“Барҷомро пора кунанд, онро рез-рез мекунем!”

Раҳбари Эрон гуфт: “То тарафи муқобил Барҷомро пора накунад, мо онро пора намекунем, аммо агар ӯ Барҷомро пора кард, мо онро рез-рез мекунем.”

Ба гузориши Tasnimnews, Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Эрон, субҳи имрӯз (чаҳоршанбе, 18.10.2017) дар дидори ҷамъе аз нухбагони ҷавони кишвараш, изҳор дошт: “Мо тавонистем султаи Омрикоро қатъ кунем, ва илова бар ин, бо вуҷуди хусуматварзии Омрико қудратманд шавем ва пешрафт кунем. Ҳамаи ин пешрафтҳо дар даврони таҳрим иттифоқ афтода. Намехоҳам вақтро сарфи посухгӯӣ ба ёвагӯии раисиҷумҳури бе чоку даҳани Омрико кунам. Ин зойеъ кардани вақт аст, ки инсон бихоҳад посухи ӯро бидиҳад.”

Вай гуфт: “Иддае аз 100 сол пеш мегуфтанд, агар мехоҳед пешрафт кунед, бояд биравед дунболаи ғарб ва имрӯз ҳам туфолаҳои онҳо ҳаминро тарвиҷ мекунанд. 50 сол дар давраи Паҳлавӣ дунболаи ғарб будем; чӣ пешрафте кардем?

Оятуллоҳ Хоманаӣ афзуд: “Вобастагии сиёсӣ ба баракати Инқилоб аз байн рафт… Вобастагӣ бечорагӣ меоварад. Яке аз аносури аслии наҷот аз вобастагӣ, ҳамин пешрафти илмӣ аст.”

Раҳбари Эрон изҳор дошт: “Санъати кишвар дучори офати мунтожкорӣ аст, ва ин боиси адами таҳаққуқи иртиботи санъату донишгоҳ мешавад. Бояд дар як бозаи замонии 10-сола, рӯйкарди санъатии кишвар аз мунтож ба навоварӣ тағйир пайдо кунад.”

Вай афзуд: “Мо тавонистем султаи Омрикоро қатъ кунем, ва илова бар ин, бо вуҷуди хусуматварзии Омрико қудратманд шавем ва пешрафт кунем. Ҳамаи ин пешрафтҳо дар даврони таҳрим иттифоқ афтода. Намехоҳам вақтро сарфи посухгӯӣ ба ёвагӯии раисиҷумҳури бе чоку даҳани Омрико кунам. Ин зойеъ кардани вақт аст, ки инсон бихоҳад посухи ӯро бидиҳад.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ гуфт: “Омрико коргузори саҳюнизми байналмилал аст. Омрико ба вуҷудоварандаи ДОЪИШ ва ҷараёни такфирӣ аст. Шумо таваққӯъ доред Омрико аз он нерӯе, ки ҷилави ДОЪИШ истод, асабонӣ набошад? Асабонӣ ҳастанд, чун имрӯз Ҷумҳурии Исломӣ тавониста нақшаҳояшонро дар Лубнон ва Сурия ва Ироқ ба ҳам бизанад. Ҳама яқин дошта бошанд, ки ин бор ҳам Омрико тудаҳанӣ хоҳад хӯрд ва аз миллати Эрон шикаст хоҳад хӯрд. Раисиҷумҳури Омрико балоҳат нишон медиҳад, аммо ин мӯҷиб нашавад аз макри Омрико ғофил шавем.”

Вай изҳор дошт: “Давлатҳои урупоӣ бар масъалаи Барҷом таъкид карданд ва суханони раисиҷумҳури Омрикоро маҳкум карданд. Мо аз ин миқдор истиқбол мекунем, аммо ин кофӣ нест, ки фақат бигӯянд, ӯ Барҷомро пора накунад. Барҷом ба нафъи онҳост. То тарафи муқобил Барҷомро пора накунад, мо онро пора намекунем, аммо агар ӯ Барҷомро пора кард, мо онро рез-рез мекунем.”

Раҳбари Эрон афзуд: “Аввалан Урупо бояд дар муқобили иқдомоти амалии онҳо биистад. Сониян, аз вуруд ба масоили дифоии мо бояд парҳез кунад. Инки биёянд ҳамон ҳарфро бизананд, ки чаро Эрон дар минтақа ҳузур дорад? Хуб, чашматон кӯр, ки ҳузур дорад! Ё бигӯянд, Эрон чаро мушак дорад? Хуб, шумо чаро мушак доред? Чаро силоҳи атомӣ доред? Инро аз урупоиҳо қабул намекунем, ки бо ҳарфи зӯри Омрико ҳамовоз шаванд.”

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: