Шарҳи Маснавӣ (219)

Достони пири чангӣ, ки дар аҳди Умар разияллоҳу анҳу баҳри Худо рӯзи бенавоӣ чанг зад миёни гӯристон (3)

* * *

Нағмаҳои андаруни авлиё

Аввало гӯяд, ки эй аҷзои “ло”!

Нағмаҳои даруни авлиё нахуст бо забони ҳол мегӯяд: эй аҷзои “ло”! Яъне эй аҷзои ҷаҳони модда, ки воқеан маъдумед ва несту ҳастнамоед!

Нукта: Манзур аз аҷзои “ло” касоне ҳастанд, ки хиёл мекунанд мустақил аз Ҳақ вуҷуде доранд, ва инон дар ваҳми дуӣ асир ҳастанд. (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.130)

Ҳин, зи “ло”-и нафй сарҳо барзанед,

З-ин хаёлу ваҳм сар берун кунед.

Аз ҳар чи мосивост рух бартобед, яъне аз ҷуз Ҳақ мунсариф шавед ва аз ҷаҳони фонӣ халос шавед ва ваҳмро канор афканед ва ба мартибаи вуҷуди ҳақиқӣ бирасед. (Шарҳи Кабири Онқуравӣ, ҷ.2, с.765)

Эй ҳама пӯсида дар кавну фасод,

Ҷони боқитон нарӯиду назод.

Эй касоне, ки ҷумлагӣ дар ин олами кавну фасод пӯсида шудаед! Он ҷонҳои боқии шумо ва он руҳи муҷарраду олии шумо на рушд карда ва на ҳақиқатеро обистан шуд ва зоид.

Нукта: Ишора аст ба сухани ҳазрати Масеҳ (а): “Ба малакут нарасад ҳар ки дубор зода нашавад.” (Тамҳидот, с.12) Аммо кавну фасод истилоҳе фалсафист, манзур вуҷуди дафъӣ ва табоҳии дафъии шайъ аст. Дар олам, ҳар лаҳза, сурате аз модда ва аносур табоҳу вайрон мешавад ва сурати тозае ба он таъаллуқ мегирад, бинобар ин, ин таҳаввул дар олами модда аст. Кавну фасод ба ақидаи қудамо, аз лавозими ҷисми унсурӣ аст, на аҷроми фалакӣ. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.599)

Гар бигӯям шаммае з-он нағмаҳо,

Ҷонҳо сар барзананд аз дахмаҳо.

Агар шаммае аз он нағмаҳо бигӯем, ҷонҳо ҳама аз дахмаҳо сар бурун оваранд.

Дахма: ҷое, ки мурдагонро дафн мекунанд, қабристони зартуштиён.

Нукта: Арвоҳи инсонӣ, ки дар миёни дахмаҳои аҷсод мурдаанд ва дар мақобири абдон пӯсида шудаанд, аз латофати нағмаҳо ва нидоҳои маънавии анбиё ва авлиё ҳаёт меёбанд ва меболанд ва рушд мекунанд. (Шарҳи Кабири Онқуравӣ, ҷ.2, с.766)

Гӯшро наздик кун, к-он дур нест,

Лек нақли он ба ту дастур нест.

Гӯши ҷонатро ба он касе, ки нағмаҳои раббониро бо забони ботинӣ баён мекунад наздик кун, ки он кас дар воқеъ аз ту дур нест, вале иҷоза ва дастуре надорад, ки он нағамотро ба ту интиқол диҳад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.600)

Ҳин, ки Исрофили вақтанд авлиё,

Мурдаро з-эшон ҳаёт асту намо.

Эй мурдагоне, ки дар миёни гӯри танҳо ва қабри ҷасадҳо зиндонӣ шудаед! Огоҳ бошед, ки авлиёуллоҳ исрофилиёни замони худ ҳастанд ва мурдагонро зиндагии ростин мебахшанд. (Авлиёуллоҳ бо дами исрофилии худ ба мурдадилон ҳаёти тайиба мебахшанд.)

Ҷонҳои мурда андар гӯри тан,

Барҷаҳад з-овозашон андар кафан.

Ҷонҳои мурдадилон ва пажмурдагон дар ҳоле, ки дар миёни гӯри тану зиндони бадан маҳбусанд, аз овози авлиёи Худо ҳаёт меёбанд ва зинда мешаванд.

Нукта: Итлоқи гӯр ба ҷасад аз он рӯст, ки руҳи латифи инсонӣ дар он маҳбус аст. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.600)

Гӯяд: ин овоз з-овоҳо ҷудост,

Зинда кардан кори овози Худост.

Касе, ки бо дами авлиёуллоҳ зинда шуда бошад, мегӯяд: ин овоз аз овозҳои дигар ҷудост. Кори зинда кардан, аз ҳар бонге барнамеояд, балки танҳо мухтасси овози илоҳӣ ва суруши ғайбӣ аст.

Мо бимурдему ба куллӣ костем,

Бонги Ҳақ омад, ҳама бархостем.

Мо мурдем ва ба кллӣ маҳв шудем, аммо бонги Ҳақ даррасид ва мо сар аз қубури абдон бурун овардем ва бархостем, яъне ба ҳаёти поки маънавӣ даст ёфтем.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: