Алҷазира: «Оё Оли Сауд ба самти раҳоӣ аз тафаккури ваҳҳобӣ меравад?»

Шабакаи телевизиюнии Алҷазираи Қатар дар барномае иқдомҳоеро, ки мақомоти Оли Сауд ахиран дар хусуси коҳиши нуфузи ваҳҳобият дар кишварашон анҷом додаанд, баррасӣ кард.

Ин шабакаи телевизиюнӣ дар яке аз барномаҳои худ дар баррасии ин мавзӯъ баён дошт:

«Изҳороти Одил ал-Ҷубайр, вазири хориҷаи Арабистон — мабнӣ бар ин ки кишвараш ҳазорон нафар аз мубаллиғони диниро ба хотири ҳимоят аз ифротигарӣ ихроҷ кардааст — ҷанҷолбарангез аст. Одил ал-Ҷубайр ин иқдомотро ин гуна тавҷеҳ кард, ки ин аъмол дар чорчӯби мубориза бо тафаккури ифротигарӣ анҷом гирифта. Аммо таҳлилгарон ин иқдоми Арабистонро бо он чи Рикс Тилерсун, вазири хориҷаи Омрико чанд ҳафта пеш эълом карда буд, муртабит медонанд. Ва он ин ки Омрико як қарордоди сиррӣ бо Арабистон ҷиҳати таҷдиди назар ва бозбинии ин кишвар дар шеваҳое, ки тафаккури теруристиро тавҷеҳ мекунад, бастааст.

Ин иқдоми Саудӣ вокунишҳои мутаноқизеро дар пай доштааст. Бархе онро ба унвони «ҷанг алайҳи қишри муҳофизакори ҷомеаи Арабистон» дониста ва бо иқдомоти Камол Отатурк, муассиси Туркияи ҷадид, муқоиса мекунанд.

Иқдоми Арабистон чанд моҳ баъд аз таътилии кори ҳайъати «Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар» ва коҳиши нақши ваҳҳобият дар кишвар аз тариқи нодида гирифтани бархе фатвоҳо анҷом гирифт. Маъруфтарини ин фатвоҳо, фатвои манъи занон аз ронандагии худрав буд.

Дар миёни таҳаввулоти бузурге, ки ҷомеаи Арабистон шоҳиди он аст, коҳиши маҳдудият барои консертҳоест, ки дар ҷашнҳои умумӣ барпо ва мардону занон дар он ҷамъ мешаванд. Ин ҷашнҳо ва консертҳо дар рӯзи мавсум ба «Иди миллии Арабистон» дар моҳи гузашта барпо шуд ва ҷанҷоли зиёдеро барангехта, ки ҳамчунон идома дорад.

Барканории мубаллиғон ҳамзамон шуд бо боздоштҳои густардаи даҳҳо тан аз руҳониёни динӣ, ки бо Ихвонул-муслимин — ки режими Оли Сауд онро «терурист» медонад — робита доштанд.

Шабакаи Алҷазира ба рӯзномаи Wall Street Journal ишора кард, ки навишта буд: «Арабистон солона чаҳор милёрд дулор барои нашри ваҳҳобият дар ҷаҳон ҳазина мекунад. Ин рӯзнома ба даҳҳо маркази муртабит бо сафоратхонаҳои Арабистон дар панҷ қорраи ҷаҳон ишора карда буд

Алҷазира тасреҳ кард: «Ин иқдомоти Оли Сауд аз эътирофи ин кишвар ба ҳимоят аз тафаккури ифротӣ ва густариши он на танҳо дар Арабистон, балки дар сар то сари ҷаҳон, он ҳам аз тариқи марокиз ва мубаллиғоне, ки тавассути Оли Сауд ҳимояти молӣ мешаванд, ҳикоят дорад.»

Алҷазира афзуд: «Нозирон мӯътақиданд, ки таҳаввулоти ҷорӣ дар Арабистон, бо он чи расонаҳои ғарбӣ дар хусуси наздикии интиқоли ҳукумат аз Малик Салмон бен Абдулазиз ба писараш Муҳаммад бен Салмон мегӯянд, иртиботи комиле дорад.

Шоёни зикр аст, ки равобит байни Қатар ва Арабистон дар пайи таҳрими ин кишвар бо ҳамкории Баҳрайн, Аморот ва Миср ба иттиҳоми ҳимояти Қатар аз «теруризм» тира аст.

Реклама


Рубрики:Салафият, Такфир, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: