Ҳама чиз дар бораи додгоҳи Бузургмеҳр Ёров (9)

Бахши нӯҳум

Дифоъҳои Бузургмеҳр вобаста ба айбҳои эълонкардашуда нисбати ӯ (идома)

(Марти 2016)

(Ин матолиб ба дасти худи Бузургмеҳр навишта шудаанд.)

19) Лаҳзаи тӯҳмати Бозоров Комил оиди гӯё нагирифтани 600$ ва ҳамчунин лаҳзаи гӯё сохтакорӣ намудани мактуби Прокуратураи Генералии ҶТ

Бо ин лаҳзаҳо, ба ман бо моддаҳои 247 қисми 4 банди “б” ва 340 к.2 бандҳои “а.в”-и КҶ ҶТ аз рӯи варианти дуюми сохтакоронаи қарор дар бораи ба сифаати айбдоршаванда ба ҷавобгарӣ кашидан ва эълон намудани айби нави ғайриқонунӣ. Дар хусуси он айб эълон намудаанд, ки гӯё:

“Ӯ (Ёров Б.) боз тахминан дар охирҳои соли 2010 … ҳангоми дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд буданаш, ба боварии шаҳрванд Бозоров Комилҷон даромада, ӯро бовар кунонида ваъда додааст, ки бино бар дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доштани шиносҳои зиёд, бар ивази маблағи пулӣ барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо озод кардани писараш Бозоров Дилшод, ки санаи 21.07.2010 бо ҳукми Суди вилояти Суғд бо к.3 моддаи 32 — банди “ё” моддаи 104 КҶ ҶТ аз озодӣ маҳрум гардида буд, озод менамояд. Ба ин фиреби ӯ Бозоров К.К. бовар карда маблағи 4000$ тавасути шаҳрванд Сайфуддинова Гулнора дар назди бинои суди иқтисодии вилояти Суғд воқеъ дар шаҳри Хуҷанд ба Ёров Б. додааст. Супас ӯ маблағҳои бо роҳи фиреб тасарруфнамудаашро бидуни ҳазинаи коллегияи мазкур ба манфиати худ истифода бурда, ӯҳдадории ба зиммааш гирифтаро дар назди Бозоров К.К. иҷро накарда, маблағи охиринро бозпас надодааст. Баъди аз ҷониби Бозоров К. талаб кардани маблағ, Ёров Б. бо мақсади барнагардонидани маблағи тасарруфнамудааш Бозоров К.-ро фиреб додааст, ки гӯё аз тарафи Прокуратураи генералии ҶТ аз болои ҳукми Суди вилояти Суғд ба Суди Олии ҶТ эътирози назоратӣ овардааст. Баъдан кирдори ҷинояткоронаи худро идома дода, мактуберо аз номи муовини Прокурори генералии ҶТ Гулматшоев Р. бо мазмуни зикршуда қалбакӣ омада намуда, ба Бозоров К. пешниҳод кардааст. Сипас Бозоров К. ба Прокуратураи Генералӣ муроҷиат намуда, қалбакӣ будани мактуби мазкурро ошкор намудааст. Ёров Б. ночор аз ҳисоби 4000$ бо роҳи қаллобӣ тасарруфнамудааш дар чанд лаҳза бо Бозоров К. маблағи 3400$ баргардонида боқимонда маблағи 600$-и ИМА-ро тасарруф намуда ба манфиати худ сарф намудааст. Дар натиҷа ба ин амалаш ба ҷабрдида Бозоров К. ягон хел кӯмаки ҳуқуқӣ нарасонида, ба миқдори махсусан калон зарари моддӣ расонидааст.”

* * *

Ин қисмати айб низ мисли қисматҳои дигари айб пурра беасос мебошад. Фақат хусусияти хосси он аз он иборат аст, ки пештар дар соли 2011, 2014 дар Прокуратураи Генералии ҶТ. РТ ВКД ҶТ, РВКД дар вилояти Суғд оиди он манро пурсида буданд ва оиди он нишондод дода будам, ки дар доираи қонунҳои адвокатура соли 2010 ба ман Сайфудинова Гулнора барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба Бозоров Дилшод, дар зинаи назорати мурофиаи ҷиноятӣ 2400 доллар дода буд. Минбаъд аз сабаби он ки амнистияи моҳи августи соли 2011 наздик шуда истода буд, Бозоров К. намехост корашро барам, аз ин рӯ дар мувофиқа бо Гулнора 1600 доллар ба Гулнор С. дода шуд, 800 доллар ба Махкамов Н. дода шуд, ки ба Гулнора С. супорад ва бо супориши Гулнора С. адвокат Махкамов Н. 800 долларро ба дасти Бозоров К. медиҳад. 2 маротиба вобаст ба ин лаҳза солҳои 2011, 2014 қарор дар хусуси рад намудан аз оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ бароварда шуд.

Аммо минбаъд барои ғайриқонунӣ таъқиб кардани ман, 28.09.2015 шабона аз тарафи муфаттиш Спитамин Ф. бо моддаи 247 к.4 банди “б”-и КҶ ҶТ дар хусуси он ғайриқонунӣ парвандаи ҷиноятӣ кушода шуд, ки гӯё ман аз дасти Бозоров К. 4000 доллар гирифта бошам, ба суди писари ӯ ба шаҳри Истравшан нарафта бошам ва писари ӯро бино бар ин ба муддати 15 сол аз озодӣ маҳрум намудаанд. Бо таҳлили далелҳои дар поёнбуда ташаккули таъқиби сиёсӣ ва чӣ тавр пурра бо ин лаҳза аз тарафи прокуратура, ВКД ҶТ сохтакорӣ намудани далелҳо нишон дода мешавад.

Дар ҷ.1.саҳ.2 қароре вуҷуд дорад, ки гӯё муфаттиш Ҳакимов М дар асоси далелҳои ҷамъовардашуда оиди аризаи шаҳрванд Бозоров К. нисбати ман бо моддаи 247 к.4 банди “б” КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ кушода бошад. Дар суди н. И.Сомонӣ дар маводҳое, ки ба суд 1.10.2015 сол барои иҷозати ба ҳабс гирифтани ман равона шуда буданд, қарори номбурдаро муфаттиш Файзиев Спитамен бароварда буд ва матни он умуман дигар буд. Яъне агар ин ду қарор муқоиса карда шавад, дида мешавад, ки чӣ тавр дар сатҳи болоии тафтишоти худи муфааттишон дилхоҳ қарорҳоро аз рӯи табъи Эмомалӣ Раҳмон ва Прокурори Генералии он Раҳмон Юсуф сохтакорӣ менамоянд.

Ҷ.1, с.3-4. уарор дар бораи созмон додани гурӯҳи тафтишотӣ 01.10.2015 Сардори Раёсати Таф. ВКД ҶТ полковники милитсия Маҳмадализода А.А. мав. п/ҷ № 75038-ро нисбати Ё.Б.Р. ва дигарон бо м.247, қ.4, б. “б” ва 340 қ.2, б. «б,в»-и КҶ ҶТ омӯхта … (Афтодагӣ дар матн)

“М.К.:

Бо ба инобат гирифтани ҳаҷми зиёди амалҳои тафтишотӣ бозтоби ҷамъиятӣ гирифтани ҳодисаи мазкур, таъмин кардани тафтиши ҳамаҷониба ва холисонаи п/ҷ зарур аст, ки гурӯҳи тафтишотӣ аз ҳисоби кормандони РТ ВКД ҶТ ва ШВКД дар н.Варзоб созмон дода шавад.

Қ.К.:

Сардори Гурӯҳи тафтишотӣ, муовини Сардори РТ ҶТ полковники милится Абдурасулзода Аскарҷон

Аъзои гурӯҳ – сардори шӯъбаи РТ ҶТ майори милитсия – Файзиев Спитамен муовини садори ШТ РВКД ш.Душанбе Фатҳуллоев Самеъбой

— муфаттиши РТ ВКД ҶТ подполковники милитсия Ҳакимов Музаффар

— муфаттиши калон оид ба КММ РТ ВКД ҶТ мафори милитсия Холиқов Фарҳодҷон

— муфаттиши калолн РТ ВКД ҶТ майори милитсия Миров Исмоил

— муфаттиши калон РТ ВКД ҶТ капитани милится Назиров Маҳмадюсуф.”

* * *

Аз ин қарор дида мешавад, ки сохтакориҳои Прокуратураи Генералӣ, ВКД ҶТ, таъқиби Президент Эмомалӣ Раҳмон ва Прокурори Генералии он Раҳмон Юсуф, бозтоби ҷамъиятӣ гирифтааст, касе ба дурӯғи онҳо оиди он ки адвокат Ёров Б. қаллоб мебошад, бовар накардаанд ва оиди он фаҳмидаанд, ки ракобати Президент Эмомалӣ Раҳмон ва адвокат – ходими ҷамъиятӣ Ёров Бузургмеҳр Равшанович барои курсии Президентӣ дар соли 2020 оғоз шудааст. Зеро то даме, ки дар моҳи феврали соли 2015 дар КМИР ҶТ ва сохтори ҷамъиятии он дар ҳудуди н. Рӯдакӣ ман оиди он изҳор накарда будам, ки рафта ба Президент Эмомалӣ Раҳмон расонед, дар соли 2020 номзадии ман дар муқобили ӯ дар маъракаи интихоботии Раиси ҷумҳур мешавад. Касе ба таъқиби сиёсии ман машғул набуд. Вобаста ба ин Ниёзова Аслия, Наҷотов Абдулло, Ҷӯраев Қурбоналӣ, Бозоров Комилҷон ба касе лозим набуд, борҳо мутахассисони прокуратура ва ВКД ҶТ аризаҳои тӯҳматангези онҳоро санҷида буданд ва нисбати он аризаҳову талони муоинаи техникии автомашина бино бар дар кирдорҳои ман набудани таркиби ҷинояте қарори қонунӣ қабул карда буданд. Баъдан вақте ки тӯҳматчиҳо Ниёзова Аслия, Наҷотов Абдулло, Ҷӯраев Қурбоналӣ, Бозоров Комил бо сарварии тӯҳматчии асоси Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуданд, тафтишот холисии худро гум кард, аз ин рӯ пурра тамоми парванда борҳо сохтакорӣ карда шуд, то ки аз шахси бегуноҳ каллоб ва ифротгар тайёр намоянд ва ба ин васила имкон намедиҳад, ки дар маъракаи интихоботи президентии Тоҷикистон дар моҳҳои сентябр октябри соли 2020 ман иштирок намоям, президент Эмомалӣ Раҳмон аллакай сухани равонанамудаи маро дар моҳи феврали соли 2015 қабул карда, дида истода буд, ки дигар касе дар соли 2020 ба суханони дурӯғи ӯ бовар наменамоянд, аз ин рӯ ҳама ба адвокат Ёров Б. ҳамчун ходими ҷамъиятӣ, ки тӯли солҳои зиёд кор карда, касеро фиреб надодааст, дар маҷмӯъ зиёда аз 75 фоиз овоз медиҳанд. Бинобар ин нақшаи ғайриқонунӣ ба ҳабс кардани маро дар доираи таъқиби сиёсӣ ва адвокатии намудааш меандешанд.

Далели ҳамаи ин гуфтаҳо он мебошад, ки ман ягон муносибате ба хонадони Эмомалӣ Раҳмон надорам на фарзанди ӯ на домони ӯ на хусурбачаи ӯ набудам, ки агар солҳои 2007-2015 ҷинояте содир карда бошам, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашавам. Аз сабабе, ки ҷинояте содир накарда будам ва бо номбурдагон корҳои ҳуқуқиро пеш мебурдам, аз ин рӯ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашуда будам. Агар тӯли солҳои 2007-2015 ман ҷиноят содир намуда мебудам, пас ба кадом хотир садҳо кормандони тафтишоту прокуратура ин ҳолатро пинҳон мекарданд? Чаро шахсони номбурда, агар манфиатҳои қонунии Ниёзова Аслия, Наҷотов Абдулло, Ҷӯраев Қурбоналӣ, Бозоров Комил то 28.09.2015 аз солҳои 2000-ум вайрон шуда бошад, тӯли 15 сол онро барқарор накарданд? Чаро то имрӯз ашхосе, ки ҳуқуқи ба ном “ҷабрдидагонро” тӯли ин қадар сол надида гузаштанд аз вазифа сабукдӯш нашуданд? Ба Эмомалӣ Раҳмону Раҳмон Юсуя маълум аст, ки он маврид тафтишотҳо холисона мерафтанд. Бинобар ин қарорҳои дуруст қабул мешуданд. Ва баъди 28.09.2015 ин мақомот дархости сиёсии ғайриқонунии Президент Эмомалӣ Раҳмонро оиди таъқиби сиёсии адвокат Ёров Б.Р. бино бар иҷро намудани вазифаи касбии ӯ иҷро карда истодаанд.

Дар ҷ.1 саҳ. 5-6 далели дигари таъқиби сиёсӣ ва адвокатӣ дар шакли саҳ.5-6. Фармони 600-и муовини аввали вазир генерал майори милитсия Аламшозода аз 05.10.2015 дар бораи таъсис додани гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ ба п/ҷ № 75038 … (Афтодагӣ дар матн)

“Ё.Б.Р. ба мақсади ба даст овардани фоидаи муфт ба боварии шаҳрвандони ҶТ даромада, суиистифода аз ҳолати оҷизӣ ва вазъияти шадидӣ ноилоҷии шаҳрвандон суистифода бурда, ваъда додааст, ки бино бар доштани шиносҳои зиёд дар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва суд, метавонад дар мурофиаҳои судӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ парвандаҳои ҷиноятӣ баҳсҳои шаҳрвандӣ, оилавӣ қарор дода, ба фоидаашон ҳал намояд. Лекин пас аз ба даст овардани маблағ онро ба манфиати худ сарф намуда, ваъдаҳои қаллобонаи худро иҷро накарда, ба ш/р з.к ва м.к. моддӣ расонид. Ҷинояти зикршуда тендентсия инкишоф ва хавфи ҷиддӣ дошта, боиси нооромии ҷамъият ва давлат гардида метавонад дигар оқибатҳои вазнин ва нохушро ба миён биорад.

Ф.М.

1) Гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ созмон дода шавад:

Роҳбари гурӯҳи таф. Абдурасулзода А.

Аъзоёни гурӯҳ: Ф.С., Ф.С, Ҳ.М., Х.Ф., М.И, Н.М.

Роҳбари гурӯҳи оперативӣ: Муовини сардори РМЗҶМ ВКД ҶТ полковники милитсия Нозимов Файзулло Ватанович.

Аъзоёни гурӯҳ:

— Сардори ШЗМҶМАИ РМЗҶМ ВКД ҶТ майор Раҳмонзода Баҳром

— Сардори ШМЗҶМ дар нақлиёт РМЗҶМ ВКД ҶТ полковник Умаров Мирзоумар

— Сардори ШКҶ РВКД дар ш.Душанбе майор Салимзода Мурод.

2) Натиҷаи фаъолияти гурӯҳи тафтишотӣ-оперативӣ ҳар 10 рӯз дар назди сардори РТ ВКД ҶТ шунида шуда, аз натиҷааш ба роҳбарияти ВКД маълумотнома пешниҳод карда шавад, ҷойгир карда шудааст.”

* * *

Муовини аввали Вазир генерал майори милитсия Аламшозода А. эътироф менамояд, ки кирдорҳои Ёров Б. боиси нооромии чаъмият ва давлат гардида, дигар оқибатҳои вазнин ва нохушро ба миён орад. Аламшозода А. нороомии ҷамъият гуфта, нооромии аҳли оилаи Эмомалӣ Раҳмон ва нооромии давлат гуфта – нооромии президент Э. Раҳмонро дар назар дошта, окибати вазнини нохуш – дар маъракаи интихоботи президентии 2020 шикаст ӯрдани Э.Раҳмонро аз тарафи ман дар назар дорад.

Аламшозода А. фаъолияти касбии адвокат ва қонунҳои адвокатураро намедонад. Вагарна қонунҳо барои адвокат ҳаққи меҳнату заҳмату гонорарро пешбинӣ кардаанд ва адвокат барои меҳнати намудааш аз муштариёну ваколатдиҳандагон маблағ мегирад, на аз давлат.

Дар ин фармон Аламшозода А. эътироф менамояд, ки маҳз мақомоти давлатӣ таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон — шаҳрвандонро дар ҳолати очизӣ ва вазъияти шадиди ноилоҷӣ овардаанд, ки онҳо аз милиса, суд, прокурор, мақомоти коррупсия гурехта, барои мадад ба пеши адвокат меоянд. Онҳо ҳимоятгари худро на дар шахсияти Президент Раҳмон Э. балки дар шахсияти адвокат Ёров Б.Р. мебинанд. Агар ҳимоятгари онҳо Э.Раҳмон мешуд, пас ҳеч гоҳ онҳо ба пеши адвокат Ёров Б.Р. намеомаданд, рост ба пеши Президент Раҳмон барои гирифтани кӯмаки ҳуқуқӣ мерафтанд. Лекин ин ашхос ва миллиони дигар шаҳрвандон оиди он хуб медонанд, ки дар чунин ҳолатҳо Президент на танҳо бо онҳо вонамехӯрад, то ҳатто ба мактубҳои сершумори онҳо ҷавоб намедиҳад.

Дар асоси фармони №600 Аламшозода А. худи Аламшозода А. ва сохторҳои ВКД ҶТ вазифадор карда мешаванд, ки собиқ муштариёну ваколатдиҳандагони адвокат Ёров Б.Р. барои тӯҳмат намудан омода карда шаванд. Аз рӯи ин сценария дар лаҳзаҳои Меликулова Дилбар ва Хоҷаев Баҳром корманди УБОП Баҳром нақш бозӣ менамояд дар лаҳзаи Ҳоҷизода Фирдавс — бо сарварии сардори УБОП Девонаев – кормандони милиса ба ш. Хуҷанд рафта — Ҳоҷизода Фирдавс, ки ба ман ягон дирам надодаст, наёфта аз номи ӯ ариза оиди додани 45000$ ташкил менамоянд, ҳол он ки дар парванда то ҳол маълумот нест, ки Ҳоҷизода Фирдавс дар куҷо истиқомат дорад.

Дар лаҳзаҳои Бердиев Ҷалол, Ҳамдамов Самад, Абдуллоев Ғайрат, Одинаев Эмомалӣ кормандони УБОП аз рӯи шартномаҳои бастаи ҳуқуқӣ бо вайрон намудани кафолати фаъолияти адвокатӣ – бе ягон қарори судӣ – созишномаҳои ҳуқуқии бастаро гирифта, аз ин муштариён-тӯҳматчиҳоро ташкил мекунанд. Илова дар лаҳзаи Ҳамдамов Самад — собиқ полковники милиса Ёров Умаралӣ – собиқ сардори Раёсати ахборотии ВКД ҶТ ва дар лаҳзаи Одинаев Эмомалӣ ҳоло корманди амалкунандаи ВКД ҶТ дар самти Интерпол додари ӯ Талбаков Иброншо нақш бозӣ мекунамоянд.

Дар лаҳзаи Султонов Умедхӯҷа кормандони УБОП ӯро барои навиштани ариза даъват мекунанд. Дар лаҳзаҳои дигар барои ошкор нашудани ин ҳолат тафтишот манро бо тӯҳматчиҳо Ҳафизова Б., Сулаймонова Ф. ва аризадиҳандаҳо Яъқубова, Халезин умуман рӯбарӯ намекунанд, зеро медонанд, ки боз дар чунин сурат номбурдагон оиди он ки чӣ тавр кормандони милиса онҳоро барои тӯҳмат даъват намудаанд – маълумот медиҳанд.

Дар ҷ.1. саҳ.8 мактуби Сар. Ш.Т. РВКД ҶТ дар вилояти Суғд ба Сард. РТ ВКД ҶТ № 9/1-844 аз 28.09.15.

“Ба дархости шифоҳии шумо аризаи шаҳрвандон Бозоров Комилҷон ва маводҳои ба он ҷамъовардашударо ирсол менамоем.

Зам.: Ариза бо маводҳо дар ҳаҷми 37 варақ – 2 варақ нест.

Воридот 3098 аз 28.09.15.

2 то виза якеаш бо Ф.С. дигараш ба Ҳ.М аз 28.09.15 с. омӯхта қарори қонунӣ қабул намоед.”

* * *

Аз ин мактуб дида мешавад, ки бе ягон аризае, ки 28.09.2015 ба мақомоти қудратӣ дохил шуда бошад, дар асоси дархости шифоҳии Сардори РТ ВКД ҶТ дар 37 варақ, ки аз он 2 саҳифаашро тафтишот пинҳон кардааст ва дар парванда фақат 35 саҳифа варақ чой дода шудааст, маводҳо аз шаҳри Хуҷанд ба Душанбе меоянд. Омадани ин ҳуҷҷатҳоро бо роҳ ё ин ки самолёт вақти дарозро ташкил медиҳад, аз ин рӯ то омадани ин ҳуҷҷатҳо, аввало дар УБОП нисбати ман майор Давронов Фаридун оиди он тӯҳмат менамояд, ки гӯё дар дохили бинои УБОП 28.09.2015 нисбати ӯ муқобилият намуда бошам ва пагонҳояшро канда бошам.

Ду саҳифаи он ҳуҷҷате, ки аз 37 варақи аз вилояти Суғд равонашуда пинҳон карда шудаанд. Ин қарори муфаттиши РВКД дар вилояти Суғд оиди рад намудан аз оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ мебошад. Дар РВКД дар вилояти Суғд соли 2014 вобаста ба аризаи Бозоров К. қарори қонунӣ қабул намуда буданд, аммо дар ин мактуб Сардори РТ ВКД ҶТ визи оиди он мемонад, ки қарори қонунӣ қабул намоед. Агар дар РВКД дар вилояти Суғд вобаста ба ариза қароре дар соли 2014 қабул намекарданд, пас он муфаттиш ва сардори ШТ РКД ҶТ дар вилояти Суғдро аз кор ким-кайҳо холӣ мекарданд ва нисбати онҳо барои хунукназарӣ зоҳир намудан дар дидани аризаи Бозоров К. парвандаи ҷиноятӣ кушода мешуд. Ягон ҳолати номбурда ба вуҷуд омадагӣ нест.

Дар ҷ.1.саҳ.11 с.11. Аризаи Бозоров Комилҷон ба Прокурори генералӣ аз 21.04.14.

“…Ҳуҷраи … доштагӣ будам 5000 доллар фурӯхтам аз ҳамин 4000 доллар ба дасти Ёров Б. додам. Ёров Б. як шерикаш будааст… Нуриддинхӯҷа будааст 400 доллар як маротиба аз дасти Нуриддинхӯҷа, рӯ ба рӯи Суди иқтисодии вилоят гирифтам, баъд се моҳ бо 400 доллар роҳӣ кард ба дасти Нуриддинхӯҷа гирифтам… Аз ҳимоягар Ёров Б. ва Нуриддинхӯҷа аз 4000 доллар ҳамагӣ 3400 доллар гирифтам, боқимонда 600 доллар ба дасти Ёров Б. истодааст. Ҳимоягар маро фиреб дод, фиребгар будааст… Боқимонда маблағи манро 600 доллар аз ҳимоягар Ё.Б. рӯёнида диҳед, мавҷуд аст.”

* * *

Ба ман ҳеч вақт Бозоров К. ягон вақт дираме додагӣ нест, тамоми аризаи ӯ мисли аризаи дар соли 2011 навиштааш тӯҳмат мебошад. 2400 доллар шиноси ӯ Сайфидинова Гулнора додааст ва ин 2400 долларро то санҷиши прокурорӣ боз аз ман бозпас гирифтааст.

Дар ҷилди 1. саҳ.12-16 ман ҳангоми баёнот додан пурра тӯҳмат будани аризаи Бозоров Комилро нишон медиҳам.

* * *

Дар ҷ.1 саҳ.20-23 ҳангоми баёнот додан Бозоров Комил тӯҳмат будани аризаи худро нишон медиҳад: С.20-23. Баёноти Бозоров К. ба Сардори РВКД дар вилояти Суғд аз 09.07.14.

“Дар рафти тафтишот ҳуқуқҳои писарам Дилшодро адвокат Камолов Аъзам ҳимоя мекард, ки барои хидмати ӯ ман ҳамагӣ 800 сомонӣ дода будам… Ҳанӯз моҳи августи соли 2010 соатҳои тахмин дар ш.Хуҷанд дар назди бинои суди иқтисодии вилояти Суғд ман бо Гулнора вохӯрдам ва ба дасти вай 4000 доллар (пештар 4800 доллар навишта буд, бо ручка 8 – 0 карда шудааст) маблағи пулӣ, ки ҳамааш 100 доллар буд, додам. Ман аз Гулнора хоҳиш кардам, ки ба ин маблағ ҳолати писарам Дилшодро дар вақти баррасии шикояти кассатсионии ӯ дар Суди Олии ҶТ сабук кунад ва қисми айби ба писарам эълоншударо сабук намояд, ки охирин розӣ шуд. Бо сабаби он, ки ман Гулнора он вақт зиёда аз 2 сол шинос будем, ба ӯ бовар кардан ва бе гирифтани забонхат ин маблағи пулиро додам. … Шикояти кассатсионӣ оварда шуд, бо ҳамроҳии ҳимоятгараш Камолов Аъзам, ки он 31.08.2010 баррасӣ гардида, ҳукми коллегияи судӣ оид ба корҳои ҷиноятии суди вилояти Суғд аз 21.07.2010 нисбати писарам Б.Д бетағйир ва шикояти кассатсионӣ маҳкумшуда ва ҳимоятгари ӯ беқаноат мононида шуд. … Ман аз ӯ талаб кардам, ки 400 додагиам канӣ. Ӯ г/т, ки ягон кор ҳал нашудааст ва ман ба пули додагиам сӯхтам. Оиди ин ман ба Гулнора занг задам ва омадани вайро ба назди Ёров Б. талаб кардам. Гулнора гуфт, ки худаш ба Ёров Б. вохӯрда ин масъаларо ҳал мекунад… Ман баъди ин ба Ёров Б. ду се маротиба занг зада пуламро талаб мекардам, аммо ӯ мегуфт, ки пули ман дар дасти ӯ нест ва онро ӯ гӯё ба Гулнора додааст. Сонӣ, Гулнора бо ман дар ошхонаи паҳлӯи меҳмонҳонаи «Эҳсон»-и ш.Хуҷанд вохӯрда, ки рӯзу моҳаш дар хотирам нест, ба ман 2600 долларро дода гуфт, ки боқимондаашро аз Ёров Б. гирифта медиҳад. …Ин вақт Гулнора аз Ёров Б. пули манро талаб кард. Ин вақт дар як чет Ёров Б. ба ман гуфт, ки аз Гулнора ӯ 2000 доллар гирифтаасту халос. …Аз гуфти Гулнора ҳоло бояд ба ман адвокат Ёров Б. боз 600 доллари ба вай додагиамро, ки Гулнора ба ӯ додааст, баргардонида диҳад.

Савол: Шумо барои ба писаратон додани ёрии ҳуқуқӣ бо адвокат Ёров Б. шартнома баста будед?

Ҷ.: Не.

С.: Шумо аз Гулнора он вақт оё пурсида будед, ки барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба писаратон ӯ ба Ёров Б. чанд пул додааст..?

Ҷ.: 4000 доллар дода будам, гуфт Гулнора.

С.: Шумо вақте, ки бо Гулнора ва Ёров Б. дар назди суди иқтисодии вилояти Суғд вохӯрдед, онҳоро бо якдигар рӯ ба рӯ карда магар аниқ накардед, ки Гулнора ба Ёров Б. чанд пул додааст ва чаро Ёров Б. изҳор кард ба Шумо, ки аз дасти Гулнора 2000 долларро гирифтааст?

Ҷ.: Дар ҳақиқат ин камбудии ман буд, ки ин ҳолатро аниқ накарда, ба Гулнора, ки пулро дода будам, худаш ёфта медиҳад, гуфта бовар карда будам.

С.: Агар асли ҳолати кор чунин бошад, чаро шумо дар аризаи ба номи Прокурори генералии ҶТ навиштаатон аз 15.05.2014 сол дар бораи ин ҳолатҳои аслии кор баён накарда, ин маблағро ба адвокат Ёров Б. дода будам ва ӯ манро фиреб дода гуфта ариза навиштаед?

Ҷ.: Ин хатогии ман аст ва узр мепурсам.

С.: 600 доллар ба шумо чӣ гуна зарар мебошад?

Ҷ.: Ин зарари моддӣ ҷиддӣ мебошад.”

* * *

Ин баёнот ҳарчанд, ки саҳ.21-и он сохтакорӣ шудааст, зеро дар он дар қисме, ки Бозоров К. бо Гулнора вомехӯрад, додани маблағи 4800 навишта шуда буд, баъдан муфаттишон бо сарварии Аламшозода А дар рақами 4800 рақами дуюми он 8-ро ба 0 иваз менамоянд ва маблағи додаи Бозоров К, ки дар асл 4800 додааст, ба 4000 доллар табдил меёбад. Баёноти номбурда дар суди н. Сомонӣ 1.10.2015 дар маводҳои барои ҳабс гирифтани ман пешниҳод шуда буданд, 4800 доллар навишта шудааст. Баёноти номбурда ҳолати онро нишон медиҳад, ки яъне то шинос шудани Гулнора бо ман, то шинос шудани Бозоров К. бо ман, алакай маслиҳати доду гирифти 4800 доллар байни Сайфуддинова Г ва Бозоров К ба вуҷуд омадааст. Бо ин пул онҳо ба зинаи кассатсионии Суди Олии ҶТ баромадаанд, ки дар он ҳолат 31.08.2010 дар зинаи касатсионӣ ҳимоятгар Камолов А. иштирок кардааст, нигаред ба ҷ.1. саҳ.20-23. Аз сабабе, ки ман фақат дар назди Сайфуддинова Г масъул будам, бинобар ин Бозоров К дар ин баёнот нишон медиҳад:

“- Гулнора гуфт, ки худаш бо Ёров Б вохӯрда ин масъаларо ҳал мекунад;

— Ман баъди ин ба Ёров Б. 2-3 маротиб занг зада пуламро талаб мекардам, аммо ӯ мегуфт, ки пули ман дар дасти ӯ нест ва онро ӯ гӯё ба Гулнора додааст;

— Сонӣ Гулнора бо ман дар ошхонаи паҳлӯи меҳмонҳонаи «Эхсон»-и ш.Хуҷанд вохӯрда, ки рӯзу моҳаш дар хотирам нест, ба ман 2600 доллар дода гуфт, ки боқимондаашро аз Ёров Б. гирифта медиҳад.

— Дар ҳақиқат ин камбудии ман буд, ки ин ҳолатро аниқ накарда ба Гулнора, ки пулро дода будам, худаш ёфта медиҳад, гуфта бовар карда будам…”

Аз ин қисмати баёнот дида мешавад, ки Сайфуддинова Гулнора ҳолати он ки аз 4800 доллари гирифтааш аз дасти Бозоров К, ба ман фақат 2400 доллар додааст, аз Бозоров К. пинҳон намудани мешавад, зеро ӯ 2400 долларро хароҷот кардааст, маблағе надорад, ки ба Бозоров К диҳад, бинобар ин муттасил Бозоров К.ро бовар мекунонад, ки «худаш ба Ёров Б. вохӯрда ин масъаларо ҳал мекунад».

Яъне дар асл ягон масъалае нест, ки бо ман ҳал карда шавад, фақат масъалаи он аст, ки маблағҳое, ки аз моҳи июли соли 2010 баъди баромадани ҳукми судӣ ҷ.1. саҳ.25-28 Гулнора С. гирифтааст ва тӯли як сол онҳо аллакай хароҷот шудаанд, бояд ки сарчашмаи молиявии ҷамъоварӣ ва баргардонидани онҳо дарёфт карда шавад.

Агар ман тӯли ин қадар сол аз Гулнора қарздор дар ҳаҷми 600 доллар мебудам, пас тӯли чор соли гузашта, ақаллан ба ман Сайфиддинова Г боре занг мезад, дар як моҳ ман 7-8 маротиба вилояти Суғд мерафтам, бо ман вомехӯрд. Аз сабаби он ки ман дар назди Сайфидинова Г. қарздор нестам, пули гирифтамро пурра барқарор намудаам, бинобар ин Сайфидинова Г бо ман муносибате надошта занге намезанад.

Дар натиҷаи пурсиши босаводи муфаттиши РВКД дар вилояти Суғд Бозоров К. дар охири баёноташ аз ман барои тӯҳмати намудааш узр мепурсад:

«Ин хатогии ман аст ва узр мепурсам»

Дар ҷ.1. саҳ.17-18 ва саҳифаи 241-243 баёноту пурсиши Махкамов Нуриддин дар чунин шакл оварда шудааст:

С.17-18. Баёноти Маҳкамов Н.П. …аз суханони онҳо фаҳмидам.

“Барои ин кор Гулнора подоши хидмат ба дасти Ёров Б. 2000 доллар додааст. Тахминан тобистони с.2011 ба ман маълум шуд, ки нисбати Ёров Б. ба Проку. Генералии ҶТ Бозоров К. ариза навиштааст. Аз сабабе, к Гулнора дар вилояти Суғд буд, Ёров Б. аз ман хоҳиш намуд, ки 800 доллар ба дасти Гулнора диҳам. Ман телефони Гулнораро, ки ба ман Ёров Б. дода буд, занг задам. Ҳоло ин рақам дар хотирам нест ва гуфтам, ки ба шаҳри Хуҷанл омада, ба ман вохӯрад, ман бояд ки ба дасти ӯ 800 доллар, ки Ёров Б. аз ш.Душанбе хоҳиш намуд, диҳам, расонам. Ӯ ҷавоб дод, ки дар минтақаи Конибодом мебошад, имкони рафтан надорад. Агар тавонам ба Бозоров К. занг занам ва маблағи номбурдаро ба ӯ диҳам. Ман телефони Бозоров К.-ро доштам, ба ӯ занг задам. Баъди чанде Бозоров К. омад, аз сабаби он, ки дар он маврид дар дастам 400 доллар доштам, аввал ба дасти Бозоров Комил 400 доллар додам. Гуфтам, ки баъди чанд вақт боз 400 доллар дигар ба дасти ӯ медиҳам ва аз дасти Ёров Б. 800 доллар мегирам. Ҳамин тариқ тахминан 1-2 моҳ пас дар соли 2011 ба дасти Бозоров К. боз 400 доллари дигар додам. Маблағе, ки ба дасти Бозоров К. дода шуд, аслан бояд баргардонида намешуд, зеро он ҳаққи ҳалоли Ёров Б. буд, барои даводавии ӯ, барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба писари Бозоров К. ҷудо шуда буд. Аммо Ёров Б. одати хафа кардани касеро надорад, бинобар ин вақте, ки норозӣ аз тарафи падари Б.Д изҳор шуд, баргардонида онро ҳал кард. Ҳангоми додани пул дар ҳаҷми 400 доллар, 2 маротиба дар маҷмӯъ 800 доллар Бозоров К. ман аз ӯ ягон забонхат аз дасти ӯ нагирифтам, зеро ба ин зарурат набуд. Чандин маротибаи дигар ба ман Бозоров К. занг зада хоҳиш кард, ки давоми ҳимояи писари ӯро Ёров Б. барад. Аммо ман ҷавоб додам, ки баъди навиштани аризаи беасос нисбати ӯ дигар кори шуморо пеш намебарад. Бозоров К.-ро ягон маротиба Ёров Б. ё ин ки ман фиреб надодаем. Баръакс Ёров Б. аз ҳисоби маблағи худ чандин маротиба ба вилояти Суғд омада, кори ӯро пеш бурдааст. Ҳамзамон ман бо автомашинаи шахсии худам дар хидмати Бозоров К. будам, ӯро ба пеши писараш мебурдам, дар чойхонаҳо хӯрок медодам, адвокати ӯро роҳбаладӣ мекардам.”

С.241-243 пр. пурсиши айбдоршаванда 08.12.15 с. Маҳкамов Н.П.

“Тахминан соли 2009 ё 2010 дар вилояти Суғд Ёров Б. ба ман 800 доллар дода гуфт, ки ин маблағро ба Гулнора ном зан диҳам ва рақами телефони он занро дод. Ман ба Гулнора занг задам ва Гулнора ба ман гуфт, ки ҳоло дар ш.Исфара буда, бо ман вохӯрда наметавонад ва ба ман рақами телефони Бозоров Комилҷонро дод ва гуфт, ки ба номбурда занг зада маблағро ба ҳамон кас диҳам. Ман ба Бозоров К. занг задам ва ба ӯ ҳолати корро нақл карда додам.”

Баёноти номбурда ҳолати онро нишон медиҳад, ки аллакай аз 2400 доллари дода Сайфидинова Г 1600 долларро гирифтааст фақат 800 доллари боқимонда мондааст, ки ӯ бояд аз дасти Махкамов Н гирад. Агар маблағ аз 800 зиёд мебуд, пас Сайфидинова Г бояд мепурсид, ки чаро 800 доллар равона шудааст, кай маблағи боқимонда равона карда мешавад, шарт оиди гирифтан ё нагирифтани ин 800 доллар ба миён мегузошт. Ин ҳолатҳо умуман ба вуҷуд омадагӣ нест. Баръакс Сайфудинова Г барои он ки қаллобии худаш ошкор нашавад, бо Бозоров К. рӯ ба рӯ нашавад ва Бозоров К маблағҳои дигаре, ки дар дасти Сайфидинова Г. нигоҳ доштаанд пурсон нашавад, бо баҳонаи он ки дар шаҳри Исфара мебошад, хоҳиш менамояд, ки бино бар ҳолати узрноки дар шаҳри Исфара будан ин маблағҳо ба дасти Бозоров К дода шавад, хоҳиш менамояд.

Дар ҷ.1. саҳ.34-35 С.34-35. Баёноти Бозоров Олимҷон ба Сардори РВКД ҶТ дар вилояти Суғд:

“С.: Шумо бигӯед, ки барои ҳимояи Дилшод акоятон Комилҷон ба ки 4000 доллар додааст, яъне ба адвокат Ёров Б. ва ё ба Гулнора ва то ҳол чанд пули онро баргардонидаанд онҳо?

Ҷ.: Росташро гӯям инро ман аниқ намедонам, зеро акоям ба ман дар ин бора ягон чизе нагуфтааст…”

Дар ин баёнот Бозоров Олимҷон, ки Гулнора оилаи дуюми ӯ мебошад, ҳолати он ки Гулнораро мешиносад, инкор менамояд, зеро ӯ корманди РБДА ВКД ҶТ дар вилояти Суғд мебошад. Дар доираи таъқиби сиёсӣ дар ҷ.1.саҳ.43 С.43. Мактуби Муовини якум Прок. Генералӣ Назарзода Х. ба Сурдори РТ ВКД ҶТ аз 28.09.15 с.

“Ба шумо мавод аз рӯи гузориши муовини Прокурори генералии ҶТ, ки бо он қарор дар бораи рад кардан аз оғози п/ҷ бекор карда шудааст, ирсол карда мешавад, пайдо мешавад.”

Дар ҷ.1.саҳ.44-45 бар хилофи ақидаи тафтишот, ки Абдурасулзода А-и бесавод оиди он дар қарори айб менависад, ки “Ёров Б тавассути Сайфидинова Г 4000 доллари Бозоров К-ро гирифтааст, собиқ ёрдамчии калони прокурори генералии ҶТ оид ба супоришҳои махсус Чангиев Р, ки ҳоло прокурори н.Фирдавсӣ мебошад, дар қарори худ аз 02.09.2011 сол оиди он менависад, ки:

— Инчунин аз баёноти Сайфидинова Г. бармеояд, ки баъди ба Ёров Б. додани маблағи 2400 доллар оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ … (Афтодагӣ дар матн)

— …гузашта аз ин гирифтни маблағи 2400 доллар аз ҷониби Ёров Б, ки баъдан дар ҷараёни санҷиш аз ҷониби охирин ба Сайфудинова Г. баргардонида шудааст, шаҳодат медиҳад.”

Тафтишоти пешакӣ дар ҳоле, ки маро тӯҳмат намудани мешавад, ки гӯё ман ба Бозоров К. 600 доллар надодаам, саволе оиди он намегузорад, ки аллакай то таърихи 02.09.2011 Ёров Б. 2400 доллари гирифтаашро аз рӯи баёноти Сайфидинова Г додааст, пас чаро дар ҳоле, ки ӯ 2400 доллар гирифтааст, бояд 3000 доллар баргардонад? Чангиев Р-ро ба сифати шоҳид оиди он намепурсанд, ки ӯ ёрдамчии калони прокурори генералии ҶТ оид ба супоришҳои махсус буд ё ин ки ёрдамчии калони Раиси коллегияи адвокатҳои ҶТ СИПАР оид ба корҳои махсус буд, ки дар қарори дар ҳоле, ки Сайфидинова Г. 2400 доллар аз Ёров Б. нагирифта бошад, гирифтани ин пулро ишора кардааст.

Ҷавоби тамоми ин саволҳо дар таъқиби сиёсии Президент Эмомалӣ Раҳмон мавҷуд ҳастанд.

Дар ҷ.1 саҳ.65-69 ва 70-71 Сайфидинова Гулнора пурра ҳолати он, ки 2400 доллар ба ман додааст ва онро чӣ тавр гирифтааст, тасдиқ менамояд. Дар ин баёнотҳо ягон сухан оиди он ки ман дар назди Гулнора ва ё ин ки Бозоров Комил 600 доллар қарздор бошам, харфе нест. С.65-69 Баёноти Сайфуддинова Гулнора:

“…ва 2400 доллар оварда додам барои саршавии кор… Ёров ба ш.Хуҷанд омад, пулашро овард… ва ман ба Б.К. ба наздаш рафтам.

…С.: Барои ҳимоячӣ ва гирифтани ордер чанд маблағ ба ҳазинаи коллегияи адвокатҳо супоридед?

Ҷ.: Таҳминан моҳи сентябри соли 2010 с. буд, ки ман ба ҳазиначии адвокатураи «Сипар» барои гирифтани ордер барои ҳимоягии Ёров аввал 500 сомонӣ, баъд пурсидан дела куҷоба? Ман гуфтам Хуҷандба, гуфт, ин хел бошад, боз 200 сомонӣ медиҳӣ. Ва ин маблағро баъд аз 2 ҳафта ба ҳазиначӣ додам.

Ҷ.: Дар бораи ба ҳимоятчии Ёров додани маблағи 200 сомонӣ аз ҷониби Бозоров К. хабар надорам.

Ҷ.: Ман аз Бозоров Олим 4600 доллар гирифтам ва аз ин 700 сомонӣ дар ҳазинаи адвокатураи «Сипар» супоридам. 2400 ба Ёров додам барои кӯмаки ҳуқуқӣ расондан… Боқимонда маблағ дар дасти худ нигоҳ доштам.”

С.70-71. Баёноти Сайфуддинова Гулнора ба Прокурори Генералӣ:

Ҷ.: Тахминан моҳҳои октябри 2010 с. Ёров аз ман 2400 доллар дар ш.Хуҷанд ин пулро гирифт…”

Ин баёноти Сайфидинова Гулнора баёноти дар ҷ.1 саҳ.51-52и додаи Бозоров Комилро оиди он, ки бо ман пул дода бошад, пурра инкор менамояд. С.51-52 Баёноти Бозоров Комил ба номи Покурори генералӣ аз 18.06.2011: “…барои ҳимояи писарам Бозоров Дилшод аз ҳимоятхонаи ш.Душанбе Ёров Бузургмеҳрро ба маблағи 700 сомонӣ додам, 400 сомониаш барои боҷи давлатӣ супорид ва 300 сомонӣ барои роҳкиро то ш.Хуҷанд гирифт.”

Сайфудинова Г. ҳайрон аз он мебошад, ки чаро Бозоров К, дар ҳоле ки ягон дираме ба Ёров Б. надодааст, ӯро тӯҳмат намуда истодааст.

29.09.2015 дар доираи таъқиби сиёсии ташкилкардаи Президент Эмомалӣ Раҳмон тӯҳматчӣ Бозоров Комил аз ш.Истаравшан ба шаҳри Душанбе оварда мешавад ва бе таҳлили танкидии далелҳои номбурда соати 16-25 пурсиши ӯ гузаронида шуда ҷ.1 саҳ.97-99, рӯзи дигараш бошад 30.09.2015 соати 17.20-18.05 рӯбарӯкунии ин тӯҳматчӣ дар ҷ.1. саҳ.115-118 бо ман гузаронида мешавад.

Дар протоколи пурсиши худ аз 30.09.2015, ки дар ҷ.1 саҳ.104-114 ҷойгир шудааст, ман пурра ваҷҳҳои бегуноҳии худро оиди ин тӯҳмати намудаи Бозоров К., Хоҷаев Б, Меликулова Д нишон медиҳам.

Пурра бори дигар таъқиби сиёсии ташкилкардаи Президент Эмомалӣ Раҳмон ва таъқиби адвокатии ташкилкардаи Раҳмон Юсуфро нишон медиҳам, аммо тафтишоти Абдурасулзода А оиди он мефаҳманд, ки онҳо дар муқобили кирдорҳои ғайриконситутсионӣ ва ғайриқонунии Президент Эмомалӣ Раҳмон коре карда наметавонанд, дар ин парвандаи сиёсӣ Президент Э. Раҳмон худ муфаттишу, худ прокурору худ судя мебошад.

Дар ҷ.1 саҳ.248-253 пурсиши шоҳид Сайфидинова Гулнора дар чунин шакл оварда шудааст: С.248-253 Пр. пур. Шоҳид Сайфуддинова Гулнора Раҷабалиевна аз 10.12.2015:

“Ману Абдулло рафта ба ҳазинаи корхонаи Ёров Б. аввал 500 сомонӣ супоридем. Ҳазиначӣ аз мо пурсид, ки парвандаи ҷиноятӣ дар куҷо баррасӣ мешавад. Мо гуфтем, ки п/ҷ дар вилояти Суғд баррасӣ мешавад. Пас аз ин ҷавоби мо, ҳазиначӣ аз мо 700 сомонӣ барои ордер талаб намуд. Мо боз 200 сомонии дигар супорида, ордер гирифта ба Ёров Б. додем. Шавҳарам Бозоров Одилҷон ба ман 4600 доллар бароварда дод. Аз ин маблағ ман ба дасти Ёров Б. 2400 доллар додам. Боз ба Ёров Б. гуфтам, ки аз маблағи талаб намудааш 2000 доллар дигар дар дасти ман мебошад. …Баъди гузаштани якчанд вақт Ёров Б. ба ман занг зада гуфт, ки аз болои ҳукм аз тарафи Прокуратура ба Суди Олии ҶТ эътироз навишта шуд… Дар давоми санҷиш Ёров Б. ба ш.Хуҷанд омад ва ба мо шарт гузошт, ки мактубро ба ӯ баргардонем ва пуламонро аз ӯ гирем. Ман ба Бозоров К. гуфтам, ки пулро гирад, вале мактубро надиҳад. Дар он ҷо ман суханҳои Ёров Б.-ро дар бораи маблағҳои гирифтааш ва он мактуби ба мо додааш сабт намуда, онро ба фита кӯчонида ба Ҷангиев А. пешниҳод кардам.

Ҷ.: …дар шаҳри Хуҷанд ба Ёров Б. 2400 доллар додам. Аз ин ҳисоб 700 сомонӣ барои ордер низ супорида будам, ки ҳамагӣ 2600 долларро ташкил медиҳад.

Ҷ.: Ман ба Бозоров Комилҷон нагуфтам, ки ба Ёров Б. 4000 доллар додам.

Ҷ.: Ман аз маблағи гирифтаи Ёров Б. дар назди суди иқтисодии вилояти Суғд ба Бозоров Комилҷон 2600 доллар баргардонида додам ва онҳоро вохӯрондам. Дар он ҷо маслиҳат шуд, ки Ёров боқимондаи маблағро кам-кам баргардонад. Бо ҳамин ман дигар ба корҳои онҳо шарик нашудам. Ба фикрам Ёров Бузургмеҳр кам-кам баъди шикояти мо ба Прокуратураи Генералӣ, пулҳои аз ман гирифтаашро ба Бозоров К. баргардонида дод. Ҳоло чӣ қадар маблағ боқимонда бошад, ман намедонам.”

* * *

Аз ин пурсиш дида мешавад, ки Сайфидинова Г нишондодашро қисман дигаргун намудааст. Акнун 2400 доллари гуфтаи ӯ бо назардошти пулҳои ба ҳазина супоридааш 2600 доллар мешавад. Лекин дар асл ӯ 2000 ба ман дод, бо назардошти хароҷотҳои намудааш 2400 доллар бозпас гирифтааст.

Дар пурсиши Сайфидинова Г. оиди он нишондода мешавад, ки ӯ бо супориши Чангиев А. маро дар фитае сабт карда бошад, дар рафти тафтишот фитае шунавонда шуд, ки дар он умуман овози ман набуд ва дар ин фита ягон сухане оиди он ки ба адвокат, ки, кай, дар куҷо чӣ кадар маблағ додааст, дида намешавад. Яъне Чангиев А супориши маҳз сабти ин ҳолатҳоро медиҳад, мақсади Сайфидинова Г гирифтани 2400 доллари хароҷотнамудааш мебошад дар баёноти ба Чангиев додааш гирифтани 2400 долларро аз дасти ман бозпас пурра тасдиқ менамояд. Чумлаи овардаи ӯ: “Ман аз маблағи гирифтаи Ёров Б. дар назди суди иқтисодии вилояти Суғд ба Бозоров Комилҷон 2600 доллар баргардонида додам” — пурра ҳолати онро, ки байни мо дигар муносибати молиявие мавҷуд нест, тасдиқ менамояд.

Чумлаи овардаи дигари ӯ: “Дар он ҷо маслиҳат шуд, ки Ёров Б. боқимондаи маблағро кам-кам бармегардонад” — қобили қабул нест, зеро дар ҷ.1. саҳ.20-23 Бозоров К оиди он нишондода буд, ки: “Сонӣ Гулнора бо ман дар ошхонаи паҳлӯи меҳмонҳонаи «Эҳсон»-и шаҳри Хуҷанд вохӯрда, ки рӯзу моҳаш дар хотирам нест, ба ман 2600 доларро дода гуфт, ки боқимондаашро аз Ёров Б. гирифта медиҳад.”

Яъне Сайфидинова Г. дар ҷ.1 саҳ.20-23 оиди он медонад, ки дар наздаш Ёров Б.Р. дигар қарздор нест, бинобар ин маблағҳои сарфнамудаи худашро ҷамъ карда ба Бозоров К. диҳад, баҳона ба Бозоров К. оиди он пеш меорад, ки «боқимондаашро аз Ёров Б. гирифта медиҳад.»

Ҷумлаҳои дигари овардаи Сайфудинова Г. “бо ҳамин ман дигар бо карҳои онҳо шарик нашудам. Ба фикрам Ёров Б. кам–кам баъди шикояти мо ба прокуратураи генералӣ, пулҳои аз ман гирифтаашро ба Бозоров К. баргардонида дод” — кобили қабул нест. Зеро байни ману Бозоров К. ҳеч вақт коре набуд. Аз аввал Бозоров К. аз додани 4800$ бо Сайфуддинова Г. сару кор дошт. Сайфуддинова Г. бошад ки ба ман бо хароҷотҳои роҳ 2400$ дар маҷмӯъ дода буд, сару кор дошт. Аризаи онҳо дар Прокуратураи генералӣ қарор дорад, дар соли 2015 ӯ “ба фикрам…” мегӯяд, аммо дар соли 2011 аниқ оиди он мегӯяд, ки 2400$ -и додаашро гирифтааст.

Ҳамин тариқ дар қисмати ин айби эълон намуда оиди тасарруф намудани 600$ -и ИМА нисбати ман, бар хилофи далелҳое, ки бегуноҳии манро нишон додаанд, айб эълон шудааст. Ба кӯмаки муфаттиш Ҳакимов М. аз компютери дар даст нигоҳдоштаи ӯ аз сайти Бозоров К. нусхаи шикоятҳои назоратии навиштаи ман аз номи писари ӯ Бозоров Дилшод, келинаш Сабурова Х. пешниҳод карда шуд. Омӯзиши шикояти назоратӣ ҳолати онро нишон медиҳад, ки чӣ тавр ман ба Суди вилояти Суғд рафта, дар он ҷо бо парвандаи ҷиноятии Бозоров Дилшод шинос шудам. Баъдан шикояти назоратӣ навиштам. Оиди далелҳои дар парванда буда ба Бозоров К. маълумот додаам, бо келини ӯ ҷабрдида Сабурова Х. вохӯрда, сӯҳбати ҳуқуқӣ баргузор намудам, ҳамаи ин мафҳуми расонидани ёрии ҳуқуқиро дарбар мегирад.

Бинобар ин хоҳиш менамоям, ки айби беасос нисбати ман, бино бар дар кирдорҳоям набудани таркиби ҷиноят қатъ карда шавад.

* * *

Дар ҳамин қисмат инчунин оиди он айб эълон карда шудааст, ки гӯё ман мактуберо аз номи муовини Прокурори Генералии ҶТ Гулматшоев Р. Ба номи адвокат Наврузов С. таҳти № 12-215-10 аз 07.02.2011 сохтакорӣ намуда бошам. Вобаста ба ин ҳолат дар тамоми тафтишот оиди он нишондод додам, ки ягон мактуберо сохтакорӣ накардаам. Дар Суди Олии ҶТ парвандаи Бозоров Д. бо эътирози назоратӣ мавҷуд буд.

Дар ҷ.1 саҳ.54-56 ҳангоми додани якум баёнот дар Прокуратураи Генералии ҶТ ва баёноти дуюми ман баён намуда будам.. иловагӣ дар саҳ.54-56. Ҳангоме, ки ман дар шаҳри Хуҷанд будам, Гулнора манро сарзаниш намуд, ки эътирофи назаротиро дар Раёсати С.О.Ҷ.Т мебинанд ва ман оиди ин ҳолат хабардор нестам. Ин суханҳо дар ҳузури падару модари маҳкумшуда буд.

“… Ман ба дасти ӯ таъминоти судиро додам. Падари маҳкумшуда норозигӣ кард, ки Ҷон.прокур. ш.Истаравшан Насриддинов Нурулло ҳамкурси ман мебошад ва дар мувофиқа бо ин шахс гӯё, ки ман муқобили ӯ кор карда бошам, то ки ба ин тариқ ҳукми писари ӯро тағйир надиҳанд.”

Ман фаҳмонидам, ки ақидаи ӯ хато мебошад ва аз рӯи маълумоти ман аллакай Нурулло Н.-ро аз прокуратураи ш.Истаравшан аз кор холӣ намудаанд ва ӯ ба ин корҳо умуман муносибате надорад.

Иловагӣ саҳ.68 ба Ёров додам, барои кӯмаки ҳуқуқӣ расондан.

Иловагӣ саҳ.80 Баёноти Ёров Б. ба Прокур. Генералӣ: “…Ҳангоми вохӯрӣ агар хато накунам, оилаи Бозоров К. ва апаи Гулнора буд. Онҳо ба ман оиди он хабар доданд, ки ба фикрам 13.15.2011 Раёсати Суди Олии ҶТ мешавад ва эътирозро мебинанд. Дар ин ҳангом манро сарзаниш намуданд, ки оиди баргузор шудани маҷлиси Раёсат ман хабардор нестам.”

Аз ин баёнот дида мешавад, ки то ҳатто Гулнора Сайфуддинова худ маълумотҳоро мустақиллона тафтиш кардааст, ки эътирози назоратиро дар Суди Олии ҶТ мебинад. Қисмати дуюми баёнот бошад, оиди он нишон медиҳад, ки ман ба Бозоров К. таъиноти судиро оид рад намудани шикояти назоратии навишта медиҳам, яъне маълум менамоям, ки Суди Олии ҶТ шикояти назоратии моро рад намудааст, аммо ӯ манро тӯҳмат дар он менамояд, ки гӯё бино бар дустии ҳамкурсӣ доштаам Насриддинов Н. кори ӯро буд накарда бошам.

Баъдан мактуби Прокуратураи Генералии ҶТ як мактуби иттилоотӣ мебошад он фақат оиди баррасии шикояти назоратӣ маълумот медиҳад. Ҷавоби мактуб ҳуҷҷати расмии аз ӯҳдадори озодкунанда, ба мақсади ба соҳибияти каси дигаро додан ташкил намедиҳад. Ҳангоме, ки ман дар ҳудуди вилояти Суғд будам аз ҷойи кор онро ба суроғаи электронии ман сканировать намуда он мактубро равона намуда буданд.

Дар ҷ.1 саҳ. Қарори ёрдамчии калони Прокурори Генералии ҶТ оид ба супоришҳои махсус Чангиев Р. Аз 02.09.2011 “Оиди рад кардан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ” мавҷуд аст, дар худи ин қарор, ки онро собиқ муовини якуми Прокурори Генералии ҶТ Мухамадиев А. тасдиқ кардааст. Оиди он нишон дода мешавад, ки ҷавоби мактуби Прокуратураи Генералии ҶТ ҳеч вақт ҳуҷҷати расмӣ набуда, предмети ҷиноятӣ дар моддаи 340 к.2 –и пешбининамудаи КҶ ҶТ-ро ташкил намедиҳад, аз ин рӯ бино бар набудани ҳодисаи ҷиноят аз оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ рад карда шудааст.

Вобаста ба ҳолатҳои номбурдашуда, хоҳиш менамоям, ки ин қисмати айб бино бар беасос буданаш ва дар кирдори ман набудани таркиби ҷинояте қатъ карда шавад.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигар



Рубрики:Инсони муваффақ, Пароканда, Торих, Ҷомеа

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: