Қазоқистон, Ӯзбакистон ва интихоботи риёсати ҷумҳурии Қирғизистон

Коршиноси сиёсии қирғиз гуфт: «Руасои ҷумҳури Ӯзбакистон ва Қазоқистон барои афзоиши ҳамкориҳои худ бо раисиҷумҳури ояндаи Қирғизистон, ба тартиб ҳар кадом аз як номзад ҳимоят мекунанд, ки ин мавзӯъ дар муддати ахир ба сароҳат дида мешавад.»

Марс Сариев, коршиноси масоили сиёсии қирғиз дар гуфтугӯ бо хабаргузории Форс дар Бишкек, вазъияти сиёсии Қирғизистон дар остонаи интихоботро баррасӣ карда ва изҳор дошт: «Бо вуҷуди иттиҳомоти мутақобили номзадҳо ва давлатҳои ҳамсоя, эҷоди бесуботӣ аз аҳдофи ҳеч фард ва ё кишвар дар ин бурҳаи замонӣ намебошад

Вай идома дод: «Ҳизби ҳоким ва Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон ба таври ҷиддӣ нигарони афзоиши нуфузи Омурбек Бабанов, раиси ҳизби «Республика» ва номзади интихоботи риёсати ҷумҳурӣ ҳастанд

Сариев тасреҳ кард: «Шонси пирӯзии раиси ҳизби «Республика» ва Сооронбой Ҷеенбеков, номзади ҳизби ҳоким, тақрибан яксон буда ва таҳаввулоти ахир аз ҷумла изҳороти интиқодии раисиҷумҳур дар бораи Бабанов ва низ фаъолияти расонаҳои давлатӣ ҷиҳати тахриби вай, нигаронии давлат дар бораи вазъияти феълиро нишон медиҳад

Вай гуфт: «Дар ҳоли ҳозир ҳадафи аслии давлат пирӯзии Ҷеенбеков дар фазои иттилоотӣ ва расонаӣ аст ва дар воқеъ вазъияти ҳавзаи сиёсии Қирғизистон бисёр сахт ва ғайриқобили пешбинӣ шудааст

Ин коршиноси қирғиз хотирнишон кард: «Ҳизби сусиёл-демукрот ба дунболи пирӯзӣ дар даври аввали интихобот аст.» Вай афзуд: «Боздошти тарафдорони Бабанов, изҳороти интиқодии Отамбоев нисбат ба давлати Қазоқистон ва талош барои тахриби Бабанов комилан марбут ба авзоъи дохилии Қирғизистон аст

Вай изҳор дошт: «Дар сурати анҷоми фаъолияти ғайриқонунӣ тавассути ҳизби ҳоким дар баргузории интихобот, Бабанов ҳамроҳ бо тарафдорони худ даст ба эътироз хоҳад зад, аммо ба таври куллӣ бесуботӣ дар чорчӯби аҳдофи вай намебошад ва баръакси нахуствазири асбақи Қирғизистон ниёзманди фазои матлуб барои идомаи фаъолияти худ аст

Сариев бо ишора ба адами шонси пирӯзии номзадҳои дигар гуфт: «Муборизаи аслӣ байни Бабанов ва Ҷеенбеков аст ва дар сурати ташдиди вазъият Отамбоев метавонад баргузории интихоботро бо такя бар авомили мухталиф аз ҷумла вазъияти изтирорӣ, ба таърихи дигаре мавкул кунад ва ба таври худкор риёсати вай то замони баргузории интихобот тамдид мегардад.»

Вай дар бораи нуфузи кишварҳои ҳамсоя дар умури интихоботии Қирғизистон тасреҳ кард: «Тахриби равобити Қирғизистон ва Қазоқистон ҳамроҳ бо тавсиъаи ҳамкории Бишкек бо Тошканд шакл мегирад ва дар ин замина бояд донист, ки Ӯзбакистон барои ширкат дар пружаҳои чинии марбут ба ҷодаи абрешим қарордодҳое аз ҷумла дар ҳавзаи сохти нерӯгоҳ имзо кардааст

Сариев идома дод: «Ҳамчунин Шавкат Мирзиёев барои муваффақияти барномаҳои худ аз давлати феълӣ яъне Отамбоев ва Ҷеенбеков ҳимоят карда дар ҳоле, ки Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон ба таври ошкор алоқамандии худро ба пирӯзии Бабанов дар интихоботи риёсати ҷумҳурӣ ва тавсиъаи ҳар чӣ бештари равобити Бишкек ва Остона нишон додааст

Ин коршиноси қирғиз дар поён афзуд: «Бесуботӣ дар Қирғизистон дар чорчӯби аҳдофи ҳеч як аз тарафҳои дахил дар интихобот намебошад

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: