Ҷон Керри: “Арабистон, Исроил ва Миср моро тарғиб мекарданд ба Эрон ҳамла кунем”

Вазири хориҷаи собиқи Омрико дар як суханронӣ фош кард, ки раҳбарони Арабистон, Миср ва Исроил дар он замон аз Вошингтун мехостанд, ки ба Эрон ҳамлаи низомӣ кунем.

Ҷон Керри, вазири хориҷаи собиқи Омрико рӯзи панҷшанбе (12.10.2017) дар як суханронӣ гуфт: “Мо бо ҳар раисиҷумҳур ва раҳбари кишвари дигаре, ки мулоқот мекардем, аз ҷумла Ҳусни Муборак, раисиҷумҳури асбақи Миср, Малик Абдуллоҳ, подшоҳи пешини Арабистон, Натонёҳу, нахуствазири Исроил, ҳамаи онҳо моро тарғиб мекарданд, то ба Эрон ҳамла кунем. Борок Убомо низ дархостҳои мактуби зиёде ба дасташ мерасид, то ба Эрон ҳамла кунем.”

Вай афзуд: “Аммо имрӯз Ожонс ҳудуди 130 бозрас дорад, ки дар Эрон ҳузур доранд ва ҳар иттифоқеро, ки дар таъсисоти ҳастаии Эрон меафтад сабт мекунанд. Оқои Тромп фақат ба осмон нигоҳ мекунад ва мегӯяд, ки мехоҳам тавофуқро лағв кунам; мегӯяд тавофуқро дӯст надорам, чаро ки ба мардум гуфтааст, ин бадтарин тавофуқ аст.”

Вай дар посух ба суоле дар бораи ин ки оқои Тромп як тавофуқи беҳтар мехоҳад, изофа кард: “Бигузоред дар бораи тавофуқ беҳтар сӯҳбат кунам. Давлати Ҷорҷ Буш 8 сол ба дунболи тавофуқе буд, ки шомили ҳеч гуна ғанисозӣ намешуд. Манзури онҳо аз “тавофуқи хуб” ин аст. Аммо 2 нафар аз аршадтарин мақомоти давлати Буш ба шахси ман гуфтанд, ки мо ба ин натиҷа расидем, ки мо ниёз ба тавофуқе бо Эрон дорем, ки ба онҳо иҷозаи миқдоре ғанисозӣ бидиҳем.”

Вай дар идома дар бораи тасмими Тромп дар хусуси Барҷом гуфт: “(Ин тасмим) бепарво, хатарнок ва ғайримасъулона аст ва ба инзивои Омрико мунҷар мешавад.”

Ҷон Керри гуфт: “Рӯзи гузашта бо аъзои демукроти Маҷлиси намояндагони Омрико нишасти тавҷеҳӣ доштем. Суфарои Олмон, Бритониё, Фаронса ва Иттиҳодияи Урупо ҳам ҳузур доштанд. Так-таки онҳо ба намояндагони Кунгра гуфтанд, ки мо аз тасмими Тромп барои таъйиди адами пойбандии Эрон ба тавофуқи ҳастаӣ табаият намекунем.”

Вай афзуд: “Ба ҷои ин ки кишварҳои дигарро бо худ ҳамроҳ кунем, ҳамаи онҳоро аз худ дур мекунем.”

Реклама


Рубрики:Сиёсат, ҷаҳон

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: