Ҳоким ва фармонраво дар каломи Имом Алӣ

إذا فَسَدَ الزَّمانُ سادَ اللِّئامُ

Ҳар гоҳ рӯзгорон фосид шавад, фурӯмоягон ҳоким мешаванд.”

آفةُ المُلوكِ سُوءُ السِّيرَةِ، آفةُ الوُزَراءِ خُبثُ السَّريرَةِ 

Офати ҳокимон бадрафторӣ, ва офати вазирон бадсиголӣ аст.”

حَقٌّ علَى المَلِكِ أن يَسوسَ نفسَهُ قَبلَ جُندِهِ

Бар ҳоким воҷиб аст, ки пеш аз сипоҳиёнаш, ба сиёсат ва тарбияти худаш бипардозад.”

خَيرُ المُلوكِ مَن أماتَ الجَورَ وأحيا العَدلَ

Беҳтарини ҳокимон касест, ки бедодиро бимиронад ва додгариро зинда созад.”

أفضَلُ المُلوكِ مَن حَسُنَ فِعلُهُ ونِيّتُهُ، وعَدَلَ في جُندِهِ ورَعيَّتِهِ

Бартарини ҳокимон касест, ки кирдор ва пиндораш некӯ бошад ва бо артиш ва миллаташ ба адолат рафтор кунад.”

أحسَنُ المُلوكِ حالاً مَن حَسُنَ عَيشُ النّاسِ في عَيشِهِ، وعَمَّ رعِيَّتَهُ بعَدلِهِ

Накӯҳолтарини ҳокимон касест, ки мардум дар рӯзгори ӯ ба некӣ зиндагӣ кунанд ва адолаташро дар миёни мардуми худ бигустаронад.”

خَيرُ الاُمَراءِ مَن كانَ على نفسِهِ أميرا

Беҳтарини амирон касест, ки бар нафси худ амир бошад.”

(Рӯдакӣ низ шеъре дорад, ки дар лобалои он ҳамин мазмун мавҷуд аст:

Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ,

Бар кӯру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ.

Мардӣ набувад фитодаро пой задан,

Гар дасти фитодае бигирӣ мардӣ.)

إذا مَلَكَ الأراذِلُ هَلَكَ الأفاضِلُ

Ҳар гоҳ фурӯмоягон ҳоким шаванд, гаронмоягон ҳалок мешаванд.”

إذا استَولَى اللِّئامُ اضطَهِدَ الكِرامُ 

Ҳар гоҳ лаимон чира шаванд, каримон мақҳур мегарданд.”

Реклама


Рубрики:Пароканда, Сиёсат, Суннат, Ҷумлаҳои ҳикматомез

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: