Муғолатаҳои Истаравшанӣ

Ба қалами Исомиддин Шарифов, номзади илмҳои фалсафа

Тазаккур: Ҳадафи мо аз бознашри мақолаи ҷаноби Исомиддин Шарифов, аввалан, риояти адаб ва урфи роиҷ миёни асҳоби қалам аст, ки раддияҳоро бидуни каму кост мегузоранд, ва сониян, як дарс ҳам бошад барои ҳукумати кунунӣ ва нависандаҳои дарбориаш, то бидонанд, рақибони онҳо аз сиъаи садри лозим барои инъикоси афкор ва андешаҳои руқабои худ бархӯрдоранд; як дарси демукросӣ ва эҳтиром ба озодии баён. С.И.

Ахиран пас аз гузашти ду моҳ аз нашри мақолаи «Ҳақиқат дар бораи наҳзатиҳо: ҲНИТ як шохаи Ихвон ул муслимин аст ва аз тероризими ақидавӣ ва амалӣ кор мегирад», ки дар сомонаи хабаргузории «Ховар» интишор шуда буд, пойгоҳи ақидатӣ ва хабарии «Кимиёи саодат», ки мутааллиқ ба Саидюнуси Истаравшанӣ аст, ҷавобияеро таҳти унвони «ҲНИТ, Ихвон ул муслимин, демокросӣ ва терроризм» мунташир сохт. Дар оғоз Истаравшанӣ даъво пеш меорад, ки агар ин мақола аз сӯи як муаллифи гумном навишта мешуд ниёзе ба посух надошт ва муътақид аст, ки тайи чанд соли ахир ҳар навишторе ки дар расонаҳои давлатӣ нисбати ҲНИТ навишта шуда бошад ёва ва чаранданд. Аз ин лиҳоз ба муаллифи мақола ки иддаои донишмандӣ дорад чанд нуқтаро ёдоварӣ намояд.

Дар ҳамин навишта пайдост, ки Истаравшанӣ худ даъвои донишмандӣ дорад ва ба ҷуз аз ҳарфҳои хеш ҳар нуқтаи назари дигар барояш чаранд ва ёва талаққӣ мешавад. Ин бозгӯйкунандаи он аст, ки муаллиф сахт худбовару худхоҳ аст. Қабл аз баёни нуктаҳои ёдовариаш Истаравшанӣ даъво дорад, ки ҳеҷ гоҳ на дар гузашта ва на дар ҳоли ҳозир узви созмони террористии ҲНИТ набудааст. Аммо «ин бандаи Худо», ки бисёр адолатпеша будааст, ҳамвора вақте дидааст «дар бораи ин ҳизб ҳарфи беҷо ва туҳмати нораво мезананд» аз он дифоъ ба амал меовардааст ва ин кор барояш вазифаи инсонию меҳанӣ ва таклифи шаръӣ будааст.

Ҳарчанд Истаравшанӣ даъво пеш меоварад, ки ӯ аъзои ҲНИТ нест аммо масъала танҳо марбути аъзо будан ба ин ё он ҳизб нест. Воқеият ин аст, ки Истаравшанӣ ба ҳайси яке аз дифоъгарони расмии ҲНИТ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад.Тақрибан мисли раёсати ҲНИТ андеша мекунанд ё аз як пойгоҳ ва ба таври якхела дастур мегиранд ва идеологияи ягонаро ҷонибдорӣ менамоянд. Аз ин рӯ, шарт нест, ки расман аъзои ҲНИТ буд ё набуд. Аз ҷониби дигар, шояд аз ин ки яке аз принсипҳои «қадам ба қадам»-и «Ихвон-ул-муслимин ин «Тарғиби илмҳои теологӣ, аз он ҷумла калом ва ирфон ва шахсиятҳои таърихии ин илмҳо» аст, ҷаноби Истаравшанӣ на аз рӯи дилсӯзӣ, балки яке аз шахсиятҳои амаликунандаи ин ҳадаф барои хеш зарур донистааст то ҷавобияеро ба инҷониб ирсол дорад.
Дар нуктаи якум Истаравшанӣ даъво дорад ки дар оиномаи расмии ҲНИТ ҷое зикр нашудааст, ки ин ҳизб ихвонӣ бошад ва ин ҳизб гӯё дар чорчӯбаи афкор ва андешаҳои барҷой монда аз поягузоронаш Нурӣ ва Ҳимматзода, роҳбарони қаблӣ ва кунунии он маншаъ мегирифтааст. Ҷаноби Истаравшанӣ як нуктаро дарк наменамояд (агар дарк намояд ҳам қабул надорад), ки афкори Нурӣ ва Ҳимматзода аз осмон наомадаанд ва бо далелҳои расмӣ тибқи таҳсили китобҳои Ҳасан-ул-бано ва Саид Қутбу Муҳаммад Қутб шакл гирифтаанд, ки муҳимтаринашон инҳо будаанд:

Саид Қутб, “Адолати иҷтимоӣ дар Ислом”;

Саид Қутб, “Мо чӣ мегӯем”;

Саид Қутб, “Нишонаҳои роҳ”;

Саид Қутб, “Ислом – Дини фитрат”;

Саид Қутб, “Дар сояи Қуръон” (тафсири шашҷилдаи Қуръон);

Муҳаммад Қутб, “Фалсафаи ҷиҳод”, нашри Макка, 500 саҳифа;

Муҳаммад Қутб, “Байни капитализм ва сотсиализм”;

Муҳаммад Қутб, “Ҷоҳилияти қарни бистум”;

Муҳаммад Қутб, “Шубҳаҳо дар атрофи Ислом”.

Вақте афкору андешаҳои онон дар ҳамин замина рушд намуда ташаккул ёфта бошанд ва ҳеҷ ақида ва роҳкорҳои навине илло ақоиди ихвонӣ вуҷуд надошта бошад, пас магар эшон ихвонӣ нестанд? Дар идома ҷаноби Истаравшанӣ моро иттиҳом ба он мезанад, ки оё ҳеҷ китобе аз ин бузургон хондаам ва оё медонам, ки андеша аз афкори онҳо чӣ аст ва чӣ гуфтаанд?
Ҷаноби Истаравшанӣ шумо ва он нафароне, ки ин китобҳои бисёр «сутурги» маорифи исломиро навиштаву хондаед чӣ кори хуберо барои мардум анҷом додед, ки қобили таҳсину офарин бошад. Магар фалсафаи ҷиҳоду шаҳодат, ки яке аз омили асосии пайдоиш ва рушди терроризми исломӣ дар ҷаҳон шудааст аз татбиқи амалии фалсафаи ҷиҳоду шаҳодат сурат намегирад?!
Оё кушторҳои солҳои 90-уми асри гузаштаи Тоҷикистон, ки мардумро такфир карда ватанро ба хоку хун оғӯшта карданд, аз андешаҳои ноби фалсафаи шаҳодат маншаъ намегирад?!

Дар зимн, мехоҳам як чизро бароятон тавсия диҳам, зеро Шумо нафаред, ки имкон ва дасти дароз доред. Як таҳқиқотеро дар мавриди Муҳаммад Қутб, Саид Қутб ва Руҳуллоҳ Хумайнӣ анҷом диҳед. Зеро суол ин аст, ки ин нафарон, ки дар равияҳои Исломи сиёсии муосир таъсиргузор буданд, баъзе сарчашмаҳо ишонро ба ҳиндуасл будан иртибот медиҳанд ва агар батаҳқиқ дунболагирӣ намоед, пояшон ба Аврупо кашида мешавад. Магар шубҳае пеш намеояд, ки ин «бузургмардон» аз кадом сервиси ҷосусии абарқудрати асри XIX ва XX дастур гирифта бошанд? Мо ҳама дунболи ин «осори ноб» мардумро гумроҳ наменамоем?!.

Дар нуктаи дуюм ҷаноби Истаравшанӣ моро ба он иттиҳом мезанад, ки «муртакиби иштибоҳи фоҳише» шудаем ва ихвону ҲНИТ-ро дар канори ДИИШ-у “Ал-қоида” қарор додем ва тафовутҳои онҳо аз назари идеологӣ аз замин то осмон будааст. Ҷаноби Истаравшанӣ як масъалаи умумие, ки ин гурӯҳҳоро ба ҳам мепайвандад бо роҳи ҷиҳод дигар кардани фазои сиёсӣ ва аз ин роҳ ба даст овардани қудрати сиёсӣ аст. Масъалаи дигар ин аст, ки “Ихвон-ул-муслимин” ба ҳайси куҳантарин ташкилоти сиёсию исломӣ барои ба вуҷуд омадани дигар ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии исломӣ дар саросари ҷаҳон таъсиргузор будааст.

Дар нуктаи сеюм истаравшанӣ даъво дорад, ки террорист унвон кардани ҲНИТ ва “Ихвон-ул-муслимин” кори нодуруст аст ва онро гӯё танҳо Абдулфатоҳ Ас Сиси террорист хонда бошад ва ҲНИТ-ро роҳбарияти сиёсии Тоҷикистон.

Ҷаноби Истаравшанӣ «Ихвон-ул-муслимин» дар тӯли 90 соли мавҷудияташ борҳо дар саросари ҷаҳон ба террори шахсиятҳо даст задааст.. Дар ин маврид Ихвониҳо ҳамеша тактикаи худро иваз карда меистанд. Онҳо бештари маврид мухолифони сарсахти худро ба қатл мерасонанд ва боз ҳам иддао мекунанд, ки онҳо ба зӯроварии сиёсӣ ва ҳарбӣ набояд роҳ диҳанд. Бояд ошкор бошад, ки чунин иддао худ як тактикаи ба ғафлат андохтани душман ва ба хотири худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ сафед кардан аст. Шояд ҳамин тактика буд, ки Усома бин Лодан ихвониҳоро барои хиёнат ба идеяҳои Саид Қутб гунаҳкор мекунад. Гӯё онҳо ба ҷиҳоди рӯирост намегузаранд ва ба тактикаи «қадам ба қадам» машғуланд. Шояд ин назари роҳбари “Ал Қоида” як чораи тактикӣ буд ба хотири дар пеши ҷомеаи ҷаҳонӣ сафед кардани шабакаи “Ихвон ул муслимин”?

Ихвониҳо соли 1948 сарвазири Мисрро қатл карданд, ки дар пайи он мақомоти давлатӣ пешвои “Ихвон ул муслимин” – Ҳасан ал Банноро низ куштанд. Соли 1949, баъд аз он ки ихвониҳо Сарвазири Миср – Маҳмуд ан Нукрашипошоро ба қатл расонданд, эълон доштанд, ки дигар ба зӯроварӣ ва қатлу куштор роҳ намедиҳанд. Новобаста ба ин, ба ҳама ошкор буд, ки ихвониҳо сиёсати зуроварӣ ва қатлу куштори худро ҳам пинҳон ва ҳам ошкоро то ба имрӯз идома медиҳанд. Онҳо дар Ҷанги якуми Арабу Исроил дар соли 1948 10 ҳазор ҷангии худро сафарбар карда буданд. Дар Инқилоби Миср дар соли 1952 даст доштанд. Аъзоёни “Ихвон ул муслимин” дар сӯхтори шаҳри Қоҳира иштирок карда, 750 бино, аз он ҷумла клубҳои шабона, театрҳо, меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳоро ба коми оташ кашиданд.

Дар ин сол ячейкаи ҳарбии “Ихвон ул муслимин”, ки “Ҳаракати афсарони озод” номида мешуд, монархияи Мисрро вожгун кард ва ба сари қудрат яке аз тарафдорони онҳо – Ҷамол Абдулносир омад. Баъдан, “Ихвон ул муслимин” хостанд президенти тоза ба сари қудрат омадаро қатл кунанд, вале кӯшиши онҳо бебарор анҷомид, ки боиси дар зери фишор афтодани онҳо гардид.

Бештари онҳо дар ин давра (солҳои 1950 1960) ба Арабистони Саудӣ фирор карда, дар он ҷо дар мактабҳои миёна ҳамчун муаллим ба кор даромаданд ва ҳамин гуна ба тактикаи «қадам ба қадам» то як фурсати дигар барои сиёсати зуроварӣ гузаштанд. «Қадам ба қадам» онҳо ба Сурия низ ворид шуданд, вале бо сабаби иштирокашон дар сиёсати зӯроварона соли 1982 яке аз омилҳои асосии қатли саросарии шаҳри Ҳама гардиданд.

ҲНИТ низ садҳо амали террористиро дар замони фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон анҷом додааст. Ҷанги шаҳрвандие, ки ҲНИТ-иён дар солҳои 90-ум роҳандозӣ намуданд боиси кушта шудани 150 ҳазор нафар гардид. Инчунин шумораи зиёди шахсиятҳои саршинос аз дасти наҳзатиҳо кушта шудаанд. Террорист будан, “ки шоху дум надорад”. Ё онҳоро бо хоҳиши худашон куштаанд? Ё барои Истаравшании «ҳамадон» таъбир, таъвил ва тафсири дигаре аз терроризм мавҷуд аст ва чун мо дар баробари дониши вогири осмонии эшон аҷз дорем ва аз олами улвӣ бехабарем бароямон қобили фаҳм нест?!.

Дар нуктаи чорум Истаравшанӣ даъво пеш меорад, ки гӯё ихвониён хилофат намехоҳанд, балки як иттиҳодияи шабеҳи Иттиҳоди Аврупо мехоҳанд. Ҷаноби Истаравшанӣ иттиҳодияеро мисли иттиҳоди Аврупо дар кишварҳое ба вуҷуд овардан мумкин аст, ки қабл аз ҳама онҳо сохти сиёсии дунявӣ ва мардумсолор доранд. Дар сурате, ки даъвои ихвониён ин аст, ки Ислом ҳама чиз аст ва Қуръону суннат бояд ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёту рӯзгори мусалмононро танзим намоянд. Тибқи принсипҳои “Ихвон ул муслимин”, ҳадафи 1 уми онҳо аз он иборат аст, ки бояд «Шариат ба асоси танзиму контроли умури давлат ва ҷомеа табдил ёбад». Ҳадафи 2 юм «муттаҳид кардани кишварҳо ва давлатҳои исломӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои арабӣ ва бо ин роҳ озод кардани онҳо аз империализми хориҷӣ» ба шумор меравад, ки ин принсипҳо дар оинномаи расмии онҳо дарҷ гардидаанд. Магар ин ҳамон намунаи хилофат дар шакли нави муосир нест, ё инро Истаравшанӣ бо тарзи «фаҳмиши реализм» мисли Иттиҳоди Аврупо дарёфта бошад?!!!.

Чаро ин ҳама муддат наметавонанд чунин иттиҳодеро барпо намоянд, ки шабеҳи иттиҳоди Аврупо бошад?!. Кӣ ё чӣ монеи онҳост? Худхоҳӣ ва даъвоҳои бартариятҷӯӣ ва кадоме ба Исломи ноб мансуб будан ва кадоме аз мазҳаби солеҳ будан ва амсоли ин магар мегузоранд, ташкилоте мисли Иттиҳоди Аврупо сохт?! Шумо доим даъво пеш меоваред, ки гӯё дар гузашта давлатҳои исломии бисёр одил ва ба тавре «мадинаи фозила» мавҷуд будааст ва доиман аз он босароҳат ёд мекунед. Айни ҳол, кӣ монеъ шудааст то чунин иттиҳод бунёд намоед? Иттиҳод ба навъи хилофат ҳамеша ва айни ҳол низ барои аксари ҷараёнҳои исломи сиёсӣ ба ҳайси идеал қарор дорад.

Нуктаи панҷуми Истаравшанӣ ин аст, ки гӯё мо танҳо ғул ва дев ҲНИТ-ро медонем ва нигарон аз онем, ки ҲНИТ хилофат барпо бисозад ва ҷомеаро ба қуруни вусто баргардонад ва аз ҳоли кунунии кишвар худро ба бехабарӣ мезанем.

Ҷаноби Истаравшанӣ мо аз ҳоли кунунии кишвар ҳам хабар дорем ва он чи муҳим аст дар шароити кунунӣ пораеро ба номи Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил сарзамин дорем. Вуҷуди суботи иҷтимоӣ пас аз ҷанги вайронгари солҳои 90–ум бисёр муҳим аст, то барои рафъи мушкилот давра ба давра чорандешӣ шавад. Муҳим ин аст, ки сохти кишвар секулор аст. Он ҷо ки секуляризм аст, ҳатман пешрафт ва озодандешӣ хоҳад буд. Мо мутмаинем, ки бо гузашти вақт зиёд чизҳо ба ҷойгоҳи хеш бармегарданд.

Қобили қайд аст, ки ба вуҷуд омадани вазъи кунунӣ низ иртиботи қавие дорад ба фаъолиятҳои ҲНИТ ва махсусан дар солҳои 90-уми қарни гузашта, ки афкори озодандешонаи аҳзобу ҳаракоти хусусияти демократидоштаро барои расидан ба ҳадафҳои худ сӯистифода намуда, кишварро ба ҳараҷу мараҷ, беҳокимиятиву ҷанги шаҳрвандӣ ва давлатро дар ҳоли аз байн рафтан оварда расонд, натиҷатан сабаби маҳдуд гардидани озодиҳо дар кишвар шуд.

Ҷаноби Истаравшанӣ мо дар ҳеҷ куҷо даъвои донишмандӣ накардаем, танҳо назари хешро дар мавриди умумиятҳои амалӣ ва ақидатии ҲНИТ ва “Ихвон-ул-муслимин” баён намудем. Ин шумоед, ки даъвои ҳамадонӣ мекунед ва гоҳо тафсиргари фалсафаед, гоҳо тафсиргари шариат, гоҳо тафсиргари сиёсӣ ва ба истилоҳ хамакораед. Чунин ба назар мерасад, ки пойгоҳи хабарии «Кимиёи саодат», ки ба шумо мансуб аст он ҷо танҳо номи як фард Саидюнуси Истаравшанист, вале дар он фаъолияткунанда гурӯҳи кориест, ки «маҷмуи додаҳоро» (истилоҳи худи шумо) мавриди омӯзишу баррасӣ қарор медиҳанд. Фалсафадонию фалсафапардозии шумо чунон аст, ки ҳамаро танҳо мехоҳед аз дидгоҳи исломӣ мавриди баррасӣ қарор диҳед ва ҳамаи файласуфонро муъмину диндор тафсир бидиҳед ва чунин муфассирӣ менамоед, ки гӯё мазҳабу дин ва бовар барои файласуфону ҳакимон муҳимтарин омил бошад. Шумо чунин вонамуд месозед, ки донотарин чеҳраи сайёраи Замин ҳастед. Ба шахсиятҳои саршиноси ҷаҳонии физика (ҳарчанд мутахассиси ин самт нестед) мисли Стивен Хокинг (Stephen Hawking) эрод мегиред, ки онҳо илми илоҳиро намедонанд ва боястӣ мисли Шумо онро аз худ мекарданд. Ҳамаи ин корҳоро гурӯҳи пойгоҳи «Кимиёи саодат» ба хотире анҷом медиҳад, ки аз Шумо як чеҳраи бисёр муҷаллои шариату илму донишу фалсафа созанд, ки ба бузургони ҷаҳонӣ эрод мегирад ва аз ин як шахсияти идеалӣ барои тамоюли ақоиди ҷавонон ба самти ҳадафҳои хеш созанд. Шумо бо методи «фаҳмиши реализм» аз реализме мегӯед, ки бо реализм ҳеҷ ҳамбастие надорад.

Шумо бештар аз усули муғолата истифода менамоед ва аз ин роҳ мехоҳед ба зеҳнҳои сода таъсиргузор бошед.

Шумо ва ҳамаслакони фейсбукиатон чунон вонамуд месозед, ки гӯё ҳама чаранд мегӯянд ва танҳо ҳақиқати мутлақ шумо ва нафарони ҳамдастатонанд.

(Манбаъ: Фейсбук)



Рубрики:Нақду назар

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: