4 паёми интихоботи Қирғизистон барои мо, тоҷикҳо

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Интихоботи риёсати ҷумҳурии ҳамсояи шарқиамон яъне Қирғизистон, ки дар як фазои рақобатӣ ва комилан демукротик ва шаффоф баргузор шуда ва бо пирӯзии Сооронбой Ҷеенбеков анҷом ёфт, дарбардорандаи чанд паём, ба хусус барои мо, тоҷикҳост, аз ҷумла:

1) Аввалин ва муҳимтарин паёми ин интихобот, мутаваҷҷеҳи мақомоти кунунии Тоҷикистон аст, ва он ин ки: даст ба даст шудани қудрат ва интиқоли он аз як даст ба дасти дигар, ҳаргиз ҷангу даргирӣ ва ҳарҷу марҷ ва бебандубориро дар ҷомеа ба дунбол надоштааст; дар ҳоле, ки 25 сол аст мақомоти тоҷик дар вокуниш ба тақозои мухолифони сиёсии худ мабнӣ бар лузуми тадовули (даст ба даст шудани) қудрат дар Тоҷикистон, мегӯянд: шумо, мухолифони сиёсӣ, ба дунболи як ҷанги дигар ҳастед! Яъне 25 сол аст, ки бо эҷоди руъбу ваҳшат дар дили мардум аз як ҷанги хиёлӣ, бар умри бақои худ дар қудрат афзуда ва меафзоянд;

2) Агар ҳоким таҳаш хис (нам) набошад, ҳаргиз аз барои бақои худ бар арикаи қудрат, бо қонун бозӣ намекардааст; ба ин ки ҳар аз гоҳе қонунро ба нафъи худ тағйир дода ва муддати замони риёсати ҷумҳурии худро тамдид бикунад. Ва чун Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон, таҳаш хис нест ва бо суистифода аз ҷойгоҳ ва мақом, барои худ пулу молу сарват наяндӯхтааст, аз ин рӯ, на муддати замони риёсати ҷумҳурии худро тамдид кард ва на даст ба тағйири қонуни асосӣ ёзид, то боре дигар номзад шавад ва на писар ё духтари худро барои ин мақом “омода” кард.

3) Паёми дигари ин интихобот, ки мутаваҷҷеҳи мақомоти тоҷик аст ин аст, ки: мухолифи сиёсӣ (опозисиюн) лузуман “душмани миллат”, “хоин”, “ватанфурӯш” ва ғайра аз ин қабил ановин набудааст. Балки ӯ ҳам шаҳрванди кишвари худ ва тибқи қонуни асосӣ, аз ҳаққу ҳуқуқе бархӯрдор будааст, фақат “айбаш” ин ки бо сиёсатҳои ғалати ҳукумати мавҷуд мувофиқ набудааст.

Ҳамагон ба аён дидем, ки бештари номзадҳои президентӣ дар Қирғизистон — ки аз мухолифони сиёсии раисиҷумҳур Алмосбек Отамбоев буданд ва интиқодҳои бисёр шадиде аз ӯ мекарданд – дар ин ё он ниҳод ё муассисаи давлатӣ машғул ба кор ҳастанд ва на “хоин” дониста шуданд ва на “ватанфурӯш” унвон гардиданд ва на “ҷангхоҳ”.

4) Ин интихобот паёме ҳам ба опозисиюн дорад, ва он ин ки: як мухолиф ва опозисиюн, дар дараҷаи аввал, бояд аз сиъаи садри лозим бархӯрдор бошад ва битавонад “дигар”-ро таҳаммул кунад, чӣ он ки он дигар, дар барномаҳои сиёсӣ бо ӯ ихтилоф дошта бошад, ва чӣ дар фикру андеша бо ӯ ихтилофи назар дошта бошад, масалан исломгаро бошад, ва чӣ ҳатто дар шаклу сурат бо ӯ мутафовит буда ва аз шаклу шамоилаш хушаш наёяд. Дорандаи фикри ҳазфӣ — яъне касе, ки фикр мекунад, фақат ӯ бошад ва дигар ҳеч, фақат фикри ӯ дуруст асту андешаҳои дигар “қуруни вустоӣ” ва “хурофа” ҳастанд — якчунин инсоне аслан дар барномаи худ муваффақ нахоҳад шуд, зеро тамоми ҳамму ғаммаш кӯбидани “дигар” гардида ва фурсате ҳам барои иҷрои барномаҳои худ нахоҳад ёфт.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: