Шарҳи Маснавӣ (220)

Достони пири чангӣ, ки дар аҳди Умар разияллоҳу анҳу баҳри Худо рӯзи бенавоӣ чанг зад миёни гӯристон (4)

* * *

Бонги Ҳақ андар ҳиҷобу беҳиҷеб,

Он диҳад, к-ӯ дод Марямро зи ҷеб.

Бонги Ҳақ Таъоло чӣ бе восита ваҳй шавад ва чӣ ба воситаи фариштагон, ҳамон чизеро медамад, ки ба Марям (а) аз ҷиби хеш дамид ва ба воситаи он нафха, ҳазрати Масеҳ (а) ба зуҳур омад.

Ҳиҷеб: ҳамон ҳиҷоб аст.

Нукта: Бонги Ҳақ чӣ бо восита ва чӣ бе воситаи алфоз, мӯҷиби зоиши ҳақоиқи маънавӣ мешавад, чунонки ҳазрати Марям (а) низ бе муқаддимоти табиӣ Исо (а)-ро зоид. Мисроъи аввал нозир аст ба ояти 51 сураи Шӯро ва мисроъи дуввум нозир аст ба ояти 91 сураи Анбиё. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.600-601)

Эй фанопӯсидагони зери пӯст,

Бозгардед аз адам з-овози дӯст.

Эй касоне, ки дар зери пӯсти дунёи дун пӯсида шудаед! Овози дӯстро бишнавед, то аз адам ба мартибаи вуҷуд бозгардед. Яъне эй асирони дунё! Ба нидои маънавии авлиё посух диҳед, то ба ҳаёти ҳақиқӣ бирасед.

Мутлақ он овоз худ аз шаҳ бувад,

Гарчи аз ҳалқуми абдуллаҳ бувад.

Он бонге, ки мурдадилонро зинда мекунад, мутлақо аз ҳазрати шоҳи вуҷуд аст, гарчи ин бонг аз гоми бандае аз бандагони ӯ дарояд.

Нукта: Абдуллоҳ назди Ҳақ номи қутбулақтоб аст ва дар инҷо марди комил аст ба эътибори он ки ӯ бандаи зот аст на бандаи сифот. (Шарҳи Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.130)

Гуфта ӯро: ман забону чашми ту,

Ман ҳавосу ман ризову хашми ту,

Ҳазрати Ҳақ Таъоло дар ҳадиси “қурби навофил” фармудааст: манам забону чашми ту, манам ризову хашми ту, ва манам он, ки бо асмо ва сифотам дар ҳавосси ту зуҳур мекунам.

Рав, ки бе ясмаъ ва бе юбсир туӣ,

Сир туӣ, чӣ ҷойи соҳибсир туӣ.

Бирав, эй бандаи холиси ман, ки ба василаи ман мешунавӣ ва ба василаи ман мебинӣ. Ту дигар роздон нестӣ, балки ту худ розӣ.

Нукта: Ин байт ишора дорад ба ҳадиси мӯътабари маъруфе, ки истилоҳан ба он “қурби навофил” гӯянд ва дар китобҳои ирфонӣ бисёр ба он истинод шудааст. Ҳар бахше аз ин ҳадис дар фасле аз мабоҳиси ирфонӣ ва фалсафии ҳукамо ва урафои исломӣ мавриди баҳс қарор гирифтааст. Ва Мавлоно низ дар Маснавӣ ба каррот аз он истифода кардааст:

وَمَا تَقَرَّبَ إِلَيَّ عَبْدِي بِشَيْءٍ أَحَبَّ إِلَيَّ مِمَّا افْتَرَضْتُ عَلَيْهِ، وَمَا يَزَالُ عَبْدِي يَتَقَرَّبُ إِلَيَّ بِالنَّوَافِلِ حَتَّى أُحِبَّهُ، فَإِذَا أَحْبَبْتُهُ كُنْتُ سَمْعَهُ الَّذِي يَسْمَعُ بِهِ، وَبَصَرَهُ الَّذِي يُبْصِرُ بِهِ، وَيَدَهُ الَّتِي يَبْطِشُ بِهَا، وَرِجْلَهُ الَّتِي يَمْشِي بِهَا

«Ҳамвора банда бо анҷоми нофилаҳо ба ман тақарруб меҷӯяд, то он ки ӯро дӯст бидорам. Пас, ҳамин ки ӯро дӯст бидорам, гӯши ӯ шавам, ки ба он шунавад, ва чашми ӯ гардам, ки ба он бинад, ва дасти ӯ гардам, ки ба он гирад ва пойи ӯ шавам, ки ба он равад…» (Саҳеҳи Бухорӣ)

Албатта ҳадиси мазкур дар ҳаққи хавосс ва комилон аст ва умумро аз он баҳрае нест. Зеро бандаи комил касе аст, ки мазҳари томму тамоми ҳамаи асмо ва сифоти илоҳӣ бошад. Ва ин вақте ҳосил мешавад, ки банда аз мартибаи башарӣ иртиқо ёбад ва ба фанои сифоти халқӣ бипардозад ва чун дар Ҳақ фонӣ шуд, Ҳақ Таъоло ба подоши ин фано, шинохт ва маърифате бекарон ва осмонӣ ба ӯ диҳад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.601-602)

Чун шудӣ “ман кона лиллаҳ” аз валаҳ,

Ман туро бошам, ки “коналлоҳу лаҳ”.

Ҳар гоҳ аз рӯйи ишқу ҳайрати муфрит ҳамаи вуҷудат барои Худо шуд, он гоҳ ман (Худо) низ барои ту бошам.

Валаҳ: ҳайрат.

Нукта: Ишора аст ба ҳадиси:

من كان لله كان الله له

Ҳар ки барои Худо бошад, Худо низ барои ӯст.”

Гаҳ “туӣ” гӯям туро, гоҳе “манам”,

Ҳар чӣ гӯям, офтоби равшанам.

Эй бандаи комил! Гоҳе аз ҷиҳати бандагиат ба ту, ту мегӯям, ва гоҳе аз ҳайси рубубиятам, мегӯям ту ман ҳастӣ. Ҳарчи бигӯям, хулосаи ҳарф ин аст, ки ман офтоби равшан ва ваҳдатнамоям.

Нукта: Ҳар мавҷуде ду ваҷҳ дорад: яке ваҷҳи раббӣ ва дигар ваҷҳи халқӣ. Мавҷуд аз назари вуҷуд, ки воҳиди ҳақиқӣ аст, ваҷҳи раббӣ дорад, зеро мазҳари Ҳақ аст, вале аз назари моҳият ва касрат, ваҷҳи халқӣ дорад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.602)

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: