Перейти к содержимому

Фалсафа ва равиши реализм (126)

Иллат ва маълул (8)

Далели ақлӣ ва қиёсӣ (1)

Ин роҳ муттакӣ ба таҳлили ақлонии ҳақиқати иллият ва маълулият аст. Мо қаблан дидем, ки иллият ва маълулият мусталзими иртибот ва пайвастагии ду чиз аст, ки мо номи якеро “иллат” ва номи дигареро “маълул” гузоштаем ва агар ду мавҷудро фарз кунем, ки бо якдигар бегона ва мутабойини маҳз бошанд, маъно надорад, ки якеро “иллат” ва дигареро “маълул” бидонем. Ва аз тарафе медонем, ки робитаи иллату маълул аз навъи вуҷуд додан ва вуҷуд ёфтан аст, яъне аз ду мавҷуде, ки яке вуҷуддиҳандаи дигаре аст ва он дигарӣ вуҷудёфта аз ноҳияи ӯст, мафҳуми “иллият ва маълулият” интизоъ мешавад. Аз тарафи дигар, қаблан собит кардем, ки иртибот ва пайвастагии маълул ба иллат, муғойир бо воқеияти маълул нест, яъне воқеияти маълул айни иртибот ва изофа аст, на чизе, ки дорои иртибот ва изофа аст.

Як муқаддимаи дигар, ки ба ин се муқаддима илова шавад, матлаб комилан равшан мешавад. Ва он муқаддима ин аст: ҳақоиқи маълула, ки айни изофа ва иртибот ҳастанд, ба ин наҳв аст, ки ҳар маълуле айни изофа ба иллате хосс аст, вагарна изофа ва иртиботи мутлақ ва билотараф маъно надорад. Ва ихтилофи маълулот бо якдигар дар айни ин ки дар асли изофӣ будан ва робитӣ будан бо якдигар шариканд, дар ин аст, ки ҳар маълуле ҳувияташ интисоб ва иртибот бо иллате хосс аст ва он иллати хосс муқаввими воқеияти он маълул аст. Яъне агар фарз кунем ба ҷои ин иллат як иллати дигар буд, на фақат тарафи изофа тағйир кардааст, балки дигар он изофа он изофа нест ва он маълул он маълул нест. Ва аз ин ҷост, ки мегӯем: “Мартибаи ҳар мавҷуде дар низоми вуҷуд муқаввими зоти он мавҷуд аст”. Яъне ҳувият ва он мавҷуд будани он мавҷуд, ба ин аст, ки дар ҳамон мартибаи хоссе, ки ҳаст, буда бошад, ва агар ӯро дар мартибаи дигар фарз кунем, на ин аст, ки худаш худаш аст ва ҷояш тағйир карда, балки худаш худаш нест, ва ин ки худаш худаш бошад мавқуф ба ин аст, ки дар ҳамон мартибае, ки дорад, буда бошад. Ва ҳамон тавре, ки дар муқаддимаи мақолаи 8 баён кардем, маротиби мавҷудот дар силсилаи замон ё дар маротиби иллӣ ва маълулӣ ва низоми асбоб ва мусаббаботро набояд аз қабили як саф сарбоз фарз кард, ки ҳар як дар маҳалли муайяне ҷо гирифтаанд ва монеъе надорад, ки тағйири вазъ ва маҳалл ва нисбат бидиҳанд, балки дар мақоми ташбеҳ ва танзир беҳтар аст, ки низоми мавҷудотро ба маротиби ададҳо ташбеҳ кунем, ки мартибаи ҳар ададе муқаввими ҳақиқати он адад аст, ва ҳамон тавре, ки дар ададҳо маънӣ надорад, ки бипурсем чаро адади 1 адади 2 нест ва чаро адади 2 адади 5 нест, ҳамин тавр дар низоми мавҷудот низ маъно надорад суол кунем чаро фалон маълул маълули фалон иллат аст ва маълули фалон иллат нест? Ё он ки чаро он маълул ба ҷои иллати худаш, ва иллаташ ба ҷои худаш нест? Ё он ки чаро ман “маълули аввал” ё чаро “иллати аввалӣ” нестам?

Баъд аз ин ки донистем, ки воқеияти нисбати ҳар маълул бо иллати хосс, айни воқеияти маълул ва муқаввими зоти маълул аст, метавонем бидонем, ки воқеият нисбат бо ду иллати мухталиф ва мутағойир, мухталиф ва мутағойир аст. Ва агар аз ду иллати мухталиф маълули воҳид содир шавад, лозим меояд, ки маълули воҳиди мафрузи мо дар айни ваҳдат касир бошад ва дар айни ин ки ҳувияташ айни интисоб ба фалон иллат аст ва мутақаввим ба он иллат аст, айни интисоб ба фалон иллати дигар ва мутақаввим ба он низ бошад. Ва агар аз иллати воҳид ду маълули мутағойир содир шавад, лозим меояд, ки он ду маълул дар айни касрати мафруз беш аз як ҳувият надошта бошанд ва ҳамон тавре, ки дар матн баён шуда: “Робита ва синхияти вуҷуди иллату маълул муқтазист, ки вуҷуди маълул мартибаи заъифаи вуҷуди иллат буда бошад. Бинобар ин табоюни вуҷудии ду иллати мутабойин, маълулро ду мартибаи заъифи мутабойин қарор хоҳад дод, ва ҳамчунин табоюни вуҷудии ду маълули мутабойин мусталзими ду иллати мутабойин хоҳад буд”.

Барои исботи қонуни синхият, далелҳо ва бурҳонҳои зиёде иқома шуда ва ин масъала аз синхи он ришта масоили фалсафист, ки барои касе, ки дуруст ба усули фалсафӣ ворид бошад, ҷойи кучактарин шакку тардиде боқӣ намемонад ва танҳо бо қабули ин асл аст, ки низоми муайяни мавҷудот қобили тавҷеҳ аст, ва ин асл аст, ки изъони қатъӣ меоварад бар ин ки пайдоиши ҳаводис ва ашё ҳатман тибқи ҷараён ва асбоби муайян сурат мегирад. Ва чунонки дидем, ин масъала як масъалаи фалсафии холис аст яъне мубтанӣ ба қабули усули мавзӯае аз улуми табиӣ ё риёзӣ нест ва хонандаи мӯҳтарам агар дуруст мабодии тасаввурӣ ва тасдиқии ин масъаларо ба даст оварда бошад, мефаҳмад, ки таҳқиқ дар атрофи ин масъала, нафян ва исботан, ҷуз дар ҳавзаи фалсафа муяссар нест, ва агар дуруст дар ақлиёти фалсафӣ тамрин карда бошад, ба андозаи як масъалаи риёзӣ яқин ҳосил мекунад.

Дар китоби «Рози офариниш ё ҷаҳони шигифт» таълифи Ҷенз, донишманди физик ва риёзӣ ва ситорашиноси қарни ҳозир, баъд аз он ки ақоиди башари аввалияро дар таълили ҳаводис ба иродаи арбоби анвоъ ва худоён ва сипас таваҷҷӯҳи башарро ба робитаи иллӣ ва маълулӣ байни ҳаводиси олам тавзеҳ медиҳад, менависад:

«Чанд ҳазор сол бар ин минвол гузашт, то дар қарни 17-ум, яъне қарни Голилей ва Нютон, билохира қонуни иллият ба унвони мабнои кашф ва таҳқиқи умури табиӣ пазируфта шуд. Донишмандон дар мутолеаи умур ва қазияҳои табиӣ, ба иллатҳо ва асбоб таваҷҷӯҳ карда мутақоъид шуданд, ки ҳар иллати мафруз маълули муайянеро ба вуҷуд меоварад. Мутолеоти нуҷумӣ ва ситорашиносӣ низ ҳаракати муназзами сайёротро машҳуд дошта хурофот ва авҳоми қирони моҳу Муштарӣ ва саъду наҳси Зуҳра ва Зуҳалро ба дур андохта, мӯъмин шуданд, ки барои донишманд “саъд афтад ҳам Зуҳал ҳам Муштарӣ”…

Дар қарни 17-ум собит шуд, ки ҳаракати куллии аҷроми осмонӣ бар тибқи қонунҳои собит ва побарҷое сурат мегирад, ки тавассути донишманди қарн тавҷеҳу эълом шудааст. Нютон мегуфт, ки бояд тамоми умури табииро бо истидлолоти муносибе аз рӯйи усули меконик (қоидаҳое, ки аз эъмоли қонуни иллият дар табиати беҷон ба даст меояд) натиҷа гирифт… Гуфтаи Нютон рӯз ба рӯз бар тарафдорони худ афзуд ва дар нимаи дуввуми қарн 19-ум ин ақида ба авҷи азамати худ расид, то он ҷо, ки Ҳелмултз донишманди маъруфи олмонӣ изъон кард, ки ҳамаи улуми табиӣ бояд ба илми меконик мунҷар шавад яъне он гоҳ, ки дар ҷаҳони бе руҳ мутолеа мекунем, бояд иллату маълулро ташхис дода робитаи онҳоро ба таҳқиқ маълум кунем ва ҳеч чизро ҷуз дар силсилаи қонуни иллият дар назар нагирем. Ҳамчунин донишманди номӣ лурд Келвини ангилисӣ эътироф намуд, ки то намунаи меконикӣ аз чизеро ба тасаввур дарнаовардонро дарк намекунад… Ин баҳсҳо дар ҳаёти инсонӣ асароти ҷолибе ба вуҷуд овард, зеро ҳар чӣ эътиқод ба қонуни иллият афзоиш меёфт, эътиқод ба ихтиёр сусттар мегардид ва афкор бештар ба ин матлаб иқбол мекарданд, ки акнун, ки ҷаҳони бе руҳ тобеъи қонуни иллият аст, чаро ҷаҳони зируҳ аз ин қоъида бар канор бошад? Ин гуна тафаккурот, фалосифаи меконисти қарни 17-ум ва 18-умро ба вуҷуд оварда эшонро дар баробари асҳоби асолати тасаввур (идеалистҳо) қарор дод…

Дар печу хами ин афкор сайр мекардем, ки қарни бистум бо ҷилваи бисёр фаро расид ва қадамҳои баланде ба сӯи дониши нав бардошта шуд. Нахустин гоми баланди мо дар ин қарн мутолеаи қисмати бисёр кучаке аз модда буд, чӣ то он замон уламо васила надоштанд, ки ҷузъи бисёр кучаке аз моддаро дар таҳти мутолеаи дақиқ қарор диҳанд ва қазовати эшон фақат бар ҷузъе аз модда буд, ки бо ҳавосси панҷгона мустақиман маҳсус шавад, ҳол он ки чунин ҷузъе аз модда милюн милюн зарраро дарбар дошт ва шак ҳам надоштем, ки чунин қитъаи моддӣ тобеъи қонуни иллият аст, аммо маълум набуд, ки асари як зарра масалан бо асари як милюн зарра таносуб ва ташобуҳе дошта бошад… Физики қарни 19-ум даст дар домони усули меконик зад, ҳар қазияи табииро ба мошине ташбеҳ кард ва саранҷом хост дар мошини фикри инсонӣ низ бо ҳамон назар мутолеа кунад, вале як ишколи бузург барои ӯ боқӣ монд, ва он, тавҷеҳи нур ва қувваи ҷозиба байни курроти осмонӣ буд, ки бо ҳеч формули меконикӣ тавҷеҳ намепазируфт. Дар охирин моҳҳои қарни 19-ум профессор Мокс Плонк (Max Planck) бархе аз қазияҳои тобиши нурро, ки то он замон торик ва маҷҳул буд кашф карда собит намуд, ки танҳо наметавон амсоли ин умури табииро ба кӯмаки формули меконикии қонуни иллият тафсиру тавҷеҳ кард, балки асосан наметавон онҳоро бо ҳеч гуна фикри меконикӣ яъне вуҷуб ва изтироре, ки аз қонуни иллият бармеояд иртибот дод.

Чун афкори тоза ҳамеша мавриди ҳамлаи мутаъассибин қарор мегирад, профессор Плонк низ муддате мавриди сухра ва истеҳзои донишмандони замон шуд, вале чанде нагузашт, ки яке аз бузургтарин теорияҳои физики кунунӣ бар пояи суханони вай устувор гашт. Ин таърихро бояд поёни султаи қонуни иллият ва оғози давраи навине дар сайри илму ҳикмат донист. Профессор Плонк ҷараёни умури табииро дар тайи ҳаракоти ҷаста-ҷаста медонад. Вай собит мекунад, ки ҳаракоти кучаке, ки дар табиат сурат мегирад, ҳама ба ҳамин равиш аст. Масалан, ақрабаи дақиқашумори соат дар охири ҳар дақиқа бо як ҳаракати чархи дандонаӣ, ки даруни соат таъбия шуда, як дараҷа аз муҳити сафҳаи соатро мепаймояд. Нозире, ки замони тавилеро ба кӯмаки соат месанҷад, чунин мепиндорад, ки ақрабаи дақиқашумор бо назму тартиб ва иттисолу пайвастагӣ, муҳити соатро паймуда, ҳол он ки касе, ки дар замони кучаке шоҳиди қазия бошад, мебинад, ки ақраба дар тайи ҳар дақиқа бар ҷойи собите истода ва дар охири он дақиқа бо як ҳаракат як дараҷаро мепаймояд. Алломаи муосир Эйнштейн (Albert Einstein) дар соли 1917 мутаъарриз шуд, ки теорияи Плонк илова бар инфисоли ҳаракот, матолиби муҳиммеро дарбар дорад. Агар дар умқи ин маънӣ фурӯ равем, бар асари Эйнштейн ва дигар донишмандон изъон мекунем, ки назму тартиби қонуни иллият, ки пештар пешвои сайри улум ва андешаи уламои мо буд, дигар тавоноии ҳидояти афкори моро надорад. Бар тибқи улуми қадим (улуми пеш аз қарни бистум), қонуни иллият ҳукм мекунад, ки дунё сайри собит ва муайяне дорад, ки аз субҳи азал то шоми абад бо занҷири иллият ба ҳам пайваста шуда, ҳар иллатро ба таври қатъ маълули муайяне дар пай аст ва ин маълул худ иллати пайдоиши вазъи ҷадиде аст ва… Ба иборати дигар, улуми қадим мегуфтанд, ки агар вазъи кунунии ҷаҳонро ба A бинамоем, вазъи баъдии он шакли мафруз ва муайяни B-ро хоҳад дошт, ки ба таври қатъ аз A натиҷа шуда, вале улуми ҷадид то ҳол моро ба ин натиҷа расонидаанд, ки ба таври қатъ наметавон ҳукм кард, ки вазъи A вазъи мафрузи B-ро дар пай дорад, мумкин аст вазъи ҷаҳон дар лаҳзаи баъд аз вазъи A шакли B ё C ё D ё вазъи дигаре бошад, мо наметавонем ба таври қатъ вазъи баъдиро пешбинӣ кунем (бар хилофи дониши қадим, ки мегуфт, бо доштани вазъи A ба таври қатъ метавон вазъи баъдии B-ро пешбинӣ кард), вазъи баъдӣ мӯҳтамал аст C ва ё вазъи дигаре бошад. Улуми мо тавоноӣ ёфтаанд, ки бигӯянд, эҳтимоли вуқӯъи ҳар як аз ҳолоти B ё C ё D ё… чӣ қадр аст (ҳисоби эҳтимолот). Хулоса илм ба яқин, рози офариниш ва сирри ғайб аст ва ҳеч маҳрами дилро дар он ҳарам роҳ нест. Мисол биоварем: родиюм ё гавҳари шабчароғ ҷисмест, ки мудом нуру гармо аз он таровуш мекунад. Дар натиҷаи ин фаязони нуру ҳарорат, атомҳои родиюм яко-як табдил ба атомҳои сурб ва ҳелюм мешаванд ва чун сурб ва ҳелюм аз родиюм сабуктаранд, аз ин рӯ ба мурури замон аз вазни қитъаи родиюм коста мегардад. Мавзӯи каломи мо ин нукта аст, ки коҳиши вазни қитъаи родиюм дар тӯли замон бар тибқи формули аҷибе анҷом мепазирад, ки ба он ишора мекунам: шаҳреро дар назар бигиред, ки ҳамаи занони он нозо бошанд ва ба фарз, як дар сади сокинони он дар ҳар сол ба сарои нестӣ бираванд ба шарти ин ки марги эшон комилан ногаҳонӣ ва тақдирӣ буда ба ҳеч ваҷҳ вобаста ба синну солашон набошад. Ҳисоб маълум мекунад, ки коҳиши шумораи сокинини чунин шаҳре назири коҳиши шумораи атомҳои тиккаи родиюми собиқуззикр аст. Ҳамчунин метавонед лашкареро тасаввур бифармоед, ки зери борон ва гулӯлаи душмане қарор гирифта бошад, ки бидуни руъят ва иттилоъи саҳеҳ аз мавзеи ҳариф ба тарафи эшон тир холӣ кунад.

Бадеҳист бо ин фарз, исобати гулӯла ба афроди лашкар фақат бар ҳасби иттифоқ ва тақдир хоҳад буд. Коҳиши шумораи сарбозони ин лашкар низ монанди коҳиши атомҳои як қитъа родиюм аст. Ба иборати дигар, атоми родиюм бар асари мурури замон ва расидан ба умри табиӣ ва ё мувоҷеҳ шудан бо иттифоқи дигаре аз миён намеравад, балки фақат ва фақат дасти тақдир аст, ки ӯро ба сарои нестӣ мефиристад. Ҳол фарз кунем, ки дар утоқи мо тикка родиюме шомили 2000 қитъа атом қарор дошта бошад. Улуми ҷадид ба осонӣ ҳисоб мекунанд, ки эҳтимоли ин ки пас аз як сол шумораи атомҳои қитъаи родиюми мазбур 1999 ё 1998 ё… шавад чӣ қадр аст, вале дар айни ҳол ба ҳеч ваҷҳ наметавонанд назарияи қатъӣ эълом дошта ва шумораи атомҳоро пас аз як сол ба ваҷҳи яқин муайян намоянд. Ҳисоб мегӯяд, занни қавӣ он аст, ки пас аз як сол фақат як атоми родиюм дар ҳам бишканад, вале маҳол нест, ки аз ин лашкар иттифоқан ду сарбоз дучори марг шаванд. Ба илова нуктаи дақиқи дигаре, ки улуми ҷадид ба мо меомӯзанд ин аст, ки пас аз як сол ба эҳтимоли қавӣ як атом аз ҳар 2000 атом ба сарои нестӣ меравад, вале ба ҳеч ваҷҳ наметавон пешбинӣ кард, ки он атом кадом як аз ин 2000 атом аст?! Илм дар ин парда роҳ надорад ва ҷуз тақдир касеро аз ин моҷаро огаҳӣ на. Шумо мумкин аст пеши худ (узри) муваҷҷаҳи илмӣ битарошед, масалан бигӯед “он атом зудтар мемирад, ки бо фалон иллати физикӣ ё шимиёӣ мувоҷеҳ шавад”, вале дағдаға ба хотир роҳ медиҳед, ки сухан он чӣ бошад гуфтаанд ва саранҷом собит шуда, ки ҷуз тақдир, омиле дар ин кор зиасар нест. Бо ин ҳол ҳанӯз бархе аз тарафдорони қонуни иллият аз ақидаи худ даст барандошта мутарассиди омиле ҳастанд, ки битавонад ҷойи тақдирро бигирад…

Мушоҳидот ва мутолеоти физикии бисёре дар ин тариқ, гуфтори моро таъйид кардаанд. Масалан профессор Ҳойзенберг (Heisenberg)-и олмонӣ собит кардааст, ки теорияи ҷадиди “Квонто”-ро фақат ба кӯмаки асли “адами вуҷуби тараттуби маълул бар иллат” метавон тавҷеҳ кард…

Мисолҳои физикии фаровон то кунун алорағми қонуни иллият ба даст омада ва бар асари онҳо бисёре аз уламои физик мӯътақид шудаанд, ки дар умури марбут ба электрунҳо ва атомҳо қонуни иллият содиқ нест ва агар дар бодии амр чунин андешае ба хотири мо роҳ ёфта буд, аз он буд, ки миқёси назарро бузург ва васеъ ихтиёр карда бар қисмати маҳсусе аз модда ҳукм намуда ва дар умури бисёр хурд борик нашуда будем. Физикдони ангилисӣ Дерок (Dirac) ҳамин мафҳумро дар китоби худ чунин баён мекунад: “Дар таҷрибиёт ва мутолеоти марбут ба атомҳо ва электрунҳо умуман дар ҳолати мафруз ва муайяне натиҷаи озмоиш, муайян ва собит нест (адами вуҷуби тараттуби маълул бар иллат), бад-ин маънӣ, ки чун як озмоиши муайянро чандин бор бо ҳамон шароити аввалия такрор кунем, эҳтимол дорад ба натоиҷи мухталиф бирасем…» Ва низ бояд бигӯям, ки физики нав гарчи муддатест дар ин роҳ гом бармедорад, ҳанӯз тасмими қатъии худро эълом надоштааст. Бархе аз физикдонҳо, ки шумораи эшон рӯз ба рӯз камтар мешавад, ақида доранд, ки рӯзгоре қонуни иллият дубора бар маснади улум ҷулус хоҳад кард ва ҳақ он аст, ки инак физики нав дар хилофи ҷиҳати ақидаи ин оқоён роҳ месупорад. Дар дафтари донишҳои нав нақши иллияти мутлақ ба ҳеч ваҷҳ обуранг надорад, аз ин рӯ ба тадриҷ аз асҳоби мактаби меконист коста шуда, тарҳи наве, ки мо дар сафаҳоти пешин тасвир карде,м бештар мавриди назари донишмандон қарор мегирад.

Мабнои ин тарҳ ҳам бо ихтиёри мухтасаре, ки мо дар зиндагӣ дорем тавофуқ дорад. Бо пазируфтани ин матолиб имон меоварем, ки офаринандаи ҷаҳон ихтиёре ҳам дар кори мо қарор додааст, ки ба кӯмаки он метавонем дар корҳои олам изҳори вуҷуд кунем, ва инки гуфтем дар коргоҳи атомҳо дасти тақдире дар кор аст, он даст мумкин аст дар коргоҳи тани мо ҳамон руҳу ҷони мо бошад. Шояд ихтиёре, ки мағзи мо дар бораи силлулҳои тани мо раво медорад, омили ҳамон афъоле бошад, ки дар муҳити хориҷӣ ба номи “ҳаракоти ихтиёрӣ ва иродӣ” мавсум шудаанд. Ҳақиқати ин мавзӯъ аз назари мо пӯшида аст, на метавонем онро бипазирем ва на метавонем онро рад кунем…»

Ин буд хулосаи назарияи ин донишманди бузург дар боби қонуни иллият. Аз маҷмӯи он чӣ нақл шуд, чанд матлаб истифода мешавад:

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: