Оё Мирзиёев қодир ба идомаи раванди ислоҳот хоҳад буд?

Нависанда: Сайпира Фурстенберг, коршиноси масоили сиёсии Донишгоҳи Эксетери Ангилис

Шавкат Мирзиёев дар суханронии худ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар миёнаҳои сентябр, дидгоҳи худро нисбат ба тавсиъаи демукротик дар Ӯзбакистон баён кард. Аз тарафе, суханони фарде аз наздикони Ислом Каримов, бадбинӣ ва шакку тардидро дар бисёре аз афрод бармеангезад. Аммо Мирзиёев нияти худро на танҳо бо сухан, балки ҳамчунин бо амал таъйид мекунад, ки боиси эҷоди хушбинии мӯҳтотона мешавад.

Мирзиёев зимни суханронӣ дар Созмони Милали Муттаҳид дар таърихи 19 сентябр, бар зарурати ислоҳоти сиёсӣ ва иқтисодӣ, ки ба эҷоди як тасвири ҷадид аз кишвараш кӯмак хоҳанд кард, таъкид кард.

Ба гуфтаи вай, “ҳадафи ниҳоӣ эҷоди як давлати демукротики пойдор аст, ки манофеи инсонӣ дар он дар дараҷаи аввал қарор доранд”. Чунин дидгоҳе бо он чи дар замони Каримов — замоне ки созмонҳои ҳуқуқи башар ба таври мураттаб Ӯзбакистонро дар листи бастатарин кишварҳои ҷаҳон қарор медоданд – вуҷуд дошт, фарқ дорад.

Мирзиёев дар тайи муддати нисбатан кӯтоҳе, нишон дод, ки қодир на танҳо ба сӯҳбат, балки ба анҷоми амал аст. Вай бо сафари кории худ ба Ню-йорк — аввалин сафари раисиҷумҳури Ӯзбакистон ба Созмони Милали Муттаҳид дар 15 соли ахир — ба инзивои чандсолаи Ӯзбакистон поён дод.

Илова бар ин, бисёре аз идеяҳои баёншуда тавассути Мирзиёев дар бораи ояндаи кишвар, дар марҳилаи иҷро қарор гирифтаанд. Ба унвони мисол, бастани қарордод дар мавриди таъйини ҳудуди марз бо Қирғизистон, натиҷаи тамоюли вай ба азсаргирии ҳамкорӣ бо соири кишварҳои Осиёи Марказӣ буд. Ин мушкил муддатҳост, ки монеъе барои эҷоди равобити дуҷониба будааст. Иқдомоти воқеӣ барои озодсозии иқтисод ва ҳазфи маҳдудиятҳои арзӣ, натиҷаи ваъдаи Мирзиёев барои кӯмак ба рушди иқтисодӣ буд. Илова бар ин, эъломи азсаргирии ҳамкорӣ бо Тошканд тавассути Бонки бозсозӣ ва тавсиъаи Урупо, ба зарфияти густариши равобити Ӯзбакистон бо ниҳодҳои молии ҷаҳонӣ ишора дорад.

Ӯзбакистон кори иҷбории ҷамъоварии пахтаро, ки маҳкумиятҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар пай доштанд, мутаваққиф кард. Чанд рӯз пас аз суханронии Мирзиёев дар Созмони Милали Муттаҳид, Ӯзбакистон донишомӯзон, муаллимон ва коркунони пизишкиро аз даштҳои пахта фаро хонд. Бо таваҷҷӯҳ ба суханони нахуствазир Абдуллоҳ Орипов, ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки ин амал ба поён бирасад. Агар ин иттифоқ биуфтад, чунин иқдомҳо яке аз нишонаҳои таҳаққуқи суханони Мирзиёев дар нишасти Созмони Милали Муттаҳид дар ин маврид, ки “органҳои давлатӣ бояд дар хидмати мардум бошанд, на баръакс” хоҳад буд.

Дар ҳавзаи сиёсат, ҳазфи 16 ҳазор нафар аз листи сиёҳи шаҳрвандони ғайриқобили эътимод ва ҳамчунин озодии теъдоде аз зиндониёни сиёсӣ, нишонаи таваҷҷӯҳи рӯзафзуни Ӯзбакистон ба масоили ҳифозат аз ҳуқуқи башар аст. Мирзиёев ҳамчунин ба фаъолони сиёсии дар табъид ҳам ваъдаи афв дар сурати бозгаштро дод.

* * *

Монеъаҳо

Алорағми тамоюли Мирзиёев ба истиқрори Ӯзбакистон дар масири ҷадид, дар ин кишвар ҳамчунон нерӯҳои қудратманде ҳузур доранд, ки ҳозир ба даст кашидан аз равишҳои даврони Каримов нестанд.

Боздошти Нурулло Отахонов, нависандаи мухолиф, ки тасмим дошт аз пешниҳоди Мирзиёев барои бозгашт ба ватан истифода кунад, аммо ба ҳангоми бозгашт ба Ӯзбакистон аз Туркия дастгир шуд, возеҳтарин намуна аст. Ин дастгирӣ чанд рӯз пас аз суханронии раисиҷумҳури Ӯзбакистон дар Созмони Милали Муттаҳид сурат гирифт ва зоҳиран барои коҳиши эътибори Мирзиёев ба унвони як ислоҳталаб созмондеҳӣ шуда буд.

Илова бар ин, ахиран дар Тошканд Бобомурод Абдуллоев, рӯзноманигори машҳур нопадид шудааст. Бар тибқи гузоришҳо, ӯ дар зиндон ба сар мебарад.

Дар ҳавзаи иқтисод ҳам, ҳама чиз ҳамвор ва роҳат нест. 3 октябр сокинони Тошканд аз адами имкони табдили сӯми Ӯзбакистон ба дулор, евро ва соири арзҳои хориҷӣ, алорағми ваъдаи мақомот мабнӣ бар табдили комил аз 1-уми октябр, хабар доданд.

Чунин монеъаҳое мухолифати қавии пушти парда алайҳи сиёсати Мирзиёевро нишон медиҳанд. Мумкин аст дастгирии Отахонов тавассути Рустам Иноятов, раиси Созмони амнияти миллӣ, созмондеҳӣ шуда бошад. Иноятов намояндаи “клани” Тошканд аст, дар ҳоле ки Мирзиёев бар “клани” Самарқанд такя дорад.

Зоҳиран, ислоҳоти оғозшуда тавассути Мирзиёев дар ҷиҳати беҳбуди тасвири Ӯзбакистон, ба манзури ҷазби сармоягузориҳои хориҷии лозим барои кишвар аст. То кунун ширкатҳои хориҷӣ ба далели мушкилоти табодули арз ва шароити номусоиди сиёсӣ, аз ин кишвар дурӣ мекарданд. Мумкин аст Мирзиёев бо таваҷҷӯҳ ба пешрафтҳои ҳосилшуда дар яке аз ин ду ҷиҳат дар тайи сафар ба Ню-йорк, муваффақ ба бастани қарордоди 2.6 милёрд дулорӣ бо ширкатҳое монанди General Electric, Honeywell ва Boeing шавад.

Замон нишон хоҳад дод, ки ин ислоҳоти дар ҳоли анҷом, намодин ҳастанд ё воқеӣ. Аммо мухолифат ва муқовимат аз ҷониби бархе намояндагони нухбагони сиёсӣ ва иқтисодӣ мумкин аст ба таври қобили таваҷҷӯҳе монеъи таҳаввулот шавад.

Муваффақияти ислоҳот, ба вуҷуди иродаи сиёсӣ бастагӣ дорад. Ниҳодҳои сиёсии лозим барои тасреъи ин раванд, ҳанӯз бисёр заъиф ҳастанд. Аммо муҳимтарин омиле, ки метавонад сарнавишти ислоҳотро таъйин кунад, мизони муваффақияти Мирзиёев дар тағйири системи мавҷуди тавзеъи сарват ва қудрат байни нухбагон хоҳад буд. Системи сиёсии Ӯзбакистон монанди соири кишварҳои минтақа, бар пояи тақсими мансабҳо байни наздикон ва равобити хешовандӣ эҷод шудааст.

Easterniran

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, ҷаҳон

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: