Шарҳи Маснавӣ (221)

Достони пири чангӣ, ки дар аҳди Умар разияллоҳу анҳу баҳри Худо рӯзи бенавоӣ чанг зад миёни гӯристон (5)

* * *

Ҳар куҷо тобам зи мишкоти даме,

Ҳал шуд он ҷо мушкилоти оламе.

Эй инсони комил ва бандаи фозил! Ҳар ҷо, ки аз чароғдони дамам таҷаллӣ кунам, онҷо мушкилоти олам ҳаллу кашф хоҳад шуд. Яъне файзи таҷаллиёти Ҳақ мушкилоти бандаро ҳал кунад.

Мишкот: чароғдон.

Зулматеро, к-офтобаш барнадошт,

Аз дами мо гардад он зулмат чу чошт.

Зулматеро, ки офтоб маҳв накард, аз нафасу каломи мо ба рӯзи равшан мубаддал мегардад.

Чошт: ҳангоми рӯз ва нимрӯз.

Нукта: Абёти ахир дар баёни ваҳдати авлиё бо Худост бад-ин тартиб, ки ҳар гоҳ авлиё аз сифоти худ ба куллӣ пок шаванд, мазҳари асмо ва сифоти илоҳӣ гарданд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.603)

Одамеро ӯ ба хеш асмо намуд,

Дигаронро з-Одам асмо мегушуд.

Ҳақ Таъоло ҳақоиқро мустақиман ба Одам (а) таълим фармуд ва дигаронро низ ба воситаи Одам (а) ошнои ба ҳақоиқ мекард.

Нукта: Ишора аст ба ояти 31 сураи Бақара:

وَعَلَّمَ آدَمَ الأَسْمَاء كُلَّهَا

Ва Ҳақ Таъоло ҳамаи номҳоро ба Одам биёмӯхт…”

Хоҳ з-Одам гир нураш, хоҳ аз ӯ,

Хоҳ аз хум гир май, хоҳ аз каду.

Пас агар мехоҳӣ, нури Ҳақро аз инсони комил бигир, ва ё агар метавонӣ ва қобилият дорӣ, бидуни восита аз Худо бигир.

К-ин каду бо хум пайвастаст сахт,

Не чу ту шод он кадуи некбахт.

Ин каду бо он хуми ҳақиқат сахт пайванд хӯрдаанд, ва он кадуи некбахт монанди ту аз шаҳавоти ҷисмонӣ ва лаззоти дунёӣ шодону шодмон нест, балки шодии ӯ баста ба вуҷуди Ҳақ аст.

Гуфт: тубо ман раонӣ, Мустафо,

Валлази юбсир лиман ваҷҳи раъо.

Ҳазрати Паёмбар (с) фармуд: Хушо ба ҳоли касе, ки маро бинад, ва хушо ба ҳоли касе, ки он касро бинад, ки маро дидааст!

Нукта: Ин байт муқтабас аст аз ин ҳадиси шариф:

طوبى لمن رآني وطوبى لمن رأى من رآني ولمن رأى من رأى من رآني وآمن بي

Хушо ба ҳоли касе, ки маро бинад, ва хушо ба ҳоли касе, ки он касро бинад, ки маро дидааст, ва хушо ба ҳоли касе, ки он касро бинад, ки касеро дидааст, ки маро дида ва ба ман имон овардааст.” (Ривояти Ҳоким дар Мустадрак)

Чун чароғе нури шамъеро кашид,

Ҳар кӣ дид онро, яқин он шамъ дид.

Ба унвони мисол, ҳар гоҳ чароғе нури шамъро кашид, яъне аз он шӯъла гирифт ҳар кас, ки он чароғро бинад, мусалламан шамъро низ дидааст.

Нукта: Дар ин чанд байт мехоҳад бигӯяд, ки анбиё ва авлиё алорағми таъаддуд ва танаввуъашон, паратве аз як нури воҳид ҳастанд ва танҳо ихтилоф дар маротиби эшон аст, на моҳяиташон, чунонки Шабистарӣ гуфт:

Бувад нури Набӣ хуршеди аъзам,

Гаҳ аз Мӯсо падиду гаҳ зи Одам.

Ҳамчунин то сад чароғ ар нақл шуд,

Дидани охир лиқои асл шуд.

Ҳамин тавр агар то сад адад чароғ нақл шавад, яъне нури он чароғ ба ҳазорон чароғ мунтақил шавад ва ҳар чароғ аз чароғи дигар фурӯзон гардад, дидани охирин чароғ лиқои асл будааст, яъне монанди дидани чароғи аввал аст, зеро нури ҳамаи чароғҳо аз он чароғи аввал гирифта шудааст.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: