аз мардум махфӣ шуд ва ба таҳзибу тасфияи нафс машғул шуд. Даҳ сол дар Байтулмуқаддас дур аз чашми ошноён ба худ пардохт. Дар ҳамон вақт ба ирфону тасаввуф гароид ва дигар то охири умр зери бори мансабу мақом нарафт. Китоби маъруфи “Эҳёу улумид-дин”-ро баъд аз давраи риёзат таълиф кард ва дар соли 505 дар Тӯс, ки ватани аслиаш буд даргузашт.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб



Рубрики:Ирфони амалӣ, Ирфони назарӣ, Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: