Ба 10 далел Тромпро дӯст дорам

Ёддоште аз Эҳсони Муҳаммадӣ дар “Асри Эрон”

Суханони ду рӯз пеши Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида бозтоби шигифтангезе дошт. На танҳо дар Эрон, ки мухотаби аслии ӯ ба шумор мерафт, бисёре аз соҳибназарони масоили сиёсӣ дар Омрико ва Урупо ба ӯ тохтанд, аммо ман ба 10 далел Тромпро дӯст дорам:

1) Тромп ба сурати амалӣ нишон дод, ки ду чиз ниҳоят надорад: каҳкашон ва ҳамоқати инсон. Албатта дар мавриди каҳкашон мутмаин нестам.

2) Тромп нишон дод, ки хатари популизм ва ваъдаҳои иғвогарона то чӣ андоза наздик аст ва чӣ тавр мешавад ҳатто ҷомеаи муддаии демукросиро фиреб дод.

3) Ҳеч кас мисли Тромп наметавонист ба мо ёдоварӣ кунад, ки ганҷинае мисли Халиҷи Форс пораи тани мост ва чӣ тавр мешавад аз “зарфиятҳои миллӣ” барои “эҷоди ваҳдат” истифода кард.

4) Агар милёрдҳо дулор ҳазина мекардем ҳам, баъид буд, ки ин тавр байни Урупо ва Омрико шикоф ва ихтилофи назар эҷод кунем. Тромп ин корро бароямон анҷом дод.

5) Бархе ҳамеша мегуфтанд, ки ҳамаи омрикоиҳо мисли ҳаманд. Тромп ба хубӣ нишон дод, ки “душмани доно” чӣ қадр нисбат ба “душмани нодон” қобили эҳтиромтар аст.

6) Тромп ба ҳама собит кард, ки бо “пул” мешавад “раисиҷумҳур” шуд, аммо мумкин нест, ки оқил ба назар расид.

7) Мӯйи бӯр, чашми обӣ ва омрикоӣ будан, ки барои бархе нишонаҳои “бартарӣ” ва “ҷаҳони аввалӣ” ба шумор меравад, ба танҳоӣ барои ин ки оқил, хирадманд ва бошуъур бошед, кифоят намекунад.

8) Тромп ҳар бор, ки даҳон боз мекунад ё як тасмим мегирад, кишвари Омрикоро мунзавитар мекунад. Ин кор аз ҳазор сол шиор додан дар хиёбон ва оташ задани парчами ин кишвар асари амиқтаре дар дунё дорад. Тромп! Муташаккирем!

9) Дунолд Тромп ҳар бор, ки талош мекунад мухолифаташ бо Барҷомро ҷор бизанад ва аз Омрико дифоъ кунад, иттифоқан боис мешавад дунё ба ҳаққонияти Эрон ва тими музокиракунандаи ҳастаӣ бештар имон биёварад.

10) Вокуниши сиёсатмадорони ботаҷрибаи дунё (ҳатто бархе чеҳраҳои калидии Омрико) нишон медиҳад, ки Дунолд Тромп ба муҳимтарин чолиши ин рӯзҳои Омрико табдил шудааст.

Asriran

Реклама


Рубрики:Пароканда, Сиёсат, ҷаҳон

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: