Арабистон, Аморот ва Баҳрайн аз роҳбурди ҷадиди Омрико дар қиболи Эрон истиқбол карданд

Чанд кишвари арабӣ аз ҷумла Арабистони Саудӣ ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ аз тасмими раисиҷумҳури Омрико мабнӣ бар таъйид накардани тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон ва ҳамчунин таҳрими Сипоҳи Посдорони ин кишвар истиқбол кардаанд.

Ба гузориши Tasnimnews, Арабистони Саудӣ аз истротежии Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико дар қиболи Эрон ва рӯйкарди хасмонаи он истиқбол кард.

Арабистони Саудӣ дар баёнияе, ки хабаргузории расмии ин кишвар онро мунташир кард, аз рӯйкарди Тромп ва таъаҳҳуди вай бар ҳамкорӣ бо ҳампаймонони Вошингтун дар минтақа барои рӯёрӯӣ бо чолишҳои муштарак ва он чи онро «таҳаррукоти хасмонаи Эрон дар минтақа» иддао кардааст, истиқбол кард.

Дар ин баёния омадааст: «Арабистони Саудӣ пештар гуфта буд, тавофуқи ҳастаӣ байни Эрон ва гурӯҳи 5+1 густариши силоҳҳои куштори ҷамъиро дар минтақа ва ҷаҳон маҳор мекунад ва ба ин далел ҳимояти худро аз ин тавофуқ эълом карда буд… Вале Эрон аз даромадҳои иқтисодии ҳосил аз лағви таҳримҳо баҳра бурдааст ва аз ин даромадҳо ба вежа бо тавсиъаи мушакҳои болистикии худ ва ҳимоят аз теруризм дар минтақа… барои бесубот кардани минтақа истифода мекунад…»

Амороти Муттаҳидаи Арабӣ низ ҳимояти комили худ аз истротежии раисиҷумҳури Омрико барои таъомул бо Эрон, эълом кардааст.

Вазорати хориҷа ва ҳамкории байналмилалии Аморот дар баёнияе, иддао кард: «Давлати Эрон аз тариқи сиёсатҳои бесуботкунандаи худ, барои эҷоди ҳарҷу марҷ ва бесуботӣ дар минтақа талош мекунад

Дар ин баёния, ки дар хабаргузории расмии Аморот мунташир шуда, иддао шудааст: «Тавофуқи ҳастаӣ, ба Эрон фурсате барои арзёбии сиёсатҳояш ва масъулиятпазирӣ дар қиболи ҷомеаи ҷаҳониро дод, вале давлати Эрон аз ин тавофуқ барои тақвияти сиёсатҳои тавсиъаталабона ва ғайримасъулонаи худ истифода кардааст

Баҳрайн низ дар баёнияе, аз рӯйкарди ҷадиди Тромп алайҳи Эрон ҳимоят кардааст.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом, ҷаҳон

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: