Плефтагӯиҳои Истаравшанӣ

(ё чи гуна Истаравшанӣ худ бе таҳлил маводи таҳлилӣ менависад)

Ба қалами Амирбек ҲАСАНОВ, ҳуқуқшиноси нафақахур, узви қатории ҲХДТ

Дар сомонаи “Кимиёи саодат” маводеро таҳти унвони «Худкардаро тадбир нест ё иштибоҳҳои сархӯри Ятимов» дар ду бахш хондаму хулоса кардам, ки кӯрдилу хоинро наметавон бо ҳеҷ роҳе мутақоид сохт. Зеро сиришти ин нафарон ба гунае шакл гирифтааст, ки рӯзеро агар бе иғвою дасиса ва ё туҳмат шаб кунанд, хобашон намебарад. Хоб як тараф истад, балки нони додаи хоҷагонашон оши баданашон нахоҳад шуд.

Сайидюнуси Истаравшанӣ дар матлабаш, ки дар асоси гӯё факту рақам ва далелҳои дар мусоҳибаи сардабири ҳафтаномаи «Тоҷикистон» бо судяи Суди Олии Ҷумҳуриии Тоҷикистон Шамс Азизов овардашуда таҳия намудааст, қайд менамояд, ки «билохира лозим буд касе дар ин кишвар парда аз рӯи ин шайтанатҳо бардорад!».

Баъди хондани ин ҷумла дар зеҳнам фақат ҳамин фикр омад, ки танҳо касоне, ки шайтонсириштанд дар ҳама чиз ба қавли худашон “шайтанат” мекобанд. Аммо ба ин чиз коре надорам, зеро на шайтонаму на шайтанатро мефаҳмам. Аммо азбаски ҳуқуқшинос ҳастам ба баъзе масоили ҳуқуқӣ сарфаҳм меравам ва метавонам гӯям ки зимни навишти матлаб Истаравшанӣ ба плефтагӯӣ роҳ додааст.

Ҳарчанд, ки кӯшиш кардааст, ки судя Шамс Азизовро дар он гунаҳкор намояд, ки бе асоси ҳуқуқӣ сухан гуфтааст, худ ба иштибоҳоти ҷиддӣ роҳ додааст, ки дар саросари матлаби навиштаи ӯ ба мушоҳида мерасанд. Аммо ман ба хатогиҳову ҳарзагӯиҳои ӯ дар саросари матлаб низ коре надорам. Фақат бароям ҳамчун аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хушоянд нест, ки пеш аз ҳама як ҳизби террористию экстремистӣ ва ғайриқонунӣ таъсисёфтаю ғайриқонунӣ эътирофгаштаро бо ҳизби созандаю бунёдкоре, ки қариб панҷсад ҳазор аъзо дорад ва бештари онҳоро аҳли зиё ташкил медиҳанд, ба хотири пӯшонидани ғаризаҳои худ муқоиса мекунад. Чунин муқоиса аслан муносиб нест. Тавре худи Истаравшанӣ эътироф кардааст, «…Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барои аввалин бор, дар таърихи 20 апрели соли 1973 (яъне дар даврони Шӯравии собиқ) дар вилояти Қӯрғонтеппа дар манзили Қаландари Садриддин эъломи мавҷудият кард. Албатта бо номи “Наҳзати ҷавонон”, ки рӯшан аст расмӣ набуд. Сипас, дар соли 1990 Ҳизби наҳзати исломии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ба сурати расмӣ таъсис ва дар таърихи 9 июни соли 1990 Анҷумани таъсисии он дар шаҳри Аштархони Русия баргузор гардид, ки ҳанӯз Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ барқарор буд ва Тоҷикистоне ба унвони як ҷумҳурии мустақил вуҷуд надошт. Албатта дар таъсиси ин ҳизб, фаъолони ҲНИТ саҳми асосиро доштанд. Баъд, дар таърихи 5 октябри соли 1990 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравиро дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ эълом кард. Бо ин ҳол, дар таърихи 6 октябри соли 1990 Конфронси бахши тоҷикистонии Ҳизби наҳзати исломии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ, дар рустои Чортути ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) баргузор гардид

(Аҷиб он ки ин ҳуқуқдони мӯҳтарам аз овардани идомаи он матлаб зоҳиран хиҷолат мекашад, ва он ин аст: “Баъд аз баргузории Анҷумани ҲНИТ дар таърихи 26 октябри соли 1991 дар кохи “Ваҳдат”-и шаҳри Душанбе ва интихоби марҳум Устод Ҳимматзода ба унвони раиси ҲНИТ дар он анҷуман, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар таърихи 4 декабри соли 1991 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти расмӣ шуд. (Нигоҳе кунед ба: Изҳороти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нашрияи “Ҷумҳурият” дар таърихи 21 июли соли 2015 № 146)… С.И.)

Чи таърихе дорад ин ҳизби хоинон: ғайрирасмӣ, пинҳонӣ, ғайриқонунӣ ва ғайра. Агар ҳизби ифодакунандаи манфиатҳои миллӣ бошад, агар дар он ғаризаҳои хоҷагону гуруҳҳои манфиатҷӯ набошад, дар пушти ин кор ягон кишвари дигар набошад, пас чаро дар замоне, ки Иттиҳоди Шӯравии абарқудрат пойбарҷову яккаҳизбӣ тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ буд, дар кадом тангкӯчаю паскӯча, пинҳонию ғайриқонунию ғайрирасмӣ ин ҳизбро таъсис доданд? Чаро аз аввал номашро ошкор накарданду наҳзати ҷавонон номаш ниҳоданд, агар дар он фиреб набуд? Чаро ҳамчун Ҳизби наҳзати исломии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ таъсис ёфту баъд дарди сари миллати тоҷик шуд? Ин ва дигар суолҳое, ки барои ман ҳанӯз ҳам муаммост.

Аммо ҳарчи бошад намехоҳам бо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муқоиса карда шавад.

Дигар ин, ки Истаравшанӣ ба сухани Ш. Азизов дар хусуси “Танҳо дар 5 соли охир 45 нафар аъзои ҲНИТ ҷиноятҳои гуногуни вазнин ва махсусан вазнин содир намуда, нисбат ба кирдорҳои ғайриқонуниашон қарорҳои ниҳоии судӣ қабул карда шуданд», чунин мегуяд, ки аз як ҳарзагӯие беш нест. “Ҳам ҷаноби Азизов ва ҳам фармоишгари ин мусоҳиба, хуб медонанд, ки танҳо баъзеи ин афрод (на ҳамаи онҳо) узви собиқ будаанд, на ин ки ҳангоми судури ҷиноят узви ҲНИТ буда бошанд. Ҳоло суол, вақте узви собиқи як ҳизб муртакиби ҷинояте бишавад, оё ин метавонад далел барои манъи фаъолияти он ҳизб ва зиндонӣ кардани раҳбаронаш гардад?

Ман ба ин суоли Истаравшанӣ посух мегӯям! Албатта! Зеро ҷинояте, ки аъзои ТЭТ ҲНИТ карданд ҳама ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнини ба фаъолияти сиёсиашон омехтаю сӯистифодашуда ва зидди сохти конститутсионии давлат равонашуда буданд. Аксари онҳо на аъзои қаторӣ, балки масъулонусаркардагони ҲНИТ буданд. Инҷо бояд фарқ гузошт, ки ҷиноятро ки содир кардааст, шаҳрванди оддӣ ва ё шахси мансабдор? Агар шахси баландпояи ТЭТ ҲНИТ ба хотири табаддулоти ба нақшадоштааш силоҳи ғайриқонунӣ нигоҳ медорад, албатта аз узви ҲХДТ, ки ҳатто даст ба коррупсия задааст, фарқ мекунад. Албатта агар намояндаи Ҳизби Халқии Демократӣ низ чунин кунанд, яъне ба табаддулоти давлати омодагӣ гиранду, мардумро зидди ҳокимияти қонунӣ ва сохти конститутсионии давлат даъват кунанд, шоиста он аст, ки ба хотири давлату миллат баста шавад.

Истаравшанӣ дар идома мегӯяд, ки «Агар чунин аст, пас бояд Ҳизби халқӣ-демукротики Тоҷикистон (ҲХДТ), яъне ҳизби ҳоким низ теруристӣ эълом шуда ва фаъолияташ ҳамин ҳоло қатъ ва раҳбаронаш равонаи зиндон гарданд, зеро яке аз масъулони баландпояи ҳукумати кунунӣ ҷаноби сарҳанг Гулмурод Ҳалимов (ки намедонам зинда аст ё мурда) узви гуруҳи теруристии ДОЪИШ ташриф дорад ва дар дунё исми “муборакаш” дар канори исми Бен Лодан ва Абӯбакри Бағдодӣ ва амсолуҳум ёд мешавад».

Аммо Истаравшанӣ ё фаромуш кардааст, ё лоақал ба хотири хомӯш нанишастану луқма ҳалол кардан ҳарзагӯӣ мекунад. Зеро Гулмурод Ҳалимов хеҷ вақт аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон набуд, зеро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон як гуруҳ шахсон наметавонанд, аъзои ҳизб бошанд, аз он ҷумла кормандони сохторҳои амнияту мудофиа ва мақомоти интизомӣ. Барои ҳамин ман иброз медорам, ки Ҳалимов ҳеҷ гоҳ узвияти ҳизб надошт. Аммо аз амалаш маълум шуд, ки зери таблиғи нодурусти шумою шумобаринҳо ва дигар наҳзатиҳои ватанфуруш қарор гирифтааст. Аслан, кӣ медонад!? Шумо ӯро ба хотири исботи ҳарзаҳои гуфтагии Кабирии хоин, ки гӯё баъди аз саҳнаи сиёсӣ рафтани наҳзатиҳо ҷомеа ифротию радикал шудааст, бероҳа накарда бошед!?

Дигар ин, ки гӯё фарзандони даҳҳо аъзои ҲХДТ ҳаминак дар сафи гурӯҳи теруристии ДОЪИШ дар ҳоли ҷангидан дар Сурия ва Ирок ҳастанд, ин низ туҳмати рӯирост мебошад. То ҷое ман маълумот дорам, аксари касоне, ки дар Сурияви Ироқ дар сафи гуруҳҳои террористию экстремистии бо ном Давлати Исломӣ қарор доранд, ё фарзандони аъзо ва ё ҷонибдорони ҲНИТ ҳастанд (ҳарчанд аъзои ҲНИТ набуданд, аммо ҷонибдор буданд) ё зери таъсири таблиғу ташвиқи наҳзатиҳои дархориҷбуда қарор гирифтаанд, ки на худашон ва на падаронашон аъзои ҲХДТ нестанд.

Дар ёд дорам, ки боре фарзанди ким-кадом роҳбари ноҳиявии бахши ҲХДТ дар девори мактаб чизе навишта буду, шумо ҷанобони наҳзатӣ дар тамоми ВАО эълон доштед, ки гуё дар натиҷаи амалиёти оперативии масъулини ҲНИТ ин ҳолат сабт ва ошкор шудааст. Чунон обуранг додед, ки гуё монанди наҳзатиҳо ба табаддулот даъват карда бошад. Падари писарбачаро, ки масъули ҲХДТ дар ноҳия буд, бо тамоми моддаҳои кодекси одобу ахлоқ гунаҳкор кардеду сабаби аз вазифа барканор гаштанаш шудед. Он вақт он масъули Ҳизби халқии демократӣ чизе нагуфту аз вазифа рафт ва қабул кард, ки фарзандаш кори муносиб накардааст. Ҳарчанд, ки ҳамагӣ чанд калима дар девор буду, он ҳам аз ҷониби падари мактаббача покиза ва таъмиру тармим карда шуд. Яъне зарари расонидашуда ҷуброн гашта буд.

Аммо Шумо ҷанобонро на хиёнати худатон азоби виҷдон медиҳаду, на аз фарзандону хешу ақрабоятон. Миллат хиёнати Шуморо фаромуш намекунад. Захми рӯи қалби миллат гузоштаатон шифо наёфтааст. Шумо қотили чандин ҳазор ҷавонони ин миллатед! Шумо хоинони миллатед!

(Бознашр аз сойти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон аз таърихи 10/11/2017)

* * *

Тазаккур: Аз он ҷо, ки мақолаи мазкур дар радди матлаби сойти “Кимиёи саодат” навишта шудааст, мо худро мулзам донистем онро бознашр кунем, вагарна, чунонки хонандаи азиз мебинад, матлаби қобили таваҷҷӯҳе нест, ба як мақолаи тарғибӣ-таблиғотӣ наздиктар аст то раддия.



Рубрики:Нақду назар

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: