Модар биҳишти мост

Шеъре аз Устод Абдулқодир Алавӣ

Модар биҳишти мост, ӯ сарнавишти мост,

Бемодарӣ балост, модар зи Кибриёст.

Шамъи фуруғи хона фурӯзон зи модар аст,

Меҳраш ба сони шӯълаи хуршеди Ховар аст.

Нураш умедбахши дилу дидаҳои мост,

Панди накӯш аз ҳамагӣ дилпазиртар аст.

Модар биҳишти мост, ӯ сарнавишти мост,

Бемодарӣ балост, модар зи Кибриёст.

Арзандатар аз модари мушфиқ гуҳаре нест,

Пок аст, к — аз ӯ гавҳари покизатаре нест.

Дар мартабати хеш чу аз Оли Кибриёст,

Ин ному ин мақом насиби башаре нест.

Модар биҳишти мост, ӯ сарнавишти мост,

Бемодарӣ балост, модар зи Кибриёст.

Ширинтар аз каломи хушаш, чун калом нест,

Болотар аз мақоми баландаш, мақом нест.

Модар чу кимиёи ҳама дардҳои мост,

Волотарин вуҷуд чу модар ба ном нест.

Модар биҳишти мост, ӯ сарнавишти мост,

Бемодарӣ балост, модар зи Кибриёст.

(Манбаъ: Фейсбук)

Реклама


Рубрики:Бонувон, Забон ва адабиёт

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: