Перейти к содержимому

Атвон: «Таҳдиди Эрон аз сӯи Тромп танҳо барои розӣ кардани Исроил буд»

Абдулборӣ Атвон, таҳлилгари барҷастаи масоили араб таъкид кард: «Иддаоҳои Дунолд Тромп раисиҷумҳури Омрико алайҳи Эрон, бозгӯии суханони Бенёмин Натанёҳу нахуствазири режими саҳюнистӣ ва ҳимоят аз ин режим буд.»

Атвон дар суханоне, ки дар пойгоҳи рӯзномаи фароминтақаии Раъюл-явм мунташир кард, гуфт: «Дунолд Тромп дар суханони худ ҳамаи душманиҳо ва кинаҳои худ нисбат ба Эронро холӣ кард ва аз ҳар иттиҳоме алайҳи Теҳрон истифода кард; иттиҳомҳое, ки яке аз онҳо барои шурӯъи як ҷанг кофӣ аст.»

Ба эътиқоди Атвон, «муҳимтарин нукта дар суханони Тромп ин буд, ки вай Эронро пойбанд ба тавофуқи ҳастаӣ намедонад ва изҳор дошт, ки (Омрико) ҳар замон, ки бихоҳад аз он хориҷ мешавад ва онро таъйид намекунад ва таҳримҳои ҷадиде алайҳи Эрон вазъ хоҳад кард.»

Вай тасреҳ кард: «Ду чиз боиси асабонияти шадиди Тромп аз Эрон шудааст: аввал мушакҳои болистики Эрон, ки аз назари Омрико таҳдиде барои ҳампаймонони Омрико дар минтақа ҳастанд, ва дуввум равобите, ки Эрон бо Куреи шимолӣ дорад.»

Сардабири рӯзномаи Раъюл-явм гуфт: «Ҳампаймони Омрико чӣ касоне ҳастанд, ки тавассути мушакҳои Эрон таҳдид мешаванд? Ҳампаймон танҳо якест, он ҳам Исроил. Ҳамаи суханони Тромп низ дар ҳимоят аз Исроил аст ва пушти пардаи ҳамаи ин таҳдидҳои Тромп низ ин режим қарор дорад; ҳатто ин тавр ҳис мешуд, ки ба ҷойи Дунолд Тромп Бенёмин Натанёҳу дар ҳоли суханронӣ аст ва так-таки калимоти ӯ ҳарфҳои Натанёҳуро бозгӯ мекард.»

Вай ёдовар шуд: «Рӯзи панҷшанбе Омрико дар ҳимоят аз Исроил аз созмони Юнеско хориҷ шуд, чун ин созмон зидди Исроил амал карда буд ва эълом карда буд, ки Масҷидулақсо мутаъаллиқ ба мусалмонон аст ва яҳудиёни сарзаминҳои ишғолӣ ҳеч иртиботе бо Қудс ва амокини муқаддаси он надоранд.»

Ин таҳлилгар идома дод: «Тромп танҳо барои розӣ сохтани Исроил буд, ки ин ҳарфҳоро зад. Мушакҳои болистики Эрон бо буъди ду ҳазор километрӣ қодир ҳастанд то қалби Исроил ва ё ҳар ҳадафи мутаъаллиқ ба Исроилро мавриди ҳамла қарор диҳанд, ва ин мавзӯе аст, ки хашм ва асабонияти Омрико ва Исроилро дарбар дорад.

Аз сӯи дигар, дар Куреи шимолӣ Ким Ҷунг Ун, раҳбари он, Дунолд Тромп ва кулли Омрикоро таҳқир мекунад; Омрикоро ба ҳамла ва бомбборони ҳастаӣ ва муҳосира таҳдид мекунад. Куреи шимолӣ дар хоки кишвар худ аз ҳаққи худ барои истифода аз фанноварии ҳастаӣ дифоъ мекунад. Ин кишвар аз мушакҳои худ ба унвони қудрати боздоранда истифода мекунад. Ва ин чизе аст, ки Омрикоро хашмгин мекунад. Омрико мехоҳад, ки Эрон монанди кишварҳои арабӣ бидуни дандону чангол таслим шавад. Вошингтун мехоҳад Исроил қудрати минтақа бошад ва тарафҳои дигари минтақаӣ аз ҳар силоҳе барои дифоъ аз худ халъ шаванд. Аммо Эрон посухи Омрикоро бо сароҳат дод. Теҳрон эълом кард, ки ҳар замон, ки Сипоҳи Посдорон мавриди таъарруз ва таҳрим қарор гирад, Эрон низ посухи қотеъ хоҳад дод ва Омрико бояд пойгоҳҳои худро аз ду ҳазор километрии минтақа дур кунад. Эрон эълом кард, ки Исроил ё ҳар пойгоҳи Омрико дар минтақаро ба хусус дар минтақаи халиҷи Форс, ҳадаф қарор хоҳад дод.»

Атвон таъкид кард: «Омрико тарафе аст, ки аз теруризм ҳимоят мекунад ва амният ва суботи минтақаро барҳам зада ва омили таҳдидкунандаи он аст. Дар ҷанги Ироқ ин кишварро ишғол ва ҷанги мазҳабиро барои барҳам задани ваҳдат ва якпорчагии ин кишвар ба роҳ андохт. Иёлоти Муттаҳида амният ва суботи Сурияро низ баҳам зад ва ҳазорон инсонро дар ин кишвар кушт ё овора кард, ва хулоса ҳамаи ин тарҳҳое, ки дар минтақа иҷроӣ шуд, зери сари Омрико буд.»

Вай афзуд: «Омрико хостори ин аст, ки Эрон таслим шавад; дар ҳоле, ки тавофуқи ҳастаӣ пас аз 5 сол музокира ба даст омадааст ва эрониҳо бар хилофи аъроб аз ҳеч ҳаққи худ ақибнишинӣ накарданд ва аммо тавофуқе монанди Камп-Дэвид танҳо барои мо шикаст буд ва ҳеч чиз ҷуз бадбахтӣ барои мо надошт. Мо ба шурути омрикоиҳо лабханд задем, аммо эрониҳо бо салобат барои таҳаққуқи ҳуқуқи худ истодагӣ карданд; эрониҳо бар рӯйи ҳар чизе музокира карданд.»

Ин таҳлилгар гуфт: «Чаро тавофуқи ҳастаӣ бад аст? Чун Исроилро таҳдид мекунад ва чун мушакҳои Эрон таҳдиде барои Исроил аст ва Омрико низ мустақиман бо онҳо мухолифат мекунад. Ҳизбуллоҳ, ки мавриди ҳимояти Эрон аст, терурист хонда мешавад, чаро ки Исроилро таҳдид мекунад ва ба муқобила бо он даъват мекунад ва аз ҷанги саҳмгини оянда хабар медиҳад; дар ҳоле, ки суханони Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон аз ҷанги минтақаӣ ба пуштвонаи иттилооти дақиқ хабар медиҳад, дар ҳамин росто таҳдидҳои Тромп низ аз рӯйи тарсу заъфу ночории вай аз шурӯъи як ҷанги минтақаӣ ҳикоят дорад.»

Вай тасреҳ кард: «Исроил режиме аст, ки амнияти минтақаро барҳам зада ва онро таҳдид мекунад. Ин режим борҳо ба навори Ғазза ҳамла карда ва се бор бо Лубнон вориди ҷанг шуда ва ҳамчунон онро таҳдид мекунад. Ҳамаи тарҳҳои Омрико барои ҳимоят аз Исроил аст ва на ба нафъи ҳампаймонони араби худ. Тромп бо кишварҳои арабӣ эътилоф ташкил дода, то бо баҳонаи мувоҷеҳа бо «хатари Эрон», милёрдҳо дулор аз амволи ин кишварҳоро ғорат кунад ва ба баҳонаи ин таҳдид, қарордодҳои калони таслиҳотӣ бо онҳо мебандад ва дар муқобил нафту гозу сармояҳои онҳоро ба яғмо мебарад.»

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: