Мушк он аст, ки бибӯяд, на он ки аттор бигӯяд

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Инсонҳо дар ташхиси ашё, бештар, аз дигарон “тақлид” мекунанд, то худашон барои ташхис даст ба кор шаванд. Ин ки Саъдӣ мегӯяд: “Мушк он аст, ки бибӯяд, на он ки аттор бигӯяд”, ишора ба ҳамин матлаб дорад, ки мо дар ташхиси рост аз дурӯғ, саҳеҳ аз ғалат, ҳақиқат аз ботил ва дуруст аз нодуруст, ба ҷойи он ки худамон даст ба кор шавем ва масъаларо дар тарозуи мантиқ гузошта бисанҷем, бештар гӯш ба ҳарфи “атторҳо” медиҳем, ки онҳо чӣ мегӯянд!

Ин корро метавон дар ҳамаи ҳавзаҳои зиндагӣ, аз афкору ақоиду андеша бигир то сиёсату иҷтимоъу фарҳанг, мушоҳида кард. Дар маҷоли афкору ақоид масалан, ба ҷойи он ки андешаеро дар тарозуи мантиқ гузоранд ва худашон дурустӣ ва нодурустии онро ташхис бидиҳанд, ба ҳарфи “атторон” гӯш месупоранд, ки ташхиси онҳо чӣ будааст. Масалан, чун оқои Огуст Кант (ва ё ҳар донишманди дигаре) гуфтааст, ки бовар ба Худо ва дин “хурофа” аст, пас “хурофа” будааст, на ин ки худашон ин масъаларо дар тарозуи мантиқ гузошта санҷида бошанд. Яъне, беш аз ин ки фармонбардори ҳукми ақлу мантиқ бошанд, фармонбардори “аттороне” чун Кант ҳастанд.

Албатта, аз як мусалмон ҳам бисёр нописанд аст, ки дар усули динаш “тақлид” кунад. Дар ислом, рӯйи ин масъала бисёр таъкид шудааст, ки мусалмон дар усули дин, бояд худаш таҳқиқ кунад, ва тақлид дар онҳо мазмум ва нописанд аст, ва асосан имони мубтанӣ бар “тақлид”, аз назари ислом қобили қабул нест. Усули дин мисли ин ки Худо ҳаст, паёмбарӣ ҳақ аст, растохез ҳақ аст. Дар ин масоил, бар ҳар мусалмоне воҷиб аст, ки худаш таҳқиқ кунад ва бирасад ба ин ки оё масалан Худо вуҷуд дорад? Оё паёмбарӣ ҳақ аст? Оё рӯзи растохез ҳақ аст?.. Тақлид дар ин масоил пазируфта нест. Бале, дар масоиле монанди ин ки намоз чӣ гуна барпо мешавад, рӯза чӣ гуна дошта мешавад, аҳкоми закот кадом аст ва ғайра (яъне фурӯъи дин)… дар инҳо мусалмон тақлид мекунад.

Ва ё дар маҷоли сиёсат, ба ҷойи он ки бибинем, фалон сиёсатмадор чӣ мегӯяд, барномаи фалон ҳизби сиёсӣ кадом аст, амалкардаш чӣ гуна аст, ба ҷойи инҳо, нигоҳамон бештар ба зоҳири он сиёсатмадор аст, ки чӣ гуна аст ва дигарон дар бораи вай чӣ гуфта ва мегӯянд. Агар зоҳири шикку оростае дошта бошад, гумон мекунем сиёсатмадори дурусткоре будааст, аммо агар масалан ба ҷойи куту шалвор ҷома бар тан ва салла бар сар ва ба илова, дорои риш ҳам бошад, гумон мекунем, “ақибуфтода” аст, ва мутаассифона коре ба ҳарфу ҳадисаш ва амалкарду корҳояш надорем.

Агар як ҳизби сиёсӣ номаш “исломӣ” бошад, дигар ҳамаи ҳарфҳо ва барномаҳо ва амалкардҳояш ба назари мо “нодуруст” ва “теруристӣ” ва “қуруни вустоӣ” менумояд, ҳатто агар дуруст ҳам буда бошанд, вале агар як ҳизб унвонаш “демукротик ва дунявӣ ва ҳуқуқбунёд” бошад, дар ин сурат, ҳатто агар рафтору кирдорҳояш на “қуруни вустоӣ”, ки “асри ҳаҷарӣ” ҳам бошанд, ба назарамон “дуруст” ва “замонавӣ” менумоянд. Хулоса, коре ба ҳақиқати ашё надорем, балки тамоми таваҷҷӯҳамон ба зоҳир аст.

Ин зоҳирбинӣ ва “тақлид” дар арзёбӣ, баъзе аз моро то ба ҷойе расондааст, ки як амали писандида ва инсониро чун фоъил ва анҷомдиҳандааш исломгарост, амале нописанд ва зишт ва зиддиинсонӣ бипиндорем. Ду се рӯз пеш, яке аз муддаиёни фалсафа дар Тоҷикистон, ки матлабе дар радди мақолаи инҷониб навишта буд, он ҷо, ки хост собит кунад Ихвонул-муслимин як гурӯҳи “теруристӣ” будааст, аз ҷумлаи далелҳояш бар ин муддао ин буд, ки: “Онҳо (Ихвонул-муслмин) дар Ҷанги якуми Арабу Исроил дар соли 1948, 10 ҳазор ҷангии худро сафарбар карда буданд...” Оё 10 ҳазор ҷангҷӯ барои дифоъ аз миҳан эъзом кардан, теруризм аст? Оё ин амал нописанд аст? Агар Худой нокарда алъон душман ба хоки сарзамини мо таҷовуз кунад ва билфарз ҲНИТ аъзои худро барои дифоъ аз миҳан эъзом кунад, кори нописанде анҷом додааст, амали теруристӣ анҷом додааст?!

Оё ин арзёбӣ ва ин гуна ташхис, ҷуз зоҳирбинӣ аст?! Ва ё дар ҷойе дигар, барои исботи муддаои худ мегӯяд: “Дар он сол ячейкаи ҳарбии Ихвонул-муслимин”, ки “Ҳаракати афсарони озод” номида мешуд, монархияи Мисрро вожгун кард…” Хуб, ин кор оё нописанд аст?! Оё “монархия”-ро вожгун кардан ва ба ҷояш ҳукумате мардумӣ овардан, амале нодуруст аст?!

Ин аст зоҳирбинӣ ва тақлид дар арзёбиҳо ва ташхисҳоямон!

Хулоса, инсон, ба хусус як донишманд, бояд дар ташхиси ашё, ба ҷойи нигоҳ ба зоҳири ашё, нигоҳаш ба ҳақиқати онҳо бошад, ки оё ба худии худ ва қатъи назар аз ному унвон, он амал ва ё он фикру андеша, дуруст ҳастанд ё нестанд.

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: