Фалсафа ва равиши реализм (127)

Иллат ва маълул (9)

Ин буд (яъне он чи дар қисмати қаблӣ гуфта омад) хулосаи назарияи ин донишманди бузург дар боби қонуни иллият. Аз маҷмӯи он чӣ нақл шуд, чанд матлаб истифода мешавад:

1) Илми имрӯз қонуни иллиятро, ки бар ҳасби он ҳамвора иллатҳои муайян бояд маълулоти муайянро ба дунболи худ биоваранд ва ҳар вазъе маълули вазъи қаблӣ ва иллати вазъи баъдӣ аст ва силсилаи ҳаводис монанди ҳалқаҳои занҷир ба ҳам пайваста ва муртабит аст, намепазирад.

2) Назар ба ин ки дар ҷаҳони заррот қонуни иллият фармонравоӣ надорад ва авзоъи гузашта ва ҳол ва оянда бо якдигар робитаи иллӣ ва маълулӣ надоранд, дониши нав вуҷуди тақдир ва мудохилаи ғайбиро дар ҷаҳони заррот исбот мекунад.

3) Лозимаи қонуни иллият ва робитаи занҷирии ҳаводис, имкони пешбиниҳои қатъӣ нисбат ба оянда аз рӯи вазъи ҳозир аст, вале чун ҷаҳони заррот аз пайравии қонуни иллият озод аст, имкони ин пешбиниҳо аз байн рафтааст. Дар ҷаҳони заррот қонуни иллият наметавонад ҳодӣ ва роҳнамои башар воқеъ шавад, яъне башар наметавонад дар ҷаҳони заррот бо иттико ба қонуни иллият пешбиниҳои қатъӣ бинамояд; танҳо коре, ки аз ин лиҳоз аз башар дар онҷо сохтааст ин аст, ки бо ҳисоби эҳтимолот пешбиниҳои иҷтимоӣ бинамояд.

4) Қонуни иллият мунофӣ бо озодӣ ва ихтиёри инсон аст, вале бо ботил шинохтани қонуни иллият, мавзӯи ихтиёри инсон низ собит мешавад.

Хонандаи мӯҳтарам агар бо усули фалсафии мо комилан ошно бошад, хуб мутаваҷҷеҳ мешавад, ки аз чаҳор матлаби фавқ, ки ҳама ҷанбаи назарӣ ва истинботӣ дорад — ба истиснои қисмате аз банди 3, ки ҷанбаи илмӣ-таҷрибӣ дорад — ҳеч як қобили қабул нест. Мо намехоҳем мушоҳидоти таҷрибии донишмандони бузург ва навобиғи ҷаҳони физикро мункир шавем ва ҳам наметавонем, вале чизе, ки мехоҳем ва метавонем ин аст, ки истинбототи фалсафии ин донишмандонро мавриди интиқод қарор диҳем. Яке аз мухотироти бузург ин аст, ки як қонуни марбут ба фанни махсусеро бихоҳем бо абзор ва васоили махсуси фанни дигар рад ё исбот кунем. Ҳамон тавре, ки амали ғолиби қудамо, ки масоили табииётро аҳёнан мехостанд бо усули фалсафӣ нафй ё исбот кунанд, мухотиротеро дарбар дошт ва ҳаддиақал ин буд, ки илмро мутаваққиф мекард, роҳе, ки бархе аз донишмандони ҷадид пеш гирифтаанд ва мехоҳанд фалсафаро низ аз даричаи чашми физик бубинанд, мухотироте камтар аз он мухотирот дарбар надорад.

Қонуни иллият бо шӯъбаҳо ва мутафарреъоте, ки дорад — аз қабили қонуни зарурати иллӣ ва маълулӣ ва қонуни синхият ва бутлони давру тасалсул ва ғайра — аз қонунҳои фалсафии холис аст ва фақат бо усули фалсафӣ метавон дар мақоми нафй ё исботи он баромад ва улум на метавонанд ин қонунҳоро рад кунанд ва на исбот ва на метавонанд аз онҳо бениёз бошанд, ва танҳо коре, ки физик ё илми дигар метавонад бикунад ин аст, ки ин қонунро бо мутафарреъоти вай ба сурати усули мавзӯа бипазирад ва то ҳар ҷо, ки метавонад аз он истифода кунад ва ҳар ҷо, ки наметавонад, дар бораи он сукут ихтиёр кунад.

Иштибоҳи аслии ин донишмандон ҳам ҳамин ҷост. Ин донишмандон қонуни иллиятро ба унвони як қонуни таҷрибӣ талаққӣ кардаанд, ва чун он чӣ мавриди таҷриба воқеъ мешавад аз синхи модда аст, ночор қонуни иллиятро мунҳасир ба маводд ва аҷсом донистаанд ва рӯи ҳамин ҷиҳат “иллият”-ро мусовӣ бо “меконизм” гирифтаанд. Дар меконизм танҳо асли асиле, ки “воқеиятдор” шинохта шуда, модда ва ҳаракоти меконикии модда аст, ва қаҳран равобити мавҷудот мунҳасир аст ба равобити моддӣ ва меконикӣ. Ва аз ин рӯ ҳар ҷо, ки дидаанд мушоҳидоти амалӣ ва таҷрибӣ бо “меконизм” қобили тавҷеҳ нест, ба ҷои ин ки чунин истинбот кунанд, ки равобити иллӣ ва маълулӣ мунҳасир ба равобити моддӣ ва меконикӣ нест, хатти бутлон рӯи қонуни иллият кашида ва изҳор доштаанд ҳаводиси даруни атом дар моварои қонуни иллият анҷом мегирад.

Чӣ зарурате эҷоб мекунад, ки “қонуни иллият”-ро як қонуни таҷрибӣ бидонем ва он гоҳ онро муродиф бо “меконизм” бигирем ва он ҷо, ки хилофи меконизм собит мешавад, ҷанҷол роҳ биандозем, ки қонуни “вуҷуби тараттуби маълул бар иллат”, ки қарнҳо бар фикри башар ҳукумат мекард аз мақарри фармонравоии худ маъзул шуд?! Далелҳои возеҳе мавҷуд аст, ки қонуни иллиятро наметавон ба унвони қонуни таҷрибӣ талаққӣ кард ва мо дар поварақиҳои мақолаи 5 дар ин бора баҳс кардем.

Хулосаи он чӣ дар онҷо гуфтем ин аст, ки эҳсос ва озмоиш, чунонки возеҳ аст, ба “ҷузъӣ” таъаллуқ мегирад (на куллӣ) ва инсон пас аз мушоҳида ва эъмоли озмоиш дар чанд мавриди хосс натиҷаи озмоиши худро таъмим медиҳад ба соири мавориде, ки шахсан таҳти озмоиш дарнаомадааст. Ин таъмим маълули қабули қаблии чанд асл аст, ки яке аз онҳо иборат аст аз: “асли ташобуҳи табиат”. Асли ташобуҳи табиат иборат аст аз ин ки: “табиат дар шароити комилан мусовӣ дар ҳама ҷо ва ҳама вақт ҷараёни воҳиде дорад”. Мо баъд аз қабули асли ташобуҳи табиат метавонем таҷрибиёти худро дар моддаи маҳсус ё дар ҷаҳони зарраӣ таъмим диҳем. Асли ташобуҳ табиат чизе ҷуз “асли синхияти иллӣ ва маълулӣ” яъне ин ки “илали муайян ҳамвора маълулоти муайянро ба дунболи худ меоваранд” нест. Пас, ҳамеша сиҳҳати қонуни куллии таҷрибӣ мавқуф ба қабули қаблии асли ташобуҳи табиат ё асли синхияти иллӣ ва маълулӣ аст ва бинобар ин мо на метавонем бо таҷриба ин қонунро рад кунем ва на исбот, ва на метавонем аз он дар улуми таҷрибии худ мустағнӣ бошем; зеро агар бихоҳем рад кунем ва муддаӣ шавем таҷриба собит карда, ки дар табиат ташобуҳ мавҷуд нест ва бихоҳем инро ба сурати як қонуни куллӣ баён кунем, бояд аввал қонуни ташобуҳро бипазирем ва бо иттикои худи қонуни ташобуҳ, худашро рад кунем. Ва агар бихоҳем онро исбот кунем, бояд бо иттикои худи қонуни ташобуҳ, худашро исбот кунем. Возеҳ аст, ки дар сурати аввал, ботил шинохтани қонуни ташобуҳ мусталзими саҳеҳ шинохтан ва ботил нашинохтан он аст. Ва дар сурат дуввум, саҳеҳ шинохтани ин қонун мутаваққиф бар саҳеҳ шинохтани он аст, яъне “давр” аст, магар ин ки муддаӣ шавем, ки имтиноъи давр чун аз фурӯъи қонуни иллият аст мавриди қабули мо нест.

Пас, агар қонуни иллиятро напазирем, дар дараҷаи аввал бояд улуми таҷрибиро ба канор бигузорем. Ин аст, ки мо мегӯем улум бояд қонуни иллиятро ба унвони “асли мавзӯъ” бипазиранд.

Илова бар ин, агар қонуни иллиятро напазирем, ҳеч қонуни илмӣ (таҷрибӣ ва ғайритаҷрибӣ)-ро набояд бипазирем, зеро ҳар қонуни илмӣ маҳсул ва маълули як ришта муқаддимоти қиёсӣ ё ғайриқиёсӣ аст, ки бо пайдоиши он муқаддимот, пайдоиши он қонуни илмӣ, ки самара ва натиҷаи он муқаддимот аст қатъӣ аст. Ҳол агар бино бишавад, ки қонуни иллият дурӯғ бошад, ҳеч робитае байни муқаддимоти як далел ва самараи он далел нахоҳад буд, яъне ҳеч матлаберо самараи ҳеч далеле наметавон донист. Ва агар қонуни синхияти иллӣ ва маълулӣ дурӯғ бошад, аз ҳар муқаддима ва қиёс ва истидлол ҳар натиҷаро метавон интизор дошт, балки аз ҳар чизе ҳар чизеро метавон интизор дошт, масалан аз ғизо хӯрдани як инсон донишманд шудани як ҷамодро метавон интизор дошт. Ва агар қонуни зарурати иллӣ ва маълулӣ дурӯғ бошад, дар ҳоли иҷтимоъи ҷамиъи шароит ва муқаддимот ва аҷзоъи иллатҳои як чиз, наметавон интизори қатъии он чизро дошт, яъне дар ин ҳол низ мумкин аст он шайъ мавҷуд бишавад ва мумкин аст мавҷуд нашавад. Маънои ин сухан ин аст, ки вуҷуди ҷамиъи муқаддимоти зеҳнии як далел дар зеҳн, бо адами онҳо дар зеҳн якест, зеро агар зарурати иллӣ ва маълулӣ дурӯғ бошад, на байни вуҷуди иллат ва вуҷуди маълул зарурат аст, ва на байни адами иллат ва адами маълул, ва бинобар ин дар ҳоли вуҷуди иллат ва дар ҳоли адам (ҳар ду) маълул имкони вуҷуд ва адам дорад, пас буду набуди иллат мусовӣ аст.

Агар қонуни иллият ва мутафарреъоти вай дурӯғ бошад, тараттуби натиҷаи манзури оқои Ҷенз низ бар истидлолоти худашон ҳеч зарурате надорад ва монанди ин аст, ки чунин истидлолоте аслан ва абадан вуҷуд надошта бошад.

Иштибоҳи ин оқоён як маншаи дигар ҳам дорад, ва он ин аст, ки нахоста ё натавонистаанд фарқ бигузоранд байни воқеӣ будани қонуни иллият ва байни татбиқ ва мавриди истеъмол қарор додани он бар намудҳои дохили атом. Матлаби саҳеҳе, ки марбут ба олами таҷрибиёти физикист ва ин донишмандон изҳор доштаанд ва дигарон низ ночоранд аз онҳо бипазиранд, ин аст, ки қонуни иллият наметавонад роҳнамои донишмандон дар дохили атомҳо бошад. Қонуни иллият дар ҷое метавонад роҳнамои физик воқеъ шавад, ки донишманд битавонад ба кӯмаки ӯ аз вазъи машҳуд пешбиниҳои қатъӣ намояд ва албатта пешбиниҳои қатъӣ ҳангоме муяссар аст, ки ҷамиъи муқаддимоте, ки заминаи қатъии ояндаро ташкил медиҳанд таҳти мушоҳида ва муҳосиба дароянд ва агар ҷамиъи муқаддимот қобили муҳосиба набуд, имкони пешбинӣ аз байн меравад. Он чӣ мусаллам аст ин аст, ки донишмандони физики нав натавонистаанд вазъи даруни атомҳоро тавре таҳти муҳосиба дароваранд, ки битавонанд пешбиниҳои қатъӣ намоянд. Ва албатта амр доир аст байни ин ки дониши имрӯз дар ин замина қосир бошад ва натавониста бошад ҷамиъи авомили зидахлро таҳти муҳосиба дароварад ва ё ин ки дар воқеъ ва нафсуламр, ҳаводис робитаи занҷирӣ надошта бошанд ва қонуни иллият дурӯғ бошад. Бадеҳист, ки ҳеч далеле дар кор нест, ки дониши имрӯз охирин ҳаддро тай карда ва ҷамиъи авомилро шинохтааст. Лозимаи воқеӣ будани қонуни иллият имкони пешбинии башар нест, балки лозимаи иттилои башар бар он муқаддимот ва иллатҳо, имкони пешбинӣ аст. Пас мо агар бихоҳем ба тарзи мантиқӣ истинтоҷ кунем, набояд аз адами имкони пешбинӣ дар бархе маворид, адами воқеӣ будани қонуни иллиятро натиҷа бигирем, балки ҳамин қадр бояд натиҷа бигирем, ки мо аз вуҷуди чунин авомили қатъӣ иттилое надорем ё аз он ҷиҳат, ки аслан чунин авомиле вуҷуд надорад ва ё он ки вуҷуд дорад ва мо беиттилоъ ҳастем.

Агар мо тарзи тафаккури ҳиссии худро дар мавриди қонуни иллият ба канор бигузорем ва ин қонунро ба дурустӣ бишносем, ва бифаҳмем, ки на тасаввури ин қонун аз роҳи эҳсос ба зеҳн ворид шуда (руҷӯъ шавад ба мақолаи 5) ва на тасдиқи зеҳнии мо (ба далоиле, ки дар ҳамин ҷо ишора кардем ва дар мақолаи 5 низ гузашт) маълул ва маҳсули таҷриба аст, метавонем бифаҳмем, ки қонуни иллият аз шуъуни “воқеияти мутлақ” аст, хоҳ он ки он воқеият моддӣ бошад ё ғайримоддӣ, ва бинобар ин ҳар омиле, ки ба маъмули худ воқеият бидиҳад он омил иллат аст ва он маъмул маълул, ва бинобар ин фаразан назарияи оқои Ҷенз саҳеҳ бошад ва омили тағйиру табдилҳо ва фано ва заволҳои даруни атомҳо “тақдир ва иродаи мофавқуттабиӣ” буда бошад, боз хориҷ аз қонуни иллият нест, ва иллати ин ки мо вуҷуди ин тақдирҳоро наметавонем пешбинӣ кунем, аз он ҷиҳат аст, ки қонунҳои хосси он тақдирот дар дасти мо нест, ки битавонем пешбинӣ кунем.

Вале ҳақиқат ин аст, ки мудохилаи мустақими тақдир ва иродаи мофавқуттабииро дар ин гуна ҳаводис касе метавонад бовар кунад, ки бо улуми илоҳӣ ошноӣ надошта бошад. Мумкин аст касоне, ки шахсан дар ин замина иттилооти кофӣ надоранд, чунин бипиндоранд, ки мо, ки ақоиди илоҳӣ дорем, эътирофи донишманди боризе монанди Ҷензро дар мудохилаи мустақими тақдир ва иродаи мофавқуттабӣ дар бархе ҳаводиси ин ҷаҳон бо оғӯши боз мепазирем ва ин эътирофотро таъйидгари назариёти илоҳии худ ба ҳисоб меоварем. Вале хонандаи мӯҳтарам аз ҳамин ҳоло мутмаин бошад — ва баъдан дар мақолаи 14 ба тафсил хоҳад шунид — ки мо вуҷуди ин гуна тақдирот ва мудохилоти мофавқуттабиро маҳол ва мумтанеъ медонем ва изҳори назарҳои Ҷенз ва дигаронро дар ин заминаҳо аз беиттилоии эшон ба улуми илоҳӣ медонем. Мо дар назариёти илоҳии худ монанди он даста аз муддаиёни фалсафа ва ғайруҳум нестем, ки дар мақоми исботи сонеъи кулл ва мабдаи кулл, дар ҷустуҷӯи истисноҳо бошем ва ҳар ҷо, ки ба назари мо расид истисно ва хилофи одат сурат гирифта онро бо иродаи зоти Борӣ тавҷеҳ кунем ва далел бар вуҷуди Борӣ бигирем. Аз назари фалсафии мо, низоми ҳастӣ низоми мутқан ва мутараттибест ва саросари ин низоми муртабит ва пайваста, қоим ба зоти Борӣ ва иродаи Борист, ва ин низоми иллӣ ва маълулӣ ҳамон нуфузи тақдир ва иродаи зоти Борист, ки ба сурати ин низом даромадааст. Аз назари дақиқи фалсафӣ ҳамин низоми мутқан далел бар вуҷуди зоти Борист, на истисноҳо (ба фарзи вуҷуд). Хонандаи мӯҳтарам дар мақолаи 14 ба тарзи истидлолоти мо комилан ошно хоҳад шуд. Оре, мутакаллимин ғолибан ҳар ҷо, ки дар мақоми истидлол баромадаанд, мисли ин аст, ки табиатро шарики зоти Борӣ медонистаанд ва феъли табиатро мустанад ба зоти Борӣ намедонистаанд ва аз ин ҷиҳат ҳамвора дар ҷустуҷӯи мавориди истисноӣ будаанд ва чунин мепиндоштаанд, ки бо ибтоли низоми мусаллами мавҷудот, бояд вуҷуди сонеъи куллро исбот намуд, ҳамчунон ки то он ҷо, ки мо ҷустуҷӯ карда ва иттилооте ба даст овардаем, ҷамиъи фалосифаи урупоӣ (илоҳӣ ва моддӣ ва шаккок) дорои ҳамин назария будаанд.

Назарияи маъруфи Огуст Кант (August Cont) низ дар баёни ҳолоти сегонаи башар дар мавриди таълили ҳаводис — ки дар мақолаи 5 гузашт — аз ҳамин тарзи тафаккур ҳикоят мекунад ва ин матлаб ба навбаи худ хеле мӯҷиби тааҷҷуби инҷониб шудааст.

Дар инҷо бемуносибат нест, ки иборатеро, ки Садрулмутааллиҳин дар радди мутакаллими маъруф Имом Фахри Розӣ марбут ба ҳамин мавзӯъ оварда нақл кунем. Вай дар ҷилди 4-уми “Асфор” дар мабҳаси “Саодат ва шақовати ҳиссӣ” баъд аз он ки бархе аз истидлолоти Фахри Розиро дар боби исботи сонеъ ва ҳамчунин равиши тафсири вайро дар Қуръони Карим нақлу интиқод мекунад, мегӯяд:

واعجب الأمور أن هؤلاء القوم متى حاولوا اثبات أصل من أصول الدين كاثبات قدرة الصانع أو اثبات النبوة والمعادلإ اضطروا) إلى إبطال خاصية الطبائع التي أودعها الله فيها ونفى الرابطة العقلية بين الأشياء والترتيب الذاتي الوجودي والنظام اللائق الضروري بين الموجودات التي جرت سنه الله عليها ولا تبديل لها وهذه عادتهم في إثبات أكثر الأصول الاعتقادية كما فعله هذا الرجل الذي هو امام أهل البحث والكلام

Аҷибтарини чизҳо ин аст, ки мутакаллимин дар мақоми исботи тавҳид ё нубувват ё маод, худро ночор мебинанд, ки хоссиятҳои муайянаи табойеъро инкор кунанд ва дар садади нафйи низоми зарурии иллӣ ва маълулӣ ва тартиби вуҷудии мавҷудот, ки ҳукми сареҳи ақл аст ва суннати қатъии зоти Борист ва қобили табдил нест бароянд ва асосан одати ин даста ҳамвора ҳамин буда ва ҳаст…”

Ба ҳар ҳол, мо барои “ҳастӣ” низоми мутқан ва хилофнопазир қоил ҳастем ва ин назарияро ҳам аз таҷрибаи ҳаводиси рӯзона ба даст наовардаем, то бо бархӯрди таҷриба ба мушкилоте пояи назарияи мо суст шавад. Мо назарияи тартиб ва низоми мавҷудотро аз бурҳони ақлӣ касб кардаем ва ин бурҳон ҳам аз навъи “бурҳони лиммӣ” аст, ки аз маърифат ба “иллатулилал” сарчашма мегирад, на “бурҳони иннӣ”. Тафсили ин матолиб дар мақолаи 14 меояд.

Дар баёноти Ҷенз қонуни иллият аз қонуни зарурати иллӣ ва маълулӣ ва қонуни синхият таҷзия нашуда ва ҳама ба сурати як қонун баён шуда, вале мо қаблан собит кардем, ки ҳарчанд ин се қонун муталозим ҳастанд, вале наметавон онҳоро яке шумурд. Узре, ки ин донишманд ва дигарон дар инҷо доранд ин аст, ки ин қонунро таҷрибӣ медонанд ва дар таҷриба наметавон ин се қонунро аз якдигар муҷаззо тасаввур намуд. Ин тафкик ва таҷзия фақат бо тарзи тафаккури фалсафӣ муяссар аст.

Аҷаб ин аст, ки ин донишманд ва гурӯҳи зиёди дигаре ба мавзӯи “ихтиёр” часпида ва “ихтиёр” ва “иллият”-ро мунофии якдигар пиндоштаанд ва он гоҳ эҳсоси виҷдонии инсонро роҷеъ ба ихтиёр ва озодии худ, далеле аз замир бар нафйи қонуни иллият ба ҳисоб овардаанд, ва ҳол он ки андак тааммул кофист, ки бифаҳмем озодӣ ва ихтиёри мо, ки амре виҷдонист ва замири мо ба он гувоҳӣ медиҳад ин аст, ки дар табиат як роҳи муайян ва хатти машйи муайян барои мо таъйин нашуда ва майдони амале ба мо дода шуда, ки метавонем ҳар роҳеро, ки бихоҳем интихоб кунем ва интихоби яке аз он роҳҳо, ба ирода ва эъмоли қудрати мо вогузор шуда. Яъне мо озодем, ки агар майл дошта бошем ва ирода кунем, бикунем, ва агар нахоҳем ва ирода накунем, накунем. Яъне иродаи мост, ки хатти машйи моро таъйин мекунад. Маънои ихтиёр ин нест, ки иродаи мо озод аст, ки худ ба худ ва бидуни иллат пайдо шавад, ва ҳамчунин ин нест, ки мо озод ва мухторем, ки ирода кунем ё ирода накунем, ва хулоса мо нисбат ба феъли хориҷӣ озодем, на нисбат ба муқаддимоти нафсонии он феъл, ва он чи, ки замири инсон гувоҳӣ медиҳад, беш аз ин нест. Мо дар мақолаи 8 нукоти лозимро роҷеъ ба “ҷабру ихтиёр” баён кардем ва махсусан ин нуктаро барои аввалин бор баён кардем, ки озодии ирода ва нафйи зарурати иллӣ ва маълулӣ, ки ин донишмандон ва мутакаллимини исломӣ барои исботи “ихтиёр” ба он часпидаанд, бештар мунофӣ бо ихтиёр ва озодии инсон дар амали хеш аст.

Хулосаи назарияи мо роҷеъ ба “қонуни иллият” аз ин қарор аст:

1) Қонуни иллият ва ҷамиъи қонунҳои муншаъиба аз он, ки дар ин мақола баён шуд, қонунҳоест воқеӣ ва нафсуламрӣ, ва мустақил аз зеҳн ва идрокоти мост.

2) Идроки зеҳнии тасаввурии мо аз иллият ва маълулият, ношӣ аз эҳсоси хориҷӣ нест, балки аз мутолеаи дарунии ҷавҳари нафс ва ҳолоти нафсонӣ ношӣ шуда ба тафсиле, ки дар мақолаи 5 гузашт.

3) Идроки зеҳнии тасдиқии мо роҷеъ ба қонуни иллият ва маълулият (маноти эҳтиёҷ ба иллат) ва мутафарреъоти вай ношӣ аз ҳукми ақл аст ва мустақил аз таҷриба мебошад ба тафсиле, ки дар ҳамин мақола гузашт.

4) Қонуни иллият аз шуъуни “воқеияти мутлақ” аст ва ихтисосе ба модда ва равобити моддӣ надорад.

5) Қонуни иллият ва муншаъиботи вай қонунҳои фалсафӣ ҳастанд ва таҳқиқ дар онҳо аз ҳавзаи улуми ҷузъӣ хориҷ аст.

6) Қонуни иллият ва муншаъиботи вай ночор бояд ба унвони “асли мавзӯъ” дар улуми ҷузъӣ мавриди истифода қарор бигирад ва ин улум аз ин қонунҳо наметавонанд ба куллӣ бениёз бошанд.

7) Илм ба иллати томма мӯҷиби илм ба маълул аст ва аз ин рӯ аз вуҷуди иллат метавон ба вуҷуди маълул пай бурд.

8) Ҳаводиси ин ҷаҳон “зарурати вақтӣ” доранд яъне вуқӯъи ҳар ҳодисае фақат дар лаҳзаи муайян қобили воқеъ шудан аст ва пасу пеш надорад.

9) Шароит ва авзоъи замонӣ иллати томмаи авзоъи баъдӣ нест, балки заминаи авзоъи баъдист ва дар айни ҳол — ба далелҳое, ки баъдан хоҳад омад — иттилои комил аз ин замина мӯҷиби пешбинии қатъӣ аст.

10) Тақдир ва иродаи мофавқуттабӣ дар арзи иллатҳои табиӣ (на дар тӯл) маъно надорад.

11) Инсон дар афъоли хеш мухтор ва озод аст ва ин озодӣ ва ихтиёр бо “зарурати иллӣ ва маълулӣ” мунофӣ нест.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: