Бастагони Абӯбакри Бағдодӣ вориди Афғонистон шудаанд

Шуморе аз намояндагони Маҷлиси Афғонистон ифшо карданд, ки бастагони Абӯбакри Бағдодӣ ба Афғонистон омада ва худаш низ то чанд ҳафтаи дигар вориди ин кишвар хоҳад шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садои Афғон (Ово), Мавлавӣ Абдурраҳмон Раҳмонӣ, намояндаи вилояти Балхи Афғонистон дар маҷлиси ин кишвар, гуфт: “Асноде дорам, ки нишон медиҳад дар ду сафорати муқими Афғонистон унвон шудааст, ки 26 хонаводаи доъишӣ, ки аз бастагони Абӯбакри Бағдодӣ ҳастанд, дохили хоки Афғонистон шудаанд.”

Раҳмонӣ афзуд, ки дар ин сафоратхона ҳамчунин унвон шудааст, ки тайи 2 то 3 ҳафтаи оянда худи Абӯбакри Бағдодӣ, саркардаи гурӯҳи ДОЪИШ низ вориди Афғонистон мешавад. Ин узви Маҷлиси Афғонистон таъкид кард, ки раҳбари гурӯҳи ДОЪИШ зинда аст ва кушта шудани вай низ шойеъае беш нест.

Раҳмонӣ дар идома гуфт, ки таърихи инқизои гурӯҳи Толибон дар Афғонистон фаро расида ва гурӯҳи ДОЪИШ дар ҳоли густариш дар ин кишвар аст.

Дар ҳамин ҳол, Ҳоҷӣ Зоҳир Қадир, намояндаи вилояти Нангарҳор дар Маҷлиси Афғонистон низ бо таъйиди ин мавзӯъ дар нишасти алании маҷлиси ин кишвар, гуфт, ки Покистон дар ивази фишорҳои Омрико ба Исломобод, саркардаи Толибонро маъмур кард, то ба нерӯҳои таҳти амраш дастур диҳад бо ДОЪИШ дар Афғонистон вориди ҷанг нашаванд.

Қадир бо ишора ба табдил шудани парчами сафеди Толибон ба парчами сиёҳи ДОЪИШ, гуфт, ки мумкин аст теъдоди маҳдуде аз Толибон ба раванди сулҳ бо давлати Афғонистон бипайванданд, аммо қарор аст, ки 80 дарсади Толибон бо тағйири парчами сафед ба сиёҳ, доъишӣ шаванд.

Гуфтанист, ки гурӯҳи теруристии ДОЪИШ дар кишварҳои Ироқ ва Сурия бо шикаст мувоҷеҳ шуда ва дар ҳоли фирор ҳастанд. Акнун нигарониҳое вуҷуд дорад, ки ин теруристҳо пас аз фирор аз ин кишварҳо, ба Афғонистон паноҳ хоҳанд овард.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: