Эҳтимоли истеъфои Боризонӣ то чанд моҳи дигар

Таҳлиле дар рӯзномаи Раъюл-явм

Маълум нест аксуламали Масъуд Боризонӣ, раиси минтақаи Курдистони Ироқ, ба маъмурияти нерӯҳои муштараки ироқӣ дар сайтараи комил бар Каркук аз ҷумла ҳамаи майдонҳои нафтӣ, фурудгоҳи низомӣ ва пойгоҳҳои низомии ин устон чӣ хоҳад буд. Мутмаиннан, Боризонӣ аз ин иттифоқ ҳайратзада шуда ва худро дар рӯёрӯӣ бо ҳуҷуми саҳмгини нерӯҳои федероли Ироқ танҳо дид, он ҳам пас аз ин ки Ҳизби Иттиҳодияи Миҳании Курдистон (ҳизби Ҷалол Толибонӣ) ӯро раҳо кард; ҳизбе, ки шарики аслии вай дар ҳукумати минтақаи Курдистон аст ва хоҳони таъвиқи баргузории ҳамапурсӣ ва бозгашт ба гуфтугӯ бо давлати марказии Бағдод дар хусуси ҳамаи масоил таҳти назорати Созмони Милал шуда буд, ва дар ҳамин ҳол омрикоиҳо ва чӣ басо Исроил ҳам Боризониро танҳо гузошт.

Чизе, ки Боризониро беш аз ҳама ҳайратзада кардааст, ақибнишинии ғофилгирона ва бидуни даргирии нерӯҳои Пешмарга аз мавозеъи худ дар Каркук аст, дар ҳоле, ки ӯ рӯйи ин нерӯҳо дар дифоъ аз тарҳи таҷзияталабонаи худ ва на танҳо дар муқобила бо нерӯҳои муштараки ироқӣ, балки дар муқобила бо нерӯҳои эронӣ ва туркӣ ҳисоби зиёде боз карда буд.

Ҳамапурсии минтақаи Курдистони Ироқ, ки истиқлоли хиёлӣ барои курдҳои ин минтақаи худмухтор дар шимоли Ироқ ба даст оварда буд, ҳаминак паёмадҳои фоҷеабори худро дар ҳоли нишон додан аст, ки метавон онро дар чанд маврид хулоса кард:

1) Аввалин қазия ин ки: минтақаи Курдистони Ироқ дар баробари пешравии нерӯҳои муштараки ироқӣ, шаҳри Каркукро бо ҳамаи майдонҳои нафтӣ, фурудгоҳ ва пойгоҳҳои низомии он бидуни ҳеч муқовимате аз даст дод ва гумон намеравад, ки нерӯҳои Пешмарга битавонанд хисорати кунуниро ҷуброн карда ва Каркукро ба вазъияти қабл бозгардонанд.

2) Дуввумин қазия ин ки: ихтилофот байни 2 шарики аслии ҳукумат дар Курдистони Ироқ яъне Ҳизби Иттиҳодияи Миҳании Курдистон маъруф ба ҳизби Ҷалол Толибонӣ ва Ҳизби Демукроти Курдистон маъруф ба ҳизби Масъуд Боризонӣ, боло гирифт ва дуввумӣ аввалиро муттаҳам кард, ки ба ягонҳои вобаста ба худ дар Каркук дастури ақибнишинӣ додааст.

3) Севвумин қазия ин ки: иқтидор ва ҳайсияти нерӯҳои Пешмарга бо фирор аз саҳнаи набард бар бод рафтааст, ба хусус, ки фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ видеоҳоеро мунташир карданд, ки дар он шаҳрвандони курдро дар ҳоли партоби санг ва рехтани оби даҳон ба самти нерӯҳои Пешмарга нишон медод. Ҳиман Ҳарвомӣ, аз мушовирони аршади Боризонӣ низ дар сафҳаи твиттери худ иқдоми нерӯҳои Пешмарга дар тарки мавозеъи худ ва муқобила накардан бо нерӯҳои ироқиро маҳкум кард.

4) Чаҳорумин қазия ин ки: даҳҳо ҳазор хонаводаи курд аз бими даргириҳо, аз Каркук ба Арбил ва Сулаймония гурехтанд, ки ин қазия тарокуми ҷамъиятии курдҳо дар Каркукро ҳарчанд ба шакли муваққат, коҳиш хоҳад дод.

Минтақаи Курдистони Ироқ то кунун ба шакли ғайриаланӣ аз вазъияти кишваре мустақил бархӯрдор буд ва тайи солҳои пас аз таҷовузи Омрико ба Ироқ дар соли 2003 ҳам ба даврони тиллоӣ, шукуфоии иқтисодӣ ва рушди амниятӣ расида буд, аммо саркашиҳои Боризонӣ ва исрори вай бар пешбурди ҳамапурсӣ дар замоне, ки Ироқ ва ҷомеаи байналмилалӣ онро иштибоҳ мехонд, ба кам шудани бахши аъзами ин дастовардҳо мунҷар шуд.

Имрӯз минтақаи Курдистони Ироқ дар муҳосира ба сар мебарад, минтақаи “парвоз мамнӯъ” бар фарози осмони ин минтақа эҷод шуда ва касе ғайр аз режими ишғолгари “Исроил”-ро ҳомии худ намеёбад ва дар ҳоле, ки Каркукро ҳам, ки саромади шаҳрҳои курднишин буд аз даст дод.

Шояд бузургтарин қурбонии таҳаввулоти низомии Каркук, Масъуд Боризонӣ аст, ки ҳоло рӯъёи ӯ барои истиқлоли Курдистони ба кобус мубаддал шудааст ва ҳизби вай дар минтақаи Курдистон зарбаи сангине хӯрдааст. Бинобар ин, баъид ба назар намерасад, ки тайи чанд ҳафтаи оянда Боризонӣ бо истеъфо аз қудрат, парчамро ба ҷонишинонаш дар Ҳизби Демукроти Курдистон таҳвил бидиҳад, ва ин яке аз муҳимтарин гузинаҳои матраҳ аст.

Ба эътиқоди бисёреҳо, Боризонӣ дар исрор бар баргузории ҳамапурсӣ иштибоҳ кард, чун шароит ва муъодилоти минтақаӣ ва байналмилалиро ба хубӣ насанҷид ва чӣ басо авзоъ дар марҳилаи баъд барои вай бадтар бошад.

Raialyoum

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: