Ислом ва Эронзамин (82)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши севвум

Хадамоти Эрон ба ислом (45)

Табақоти урафо ва сӯфия (3)

(Аз Айнулқузоти Ҳамадонӣ ва Саноии Ғазнавӣ то Фахруддини Ироқӣ)

Қарни шашум

1) Айнулқузоти Ҳамадонӣ. Аз пуршӯртарини урафост. Муриди Аҳмади Ғаззолӣ бародари кучактари Муҳаммади Ғаззолӣ — ки ӯ низ аз урафост — будааст. Китобҳои зиёд таълиф кард. Ашъори обдоре дорад, ки холӣ аз шатаҳиёт нест. Билохира такфираш карданд ва куштанд ва ҷасадашро сӯхтанд ва хокистарашро бар бод доданд. Дар ҳудуди солҳои 525-533 ҳ.қ. кушта шуд.

2) Саноии Ғазнавӣ, шоири маъруф. Ашъори ӯ аз ирфони амиқе бархӯрдор аст. Мавлавӣ дар Маснавӣ гуфтаҳои ӯро тарҳ ва шарҳ мекунад. Дар нимаи аввали қарни шашум даргузаштааст.

3) Аҳмади Ҷомӣ маъруф ба Жандапил. Аз машоҳири урафо ва мутасаввифа аст. Қабраш дар Турбати Ҷом (наздики сарҳади Эрон ва Афғонистон) маъруф аст. Аз ашъори ӯ дар боби хавфу раҷо ин ду байтӣ аст:

Ғарра машав, ки маркаби мардони мардро,

Дар санглохи бодия пайҳо буридаанд.

Навмед ҳам мабош, ки риндони ҷуръанӯш,

Ногаҳ ба як тарона ба манзил расидаанд.

Ва ҳам ӯ дар риояти эътидол дар амри инфоқ ва имсок гуфтааст:

Чун теша мабошу ҷумла бар худ матарош,

Чун ранда зи кори хеш бебаҳра мабош.

Таълим зи арра гир дар кори маъош,

Чизе сӯйи худ мекашу чизе мепош.

Аҳмади Ҷомӣ дар ҳудуди соли 536 ҳ.қ. даргузаштааст.

4) Абдулқодири Гилонӣ. Таваллудаш дар шимоли Эрон буда ва дар Бағдод нашъу намо ёфта ва дар ҳамонҷо дафн шудааст. Баъзе ӯро аҳли Ҷили Бағдод донистаанд, на аҳли Ҷилон (Гилон). Аз шахсиятҳои ҷанҷолии ҷаҳони ислом аст. Силсилаи Қодирия аз силсилаҳои сӯфия, мансуб ба ӯст. Қабраш дар Бағдод маъруф ва машҳур аст. Ӯ аз касонест, ки даъовӣ ва баландпарвозиҳои зиёд аз ӯ нақл шудааст. Вай аз содоти ҳасанӣ аст. Дар соли 560 ё 561 даргузаштааст.

5) Шайх Рӯзбаҳони Бақлии Шерозӣ, ки ба Шайхи Шаттоҳ маъруф аст, зеро шатаҳиёти зиёд мегуфтааст. Ахиран баъзе китобҳои ӯ ба василаи мусташриқин чопу мунташир шудааст. Ин мард дар соли 606 ҳ.қ. даргузаштааст.

* * *

Қарни ҳафтум

Ин қарн урафои бисёр баландқадре парварондааст. Мо иддае аз онҳоро ба тартиби торихи вафоташон ном мебарем:

1) Шайх Наҷмуддин Куброи Хоразмӣ. Аз машоҳири урафост. Бисёре аз силсилаҳо ба ӯ мунтаҳӣ мешавад. Вай шогирд ва мурид ва домоди Шайх Рӯзбаҳони Бақлии Шерозӣ будааст. Шогирдон ва дастпарвардагони зиёде доштааст, аз он ҷумла аст Баҳоуддин Валад, падари Мавлавии Балхӣ. Дар Хоразм мезист. Замонаш муқорин аст бо ҳамлаи муғул. Ҳангоме, ки муғул мехост ҳамла кунад, барои Наҷмуддини Кубро паём фиристоданд, ки шумо ва касонатон метавонед аз шаҳр хориҷ шавед ва худро наҷот диҳед. Наҷмуддин посух дод: ман дар рӯзи роҳат дар канори ин мардум будаам, имрӯз, ки рӯзи сахтии онҳост, аз онҳо ҷудо намешавам. Худ мардона силоҳ пӯшид ва ҳамроҳи мардум ҷангид, то шаҳид шуд. Ин ҳодиса дар соли 616 воқеъ шудааст.

2) Шайх Фаридуддин Аттори Нишопурӣ. Аз акобири дараҷаи аввали урафост. Дар насру назм таълиф дорад. “Тазкиратул-авлиё”-и ӯ, ки дар шарҳи ҳоли урафо ва мутасаввифа аст ва аз Имом Содиқ алайҳис-салом оғоз мекунад ва ба Имом Боқир алайҳис-салом хатм менамояд, аз ҷумлаи маъохиз ва мадорик маҳсуб мешавад ва шарқшиносон аҳаммияти фаровон ба он медиҳанд. Ҳамчунин китоби “Мантиқут-тайр”-и ӯ як шоҳкори ирфонӣ аст.

Мавлавӣ дар бораи ӯ ва Саноӣ гуфтааст:

Аттор руҳ буду Саноӣ ду чашми ӯ,

Мо аз пайи Саноиву Аттор меравем.

Ва ҳам ӯ гуфтааст:

Ҳафт шаҳри ишқро Аттор гашт,

Мо ҳанӯз андар хами як кӯчаем.

Мақсуди Мавлавӣ аз ҳафт шаҳри ишқ, ҳафт водие аст, ки худи Аттор дар “Мантиқут-тайр” шарҳ додааст.

Маҳмуди Шабистарӣ дар “Гулшани роз” мегӯяд:

Маро аз шоирӣ худ ор н-ояд,

Ки дар сад қарн чун Аттор н-ояд.

Аттор шогирд ва муриди Шайх Маҷдуддини Бағдодӣ аз муридон ва шогирдони Шайх Наҷмуддини Кубро будааст, ва ҳамчунин сӯҳбати Қутбуддин Ҳайдарро — ки ӯ низ аз машойихи ин аср аст ва дар Турбати Ҳайдария мадфун аст ва интисоби он шаҳр ба ӯст — низ дарк кардааст.

Аттор муқорини фитнаи муғул даргузашт ва ба қавле, ба дасти муғулон дар ҳудуди солҳои 626-628 кушта шуд.

3) Шайх Шаҳобуддини Сӯҳравардии Занҷонӣ, соҳиби китоби маъруфи “Аворифул-маориф”, ки аз мутуни хуби ирфон ва тасаввуф аст. Насаб ба Абӯбакри Сиддиқ мерасонад. Гӯянд, ҳар сол ба зиёрати Макка ва Мадина мерафт. Бо Абдулқодири Гилонӣ мулоқот ва мусоҳибат доштааст. Шайх Саъдии Шерозӣ ва Камолуддин Исмоили Исфаҳонӣ, шоири маъруф, аз муридони ӯ будаанд. Саъдӣ дар мавриди ӯ мегӯяд:

Маро шайхи донои муршид Шиҳоб,

Ду андарз фармуд бар рӯйи об:

Яке ин ки дар нафс худбин мабош,

Дигар он ки дар ҷамъ бадбин мабош.

Ин Сӯҳравардӣ ғайр аз Шайх Шаҳобуддини Сӯҳравардӣ файласуфи мақтул маъруф ба Шайхи Ишроқ аст, ки дар ҳудуди солҳои 581-590 дар Ҳалаб ба қатл расид. Сӯҳравардии ориф дар ҳудуди соли 632 даргузаштааст.

4) Ибни Форизи Мисрӣ. Аз урафои тирози аввал маҳсуб аст. Ашъори арабии ирфонӣ дар ниҳояти авҷу камоли зарофат дорад. Девонаш мукаррар чоп шуда ва фузало ба шарҳаш пардохтаанд. Яке аз касоне, ки девони ӯро шарҳ карда Абдурраҳмони Чомӣ, орифи маъруфи қарни нӯҳум аст. Ашъори ирфонии ӯ дар арабӣ бо ашъори ирфонии Ҳофиз дар забони форсӣ қобили муқоиса аст. Муҳйиддини Арабӣ ба ӯ гуфт: худат шарҳе бар ашъорат бинавис. Ӯ гуфт: китоби “Футуҳоти Маккия”-и шумо шарҳи ин ашъор аст. Ибни Фориз аз афродест, ки аҳволи ғайриоддӣ дошта; ғолибан дар ҳоли ҷазаба будааст ва бисёре аз ашъори худро дар ҳамон ҳол сурудааст. Ибни Фориз дар соли 632 даргузаштааст.

5) Муҳйиддини Арабии Ҳотами Тоии Андалусӣ. Аз авлоди Ҳотами Тоӣ аст. Дар Андалус таваллуд ёфта, аммо зоҳиран бештари умри худро дар Макка ва Сурия гузарондааст. Шогирди Шайх Абӯмидяни Мағрибии Андалусӣ аз урафои қарни шашум аст. Силсилаи тариқаташ бо як восита ба Шайх Абдулқодири Гилонии собиқуззикр мерасад.

Муҳйиддин — ки аҳёнан бо номи “Ибни Арабӣ” низ хонда мешавад — мусалламан бузургтарини урафои ислом аст; на пеш аз ӯ ва на баъд аз ӯ, касе ба пояи ӯ нарасидааст. Ба ҳамин ҷиҳат ӯро “Шайхи Акбар” лақаб додаанд. Ирфони исломӣ аз оғози зуҳур, қарн ба қарн такомул ёфт. Дар ҳар қарне — чунонки ишора шуд — урафои бузурге зуҳур карданд ва ба ирфон такомул бахшиданд ва бар сармояаш афзуданд. Ин такомул тадриҷӣ буд, вале дар қарни ҳафтум ба дасти Муҳйиддини Арабӣ “ҷаҳиш” пайдо кард ва ба ниҳояти камоли худ расид. Муҳйиддин ирфонро вориди марҳилаи ҷадиде кард, ки собиқа надошт. Бахши дуввуми ирфон, яъне бахши илмӣ ва назарӣ ва фалсафии он, ба василаи Муҳйиддин поягузорӣ шуд.

Урафои баъд аз ӯ умуман резахори суфраи ӯ ҳастанд. Муҳйиддин илова бар ин ки ирфонро вориди марҳилаи ҷадиде кард, яке аз аҷоиби рӯзгор аст. Инсонест “шигифт” ва ба ҳамин далел изҳори ақидаҳои мутазодде дар борааш шудааст. Бархе ӯро валии комил, қутбулақтоб мехонанд ва баъзе дигар то ҳадди куфр таназзулаш медиҳанд. Гоҳе мумитуддин (миронандаи дин) ва гоҳе моҳиюддин (нобудкунандаи дин)-аш мехонанд. Садрулмутааллиҳин файласуфи бузург ва нобиғаи азими исломӣ, ниҳояти эҳтиром барои ӯ қоил аст. Муҳйиддин дар дидаи ӯ аз Бӯалӣ Сино ва Форобӣ басе азимтар аст. Муҳйиддин беш аз 200 китоб таълиф кардааст. Бисёре аз китобҳои ӯ ва шояд ҳамаи китобҳое, ки нусхаи онҳо мавҷуд аст (дар ҳудуди 30 китоб) чоп шудааст. Муҳимтарин китобҳои ӯ яке “Футуҳоти Маккия” аст, ки китобест бисёр бузург ва дар ҳақиқат як доиратулмаорифи ирфонӣ аст. Дигар китоби “Фусусул-ҳикам” аст, ки гарчи кучак аст, вале дақиқтарин ва амиқтарин матни ирфонӣ аст. Шарҳҳои зиёд бар он навишта шудааст. Дар ҳар асре шояд ду се нафар бештар пайдо нашуда бошад, ки қодир ба фаҳми ин матни амиқ бошад. Муҳйиддин дар соли 638 дар Димишқ даргузашт ва ҳамонҷо дафн шуд. Қабраш дар Шом ҳамакнун маъруф аст.

6) Садруддин Муҳаммади Қунавӣ, аҳли Қуния (Туркия) ва шогирд ва мурид ва писари зани Муҳйиддини Арабӣ. Бо Хоҷа Насируддини Тӯcӣ ва Мавлавӣ Румӣ муосир аст. Байни ӯ ва Хоҷа Насир мукотибот радду бадал шуда ва мавриди эҳтироми Хоҷа будааст. Миёни ӯ ва Мавлавӣ дар Қуния камоли сафо ва самимият вуҷуд доштааст. Қунавӣ имомати ҷамоат мекарда ва Мавлавӣ ба намози ӯ ҳозир мешудааст ва зоҳиран — ҳамчунон ки нақл шуда — Мавлавӣ шогирди ӯ буда ва ирфони муҳйиддиниро, ки дар гуфтаҳои Мавлавӣ мунъакис аст аз ӯ омӯхтааст. Гӯянд, рӯзе вориди маҳфили Қунавӣ шуд. Қунавӣ аз маснад ҳаракат кард ва онро ба Мавлавӣ дод, ки бар он биншинад. Мавлавӣ нанишаст ва гуфт: ҷавоби Худоро чӣ бидиҳам, ки бар ҷойи ту такя занам? Қунавӣ маснадро ба дур андохт ва гуфт: маснаде, ки туро нашояд, моро низ нашояд!

Қунавӣ беҳтарин шореҳи афкор ва андешаҳои Муҳйиддин аст. Шояд агар ӯ набуд, Муҳйиддин қобили дарк набуд. Китобҳои Қунавӣ аз китобҳои дарсии ҳавзаҳои фалсафа ва ирфони исломӣ дар шаш қарни ахир аст. Китобҳои маъруфи Қунавӣ иборат аст аз: Мифтоҳул-ғайб, Нусус, Фукук. Қунавӣ дар соли 672 (соли фавти Мавлавӣ ва Хоҷа Насируддини Тӯcӣ) ва ё соли 673 даргузаштааст.

7) Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхии Румӣ маъруф ба Мавлавӣ, соҳиби китоби ҷаҳонии Маснавӣ. Аз бузургтарини урафои ислом ва аз нобиғаҳои ҷаҳон аст. Насабаш ба Абӯбакри Сиддиқ мерасад. Маснавии ӯ дарёест аз ҳикмат ва маърифат ва нукоти дақиқи маърифати руҳӣ ва иҷтимоӣ ва ирфонӣ. Дар радифи шуарои тирози аввали Эрон аст. Мавлавӣ аслан аҳли Балх аст. Дар кӯдакӣ ҳамроҳи падараш аз Балх хориҷ шуд. Падараш ӯро бо худ ба зиёрати Байтуллоҳ бурд. Бо Шайх Фаридуддини Аттор дар Нишопур мулоқот кард. Пас аз муроҷиат аз Макка ҳамроҳи падар ба Қуния рафт ва онҷо раҳли иқомат афканд. Мавлавӣ дар ибтидо марде буд олим ва монанди уламои дигари ҳамтирози худ ба тадрис иштиғол дошт ва мӯҳтарамона мезист, то он ки бо Шамси Табрезӣ орифи маъруф бархӯрд; сахт маҷзуби ӯ гардид ва тарки ҳама чиз кард. Девони ғазалаш ба номи Шамс аст. Дар Маснавӣ мукаррар бо сӯзу гудоз аз ӯ ёд кардааст. Мавлавӣ дар соли 672 даргузаштааст.

8) Фахруддини Ироқии Ҳамадонӣ, шоир ва ғазалсарои маъруф. Шогирди Садруддини Қунавӣ ва мурид ва дастпарвардаи Шаҳобуддини Сӯҳравардии собиқуззикр аст. Дар соли 688 даргузаштааст.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ирфони амалӣ, Ирфони назарӣ, Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: