Ҳама чиз дар бораи додгоҳи Бузургмеҳр Ёров (10)

Бахши даҳум

Дифоъҳои Бузургмеҳр вобаста ба айбҳои эълонкардашуда нисбати ӯ (идома)

(Марти 2016)

(Ин матолиб ба дасти худи Бузургмеҳр навишта шудаанд.)

20) Лаҳзаи тӯҳмати Меликулова Дилбар оиди гӯё додани 2800$ -и ИМА

Бо ин лаҳза, ба ман бо моддаи 247 к. 4 банди “б” -и КҶ ҶТ аз рӯи варианти дуюми сохтакоронаи қарор дар хусуси ба ҷавобгарӣ кашидан ва эълон намудани айби нав дар он хусус, айби беасос эълон намудаанд, ки гӯё:

“Ӯ (Ёров Б.) боз, дар давраи моҳҳои апрел-ноябри соли 2013 … ба ӯ шаҳрванд Меликулова Дилбар оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ дар халли мушкилоти бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқӣ н. Файзобод дошта, муроҷиат намудааст. Пас аз муроҷиати шаҳрванд Меликулова Д., ӯ бо роҳи фиреб ё суистифодаи боварӣ, бо маслиҳати пешакӣ бо шогирдаш адвокати Коллегияи мазкур Тоҳиров Б.Б., ба боварии шаҳрванд Меликулова Д. даромада ба охирин ваъда додааст, ки бино бар доштани шиносҳои зиёд дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, рафти тафтиши парванда ва ҳал намудани баҳси шаҳрвандиро дар суди н. Файзобод ба манфиати номбурда ҳал менамояд. Ба ин фиреби онҳо Меликулова Д. бовар карда, аз писараш Ҳоҷиев Беҳрӯз, ки дар Русия қарор дошт, хоҳиш намудааст, ки ба номи Ёров Б. ва Тоҳиров Б. тавассути бонк маблағи пулӣ ирсол намояд. Ҳоҷиев Б. бошад тавассути низоми интиқолдиҳии бонкии «Золотая корона» қисм-қисм ба номи Ёров Б. ва Тоҳиров Б. маблағи 2800$ доллари ИМА равон намудааст. Ёров ва Тоҳиров Б. маблағҳои тасарруфнамудаашонро бидуни ҳазинаи коллегияи мазкур ба манфиати худ сарф намуда, бо вайрон намудани одоби касбии адвокат ба ҷабрдида Меликулова Д. ягон хел кӯмаки ҳуқуқӣ нарасонида, ба охирин зарар ба миқдори махсусан калон расонидаанд.”

* * *

Ин қисмати айб низ беасос мебошад. Аввалан, дар айбнома барои рӯпуш намудани сохтакориҳои тафтишот ягон амал мушаххас ҷудо карда намешавад, чунончи оиди он қайд кард мешавад, ки “моҳҳои апрел-ноябри соли 2013” Меликулова Д. муроҷиат намуда бошад, ҳол он ки дар парванда далели бебаҳс оиди он вуҷуд дорад, ки ӯ моҳи марти соли 2013-ум муроҷиат кардааст.

Меликулова Дилбар – тӯҳматчӣ- модари тӯҳматчии дигар Шантрапа – Хоҷаев Беҳрӯз мебошад. Агар ман тӯли соли 2009-2011 6200$ Хоҷаев Беҳрӯзро фиреб медодам, пас чӣ тавр ӯ боз баъди 2 сол имкон медодааст, ки ман модари ӯ Меликулова Д.-ро фиреб намоям? Дар урфият мегуянд, ки кӯр асояшро як бор гум мекунад. Агар Хоҷаев Б. кӯр бошад, наход ӯ 2 маротиба асояшро гум намуда бошад. Хоҷаев Б. ягон маротиба асояшро гум накардааст, аммо бо сабаби он, ки бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон тӯҳмат дорад, бинобар ин аз рӯи мақоли халқии «Офтобро бо доман пӯшонида намешавад» тамоми тӯҳматҳои онҳо дар доираи таъқиби сиёсӣ ва адвокатӣ бо мадади Худои Карим фош шуда истодааст.

Дар айбнома мушаххас оиди он нишон дода намешавад, ки кай аз Руссия ва мушаххасан ба номи кӣ чанд маблағ Хоҷаев Б. равона намудааст? Ба Хоҷаев Б. оиди он савол дода нашудааст, ки агар адвокат Ёров Б. ӯро 6200$ фиреб карда бошад, чаро аз маблағи фиребнамудааш ба манфиати ҳимояи модараш маблағе гузашт накардаасту боз аз Руссия ба номи Ёров Б. маблағ равона намудааст? Агар Абдурасулзода А. фаҳмида натавонад, пас оддитарин девонаи кӯча фаҳмида метавонад, ки ҳеч вақт байни адвокат Ёров Б. ва Хоҷаев Б. солҳои 2009-2011 муносибати молиявие набуд…

Баъдан, тафтишот оиди он медонад, ки Меликулова Д. барои ҳимоя намудани ӯ дар ШВКД н. Файзобод — аз кор мондани милиса ба адвокат Ёров Б. муроҷиат намудааст. Дар он маврид дар суди н. Файзобод нисбати ҷавобгарии ӯ ягон аризаи даъвогӣ вуҷуд надошт, чӣ тавр баҳсе, ки дар суд моҳи марти соли 2013 вуҷуд надорад, ва баҳс дар моҳи августи соли 2013 баъди 5 моҳ пайдо мешавад – адвокат пешакӣ ваъда медиҳад, ки дар суд шуморо ҳимоя менамоем?! Ин ваъдаи бардурӯғро ба тӯҳматчиҳо фақат Аламшозода А. ва Абдурасулзода А. дода метавонанду халос, зеро онҳо устои чунин ваъдаҳо мебошанд.

Аз ҷ.2 саҳ. 278-279 дида мешавад, ки Раҳмонов Баҳром Акобирович — корманди РМЗЧМ ВКД ҶТ дӯсти писари Меликулова Д. – Шантрапа Хоҷаев Беҳрӯз буда, ба ин тариқ аз аввалинҳо шуда, барои тӯҳмат намудан онҳоро ба УБОП овардааст.

Дар ҷ.2 саҳ.239 дар рӯзи дигари боздошти сиёсии ман, қарор дар бораи оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ аз 29.09.2015 дар асоси аризаи Меликулова Д. нисбати ман бо моддаи 247 к. 4 бандҳои “б”-и КҶ ҶТ бароварда мешавад.

Дар ҷ.2 саҳ. 235 (набор карда шавад) мавҷуд аст.

Дар ҷ.2 саҳ. 236-238 байноти Меликулова Д. ба номи Вазири корҳои дохила мавҷуд аст. Ҳам аризаи дар ҷ.2 саҳ.235 ва ҳам баёноти дар ҷ.2 саҳ.236-238 гирифта дар як компютер аз тарафи муфаттиш Ҳакимов М. набор карда шудаанд, фақат барои фиреби назар, сохтакорӣ оиди он карда шудааст, ки гӯё аризаи Меликулова Д. аввал ба номи Вазир омада бошад баъдан аз утоқи кории Вазир ба муфаттиш омада бошад, лекин воқеъият баръакс мебошад. Худи ариза ва дигар баёнотҳоро муфаттиш Ҳакимов М. сохтакорӣ кардааст. Ҳолати мазкурро пурсиши ман вобаста ба ин ҳолат нишон медиҳад, ки дар он ман ба муфаттиш Ҳакимов М. кушода медиҳам, ки Меликулова Д. ба пеши ман барои пешгирии таҷовузе, ки нисбати ӯ кормандони милисаи ноҳияи Файзобод андешидаанд ва ҳимоя намудан аз тӯҳмати қаллобие, ки минбаъд ӯро бояд ба ҳабс гиранд омада буд. Барои гирифтани ёрии ҳуқуқӣ ӯ аз рӯи қонун бояд музди меҳнати муайян ва гонорар ҷудо намояд. Ин майлу хоҳиши адвокат Ёров Б. ва ё ки фиреби адвокат Ёров Б. нест, балки талаботи қисми 1 моддаи 20-и Қонуни ҶТ «Дар бораи адвокатура» аз моҳи марти соли 1995-ум мебошад.

Минбаъд бо назардоштҳои гирифтани нишондодҳои ман муфаттиш Ҳакимов М. мехоҳад, ки нишондодҳои Меликулова Д. ва дигар шахсонро татбиқ намояд.

Ба баёноти Меликулова Д. дар ҷ.2 саҳ. 236-238 менигарем: (Пурра набор карда шавад)

Таҳлили ин баёноту пурсишҳои Меликулова Д. ҳолати тӯҳмат намудани ӯро ошкоро, бе баҳсу шубҳа нишон медиҳад.

Аввалан, бо ёрии муфаттиш Ҳакимов М. тӯҳматчӣ Меликулова Д. дар ин баёнот нишон додани мешавад, ки моҳи марти соли 2013 ӯро ба сифати шоҳид ба ШВКД дар н. Файзобод даъват намуда буданд. Гӯё дар ин маврид ба ӯ шинос набудам ва шартномае надошта будам. Матлаби шартномае, ки дар моҳи марти соли 2012 баста шуда буд, ба тариқи сунъӣ ба моҳи ноябри соли 2013 гузарониданӣ мешавад, ки ба адвокат Ёров Б. писараш пул додааст, ӯ боз 700$ додааст, аммо адвокат Ёров Б. ва Тоҳиров Б. дар суд иштирок накарданд.

Дар ҷ.2 саҳ.239-242 (Набораш нест) мавҷуд аст.

Аз ин ҳалнома дида мешавад, ки 26.09.2013 суди н.Файзобод бо иштироки ман, ки дар ҳалномаи судӣ навишта шудааст, парвандаи гражданиро барраӣ намудааст, пас чӣ тавр баъди ду моҳи баррасии он барои ман аз Русия маблағ Ҳоҷиев Б. равон мекардааст. Ва агар ман дар мурофиаи судӣ бо ҷавобгарии Меликулова Д. иштирок накарда бошам, пас чӣ тавр дар ҳалномаи судӣ номи ман пайдо шудааст? Ҷавоби тамоми ин саволҳо дар омӯзиши ҳалномаи судӣ ва ҳуҷҷатҳое, ки аз компютери ман муфаттиш Ҳакимов М. дастрас карда овард, дида мешавад.

Дар ин парванда аз сабаби он, ки Меликулова Д. маблағе надошт, ки барои пардохти хидмати адвокат иштирок намояд, ман ва адвокат Раҷабов Муҳаммадисо дар асоси ваколатномае, ки ӯ аз рӯи меъёрҳои КМГ ҶТ додааст иштирок намудаем. Аризаи даъвогии навиштаи муқобили онро омӯхта пайомадҳои ҳуқуқии аз он ба вуҷудомадаро бо Меликулова Д фаҳмонидаем, норозигӣ ба аризаи даъвогӣ навишта додаем, дар суд иштирок намуда, дархостҳо пешниҳод кардаем. Баъди баромадани ҳалномаи судӣ бошад, онро омӯхта ба тариқи касатсионӣ ва назоратӣ шикоятҳо навиштаем.

Абдурасулзода А муовини сардори раёсати тафтишоти ВКД ҶТ, полковники милитсия – сардори гурӯҳи фаврии тафтишотии парванда аз сабаби он, ки медонад, ки суханони Меликулова Д. пурра тӯҳмату дурӯғ аст ва онҳоро корманди УБОП Раҳмонов Баҳрому муовини аввали вазири корҳои дохилии ҶТ Аламшозода сохтакорӣ намудаанд, ба Меликулова Д. оиди он савол намедиҳад, ки:

— оё аризаи даъвогии муқобили ҷавобгарии шумо навиштаро адвокат Ёров Б хонд ё не?

— моҳи март барои ҳимояи шумо дар ШКВД-и н.Файзобод шумо барои иштироки адвокат Ёров Б ордери адвокатӣ гирифта будед, пас чаро дар охири августи соли 2013 ба номи адвокат Тоҳиров Б. гирифтеду ба номи адвокат Ёров Б. дар суди Файзобод ордер нагирифтед?

— норозиги нисбати аризаи даъвогиро ба шумо кӣ навишта дод?

— оё ҳалномаи баровардаи судиро шумо барои омӯзиш ба адвокат Ёров Б. дода будед ё ин ки не?

— шикоятҳои кассатсионӣ ва норозигии ба Суди Олии ҶТ супоридаатонро, кӣ, кай ва дар куҷо ба шумо навишта дод?

— оё шумо ваколатнома аз рӯи меъёрҳои КМҶ ҶТ ба адвокат Ёров Б. ва Раҷабов М. дода будед ё не?…

Даҳҳо ва садҳо саволҳои ба ин монанд ба Меликулова Д. ва дар дигар лаҳзаҳо ба тӯҳматчиҳои дигар умуман дода нашудааст. Дар урфият мегуянд, ки «Он чӣ аён аст, ҳоҷат ба баён нест!» Аз Президент то Абдурасулзода ҳама медонанд, ки тамоми парванда тӯҳмат буда, дар асоси сохтакории якҷояи онҳо ба вуҷуд омадагӣ аст.

Дар ҳалномаи судӣ баромади ман ҳамчун адвокад намояндаи Меликулова Д. ва чӣ гуна дархостҳо дар суд изҳор намудаам пурра зикр шудааст.

Аз ҷ.2 саҳ.249 (Набораш нест) мавҷуд аст. Аз ин созишнома дида мешавад, ки Меликулова Д. 14.08.2013 бо адвокат Тоҳиров Б. шартнома оиди расонидани ёрии ҳуқуқӣ бастааст, на ин ки бо ман. Ҳарчанд, ки ман ройгон ёрии ҳуқуқӣ расонидаам ва дар урфият мегӯянд, ки хубӣ ба Пайғамбари Худо рост наомадааст, барои хубии намудаам, дар доираи таъқиби сиёсӣ маро Меликулова Д. тӯҳмат намуда истодааст.

Дар ҷ.2 саҳ.272 (Набораш нест) …

… мавҷуд аст. Аз ин мактуб дида мешавад, ки адвокат Ёров Б. дар мурофиаи судӣ иштирок кардааст. То иштирок дар мурофиаи судӣ марҳилаи омӯзиш ва тайёрӣ ба мурофиаи судӣ гузаштааст, ки оиди он ман чанде пеш дархост равшанӣ андохта будам.

Дар ҷ.2. саҳ.250 ва 281 созишномаҳои ҳуқуқие, ки Меликулова Д. 20 марти соли 2013 бо адвокат Тоҳиров Б. ва ман дар ҳусуси он, ки дар ШКД н. Файзобод иштирок намуда, ҳуқуқҳои ӯро ҳимоя намоем мавҷуд аст.

Мутобиқи ин шартнома, бо ҳар як адвокат Меликулова Д. 200 сомонӣ ҷудо намудааст.

Дар банди 1.3-и шартнома дар зери эзоҳи он:

— аз рӯи мувофиқа бо муштарӣ хароҷоти роҳи сафар ва дигар хароҷотро метавонад муштарӣ бо худ гирад, имзои Меликулова Д. истодааст.

Предмети ин созишномаҳои ҳуқуқӣ фақат дар ШВКД-и н. Файзобод расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба Меликулова Д. мебошад, амали ин шартнома ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ дар суди н.Файзобод ягон муносибат ва ё ин ки иртиботе надорад.

Агар ба пурсиши ман дар ҷ.2 саҳ диққат карда шавад ва он ба аризаву баёноти то ин пурсиш гирифташуда муқоиса шавад, маълум мешавад, ки чӣ тавр моҳирона муфаттиш Ҳакимов М. далелҳоро сохтакорӣ менамояд.

Дар ҷ.2 саҳ.236-238 ва саҳ.243-246 Меликулова Д. нишон медиҳад:

— 1700 доллар писарам ба Тоҳиров Бадриддин роӣ кард. Тоҳиров Б дар назди ӯ ва шоҳидии духтараш Ҳоҷиева Ф. ин пулро ба адвокат Ёров Б. Додааст.

— дар давоми мурофиаи судӣ то моҳи ноябри соли 2013 писарам Беҳрӯз боз ба номи Ёров Б. маблағи 400 доллар барои корҳои ман равон кард.

— инчунин дар ҳамин давом Ёров Б. аз ман маблағи 700 доллар гирифта буд.

Фақат дар ҷ.2 саҳ.243-246 (Набораш нест) сархати нав ҳамроҳ мешавад. Таҳлили далелҳои парванда ҳолати онро нишон медиҳад, ки на Хоҷаев Беҳрӯзу на Хоҷаева Ф. на ману на адвокат Тоҳиров Б. ва дар охир на худи Меликулова Д. ба суханони тӯҳматангези Меликулова Д. бовар наменамоему наменамоянд.

Дар ҷ.2. саҳ.157-163 ҳангоми рӯбарӯкунии Хоҷаев Беҳрӯз оиди он нишон медиҳад, ки баъди баргаштани адвокат Ёров Б. ба ӯ маълум шуд, ки Тоҳиров Б. маблағе ба адвокат Ёров Б. надодааст, бинобар ин бевосита ба воситаи бонк, бе миёнаравии адвокат Тоҳиров Б. ба адвокат Ёров Б, ба номи адвокат Ёров Б. 400 доллар маблағи меҳнати ӯро равона намуд.

Дар ҷ.2 саҳ.251-253 (Набораш нест) оварда шудаааст. Нишондоди Ҳоҷиева Фотима тӯҳмати Меликулова Д-ро дар он мекушояд, ки аввал ӯ оиди он мегуфт, ки 700 доллар ба дасти Ёров Б додааст, ҳоло бошад, он маблағро 1100 доллар мегӯяд.

Дар ҷ.2. саҳ.169-170 гумонбаршуда Тоҳиров Б. оиди он нишон медиҳад, ки ҳеч вақт барои ҳимояи Меликулова Д. дар ШВКД-и н. Файзобод ба дасти Ёров Б. аз ҳисоби 1100 долларе, ки 20.03.2013 сол ба номи ӯ Ҳоҷиев Б. пул равона кардааст, ӯ ба Ёров Б. пуле надодааст. Аз ин 1100 доллар ба модари Ҳоҷиев Б. тӯҳматчӣ Меликулова Д. 600 доллар додаасту халос.

Дар ҷ.2 саҳ.152 ва саҳ.265 (Набораш нест) мавҷуд аст. Яъне 20.03.2013 аз Руссия ба номи Тоҳиров Б. ҳамагӣ 1100 доллар омадааст, дар чунин ҳолат чӣ тавр ба нишондодҳои Меликулова Д. ва Ҳоҷиева Ф. оиди он бовар кардан мумкин аст, ки гӯё 1700 доллар ба дасти ман дар ҳузури онҳо адвокат Тоҳиров Б. ба ман дода бошад?

Дар ҷ.2 саҳ.258-264 протоколи рӯбарӯкунии байни Меликулова Д. ва Тоиров Б. мавҷуд аст. Он 17.11.2015 гузаронида шудааст. Агар дар ҷ.2 саҳ.243-246 пешакӣ Меликулова Д. оиди он мегуфт, ки адвокат Тоҳиров Б. бевоситаа дар пеши чашмони онҳо 1700 доллар ба ман додааст, пас дар ин рӯбарӯкунӣ суханони Тоҳиров Б-ро оиди он, ки 1100 доллар гирифта шуд ва аз он 600 долларро ба ӯ Тоҳиров Б. додааст, қисман тасдиқ карда нишон медиҳад, ки аз 1100 доллари равона кардааш, писари ӯ ҳамагӣ 100 доллар баарои рӯзгораш гирифтаасту 1000 доллар дар дасти Тоҳиров Б. мондааст. Тоҳиров Б. ин ҷавоби додаи Меликулова Д.-ро эътироф наменамояд.

Аламшозода А. ва Прокурори генералӣ Раҳмон Юсуф тӯҳматчӣ Меликулова Д.-ро оиди он намепурсанд, ки агар дар дасти Тоҳиров Б. 1000 доллар монда бошад, пас чӣ тавр ӯ 1700 доллар ба Ёров Б. Дод? Агар 1700 доллар надода бошад, пас чаро ба Ёров Б. тӯҳмат кардед? Агар ба Ёров Б. 1000 доллар дода бошад, пас чӣ манфиат Тоҳиров Б. дид, чаро ин 1100 доллар бевосита ба номи Ёров Б. равона накарда шуд?

Дар ҷ.2 саҳ.254-257 протоколи рӯбарӯкунии байни ман ва Меликулова Д. аз 01.10.2015 бо чунин саволу ҷавобҳо чой дода шудааст:

(Набораш нест)

Эродҳои овардаи ман дар ин протокол оиди ғайриқонунӣ гузаронидани рӯбарӯкунӣ маълумот медиҳанд, аз ин рӯ ман хоҳиш наамудам, ки тамоми амалиёти дигари тафтишотӣ дар навори видео гирифта шаванд.

Дар ҷ.2 саҳифви 156 (Набораш нест) мавҷуд аст. Бо 2 сабаб тӯҳматчӣ Ҳоҷиев Б. ба наворгирии амалиёти тафтишотӣ розигӣ намедиҳанд. Аввало онҳо ҷабрдида нестанд, тӯҳматчӣ мебошанд, баъдан агар навор гузаронида шавад, пас ин наворе, ки фақат дар дасти муфаттиш Ҳакимов М. мемонад, ба воситаи ин муфаттиш, ки интернетро нағз мебинад, наворҳои тӯҳмати намудаи онҳо ба интернет партофта мешавад.

Бо ҳамин мазмун дар ҷ.2 саҳ.154-155 қарори дигар мавҷуд аст (Набораш нест) бароварда шудааст. Бо ин қарор мақомоти тафтишотии тоҷик бесаводӣ ва шармандагии худро пинҳон менамоянд.

Дар ҷ.2 саҳ.153 (Набораш нест) ҳарчанд, ки дар ин ҳуҷҷат миқдори 400 доллари равонанамудаи Хоҷаев Б. ба номи ман мушаххасан нишон дода нашудааст, аммо таърихи он 28.01.13 оиди он нишон медиҳад, ки баъди гузаштани иди наврӯзи соли 2013 ва рӯзҳои истироҳату иди он ба ман пул равона шудааст.

Акнун ба далелҳо менигарем, ки оё дар асоси созишномаи ҳуқуқии баста байни ман ва Меликулова Д. аз 20.03.2013 ба ӯ ёрии ҳуқуқӣ расонида шудааст ё ин ки не, назар меандозем.

Аз ҷ.2 саҳ.165-170 пурсиши Тоҳиров Б. дида мешавад, ки барои ҳалли кори Меликулова Д. онҳо бо корманди УБОП Раҳмонов Баҳром ба милисахонаи н. Файзобод рафтаанд. Аммо проблемаи Меликулова Д.-ро ҳал накардаанд. Шаби 19 20.03.2013 Меликулова Д. ба хонаи ман омада изҳор мекунад, ки ӯро дар қаллобӣ тӯҳмат доранд, кормандони милиса таъкид кардаанд, ки ӯро маҳкам мекунанд, ба номусаш таҷовуз менамоянд ва мӯйҳояшро метарошанд.

Дар ҷ.2 саҳ.278-279 (Набораш нест) оварда шудааст. Муфаттиш Муҳаммадиев С. нишон медиҳад, ки чӣ тавр адвокатҳо барои ҳимоя намудани Меликулова Д. ба Президент, Вазири корҳои дохилӣ, Прокурори генералӣ ва прокуратураи ноҳия ариза навиштаанд.

Дар ҷ.2 саҳ.267 (Набораш нест) оварда шудааст. Яъне кори Меликулова Д-ро ман 20.03.13 оғоз карда, онро 18.04.2013 тамом намудаам. Ягон корманди милиса ӯро таҷовуз ба номусаш накард, мӯйи сарашро натарошиданд, барои қаллобӣ ӯро ҳабс накарданд, қароре, ки 18.04.2003 қабул шудааст то имрӯз бекор нашудааст. Ё ин ки Меликулова Д. мехост, ки ӯро корманди милиса таҷовуз намоянду мо то имрӯз кашокаш намоем? Оё Меликулова Д. расонидани ёрии ҳуқуқиро бо таҷовуз ба номусаш алоқаманд медонад? Ин саволҳое мебошанд, ки Абдурасулзода А. бояд, ки дар парванда ҷавоб диҳад, ё мардонагӣ нишон дода, истеъфо дода аз ВКД ҶТ баромада равад, зеро аз қарори баровардаи ӯ ва таҳлилҳои намудаи ман бо ин лаҳзаву дигар лаҳзаҳо дида мешавад, ки ӯ аз хӯрдани нони муфаттишӣ фарсахҳо дур мебошад. Ба хотири ҷияни вазир Раҳимзода Рамазон будан, банд кардани курсии муовини сардори раёсати тафтишоти ВКД ҶТ ҷоиз нест!

Дар ҷ.2. саҳ.283 (Набораш нест) мавҷуд аст.

Ҳамаи далелҳои номбурда пурра беасос будани ин қисмати айбро нишон медиҳанд. Бино бар дар кирдори ман набудани таркиби ҷинояте хоҳиш менамоям, ки ин қисмати айб қатъ карда шавад.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигар

Реклама


Рубрики:Инсони муваффақ, Пароканда, Торих, Ҷомеа

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: