Имзои чанд санади ҳамкорӣ миёни Эрон ва Ӯзбакистон

Дар дидори вазири умури хориҷаи Ӯзбакистон бо ҳамтои эронии худ дар Теҳрон, “чигунагии иҷроӣ шудани коридори релии чаҳорҷонибаи Ӯзбакистон-Туркманистон-Эрон-Уммон” баррасӣ шуд.

Ба гузориши Tasnimnews, Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷаи Ӯзбакистон, ки барои дидори расмӣ дар Эрон ҳузур дорад, зуҳри имрӯз (сешанбе, 17.10.2017) бо Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷаи ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кард.

Дар ин мулоқот, Зариф бо ишора ба собиқаи деринаи муносиботи ду кишвар, бар тавсиъаи равобит дар тамоми заминаҳо таъкид кард.

Вазири умури хориҷаи Ӯзбакистон низ зимни ибрози хурсандӣ аз ҳузур дар Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: “Бо таваҷҷӯҳ ба аҳаммияти муносиботи ду кишвар, дар ин сафар вазирони нафту гоз, тиҷорат ва намояндаи вежаи раисиҷумҳури Ӯзбакистон дар умури Афғонистон низ маро ҳамроҳӣ мекунанд.”

Дар ин мулоқот тарафайн дар хусуси афзоиши ҳамкориҳо дар заминаи нафту гоз, гардишгарӣ, тасҳилоти консулӣ, афзоиши ҳамкориҳои фаннӣ-муҳандисӣ, кишоварзӣ, худравсозӣ, мубориза бо теруризм ва ифротгароӣ, баргузории кумисиюни муштараки иқтисодӣ, баррасии баргузории хатти парвози мустақим, тронзити сеҷониба ва чаҳорҷониба гуфтугӯ карданд.

Таҳаввулоти минтақаӣ, аз ҷумла дар Афғонистон, Ироқ ва Сурия, аз дигар меҳварҳои гуфтугӯи вузарои хориҷаи Эрон ва Ӯзбакистон буд.

Зариф ва Комилов баъд аз мулоқот, санад барнома ҳамкорӣ байни вазоратхонаҳои умури хориҷаи ду кишварро низ имзо карданд.

Тибқи гузориши хабаргузории Ирно, дар ҳоли ҳозир ҳаҷми мубодилоти ду кишвар беш аз 400 милюн дулор аст ва ду кишвар саъй мекунанд бо эҷоди заминаҳои муносиб, ба иртиқои мубодилот ва сармоягузорӣ миёни ду кишвар ҳиммат гуморанд.

Ҳамчунин, наҳваи иҷроӣ шудани коридори релии чаҳорҷонибаи Ӯзбакистон-Туркманистон-Эрон-Уммон низ, аз мавзӯъҳои муҳимме аст, ки мақомоти Эрон ва Тошканд дар ин сафар дар мавриди он музокира карданд.

Тасовире аз ин дидор:

 

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: