Перейти к содержимому

Боризонӣ: “Баъзе аз Пешмаргҳо ба ман хиёнат карданд!”

Риёсати Курдистони Ироқ дар аввалин вокуниши расмӣ пас аз тасарруфи Каркук тавассути нерӯҳои давлатии Ироқ, бо судури баёнияе, эълом кард, пешравиҳои “Ҳашди шаъбӣ” дар Каркук, ба далели “хиёнати бархе аз Пешмаргҳо” будааст.

Шабакаи Sky News Arabia гузориш дод: “Дар ин баёния омадааст, бархе раҳбарони Ҳизби иттиҳодияи миҳании Курдистон (ба раҳбарии марҳум Ҷалол Толибонӣ) ба нерӯҳои таҳти амри худ дастур додаанд, то аз манотиқе, ки таҳти контроли онҳо буд ақибнишинӣ кунанд, ва ин амр боис шуд, то нерӯҳои “Ҳашди шаъбӣ” бар ин манотиқ сайтара ёбанд.”

Гуфтанист, баъд аз гузашти камтар аз 20 соат аз оғози маъмурияти нерӯҳои ироқӣ дар устони Каркук, расонаҳо эълом карданд, ин устон таҳти контроли комили нерӯҳои ироқӣ даромад.

Тибқи гузориши манобеи хабарӣ, нерӯҳои ироқӣ бидуни ҳеч даргирӣ вориди сохтмони устондории Каркук шуданд ва контроли онро ба даст гирифтанд.

Устони Каркук аз ҷумла манотиқи истилоҳан мавриди мунозиъаи Бағдод ва Арбил аст. Нерӯҳои Пешмаргаи Курдистони Ироқ, баъд аз ҳамлаи ДОЪИШ, ин устонро андак-андак таҳти контрол гирифтанд ва аз он пас аз он хориҷ нашуданд.

Маъмурияти нерӯҳои ироқӣ барои таҳти контрол гирифтани устони Каркук ва таҳвил гирифтани он аз нерӯи Пешмарга, пас аз он рух дод, ки таниш миёни Арбил ва Бағдод дар пайи баргузории ҳамапурсии ҷудоии Курдистон афзоиш ёфт ва саранҷом Ҳайдар ал-Ибодӣ, нахуствазири Ироқ, бомдоди имрӯз (душанбе, 16.10.2017) фармони оғози маъмурияти нерӯҳои мусаллаҳ барои таъмини амнияти устони Каркукро содир кард.

Дар ҳамин иртибот, Ҳайдар ал-Ибодӣ дастур дод, то парчами Ироқ дар тамоми манотиқи мавриди мунозиъа барафрошта шавад. Дафтари иттилоърасонии нахуствазири Ироқ дар баёнияе кӯтоҳ, эълом кард, ки “фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳ оқои Ҳайдар ал-Ибодӣ дастур додааст, то дар манотиқи мавриди мунозиъа, парчами Ироқ барафрошта шавад.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: